Масъалаи таносуби эътиқод ва ақл дар фаҳмиши асримиёнагии масеҳӣ ва исломӣ

Дар фалсафаи асримиёнагии Аврупои масеҳӣ ва Шарқи исломӣ масъалаи таносуби эътиқод ва ақл, маърифати ҳадсӣ-интуитивӣ ва маърифати ҳиссӣ-ақлонӣ аз фалсафаи Юнони бостонӣ, ҳамроҳ бо дигар масоили фалсафаи антиқӣ, ба мерос расида буд. Ин масъала минбаъд, дар тӯли таърихи рушди фалсафаи асримиёнагӣ, боиси пайдоиши низоъҳои ғоявӣ ва тазоҳури ҷараёнҳои мухталифи фикрӣ гардид.

Дар Аврупои масеҳӣ яке аз аввалин мутафаккироне, ки зарурияти бо ҳам муттаҳид кардани ақлу эътиқодро таъкид карда, ба таҳқиқу тафсири ғояи яккахудоӣ иқдом намудааст, Аристобули Искандаронӣ аз Пинея (миёнаҳои асри II) мебошад. Анъанаи дар Аврупои асримёнагии масеҳӣ хеле густаришёфта — такмил додани эътиқоди динӣ тавассути байни эътиқод ва ақл эҷод кардани созишу муросо, — аз ҳамин иқдому ибтикори Аристобул маншаъ гирифтааст. Ба ибори дигар, Аристобул тафаккури мантиқӣ-маънавии афлотунӣ ва тафаккури мантиқӣ-шаклии арастуиро бо ҳам пайваст карда, ба ҳамин восита роҳро барои рушди босуръату бесобиқаи илоҳиёти масеҳӣ ва «ба хизматгори калисо табдил ёфтани фалсафа» ҳамвор кард. Ҳамин тариқ, тафаккури мантиқӣ- шаклӣ барои мутафаккирони яҳудиву масеҳӣ, ва минбаъд, барои мутафаккирони исломӣ, ба як навъи маъмулӣ ва густурдатарини ифодаи фикру андеша мубаддал шуд. Баъд аз Аристобул анъанаи ӯаз тарафи аксарияти мутафаккирони масеҳӣ пазируфта ва идома дода шуд. Дар поён ба вижагиҳои ақоиди баъзе аз «падарони калисои масеҳӣ» роҷеъ ба муносибати байни эътиқод ва дониши фалсафӣ ишора кардан мумкин аст:

