Меъёрҳои асосии демократияи замони муосир

Тавре ки маълум аст, назарияҳои мухталифи демократия мавҷуданд, ки онҳо хислату хусусиятҳои гуногуни демократияро инъикос менамоянд. Аз ҷумла назарияҳои плюралистӣ, партисипаторӣ, плебиситарӣ, намояндагӣ, элитарӣ, сотсиалистию марсксистӣ ва ғ. аз ҳамин қабиланд. Дар шароити муосир демократияи плюралистӣ афзалияти бештар ва шуҳрати бештар дорад. Ба истиснои демократияи сотсиалистӣ, ки характери коллективӣ дорад, ҳамаи навъҳои он унсурҳои муҳимми плюрализмро дар бар мегиранд. Ҳамин тариқ, демократияи замони муосир дорои чунин меъёрҳои сиёсӣ мебошад:

1.Мавҷудияти элитаи ҳукмрон ва контрэлита. Дар шароити идоракунии демократӣ элитаҳои сиёсии гуногун дар миёни ҳамдигар барои ба даст овардани овозҳои интихобкунандагон ва ҳар чи бештар ба ҷониби худ ҷалб намудани одамон кӯшиш менамоянд ва дар рақобати ҷиддӣ қарор мегиранд ва маҳз бо ҳамин роҳ метавонанд ҳокимиятро ба даст оваранд.

2.Мавҷудияти плюрализми сиёсӣ. Аслан гуногунандешии сиёсӣ тақозои дар ҷомеа ташаккул ёфтани ҷараёнҳои идеявию идеолгиро менамояд. Аммо бояд дар назар дошт, ки идеологияҳои бавуҷудоянда низ бояд характери демократӣ дошта бошанд. Масалан, идеологияҳои сепаратистӣ, экстремистӣ, динӣ ва монанди инҳо наметавонанд унсури сиёсии плюрализм бошанд. Аз ин рӯ, ҳизбҳои сиёсӣ ва неруҳои сиёсӣ бо мақсади ташаккули фазои гуногунандешӣ бояд ба масъалаҳои зерин тавваҷҷуҳ намоянд ва онҳоро дар барномаҳои ҳизбии худ ҷой дода, барои дар амал татбиқ намудани онҳо ҳарчи бештар кӯшиш намоянд:

– баргузор гардидани интихоботи озод ва шаффоф;

– низоми интихоб намудани ҳокимияти қонунгузор;

– низоми интихоб намудани ҳокимияти иҷроия;

– озодии сухан ва афкор;

– озодии фаъолияти ташкилот ва неруҳои оппозитсионӣ;

– риояи қатъии қонунҳо ва қоидаҳои рафтор.

Неруҳои сиёсӣ бояд барои баланд бардоштани нишондодҳои мазкур кӯшиш намоянд ва барномаи идеологии худро дар доираи он ташаккул диҳанд ва барномаҳои ҳизбӣ бояд бо конститутсияи амалкунандаи ҷомеаи демократӣ мувофиқат намояд.

3.Намояндагии халқ. Мақомоти намояндагии ҳокимият на ба таври доимӣ, балки ба муҳлате, ки дар конститутсия муайян шудааст, интихоб мегардад. Ба муҳлати муайян интихоб гардидани намояндагони халқ моҳияти назарияи демократияро ташкил медиҳад.

4.Тақсими ҳокимият ба шохаҳо. Низоми тақсими ҳокимияти давлатӣ ба шохаҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ яке аз меъёрҳои муҳимтарини демократия мебошад. Меъёри мазкур мустақилият ва мухторияти шохаҳои ҳокимиятро талаб менамояд. Бори аввал идеяи тақсими ҳокимият ба шохаҳо аз ҷониби мутафаккири англис Ҷ.Локк ташаккул дода мешавад. Ӯ ҳокимияти давлатиро ба шохаҳои иҷроия, қонунгузор ва федеративӣ ҷудо менамояд. Дар таълимоти Ҷ.Локк ҳокимияти судӣ ҳанӯз ҳамчун шохаи алоҳида ба шумор намеравад. Зеро мақсади Ҷ.Локк маҳдуд намудани ҳокимияти мутлақи монарх ва мустаҳкам намудани пояҳои парлумон ба шумор мерафт.

Аммо каме дертар Ш.Л.Монтеске дар баробари парлумон ва ҳукумат мақомоти судиро низ шохаи мустақил мешуморад. Ӯ роҷеъ ба ин масъала чунин қайд менамояд: «Агар ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия дар симои як нафар ва ё як ташкилот якҷоя карда шавад, ҳеҷ гоҳ озодӣ вуҷуд дошта наметавонад. Зеро чунин шароит барои монарх ва ё сенат имкон медиҳад, ки ӯ қонунҳои золимона қабул намояд ва онҳоро бо зулму истибдод дар амал татбиқ созад. Инчунин, агар ҳокимияти судӣ аз ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия ҷудо набошад, дар чунин ҳолат ҳам озодӣ вуҷуд дошта наметавонад. Агар ҳамаи шохаҳои ҳокимият дар дасти як нафар ва ё як ташкилот мутамарказ гарданд, ҳама маҳв мешаванд».

