Масоили рӯзаи моҳи Рамазон

Ҳар кӣ болиғ тамом рӯза бувад,

Фарз бар вай намозу рӯза бувад.

Гар кунад дар намозу рӯза қасир,

Мекунандаш ба шаръ дон таъзир.

Нияти рӯза ҷуз ба шаб набвад,

Гар фаромӯш шуд аҷаб набвад.

Чун ба субҳ уфтад туро ният,

Дар қазо карданаш бувад заннат.

Нияте, к-он ба рӯз ҳосил шуд,

Андар он рӯз рӯза ботил шуд.


Дар баёни Фоидаҳои хомӯшӣ метавонед инҷо мутолиа намоед.


Рӯзаи он рӯзро қазо бояд,

Пайрави шаръи Мустафо бояд.

Лек он рӯз ҳам зи нон нахӯрад,

Аз таому шароб барнамазад.

Нияти нофила Худо бошад,

Ки бар рӯз ар кунад раво бошад.

Моҳи рӯза ту худ гуноҳ макун,

Рӯзаи хештан табоҳ макун.

Дар ҳақиқат чу ғайбату бӯҳтон,

Рӯза ботил кунад яқин медон.

Дар шариат ҳар он чӣ аз берун,

Аз ҷавониб фурӯ шавад ба дарун.

Гар бувад қасд хӯрданӣ корат,

Лозим ояд қазову кафорат.

Гар кафорат набоядаш лозим,

Лек дар шаръ ӯ бувад осим.

Лоиқи дарраву ҷафо бошад,

Ҳар чӣ бо ӯ кунад раво бошад.

Ба фаромӯшӣ гар таом хӯрӣ,

Гарчӣ пухта в-агар ту хом хӯрӣ.

Рӯзаи туст ҳамчунон боқӣ,

Гар ту сериву гар ту муштоқӣ.

Шаҳвате, к-он ба қасд ҳосил шуд,

Бешак он рӯз рӯза ботил шуд.

Гар ба рӯзу шаб инчунин корат,

Лозим ояд қазову кафорат.

Банда озод боядат кардан,

Ё ду маҳ рӯзаат адо кардан.

Бандаву рӯза гар ту натвонӣ,

Бо ту гӯям, агар намедонӣ.

Шаст мискин таом бояд дод,

Мудд дар шаръ кам набояд дод.

Мудд дар шаръ ним ман бошад,

Пайрави шаръ пири ман бошад.

Гар касеро ба рӯз хоб ояд,

Феъли шайтон бар ӯ хитоб ояд.

Нест нуқсони рӯзааш ба яқин,

Гуфтамаш, то набошад ӯ ғамгин.

Намаку сирка гар даҳон бичашид,

Рӯза боқист гар фурӯ накашид.

Сурма дар чашму равған андар сар,

Рӯзадорро зи ҳарду нест хатар.

Нон, ки аз баҳри тифл мехоянд,

Уламо андар ин чӣ фармоянд?

Авратон чун, ки тифл медоранд,

Ҳалқ аз обу нон нигаҳ доранд.

Гар касе раг заду ҳиҷомат кард,

Менашояд варо маломат кард.

Моҳи рӯза гар касе шавад ранҷур,

Ё ба сӯи сафар шавад маҳҷур.

Сафаре, к-он ба шаръ мубоҳ бувад,

Шояд ӯ ҳараҷистиллоҳ бувад.

Рӯза бикшояд ӯ раво бошад,

Накунад гар қазо хато бошад.

Он касоне, ки рӯза медоранд,

Кофаранд гар намоз нагзоранд.

Ҳар сухан, к-ин фузул мегӯяд,

Аз ҳадиси Расул мегӯяд.


Тақвими моҳи Рамазон


Калидвожаҳо: панду андарз, Масоили рузаи мохи Рамазон, коидахои мохи рамазон, мохи шарифи рамазон, мохи шарифи рамазон 2019 дар точикистон.