Клименти Искандаронӣ (миёнаҳои асри II —  215 ) тасдиқ мекард, ки фалсафа бояд тобеи ваҳй бошад. Тертуллиан (160-220) бе ҳеҷ дудилагӣ, қотеона, мақоми боварӣ ва эътиқодро боло бурда, мақоми ақлро баръакс, таназзул медод ва онро бо ҳар роҳ маҳкум мекард. ӯ ба муқобили бидъаткорон мебаромад ва қазовати фикрӣ кардан дар бораи мазмуну моҳияти навишатаҷоти муқаддасро мамнӯъ мешуморид.   Ориген (185- 254),ба дониш арзиши баландро қоил буд ва кӯшиш мекард, ки таълимоти навафлотуниён ва равоқиёни фалсафаи антиқиро бо масеҳият мувофиқ ва синтез намояд. ӯ дар мактаби худ чунин барномаи таълимиро ҷорӣ карда буд, ки мутобиқи он ба толибилмон дар баробари илоҳиёти масеҳӣ инчунин илмҳои мантиқ, табиатшиносӣ, нуҷум, ҳандаса  ва ғ. омӯзонида мешуданд. Ориген се роҳи имконпазири фаҳмишу тафсири Библияро  ба шогирдонаш меомӯзонид: 1) фаҳмиши таҳтуллафзӣ; 2) фаҳмиши маъноӣ; 3) фаҳмиши фалсафӣ. Худи ӯ тарафдори  фаҳмишу тафсири фалсафии Библия буд.  Августини Валӣ (354-430) дар назди илоҳиётшиносони масеҳӣ чунин вазифа гузошта буд: «донишро дар партави ақле биҷӯед, ки онро эътиқод қабул дорад!”. Боэтсий (480-525) ва Юҳаннои  Димишқӣ (675-753) –ба анъанаи фалсафаи антиқӣ – Арасту ва Порфирий – такя намуда, барои пайдоиш ва рушди фалсафаи мадрасии асримиёнагӣ замина фароҳам оварданд. Фомаи Аквинӣ (1225-1274) исбот мекард, ки эътиқод ва ақл на танҳо аз ҳам тафовут доранд, балки бо ҳам тавъам низ мебошанд ва дар миёни онҳо мутобиқату тавозун вуҷуд дорад. Ба ақидаи Фома, ихтилофу номувофиқатӣ байни ваҳй ва хулосаи ақлонӣ – натиҷаи хато кардани тафаккур мебошад. Барои ҳамин ӯ ба эътиқодро аз дониши ақлонӣ авлотар мешуморид. ӯ зимни асоснок кардани таълимоти илоҳиётшиносии худ бештар ба таълимоти Арасту такя мекард. Аммо, саргармии аз ҳад зиёд ба фалсафаи арастуӣ ва. Баръакс, хунукназарӣ ба таълимоти Афтлотун, — барои аз байн бурдани зиддиятҳои дохилии фалсафаи мадрасӣ ва анвоъи бовариҳои дини масеҳӣ мусоидат карда натавонист.     Афкори асримиёнагии масеҳӣ танҳо дар заминаҳо ва фазои аслии худ рушд наменамуд. Масоиле, ки падарони калисои масеҳӣ ба миён гузошта буданд, дар асарҳои мутафаккирони исломӣ низ инъикос ёфтанд, чунки мутафаккирони исломӣ низ мисли илоҳиётшиносони яҳудиву масеҳӣ барои бо ҳам мутобиқ кардани эътиқоди динӣ ва дониши фалсафӣ эҳтиёҷ доштанд. Аз ҳамин сабаб, дар фалсафаи асримиёнагии исломӣ дар радифи тамоили теосентристӣ (худомарказӣ) тамоили антропосентристӣ (инсонмарказӣ) низ вуҷуд дошт.

Аз тарафи дигар, барои дар фалсафаи асримиёнагии исломӣ мубрамият ва аҳамияти хеле муҳим пайдо кардани масъалаи шинохти ақлонии инсон, асрори офариниш ва рисолату вазифаҳои ӯ,  — таълимоти Қуръон ва ҳадисҳои Паёмбари  ислом низ нақши аввалиндараҷаро бозидаанд. Масалан, ҳадиси машҳури «Ҳар касе худро шиносад, Худоро мешиносад» воқеан ҳам диққати ҳар як фарди мусалмонро ба масъалаи инсоншиносӣ равона мекунад. Дар манобеи исломӣ (Қуръон ва ҳадисҳои Паёмбар) на танҳо масъалаи шинохти инсон, балки масъалаи таҳқиқу омӯзиши асрори табиат низ гаштаву баргашта хотиррасон карда шудааст. Мисоли равшане, ки ин фикрро тасдиқ карда метавонад, ҳадиси зерин мебошад: «Дар бораи Худованд не, балки дар бораи офаридаҳои ӯ биандешед!» («Тафаккару алал халқи, лам тафаккару алал холиқи!». Агар ба мантиқи ин ҳадис диққат диҳем, маълум мешавад, ки барои фарди муъмин масъалаи шинохти ақлонии олами табиӣ, ки онро Худо офаридааст, аз масъалаи худошиносӣ дида муҳимтар мебошад. Аз ҳамин ҷо хулоса кардан мумкин аст, ки дар Қуръон ва ҳадисҳои Паёмбари ислом вазифаҳои имону эътиқод ва ақлу дониш хеле мушаххас нишон дода шудаанд. Яъне, фарди муъмин бояд дар роҳи маърифати Худо ба имону эътиқод, аммо дар масъалаи шинохти инсон ва кулли мавҷудоти олами табиӣ ба тафаккури солими фалсафӣ-мантиқӣ ва донишҳои ақлонӣ такя кунад.

