парчами тоҷикистон, парчам, рангхои парчами точикистон

МЕҲРИ ВАТАН

Ба роҳи Ватан ҷон фидо мекунем,

Ватан ҳар чӣ гӯяд, адо мекунем.

Ватан, зодгоҳ калимаи зебо ва хуҷастае аст, ки бо шуниданаш хонаву дар, гаҳвора ва модар пеши назар меояд.

Педагоги машҳур Сухомлинский В.А. мазмуни мафҳуми «Ватан»-ро одилона ба мафҳумҳои «Инсон», «Маънои зиндагӣ», «Меҳнат», «Қарз», «Оила», «Забони модарӣ», «Муҳити табиат», «Садоқат» алоқаманд мекунад.

Бале, Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон, модари мушфиқу меҳрубон аст. Агар модари аслӣ моро ба дунё оварда бошад, Ватан ба сарамон дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагии рангин оғӯш кушодааст.

Халқи тоҷик аз шумори он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад. Қаҳрамониҳои Темурмалику Шерак, Деваштичу Восеъ далели гуфтаҳои болост. Шоири шинохтаи тоҷик Лоиқ Шералӣ ибтидои Ватанро аз гаҳвора ва шири поки модар донистааст:

Ватан cap мешавад аз гоҳвора,

Зи шири поку аз пистони модар,

Ватан cap мешавад аз он тавора,

Ки онро сохта дастони модар.

Дар олам чанд муқаддасоти ягона ва такрорнашавандае мавҷуд acт, ки Модару Ватан низ ба он шомил мегарданд. Ҳисси ватандӯстӣ 6а дараҷае расидааст, ки хокашро аз тахти Сулаймон ва хорашро аз лолаву райҳон хуштар медонанд:

Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар,

Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар.

Аз ин байти пурмазмун чунин андеша бармеояд. ки Baтан ифтихор, шаъну шараф, ноёбтарин неъмат, сарвати бебаҳост, ки онро ба ҳеҷ ганҷе наметавон иваз намуд.

Оромиву шукӯҳ ва шукуфоии Ватан ба масъулияги ҳар як сокини он вобаста acт Aгар Ватан орому осуда буда, дар саросари он cyлҳу субот ҳукмрон бошад, нозу неъмат фаровон гашта, муҳаббати мардум меафзояд. Дар он ҷое, ки пояҳои маънавиёт ycтувop набошанд, акси ин ҳол ба миён меояд.

Myҳaббат ба Ватан асосан дар давраи кӯдакӣ зоҳир шуда, минбаъд ташакул меёбад. Инсон ба ҳар зарра хоку ҳар қaтpa оби Baтан ончунон дил мебандад, ки бе он наметавонад хушбахту бахтиёр бошад. Ҳиссиёти ватандӯстӣ ин худ садоқат ба Ватан, саъю кӯшиши ба нафъи вай xизмат кардан мебошад.

Маънии калимаи Ватан дар ашъори шоирон мавқеи хосса дорад. Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ, ки саршори идеяи ватандӯстӣ ва адолатхоҳист ҳифзи Ватанро аз баҳои ҷон болотар гузошта гуфтааст:

Ҳама cap ба cap тан ба куштан диҳем.

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Дар ашъори Ҳабиб Юсуфӣ Ватан ба таври мушаххас ва образнок тасвир ёфтааст. Ватан барои ӯ ҳамчун хонаи умед ва бахшандаи бахту саодат, модари азизу меҳрубон мебошад:

Ватанро бинозам, маро дар канор,

Чу модар гирифту намуд бахтиёр…

Мурод аз офаридани образи ватандӯстона дар адабиёти олам бешубҳа, бедор кардани ҳисси ифтихори миллӣ ва муҳаббат ба марзу буми ачдодист.

Вале вазифаи мо танҳо аз Ватан ва бузургони миллат ифтихор кардан набуда, ба корнамоӣ ва чонфидоии нав, кашфи падидаҳои нодир вобаста аст. Агар хамаи мо аз олами расму русум ва анъанаҳои милливу башарӣ баҳраманд гардем, ватани соҳибистиқлоли мо низ ба шумори давлатҳои тараққикарда ва мутамаддин ворид хохад гашт. Шукуфоии Ватан ба масъулиятшиносӣ ва некандешии мо вобаста аст:

Ҳиммат агар ҳиммати мардон шавад,

Мур тавонад, ки Сулаймон шавад.

Шарҳ баста аст.