МАВСИМНОКӢ ДАР ТУРИЗМ

Туризми байналмилалӣ дар нимаи дуюми асри ХХ ва нимаи аввали асри ХХI ба яке аз самтҳои афзалиятнокӣ иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсию фарҳангии аксарияти кишварҳо ва минтақаҳои олам табдил ёфт. Индустрияи туристӣ бошад, ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи таркиби истеъмолӣ ва фаъолияти иҷтимоии бештари аҳолии олам гардид. Гарчанде захираҳои туристӣ дар ҳудудҳое ҷойгиранд, ки аз лиҳози саноатӣ ва кишоварзӣ ғайри қобили истифодаанд, вале маҳз ҳамин ҳол туристонро ба худ ҷалб менамуд. Туризми байналмилалӣ ба зерсохтори асосии таркиби хоҷагии миллии мамлакатҳо табдил ёфт. Афзуншавии талаботи аҳолии олам ба туризм боис гашт, ки ин соҳа ба яке аз соҳаҳои сердаромад ва рушдёбандаи иқтисоди ҷаҳонӣ табдил ёбад. Гузашта аз ин рушди туризм боис мегардад, ки мавзеҳои ташкилкунандаи фаъолияти туристӣ вобаста ба афзоиши муштариён бештар инкишоф ёфта, ҳолати табиӣ хубтар нигоҳ дошта шавад. Агар дар соҳаҳои истеҳсолоти ҷамъиятӣ сарватҳои табиӣ ба нобудшавӣ оварда шаванд, дар туризм ин ҳолат баръакс аст. Дар натиҷа самаранокии иқтисоди миллии мамлакатҳо афзун мегардад.

Дар даҳсолаҳои охир нишондиҳандаҳои туристӣ рушди устуворро касб намудаанд. Мувофиқи маълумотҳои ТУТ кумитаи махсуси СММ дар соли 2012 нисбати соли 2007 20% афзун гашта, қариб 1 млрд. нафарро ташкил намудааст. Суръати миёнаи рушди иқтисоди ҷаҳонӣ якчанд маротиба болотар аст. Тибқи нишондоди ТУТ СММ навъҳои туризми экологӣ, фарҳангию маърифатӣ, мавзӯӣ, илмӣ ва ҷаҳонгардӣ (круиз) бештар ривоҷ ёфтааст.

Тибқи дурнамои ТУТ СММ дар соли 2020 7%-и аҳолӣ кураи Замин сафарҳо ба хориҷи кишвар анҷом медиҳанд. Ин нишондиҳанда сол то сол меафзояд. Гарчанде туризми байналмилалӣ дар ҳоли рушди устувор қарор дошта бошад ҳам, вале дар як қатор минтақаҳо (Африқо, Осиёи Ҷанубӣ, Шарқи Наздик) нишондиҳандаи чандон назаррас надорад (Ҷадвал).

Фаъолияти туристии аҳолии ҷаҳон дар соли 2020

Минтақаҳо Ҳиссаи аҳолие, ки сафарҳои хориҷӣ менамоянд

(бо ҳисоби %)

Аврупо 14
Минтақаи Осиёӣ – Уқёнуси Ором 10
Амрико 8
Шарқи Наздик 6
Африқо 5
Осиёӣ Ҷанубӣ 1
Тамоми ҷаҳон 7

Аз нишондиҳандаи боло аён мегардад, ки қобилияти харидории аҳолии кишварҳои Аврупо хеле баланд буда, баръакс қобилияти харидории аҳолии кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ хеле паст аст. Ҳиссаи аҳолии кишварҳои Аврупо дар вуруду хуруҷи туристон нисбати кишварҳои дигар минтақаҳо хеле баланд аст.

Ҳанӯз суръати афзоиши солонаи туризми байналмилалӣ дар ҷаҳон 4,4%-ро ташкил медиҳад ва мувофиқи ҷадвали дар поён оварда шуда, тибқи дурнамо соли 2020 ба 4,3% баробар мешавад. Таҳлили суръати рушди туризми байналмилалӣ аз ҷониби нашриёти бузургтарини Британияи Кабир «Travel and Tourist Interlligence» (TTI) гузаронида шуда, натиҷаи он дар ҷадвали зер оварда шудааст (Ҷадвал).