Дар байни мактабҳо ва ҷараёнҳои гуногуне, ки дар тӯли пайдоиш ва густариши дини мубини ислом дар афкори фалсафии мусалмонон ба вуҷуд омадаанд, ба масъалаи эҷоди муросову таҳаммулпазирӣ миёни донишҳои эътиқодӣ ва донишҳои ақлонӣ аз ҳама бештар намояндагони фалсафаи машшоия (Форобӣ, Ибни Сино, Насириддини Тӯсӣ, Ибни Рушд ва дигарон) саҳм гузоштаанд. Абӯнасри Форобӣ зимни матраҳ кардани назарияи сиёсии худ дар бораи асосҳои бунёди ҷомеаи ормонии исломӣ аз васоити тафаккури фалсафӣ-мантиқӣ ба таври хеле фаровон истифода бурд. Дар осори Форобӣ кӯшиши бо ҳам мутобиқ сохтани ҳикмати ирфонии Афлотун ва фалсафаи ақлонии Арасту бараъло ба назар мерасад. Ибни Сино барои ба мусалмонон шиносонидани моҳияти таълимоти фалсафии Арасту ва зимнан, густариш додани тарзи тафаккури мантиқиву шаклӣ хизмати бузургеро анҷом додааст. Аммо, бо вуҷуди  он, ки Ибни Сино ба имкониятҳои бузурги ақлу тафаккури инсонӣ имони комил дошт, вале дар шинохти зоту сифоти Худованд ба ақлу фалсафа эътимод надошт. Дар чунин маворид ӯ ба ҳадсу фаросат ва имону эътиқод такя мекард. Ибни Рушд (1126-1198) яке аз машҳуртарин мутафаккирони мусалмон ва намояндаи бари фалсафаи машшоия мебошад. ӯ мӯътақид буд, ки фалсафаи Арасту сар то сар аз ҳақиқат иборат аст. Аммо дар тарбияи мардум аз осори Арасту дида асарҳои динӣ судманд мебошанд. Мутафаккир сабаби мақбули умум будани осори динӣ ва баръакс, доираи маҳдуди ҳаводорон доштани фалсафаи арастуиро шарҳ дода, мегӯяд, ки аксарияти кулли мардум барои дарки дурусти моҳияти таълимоти Арасту омода нестанд. Барои ҳамин ӯ мардумро, вобаста аз дараҷаҳои гуногуни дарку фаҳмиши ҳақиқатро доштанашон, ба cе гурӯҳ ҷудо мекунад: 1) Гурӯҳи якум ва аз ҳама сершуморро он қисми мардум ташкил медиҳад, ки танҳо бо мавъиза ва панд ба ҳақиқат мегараванд; 2) Барои ин гурӯҳ панду мавъиза басанда нест, балки барои дарку эътирофи ҳақиқат онҳо ба далоили исботкунанда ниёз доранд, ки онро танҳо тавассути тафаккури мантиқӣ-шаклӣ матраҳ кардан мумкин аст; 3) Гурӯхи саввумро танҳо ба шарти  овардани далоили фалсафӣ ва риёзӣ қонеъ ва мутмаин кардан мумкин аст. Чӣ тавре ки Ибни Рушд мегӯяд, аксарияти одамон  имоне доранд, ки онро илоҳиётшиносон тавассути панду мавъиза бар онҳо таҳмил кардаанд. Далелҳои ақлонӣ, фалсафӣ ва илмӣ танҳо барои як қисми кӯчаки одамон ҷои имону эътиқоди омиёнаро мегиранд. Ба андешаи Ибни Рушд, ин гурӯҳи одамон, яъне онҳое, ки аз далоили ақлу тафаккур ва илм бархӯрдоранд, барои ҳақикатро шинохтан ба ҳеҷ гуна башорату ваҳй ва дигар кумакҳои осмонӣ ниёз надоранд.

