Марги инсон

Инсон ягона мавҷудест, ки миранда будани худро медонад, вале маргро бартараф карда наметавонад. Фаҳмишу маънидодкуниҳои гуногуни марг вуҷуд доранд. Яке аз фаҳмишу маънидодкунии марг аз мавқеи динӣ аст, ки мувофиқи он зиндагии муқаррарии индунёӣ худ аз худ бе бақо аст, одамон ба дунё меоянд, меҳнат мекунанд, касал мешаванд, азобу шиканҷа мекашанд…ва охиран мемуранд. Зиндагӣ гузарост, ин дунё барои инсон бебақо ва фонист. Вале дар рӯҳу ҷони инсон, ки миранда нестанд, ғояҳои абадӣ, некӣ, адолат, ғояи худо — манбаи ҳамаи корҳои накӯ ҷой гирифтааст. Агар мо фақат фардҳои ҷисмонӣ-эмпирикӣ ва муваққатӣ мебудем, ба абадият майлу рағбат ва дилбастагӣ намедоштем. Маънои зиндагӣ дар худо аст ва ҷони абадӣ вуҷуд дорад, ки ҳамҷоя барои мо пешомадҳои хубу некро муайян мекунанд. Ин фикрро дар таълимотҳои динӣ дар бораи марг илоҳиётшиноси рус Бердяев ин тавр баён кардааст. Ҳаёт дар дунё ба ҳамон андоза маъно дорад, ки марги инсон дорост. Агар дар олам марг намебуд, ҳаёт маънои худашро гум мекард. Ҳаёт, ба фикри Бердяев, аз он сабаб наҷибу арзишнок аст, ки  дар он марг ниҳон аст. Ҳаёт интиҳо дорад ва ин ба он далолат мекунад, ки инсон барои зиндагии дигар — «зиндагии олӣ», яъне ондунёӣ таъинот дорад. Дар таълимотҳои динӣ маънои ҳаёт бо муносибати инсон ба худи инсон алоқамандии зич дорад ва тасаввуроти ӯро дар бораи вуҷуд доштан: интизорӣ барои аз тарафи худо наҷот додани ӯ аз марг, эмин нигоҳ доштани ӯ аз бадбахтиҳо ва мусибатҳои пешомада, мусоидат кардан ба зиндагии серу пур, пурғановату муътадилро дар бар мегирад.

Дар воқеияти эмпирикӣ ва рӯзмарраи худ зиндагии инсон аз иҷро кардани муайяноту муқаррароти иҷтимоӣ, ахлоқӣ, динӣ, сиёсӣ, аз эҳсосоту сатҳи шуурнокӣ, фаъолияти касбӣ, масъулиятшиносии шахсӣ, ташаккули қобилиятҳо, қонеъ гардонидани талаботҳои шахсӣ, муносибати ӯ ба зиндагӣ, тарзу шаклҳои дар ҷамъият хукмрони маънавият, маърифат ва ахлоқ, тарбия ва ба камол расондану ба роҳҳои мухталифи зиндагиву фаъолият гузоштани фарзандон, кулли муносибатҳои ҷамъиятие, ки дар худуди онҳо зиндагиву кор мекунад ва осори дар зиндагӣ мегузоштагии ӯ сурат мегирад. Зиндагии инсонӣ тарзу зуҳуротҳои бешумори фардӣ ва шахсӣ дорад, ки дар ҳудуду сатҳҳои барои ҳар яки онҳо хосса зоҳир мешаванд. Худи зиндагӣ гӯё чунин ҳукм мекунад, ки баъзеҳо умри дароз надида, пас аз сари худ осори назаррасу гаронбаҳое боқӣ мегузоранд, дигарон умри дароз дида, ягон осори назаррас боқӣ намегузоранд, ба ҷуз ҷасади худ, ё осоре боқӣ мегузоранд, ки созанда ва арзанда нест, ба пешрафти иҷтимоӣ, маданӣ ва фарҳангии инсоният мусоидат намекунад. Чунин одамон аз зиндагӣ ҳамчун инъоми табиӣ, арзишҳои иҷтимоӣ, маданӣ ва фарҳангӣ истифода мебаранд ва ба он ягон чизи эҳсосшаванда ва назаррас ҳамроҳ намекунанд. Ҳаёти абадии ҳар як фарди алоҳида хилофи қонунҳои биологӣ аст. Мувофиқи ин қонунҳо, қобилияти тақсимшавии ҳуҷайраҳои организми инсон аз 50.000 зиёд нест. Дар давоми зиндагии инсон ин ҳуҷайраҳо аз миқдори зикршуда зиёд тақсим намешаванд, бинобар ин ба ҳисоби миёна инсон аз 110 сол зиёд умр намебинад. Пиршавии бадани органикии инсон протсесси табиӣ-физиологиест, ки дар натиҷаи он имкону захираҳои организми инсон рӯ ба харобшавӣ, ниҳоятан, рӯ ба нестӣ меоварад. Марг барои ҳар як каси фавтида чун аз даст додани шахсияту моҳияти инсонӣ ва иҷтимоии ӯ аст. Хотима ёфтани ҳаёту фаъолияти мақсадноку бошууронаи инсон ҳамчун мавҷуди зинда марҳилаи қонунӣ ва зинаи ниҳоии вуҷуддории он аст. Марг барои мавҷудоти хунгарм ва инсон хотима ёфтани нафасгирӣ ва гардиши хун, фарорасии тағйиротҳои барнагарданда дар организм, ҳуҷайраҳо ва бофтаҳои он, дар навбати аввал, дар системаи олии асаб аст. Асоси фаҳмиши материалистии маргро тасаввурот дар бораи моҳияти иҷтимоӣ ва маънавии одам ҳамчун шахс, робитаи он бо ҷамъият ва инсоният ташкил медиҳад. Дар заминаи ин робита аҳамият ва нотакрории ҳар як кас арзиши волотарин аст. Барои ҳамин ҳам, хотима ёфтани ҳастии ҳар як кас фоҷиа аст, фоҷиаест, ки онро бо ҳеҷ васила пешгирӣ кардан мумкин нест. Марги инсон, аз байн рафтани нотакрории шахсияти ӯ аст. Моҳияти инсонро на тарсу ҳарос, масъулият «дар он дунё», балки масъулият дар назди моҳияти иҷтимоии худи инсон ташкил медиҳад.

Марг зиндагиро беқадр намегардонад, чунки арзишҳои зиндагӣ, маъно ва моҳияти он ба воситаи меросияти иҷтимоӣ, маънавӣ, маданӣ ва фарҳангӣ ба наслҳои ояндаву ҳамдигарро ивазкунандаи зоти инсон мегузаранд.


 Калидвожаҳо: марг чист? марг, мурдан, фавтидан, марги одам.

Шарҳ баста аст.