Суръати рушди сафарҳои байналмилалӣ дар давраи солҳои 2000-2020, фоизи тағйирёбандаи миёнаи солона.1

Минтақаҳои содиркунандаи туристҳо  

1995-2000

 

2000-2005

 

2005-2010

 

2010-2020

Аврупо бо кишварҳои соҳили баҳри Миёназамин 5,3 1,7 3,5 4,3
Амрикои Шимолӣ 3,6 6,7 5,1 5,0
Амрикои Марказӣ ва Ҷанубӣ 5,1 6,5 7,1 6,3
Осиёи Ҷанубу Шарқӣ 10,1 7,9 5,8 4,8
Шарқи Дур 13,9 8,6 6,9 8,2
Австралия /Африқои Ҷанубӣ 5,6 5,6 6,0 6,2
Кишварҳои асосии содиркун-и туристон 5,5 3,4 4,4 4,4
дигар кишварҳо 7,0 3,5 4,3 3,7
Ҳамагӣ дар ҷаҳон 5,7 3,4 4,4 4,3

 

Ҷамъан дар соли 2020 теъдоди сафаркунандагони байналмилалӣ ба 1,6 млрд. нафар мерасад, ки ин аз нишондиҳандаи соли 1995 се маротибазиёд аст. Харҷи 1 рӯзаи туристон ғайр аз воситаҳои интиқоли ҳавоӣ то 5 млрд. доллар дар 1 рӯз афзун мегардад. Тибқи дурнамои ТУТ рушди босуръати туризми содиротӣ дар назар аст. Кишварҳои Олмон, Ҷопон, ИМА, Чин, Британияи Кабир, Росия, ки қобилияти баланди харидорӣ доранд ба бузургтарин кишварҳои содиркунандаи туристон табдил меёбанд ва дар соли 2020 ба бозори байналмилалӣ то 30 млн. нафар туристро равона мегардонанд.

Мувофиқи дурнамои ТУТ дар соли 2015 шумораи сафарҳои туристон ба хориҷа зиёда аз 1 млрд. нафарро ташкил медиҳад, аммо ин нишондиҳанда бо суръати нисбат суст ҷараён мегирад (Ҷадвал).

Сатҳи афзоиши туризми байналмилалӣ дар давраҳои 1995-20201

Нишондиҳандаҳо 1995 2000 2005 2010 2020
Сафарҳои туристӣ, млн. 535 632 782 264 1013
Шабгузаронӣ, млн. 4571 5518 6903 8654 1107
Хараҷотҳо барои туризм, млрд. доллари ИМА (бо нархҳои соли 2008) 393 516 686 922 1130

Мутобиқи дурнамои ТУТ дар соли 2020 Чин ба пешоҳанги самти туризми ҷаҳонӣ табдил ёфта, аз 5 кишвари пешво, яъне Фаронса, ИМА, Испания, Италия, Британияи Кабир пеш мегузарад. Ҳоло Чин дар мақоми 6-ум қарор дорад (22 млн. нафар дар як сол ташриф меоранд). Дар назар аст, ки ҳангоми расидани афзоиши солона ба 8%, шумораи боздиди туристон аз Чин дар соли 2020 ба 137, 1 млн. нафар мерасад (Ҷадвал).

Дурнамои самтҳои асосии туристӣ дар соли 20201

Мамлакат Миқдори вуруди туристӣ, млн. Ҳисса дар бозори туристии ҷаҳонӣ, % Сатҳи афзоиши солҳои 1995-2020, бо %
Чин 137,1 8,6 8,0
ИМА 102,4 6,4 3,5
Фаронса 93,3 5,8 1,8
Испания 71,0 4,4 2,4
Гонконг 59,3 3,7 7,3
Италия 52,9 3,3 2,2
Британияи Кабир 52,8 3,3 3,0
Мексика 48,9 3,1 3,6
Росия 47,1 2,9 3,6
Ҷумҳурии Чехия 44,0 2,7 6,7
Ҳамагӣ 708,8 44,2 4,0

Тибқи дурнамо то солҳои 2020-ум сафарҳои туристии байниминтақавӣ нисбати дохилиминтақавӣ 1,5 маротиба бештар афзоиш меёбад. Табодули туристон миёни минтақаи Аврупо ва Амрико васеъ мегардад. Дар раванди ҷаҳонишавӣ дар бозири туристӣ дигар минтақаҳо, махсусан Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ ҷалб карда мешавад. Дар натиҷа ҳиссаи сафарҳои туристии байниминтақавӣ соли 2020 то 24% афзоиш меёбад ва мутаносибан ҳиссаи сафарҳои дохилиминтақавӣ то 76% коҳиш меёбад.