Ба ҳамин тариқ, фалсафаи асримиёнагии масеҳӣ ва исломӣ барои бо ҳам мутобиқ сохтани донишҳои динӣ-эътиқодӣ ва донишҳои фалсафӣ-илмӣ талош меварзид. Ҳадафи асосии фалсафаи асримиёнагии Аврупои масеҳӣ ва Шарқи исломӣ аз асоснок кардани таълимоти динӣ бо роҳи истифодаи қонунҳои мантиқи шаклӣ ва дигар дастовардҳои фалсафаи антиқӣ иборат буд. Умуман бошад, ағлаби ҳам мутафаккирони масеҳӣ ва ҳам мутафаккирони исломӣ тарафдори сулҳу муросои байни ақидаи динӣ ва дониши илмӣ-фалсафӣ буданд. Проблемаҳои шинохти дин ва маърифати Худо дар фалсафаи маорифпарварӣ. Дар фалсафи Аврупои Замони Нав, ки бо наҳзати  Маорифпарварӣ оғоз ёфт, аз асри XYII сар карда дар ҷодаи фаҳмиши моҳияти дин усулҳо ва равишҳои комилан нав пайдо шуданд. Дар ин давра миёни фалсафа ва илм аз як тараф ва дину эътиқод аз тарафи дигар, зиддияту ихтилофҳо ба вуҷуд омаданд. Файласуфони маорифпарвари Замони Нав динро на аз ботин, балки аз беруни он таҳқиқ мекарданд. Дар натиҷа дин барои онҳо мисли ҳар як унсур ва падидаи айнӣ ба як ҳодисаи маъмулии мавриди омӯзиш бадал гардид. Ба ибораи дигар, файласуфони аврупоӣ маҷбур буданд ба хотири дарки фалсафии моҳияти дин худ аз он берун шаванд. Ҳамин тавр, байни ҳолати ботинии шахси диндор ва муносибати зоҳирии худи ҳамон шахс бо дин тафовут ва бегонашавӣ ба вуҷуд омад.

Пайдоиш ва моҳияти дин дар андешаҳои фалсафии Гегел. Дар асри XIX дар фалсафаи Аврупо бештар ғояҳо ва андешаҳои Гегел роҷеъ ба моҳият ва пайдоиши дин нуфуз доштанд. Гегел чунин мешуморид, ки боварӣ ба Худои фавқуттабиӣ – марҳилаи нахустини такомули худшиносии инсон ва инкишофи тасаввуроти ӯ дар бораи олам мебошад.

Инсоният дар ибтидои таърихи худ ба моҳияти ашёву падидаҳо ва қувваҳои воқеан ҳам мавҷуди табиӣ дуруст сарфаҳм намерафт ва гумон мекард, ки қувваҳои табиӣ мисли худи инсон дорои хусусиятҳо ва сифатҳои шахсӣ мебошанд. Бинобар ҳамин, одамони ҷомеаи ибтидоӣ бо ҳадисаҳову қувваҳои табиӣ мисли бо одамони зиндаву оқил муносибат мекарданд. Онҳо барои ин қувваҳои табиӣ қурбонӣ мекарданд ва бо ин роҳ мехостанд, ки аз ҳимояту пуштибонии онҳо бархурдор бошанд. Дар баъзе ҳолатҳо бошад, бо ичрои рақсу дуохонӣ ва дигар амалҳои махсус, он қувваҳоро ба худ тобеъ карданӣ мешуданд. Гегел ин марҳилаи ташаккулёбии диндориро давраи авҷи сеҳру ҷодугарӣ меномад.

Дар марҳилаи дуввуми рушди падидаи диндорӣ инсоният оҳиста- оҳиста пай мебарад, ки қувваҳои маънавӣ ва, умуман, қувваҳои бар табиат ҳукмронро, тасхир ва ба худ тобеъ карда наметавонад. Дар баробарии ин, инсон дар бораи моҳият ва табиати худ ҳарчӣ бештар ва амиқтар андеша карда, аз он ки оҷизу фаношаванда аст, ба ваҳшат меояд. Вай барои раҳоӣ ёфтан аз аҷзу нотавонӣ ва марг, ба дастгирӣ ва лутфу карами қувваҳои рӯҳӣ умед мебандад. Ин марҳиларо Гегел марҳилаи пайдоиши дини осмониву тавҳидӣ меномад.

Фарқияти асосии дин аз сеҳру ҷодугарӣ низ дар ҳамин аст, ки дар дин объекти парастиш- Худо- Рӯхи Мутлақи Ҷаҳонӣ мебошад, дар сеҳру ҷоду бошад диққати инсон ба қувваҳои табиӣ ва хусусии худи ӯ нигаронида шудааст. Аз ҳамин сабаб дин — зинаи нисбатан баланди рушди маънавии инсоният мебошад.

