мехнат, мехнати чисми ва фикри

Меҳнат ва истеҳсолот

Истеҳсолоти моддӣ ҳамеша ягонагии ду ҷиҳат аст: муносибати одамон ба табиат ва муносибати одамон ба ҳамдигар, ки онро аксар маврид куниш, муроқиба, баҳамтаъсиррасониии иҷтимоӣ низ меноманд. Агар аз муносибати одамон ба ҳамдигар яксутар шавем, он гоҳ истеҳсолот ҳамчун фаъолияти меҳнатӣ падидор мегардад. Таърифи соддатарини меҳнат – ин фаъолияти инсон бо мақсади офаридани ашёест, ки ин ё он талаботи ӯро қонеъ мегардонад, яъне ба вуҷуд овардани арзишҳо (манфиатҳо)-и нави истеъмолист. Яъне талабот қувваи асосии водоркунандаи фаъолияти ҳаётии ба мақсади муайян нигаронидашудаи одамон аст ва он ҳамчун ҳолат ё худ вазъи қонеъ гардониданашудаи ниёзу эҳтиёҷоти одамон зоҳир мешавад. Вале барои амалӣ гаштани фаъолият як худи талабот кифоя набуда, барои татбиқаш мақсад ва воситаҳои ба даст овардани он зарур аст. Дар сурати ба ҳам мувофиқ омадани мақсад ба талабот ва дарк шудани он аз ҷониби субъект он ба манфиат табдил меёбад. Бинобар ҳамин ҳам манфиатро талаботи даркшуда меноманд ва тавассути он воситаҳои қонеъ гардонидани талабот ба даст меояд. Талаботҳо хеле гуногунанд ва онҳо бо мурури пешрафти ҷомеа мураккаб шуда, омили ба инкишоф водоркунандаи ҳама гуна уммумиятҳои  иҷтимоӣ мегарданд. Дарк кардани онҳо барои ҳамаи афрод ва умумиятҳои иҷтимоӣ якхела муяссар намешавад. Масалан, на ба ҳамаи афроди ҷомеа қобилияти дарки талаботи худтатбиқкунӣ хос аст ва вобаста ба дарки талаботҳои гуногунашон онҳо шомили умумиятҳои мухталиф(гурӯҳҳо, ҳизбҳо, синфҳо ва ғайра) гашта, фаъолияташонро барои ба даст овардани манфиатҳояшон равона месозанд. Таъмини манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ ва ҷамъиятӣ ба ҳамдигар робитаи ногусастанӣ доранд ва аслан манфиатҳои ҷамъиятӣ маҳаки ба ҳамдигар наздик омадани дигар манфиатҳо буда, барои амалишавии онҳо заминаи воқеӣ фароҳам меоранд. Дар сурати ба инобат нагирифтани манфиатҳои фардию гурӯҳӣ аз ҷониби сохторҳои муайяни ҷомеа ва дар навбати худ сарфи назар кардани фарду гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар амалигардонии манфиатҳояшон аз манфиатҳои умумӣ низоми иҷтимоӣ суботи худро аз даст медиҳад ва ин ба зуҳури низоъҳо оварда мерасонад.

мехнат, мехнати чисми ва фикри

Барои амалигардонии манфиатҳо дар баробари дигар омилҳо зарурияти инкишофи истеҳсолоти моддӣ нақши ҳалкунанда дорад. Дар маҷмӯъ истеҳсолоти моддӣ ду тараф дорад: қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ. Қувваҳои истеҳсолкунанда инъикоскунандаи мундариҷаи меҳнати инсон мебошанд, ки ҳамчун субъекти меҳнат дониста мешавад. Сохтори қувваҳои истеҳсолкунанда дар баробари субъекти меҳнат инчунин фарогири ягонагии предмети меҳнат, олоти меҳнат ва воситаҳои меҳнат аст. Шайъи (предмети) меҳнат ин чизест, ки дар рафти фаъолияти меҳнатӣ ба тағйироти пешакии дар назар дошташуда дучор мегардад (тағйироте, ки ашёро ба арзиши истеъмолии барои одам зарурӣ табдил медиҳад). Воситаҳои меҳнат ин чиз ё маҷмӯи чизҳое ҳастанд, ки инсон  миёни худ ва шайъи  меҳнат қарор медиҳад  ва тавассути  онҳо тағйирдиҳии пешакии дар назардошташудаи шайъи меҳнатро амалӣ  мегардонад. Олоти меҳнат маҳз предметест, ки одам онро бо мақсади таъсир расонидан ба олами беруна ва ба манфиати худ ва ҷомеа дигаргун сохтани он офаридааст.

Чизҳое мавҷуданд, ки худ ба шайъи меҳнат таъсир  намегузоранд, аммо бе онҳо дигаргун  кардани шайъи меҳнат  имкон надорад. Биноҳои устохонаю корхонаҳо, фурӯзонакҳо, васоити нақлиёт ва ғайра аз ҷумлаи онҳоянд. Онҳоро низ одатан чун васоити меҳнат тавсиф медиҳанд. Ҳамин тариқ, васоити меҳнат  ба фаъол  ва ғайрифаъол ҷудо карда мешаванд. Охириҳоро метавон меҳнати таҷассумёфта низ ном ниҳод. Вале тавофути байни воситаҳои фаъолу ғайрифаъол  фақат  дар муносибати  сирф моҳиятан томанд, ки  ин барои ифодаи онҳо истифода бурдани истилоҳи умумиро асоснок мекунад. Тафовути ашё ва васоити меҳнат на характери мутлақ, балки нисбӣ дорад.

Маҳаки муттаҳидкунандаи унсурҳои таркибии қувваҳои истеҳсолкунанда худи меҳнат — ҳамчун фаъолияти бошууронаю мақсадноки инсон бо истифодаи воситаҳои меҳнат барои ба амал баровардани тағйирдиҳии пешакии дар назардошташудаи шайъи меҳнат мебошад. Дар натиҷаи меҳнат дар олами обективӣ тағйироти чизҳо ба вуқӯъ  мепайвандад: шайъи меҳнат ба маҳсули  меҳнати аз ин шайъ мутавофит табдил меёбад. Предмети меҳнат  ва воситаҳои меҳнат (ба шумули шароитҳои меҳнат)  ҳамчун воситаҳои истеҳсолот падидор мегарданд. Воситаҳои истеҳсолот яке аз авомили истеҳсолот мебошанд; омили дигари он нерӯи корист. Барои мавҷудияти раванди истеҳсолот пайванди  воситаҳои меҳнат ба нерӯи корӣ  зарур аст. Меҳнат дар ибтидо характери дастаҷамъӣ дошт, аммо шаклҳои дастаҷамъигароӣ (коллективизм)  ҳамеша шомили меҳнати фардӣ низ буданд ва аз як  марҳилаи таърихии рушди ҷомеа ба дигар  марҳила  тағӣир  меёфт ва меёбад.


Мехнат ва истехсолот

Шарҳ баста аст.