МАЗДАКИЯ

          Таълимоти динию фалсафие, ки Маздак (460-528) дар соли 488 бо он баромад кард, бо таълимоти монавияю зардуштия алоқаи калон дошт. Худи Маздаки Бомдод дар ибтидо монавӣ буд, вале таълимоти Монӣ ӯро қонеъ намегардонид. Зеро, аз як тараф маълум набуд, ки давраи сеюм кай фаро мерасад ва кай қувваҳои рӯшноӣ бар торикӣ ғолиб меоянд. Аз тарафи дигар, манъи лаззоти дунё низ ба Маздак маъқул набуд. Аз ин рӯ Маздак эълом дошт, ки рӯшноию некӣ бар бадию торикӣ на дар он дунё ва на дар давраи сеюм, балки дар ҳамин дунёи моддӣ ғолиб меоянд. Қувваи рӯшноӣ бошуурона, вале торикӣ-бешуурона ва тасодуфӣ амал менамоянд. Аз ҳамин сабаб, инсон метавонад дар ҳамин дунё бар қувваҳои торикию бадӣ ғалаба ба даст оварад.

          Ба ақидаи Маздаку маздакиён бадию торикӣ дар нобаробарии иҷтимоию молӣ зоҳир мегарданд. Аз ин рӯ, ин нобаробарӣ мебояд дар навбати аввал нест карда шавад. Чи тавре дида мешавад, таълимоти Маздак на ба монанди таълимоти дини Монӣ ғайрифаъол, балки баръакс даъватест ба муқобили зулми синфӣ. Ба ақидаи Маздак барои барқарор сохтани некию равшанӣ ва нест кардани нобаробарии молӣ мебояд сарватҳои молӣ аз соҳибони мол ситонида шуда, дар байни мардум баробар аз нав тақсим карда шаванд. Азнавтақсимкунии моликият, баробарии молӣ, баробарии ҳуқуқӣ-талаботҳои асосии маздакиён буданд. Дар яке аз сарчашмаҳо ин мазмун ба шакли зерин баён гардидааст: «Агар касе соҳиби моли манқулу ғайриманқули зиёдатӣ, занону ғуломон бошад, мо он зиёдатиро гирифта ба дигарон тақсим карда медиҳем, то ягон кас гуфта натавонад, ки ӯ ҳуқуқи нисбат ба дигарон зиёдтар доштанро дорад».

          Ин барномаи динию иҷтимоии худро амалӣ сохта, маздакиён аз ашрофони эронӣ ба миқдори зиёд заминҳо, чорвои корӣ, ғуломон, асбобҳои меҳнат ва захираҳои ғалладонаро мусодира намуда, дар байни маздакиён ва аъзоёни обшина тақсим менамуданд. Шоҳаншоҳи Эрон-Қубод дар зери фишори сахти ашрофон қарор дошт, бинобар ин бо мақсади шикастани қудрати ашрофон хост аз ҳаракати маздакия истифода намояд. Бо ин мақсад ӯ ба Маздак гаравид ва ба ҳаракати ӯ ҳамроҳ шуд. Ашрофон якҷоя бо дарбориён дар соли 496 Қубодро ҳабс карданд. Қубод баъди се сол аз ҳабс бо ёрии хоҳараш гурехта ба назди ҳайтолиён рафт. Ӯ аз онҳо мадади ҳарбӣ гирифт ва ба Эрон бозгашта тахти худро соҳиб гардид. Ӯ аз нав бо Маздак дӯстӣ карда, ба як қатор одамони ӯ ва ба худаш мансабҳо дод.

          Тамоми мардуми Эрон аз ҷониби маздакиён ба ду гурӯҳ ҷудо карда шуда буд: тарафдорони «дини ҳақ», яъне маздакия ва муқобилони «дини ҳақ». Ҳарчанд дар дини Маздак куштору хунрезӣ манъ  карда шуда буд, вале Маздак ба куштани касоне, ки муқобилият нишон медоданд, иҷозат дод. Дар натиҷа як гурӯҳ ашрофон ба қатл расонида шуданд. Ҳаракати маздакия пеш аз ҳама ба муқобили заминдорони калон нигаронида шуда буд. Аз ин ҳаракат ду табақаи дигари ҷамъияти ҳамонвақтаи Эрон «озодҳо» ва «деҳқонон» бурд карда, соҳибони заминҳою амволи иловагӣ гардиданд. Вале ба «озодҳо» маъқул набуд, ки бо «пойлучҳои» Маздак баробар бошанд. Бинобар ин, онҳо бо қувваҳои аскарии худ ба ҷониби Қубод гузаштанд. Қубод низ баъди заиф гардонидани табақаи ашрофон- заминдорони калон ба воситаи Маздак, акнун ақидаи худро дар хусуси ҳаракати маздакия дигар карда буд. Қубод аз атрофи худ ва лашкараш маздакиёнро якто-якто чида дур кард. Ӯ ва писараш Хусрави Анушервон баъд аз муддате ба маздакиён  дарафтода, гурӯҳ-гурӯҳ онҳоро  нест кардан гирифтанд. Пеш аз ин амал, Қубод барои он, ки дар нест кардани маздакиён асоси қонуние дошта бошад, мубоҳисаеро дар байни маздакиёну мӯбадони зардуштӣ ташкил карда, баъд ба онҳо дарафтод. Ҳаракати маздакия дар соли 529 нест карда шуд, вале ғояҳои он то асри IХ зинда монданд, ба монанди хурӯҷи Хурзод дар Хоразми асри VIII, исёни   Муқаннаъ дар Осиёи Миёна дар асри VIII, шӯриши Бобак дар Озарбойҷону Эрон дар асри IX.

Шарҳ баста аст.