МАРҲИЛАҲОИ АСОСИИ ТАШАККУЛ ВА ИНКИШОФИ АҚИДАҲОИ СИЁСӢ

Оғози пайдоиши таълимоти сиёсӣ, консепсия ва назарияҳои сиёсӣ, аслан, бо пайдоиши давлат, ҳокимият ва сиёсат алоқамандии зич доранд ва рушду инкишофи онҳо таърихи тӯлониро дар бар мегирад.

Таърихи ақидаҳои сиёсиро ҳамчун ивазшавии консепсияҳои мухталифи иҷтимоию сиёсӣ баҳогузорӣ намудан ғайриимкон аст. Зеро таърихи таълимоти сиёсӣ, пеш аз ҳама, муборизаи доктринаҳои сиёсие мебошад, ки муаллифони онҳо кӯшиш ба харҷ додаанд, ки дар ин мубориза ҳарифони худро мағлуб сохта, таълимоти онҳоро инкор намоянд ва дар заминаи ин идеалҳои сиёсии худро, ки ифодакунандаи манфиатҳои мушаххаси ин ва ё он гурӯҳи иҷтимоӣ мебошанд, бо далелҳои гуногун асоснок намоянд. Бинобар ин, баҳогузорӣ ва таҳқиқи таълимоти иҷтимоию сиёсӣ бояд характери таърихӣ ва хронологӣ дошта, вазъияти таърихиеро дар бар гирад, ки дар онҳо барқароршавии ин ва ё он доктринаи сиёсӣ сурат гирифта бошад. Масалан, баҳогузорӣ ва таҳлили таълимоти Афлотун ҳеҷ гоҳ берун аз доираи таҳқиқи таърихӣ сурат гирифта наметавонад. Зеро дар даврони зиндагии Афлотун дар Юнони қадим ҷанги Пелопонесс авҷ гирифта, дар миёни намояндагони аристократия ва демократия муборизаи шадид сурат мегирифт. Ин аст, ки Афлотун идораи давлатро ба файласуфон ва донишмандон тавсия намуда, бо ин роҳ манфиатҳои аристократҳои он замонро ҳимоя менамояд. Аз ин рӯ, гуфтан мумкин аст, ки муборизаи ҷаҳонбинии гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ сабаби асосӣ ва омили муҳимми пайдоиш ва рушду инкишофи доктринаҳои иҷтимоию сиёсӣ мебошад. Ҳамин тариқ, марҳилаҳои асосии ташаккул ва инкишофи ақидаҳои сиёсиро ба таври зерин муайян намудан мумкин аст: давраи атиқа, асрҳои миёна, давраи Эҳё, замони нав, асрҳои XIX ва ХХ.

Шарҳ баста аст.