Маърифат ҳамчун мавзӯи таҳлили фалсафӣ

Маърифат раванди фаъолонаю мақсадноки инъикоси воқеият дар майнаи инсон буда, таъиноташ дастрас кардани донишҳои мувофиқ дар бораи олам мебошад. Маърифат раванди  иҷтимоӣ-таърихии фаъолияти  эҷодии одамон аст. Дар ҷараёни он қишрҳои мухталифи ҳастӣ, тарафу ҷиҳатҳои дохилӣ ва берунаи зуҳуроту предметҳо маълум карда мешаванд, инчунин худи субъекти ҳамин фаъолият (яъне инсон ва ҷомеа) аз ҷониби инсон омӯхта мешавад. Мусаллам аст, ки маърифат кардани воқеият дар ҳаёти ҳар як инсон ва умуман инсоният нақши муҳим дорад. Алҳол дар ҳаёти рӯзмарраи худ одамон бо маърифаткунӣ машғул шуда, амиқ намеандешанд, ки он чигуна сурат мегирад, кадом заминаҳо, шаклҳо, қонуниятҳо дорад.

Ҳанӯз дар марҳилаҳои ибтидоии пайдоиши фалсафа масъалаи донисташавандагии олам ба миён омад. Оё олам донисташаванда аст? Чунин шакли анъанавии суолгузорӣ талқин менамояд, ки гӯё як қисми файласуфон маърифатпазирии оламро пурра инкор мекунанд, қисми дигар баръакс – эътироф мекунанд. Инҷо ба содафаҳмию дағалкорӣ роҳ додан лозим нест. Суол дар бораи он, ки «оё олам донисташаванда аст», дар маърифатшиносӣ чунин тасвият карда мешавад: фикрамон дар бораи олам ба худи ин олам чигуна муносибат дорад? Оё тафаккури мо қодир аст, ки олами воқеиро маърифат кунад? Оё мо тавассути он тасаввур ва мафҳумҳо, ки доир ба олам дорем, воқеиятро дуруст инъикос карда метавонем? Аз ин ҷост, ки суоли «оё олам донисташаванда аст?» бо мазмуни аслиаш аз ҷониби ҳеҷ кадом файласуф гузошта нашудааст. Масъала ин аст: мо предметҳоро, ҳамчунин моҳият ва зуҳури моҳияти онҳоро эътимодбахш маърифат карда метавонем ё не? Ин дар ҳақиқат масъалаи фалсафӣ аст.

Вобаста ба ин саволҳои зикршуда файласуфон якчанд нуқотро пайравӣ мекунанд: гноститсизм, скептитсизм, агноститсизм ва ғайраҳо. Гностикҳо маърифатпазирии оламро қабул доранд. Скептикҳо ба донисташавандагии олам шакку шубҳа мекунанд. Агностикҳо донисташавандагии оламро намепазиранд. Ҳамин тавр, дар таърихи фалсафа ду мавқеи асосӣ доир ба ин масъала устувор гаштаанд: маърифатӣ-реалистӣ ва агностикӣ (инкори маърифат). Барои файласуфоне, ки ягонагии нисбӣ ва мутлақро дар маърифат эътироф мекунанд, ҳам догматизм ва ҳам релятивизм қобили қабул нест. Релятивизм эълом дорад, ки кулли донишҳои мо нисбӣ, номукаммал, тағйирпазир буда, ягон чизи мутлақ, доимӣ (аз ин рӯ, объективӣ низ) надорад. Релятивизм ба сӯи скептитсизм (мавқеи шубҳаи кулл) ва агноститсизм (инкори маърифат) роҳ мекушояд. Агноститсизм таълимот (ё эътиқодмандӣ) аст, ки имконияти эътимодбахш маърифат карда шудани моҳияти низомҳои материалӣ, қонуниятҳои табиат ва ҷамъиятро инкор менамояд. Агноститсизм шаклҳои гуногун дорад.

Маърифат кардани худи маърифат аз қабили масъалаҳое мебошад, ки таҳлили махсусро талаб менамояд. Аз давраҳои қадим масъалаи шинохти маърифат андешаҳои файласуфонро банд кардааст. Бо ҳалли он дар фалсафа назарияи маърифат – гносеология (аз юн., gnosis – дониш, маърифат + logos – таълимот), инчунин онро эпистемология (калимаи дигари юн., episteme – дониш + logos – таълимот) меноманд, машғул аст. Таъиноти гносеология, ҳамчун қисми фалсафа, аз таҳқиқи сарчашмаҳо, шаклҳо ва методҳои маърифат, аз муайян кардани шарти эътимодбахшӣ ва ҳаққонияти донишҳо иборат мебошад.

Маърифат равандест, ки барои пайдо кардани донишҳо самтгир шудааст. Дониш, ҳамчун натиҷаи ин раванд, ба мазмуни шуури инсон махлут мегардад ва аз рӯи табиати худ идеалӣ мебошад.  Воқеан, дониш ҳамеша ин дониш дар бораи ягон чиз аст. «Дониш дар бораи ҳеҷ (нестӣ)» вуҷуд надорад. Аз ин бармеояд, ки чизе вуҷуд дорад, ки дониш нисбати он аст. Ҳамин «чиз» худаш предмети дониш аст.

Маърифат субъект ва объекти худро дорад. Объекти маърифат материалӣ ва идеалӣ буда метавонад, вале дар ҳарду ҳолат вай фақат он қисми воқеият мебошад, ки ба доираи фаъолияти маърифатии инсон ворид карда шудааст. Объекти маърифат – қисми олами объективӣ, ки ба доираи муносибатҳои маърифатӣ-амалӣ дохил карда шуда, аз ҷониби субъект таҳқиқ карда мешавад, ба он таъсир расонида,  дигаргун карда мешавад. Объектҳои маърифат ба тарзи тайёр дода нашудаанд. Худи инсон дар таҳрезӣ ва муайян кардани онҳо фаъолона ҳиссагузорӣ мекунад. Чунки объекти маърифат аз воқеият бояд ҷудо карда шавад. Ин бошад, аз инсон, ҳамчун аз субъекти маърифат, талаб менамояд, ки дар он қисм ва тарафҳои алоҳидаро фарқ карда тавонад, фикран ҳадду ҳудуди онҳоро аниқ намуда, воқеиятро ба қисмҳои таркибӣ тақсим сохта тавонад. Ҳар кадом объекти маърифат қисми аз муҳити атроф ҷудокардашуда ва бо сарҳади шартӣ маҳдудкардашуда мебошад. Ҳамон як объектро аз ҷиҳату тарафҳои гуногунаш таҳқиқ кардан мумкин аст, ки ҳар кадоми ин ҷиҳату тарафҳо, дар навбати худ, ба сифати предмети махсуси тадқиқот баромад мекунад.

Дар сохтори раванди маърифат, албатта, субъекти маърифат – инсон мавқеи муҳимро дорост. Вале субъект «Робинзони гносеологӣ» нест, вай на ҳамту мавҷуди табиӣ, балки мавҷуди иҷтимоӣ, аъзои ҷомеа мебошад. Роҷеъ ба субъекти фардӣ ва коллективонаи маърифат гуфтан ҷоиз аст, ки фаъолияташон дар шаклҳои тавассути маданият фароҳамшуда сурат гирифтааст. Субъекти маърифат – фард, коллектив, ҷамъият, ки шуур дорад ва қобили бомақсадонаю эҷодкорона дигаргун сохтани объект аст.


Калидвожаҳо:

Маърифат хамчун мавзуи тахлили фалсафи

Шарҳ баста аст.