Дар шароити муосир тақсими ҳокимият ба шохаҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ яке аз нишонаҳои асосӣ ва меъёри муҳимми ҷомеаи демократӣ ба ҳисоб меравад. Тӯли солҳои охир паҳлуҳои гуногуни меъёри мазкур ташаккул дода шудааст. Айни замон ба масъалаи синну соли намояндагони шохаҳои ҳокимият таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Аммо дар як қатор ҷомеаҳои демократӣ парлумон ҳамчун шохаи алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ дар муносибат бо шохаҳои дигар таъсири худро аз даст додааст, ки чунин ҳолат пояҳои демократияро заиф мегардонад.

Талаботи дигаре, ки дар замони муосир ба он таваҷҷуҳи зиёд медиҳанд, маҳдудият ва афзалиятҳои шохаҳои ҳокимият мебошад. Бояд ҳеҷ яке аз шохаҳо нисбат ба шохаҳои дигари ҳокимият афзалияти бештар ва маҳдудияти бештар надошта бошанд. Агар яке аз шохаҳо нисбат ба шохаҳои дигар афзалият ва таъсири бештар дошта бошад, дар чунин ҳолат суиистифодаи ҳокимият ба вуҷуд меояд.

5.Иерархияи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ. Яке аз меъёрҳои муҳимтарини демократия ва шарту шароити ташаккули он дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба вуҷуд овардани иерархияи санадҳои меъёрию ҳуқуқии демократӣ мебошад. Зинабандии санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба таври зерин сурат мегирад: Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои соҳавӣ, оинномаҳо, низомномаҳо, дастурамалҳо, қоидаҳои рафтор ва тавсияномаҳо. Бояд ҳамаи онҳо хусусияти демократӣ дошта бошанд ва муносибатҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятиро дар асоси меъёрҳои муҳимтарини демократӣ танзим намоянд.

6.Кафолати ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд. Меъёри мазкур дар зери таъсири Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки 10-уми декабри соли 1948 аз ҷониби СММ қабул гардида буд, ташаккул меёбад. Махсусан, тағйироте, ки дар Эъломияи мазкур 19-уми декабри соли 1966 ворид намуданд, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро тавсеа медиҳанд. Тағйиротҳои мазкур аз чунин ҳолатҳо иборат мебошанд: ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ; ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ. Дараҷаи рушди демократия аз сатҳу сифати риояи ҳуқуқҳои мазкур вобаста аст. Махсусан, ҳуқуқи иштирок намудан дар интихобот замоне аҳамиятнок мегардад, ки агар дар ҷомеа озодии сухан ва дастрасӣ ба иттилоот кафолат дода шуда бошад.

7.Баробарҳуқуқӣ. Яке аз хусусиятҳои дигари демократия баробарҳуқуқии сиёсӣ мебошад. Ҳамаи шаҳрвандон дар назди қонун бояд баробар бошанд ва меъёри «як кас, як овоз» ташаккул дода шавад.

8.Интихоботи алтернативӣ. Яке аз меъёрҳои муҳимтарини демократия баргузоршавии интихоботе мебошад, ки дар он ду ва ё зиёда ҳизбҳои сиёсӣ ширкат меварзанд ва овоздиҳандагон имкони интихоби яке аз онҳоро, ки ифодакунандаи манфиатҳои онҳо мебошад, пайдо менамоянд. Интихоботи алтернативӣ заминаи асосии таъмини легитимияти ҳокимият ва воситаи муҳимтарини барҳам задани буҳрони сиёсӣ мебошад.

9.Рақобати сиёсӣ. Дар ҷомеаи демократӣ ва сохтори сиёсии демократӣ масъалаи рушди сиёсии мамлакат ба воситаи механизми рақобати сиёсӣ таъмин карда мешавад. Зеро интихоботи давра ба давра баргузоршаванда ва дорои характери алтернативӣ гурӯҳи ҳукмронро маҷбур менамояд, ки барои ба даст овардани боварии мардум ҳар чи бештар ба созандагию ободонӣ машғул гарданд ва барои бештар намудани пайравону ҷонибдорони худ ба масъалаи паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум таваҷҷуҳи зиёд диҳанд. Барои неруҳои сиёсӣ фаъолнокии онҳо ва натиҷаҳои мусбати фаъолияти сиёсии онҳо имкон медиҳанд, ки дар интихобот овозҳои бештарро соҳиб гардида, ғолиб оянд.


Калидвожаҳо: Меъёрхои асосии демократияи замони муосир, меъёрхои демократия, Ракобати сиёси.

Шарҳ баста аст.