Ҷалбнамоии минтақаҳои ҷаҳон дар табодули байниминтақавии туристӣ дар солҳои 1995-2020 (ҳиссаи сафарҳои туристии байниминтақавӣ дар ҳаҷми умумии туризми вурудӣ) ба таври зайл аст:

  1. Дар тамоми ҷаҳон;
  2. Аврупо;
  3. Амрико;
  4. Минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором;
  5. Африқо;
  6. Шарқи Наздик;
  7. Осиёи Ҷанубӣ;

Дар бозори ҷаҳонӣ бобати қабули туристон, кишварҳое пешоҳанг мебошанд, ки аз лиҳози иқтисодӣ рушд ёфтаанд (Аврупо ва Амрикои Шимолӣ). Кишварҳои рӯ ба  инкишофи ҷануб ҳанӯз нақши чандон назаррасро иҷро наменамоянд, аммо таи солҳои охир ин кишварҳо ба самти ҷалби туристон табдил ёфта, ҳарҷи бештар ташрифовардагонро пазироӣ менамоянд.

 Раванди табодули туристон миёни кишварҳои ҳамҳудуд дар ҳоли инкишоф қарор дарад. Чунончӣ, тибқи маълумотҳои ташкилоти миллии туристии Малайзия анқариб нисфи воридшавандагон бо мақсади туризмро шаҳрвандони Сингапур ташкил медиҳанд.

Омили мавсимият. Раванди умумӣ ва ҳамзамон мушкилоти ҷиддӣ дар туризми байналмилалӣ мавсимнокӣ мебошад, яъне дар фасли тобистон теъдоди туристон якуякбора афзоиш ёфта, зимистон, тирамоҳ ва баҳор коҳиш меёбад. Ба мавсимият дар туризми байналмилалӣ омилҳои иқлимӣ ва иҷтимоӣ таъсир мерасонанд. Се гуруҳи омилҳоро, ки ба мавсимияти хизматрасонии туристӣ таъсир мерасонад, ҷудо менамоянд: табиӣ-иқлимӣ; хусусияти намуди туризм; хусусияти меҳнат ва истироҳати истеъмолкунандагон.

Аксарияти коршиносон ду гурӯҳи омилҳоро ҷудо менамоянд, яъне аввалия ва дуюминдараҷа. Бу гурӯҳи аввалия омили табиӣ – иқлимӣ, яъне иқлим, обу ҳаво, ландшафтҳои (манзараҳо) кишварҳо ва минтақаҳои муайян, ки моҳияти туристӣ доранд, шомиланд. Ба гуруҳи омилҳои дуюминдараҷа бошад, дохил мешаванд:

Иқтисодӣ  — сохтори истеъмолоти мол ва хизматрасонӣ, ки дар асоси қобилияти харидорӣ ташаккул ёфтааст;

Иҷтимоӣ – маҷмӯъ ва хусусиятҳои вақти фориғӣ (мураххасӣ);

Демографӣ – тақозо ба хадамоти туристӣ аз рӯи якчанд меъёрҳо (параметрҳо);

Равонӣ – анъана, мӯд, тақлид (пайравӣ), худнамоӣ ва ғайра;

Моддӣ-техникӣ – вазъи кунунӣ;

Технологӣ – дараҷаи сифати хадамоти туристӣ.

Мавсим барои ин ё он ноҳияи туристӣ даврае маҳсуб меёбад, ки шумораи якмоҳаи туристони ворид шуда, аз нишондиҳандаи миёнаи моҳ дар як сол афзунтар аст. Ин айёмро бо мафҳуми «фасли пурҷӯш» (сурх, баланд) нисбат медиҳанд.

Мавсимнокӣ дар туризми байналмилалӣ (нишондиҳандаи сайрҳои туристӣ дар мавсим).

Дар диаграммаи дар боло овардашуда аён аст, ки дар фасли зимистон коҳишёбии амиқи сайрҳои туристӣ назаррас аст.

Мавсимият дар туризми байналмилалӣ он аст, ки ҳангоми зимистон «бозори фурӯшандагони хадамоти туристӣ» авҷ мегирад ва дар мавсими зимистон «бозори харидорон» оғоз мегардад, яъне ҳангоми зимистон ширкатҳои туристӣ бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари туристон арзиши хадамоти хешро поён мефароранд.

Боиси тазаккур аст, дар кишварҳое, ки таносуби ҳарорати ҳаво чандон бузург нест, мавсимнокӣ мушоҳида намешавад. Масалан: дар Миср, Тунис, Мароккаш, АМА, Исроил туризм хусусияти тамомисолӣ дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад мавсимият баръакс намоён аст. Ба густариши мавсими туристӣ фаъолнокии туризми корӣ, яъне гузаронидани симпозиумҳо, намоишҳои байналмилалӣ, конфронсҳо, ҳамоишҳо, мизҳои мудаввар ва ғайра мусоидат менамояд.

Шарҳ баста аст.