Аммо Гегел дар баробарии нишон додани ду марҳилаи асосии инкишофи эътиқод ва эътироф кардани арзиши бузургии иҷтимоиву фарҳангии дин, боз ҳам динро олитарин зинаи такомули  маънавии инсоният намешуморад. Ба ибораи фаҳмотар, аз нуқтаи назари Гегел, дин — як зинаи васатӣ дар байни сехру ҷоду ва фалсафа- олитарин зинаи такомули маънавии башарият мебошад.

Ҳамин тавр, Гегел нақши бузурги динро эътироф карда, дар айни замон чунин мешуморад, ки усули динӣ дар дарки ҳаматарафа амиқу дақиқи табиати Рӯҳи Мутлақ бо усули фалсафӣ баробарӣ ё рақобат карда наметавонад.

Л.Фейербах он ақидаеро, ки гӯё эҳсосот ва тасаввуроти динӣ азалан, яъне аз ибтидо дар фитрати инсон вуҷуд доранд,- рад мекард. ӯ асли пайдоиши динро дар табиати худи инсон ҷустуҷӯ мекард. Ба ақидаи Л.Фейербах, Худо инсонро не, балки инсон Худоро офаридааст. ӯ мӯътақид буд, чуноне ки дин дар вақташ сеҳру ҷодуро аз майдон ронда буд, айнан ҳамон тавр дар оянда боварӣ ба инсон хоҳу нохоҳ ҷои эътиқод ба Худоро мегирад.

Ақидаи Л.Фейербахро дар бораи он, ки дар оянда дин ҷои худро ба илму фалсафа медиҳад, муассисон ва намояндагони бисёр мактабу ҷараёнҳои фалсафаи Аврупои Замони Нав, азҷумла К.Маркс, О.Конт (муассиси позитивизм), Ҷ.Фрэзер (яке аз муассисони назарияи диншиносии фалсафӣ), Э.Тейлор ва дигарон тарафдорӣ ва пайравӣ кардаанд.

К.Маркс мисли Л.Фейербах чунин мешуморид, ки эътиқоди динӣ дар натиҷаи талаботҳои воқеиро ба таври бешуурона ва иштибоҳомезона дарк кардани инсоният пайдо шудааст. ӯ мӯътақид буд, ки дар оянда, вақте ки муносибатҳои ҷамъият шаффоф шуда, инсоният зимоми қувваҳои бар ҷомеа ҳукмронро ба дасти худ мегирад, ана дар ҳамон вақт давраи салтанати дину диндорӣ низ поён мепазирад.

О.Конт низ бар чунин бовар буд, ки дин ва эътиқоди динӣ дар ояндаи начандон дур аз байн рафта, ҷои худро ба фалсафа ва дониши илмӣ вомегузоранд.

Э.Тейлор (олими этнолог (мардумшинос) ва муаррихи англис, яке аз бузургтарин диншиносони нимаи дувуми асри XIX) низ ҳамин гуна ақидаҳоро тарафдорӣ мекард. ӯ ҳам мисли Л.Фейербах чунин мешуморид, ки худи инсон  ҷаҳони ғояҳо ва тасаввуротҳои динӣ, азҷумла ғояи Худоро, фикр карда бофта баровардааст. Ба ақидаи Э.Тейлор, асоси ҳамаи динҳоро тасаввуроти аҷдодони қадимаи мо дар бораи рӯҳ ташкил медиҳад. Э.Тейлор, дар асари машҳури худ «Фарханги ҷомеаи ибтидоӣ» (1871) кӯшиш мекунад, ки раванди пайдоиш ва такомули тасаввуроти инсон дар бораи рӯхро ба таври мушаххас тасвир намояд. ӯ се давраи тахаввули афкору эътикоди диниро коил аст: 1) анимизм; 2) политеизм (бисёрхудоӣ); 3) монотеизм (яккахудоӣ).

Ба ҳамин тариқ, Э.Тейлор динҳои муосирро бо тасаввуротҳои динии ҷомеаи ибтидоӣ пайваст намуда, чунин хулоса мекунад: азбаски дин дар натиҷаи нодуруст дарку фаҳм кардани омилҳову қонунҳои куллӣ пайдо шудааст, аз ҳамин сабаб, он дар баробари амиқу мукаммал шудани донишу тасаввуротҳои инсонӣ аз байн меравад.


Масъалаи таносуби эътикод ва акл дар фахмиши асримиёнагии масехи ва  исломи, Клименти Искандаронӣ

Шарҳ баста аст.