Манбаъҳои ҳокимият

Манбаъҳои ҳокимият воситаҳое мебошанд, ки бо ёрии онҳо таъсиррасонӣ ва ҳукмронӣ таъмин мегардад. Субъекти ҳокимият аз манбаъҳои гуногуни ҳокимият истифода намуда, барои амалӣ намудани мақсадҳои худ ба объекти ҳокимият таъсир мерасонад. Дар як қатор адабиёти илмӣ манбаъҳои ҳокимиятро ба чунин гурӯҳҳо ҷудо намудаанд:

  • манбаъҳое, ки барои объекти ҳокимият арзишманданд (маблағ, моликият ва ғ.);
  • воситаҳое, ки бо ёрии онҳо ба ҷаҳони ботинии инсон ва рафтори он таъсир расонида мешавад (васоити ахбори омма);
  • воситаҳое, ки бо ёрии онҳо инсон аз як қатор арзишҳо маҳрум карда мешавад, аз ҷумла аз ҳаёт (силоҳу аслиҳа, мақомоти қудратӣ, маҳбасхонаҳо ва монанди инҳо)[1].

Дар баробари ин, олими рус В.Г.Ледяев ҳамаи ашёҳои муҳити атрофро ба манбаъҳои ҳокимият дохил намудааст. Ба ақидаи ӯ, об, фазо, хӯрок, зебоӣ, қувваи ҷисмонӣ, хирад, иттилоот, ташкилот ва монанди инҳо манбаъҳои ҳокимият мебошанд. Ӯ дар мулоҳизаҳои худ манбаъҳои ҳокимиятро ба гурӯҳҳои зерин ҷудо намудааст:

-манбаъҳои маҷбурнамоӣ (яроқу аслиҳа, ҷазои маъмурӣ, қувваи ҷисмонӣ, мақомоти қудратӣ ва ғ.);

-манбаъҳои утилитарӣ (маблағ, хизматрасониҳо, замин, мавқеъҳои иҷтимоӣ ва ғ.);

— манбаъҳои иттилоотӣ (дониш, маълумот, хирад, ВАО, экспертизаҳои сиёсӣ ва ғ.);

— манбаъҳои меъёрӣ (қонун, ҳуқуқ, уҳдадориҳо, салоҳиятҳои хизматӣ, анъанаҳо, мавқеъҳо ва монанди инҳо)[2].

Бояд гуфт, ки субъекти ҳокимияти сиёсӣ низоми махсуси манбаъҳоро соҳиб аст. Масалан, дастгоҳи идории давлат, артиш, мақомоти корҳои дохилӣ, маҳбасхонаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, низоми пулӣ ва андозбандӣ дар дасти онҳо нигоҳ дошта мешавад. Ҳокимияти давлатӣ барои эҷоди қонунҳо ҳуқуқи монополӣ дорад ва қонунҳоеро ба вуҷуд меоварад, ки барои аҳолии тамоми мамлакат хусусияти ҳатмӣ доранд. Гузашта аз ин, ҳокимияти давлатӣ ба дастгоҳи махсуси маҷбурнамоӣ такя намуда, ба таври қонунӣ аз қувваи онҳо истифода мебарад. Давлат дар назди худ маркази ягонаи қабули қарорро нигоҳ дошта, дар баробари маҷбурнамоӣ, инчунин аз манбаъҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, иттилоотӣ ва фарҳангӣ низ ба таври васеъ истифода менамояд. Зеро манфиатҳо, боварҳои мардум, ҳиссиёти одамон, эҳсосоти онҳо (тарс, нафрат, ҳасад, норозигӣ, шавқу завқ, рӯҳбаландӣ ва ғ.) низ метавонанд манбаъҳои муҳимми ҳокимиятро ташкил диҳанд. Дар баъзе ҳолатҳо ҳисси миллӣ ва динӣ яке аз манбаъҳои самараноки ҳокимият ба шумор мераванд. Манбаъҳое, ки аз манфиатҳо иборатанд, аз иқтидори иқтисодии мамлакат, низоми андозбандӣ ва сиёсати иҷтимоии он вобаста мебошанд. Маҷбурнамоӣ ҳамчун манбаи ҳокимият ба тарс асос меёбад ва таҳдид ба ҳаёти шахсӣ, ба солимии ӯ ва ба моликияти ӯ моҳияти аслии тарс маҳсуб меёбад. Натиҷаи маҷбурнамоӣ дар он ифода меёбад, ки инсонҳо рафтори худро на бо майлу хоҳиши худ, балки бо меъёрҳои мавҷудаи рафтор мутобиқ мегардонанд. Маҷбурнамоӣ метавонад ҷисмонӣ, равонӣ ва ахлоқӣ бошад.

Забон ҳамчун унсури муҳимми маданияти сиёсӣ метавонад ба сифати яке аз манбаъҳои муҳимми ҳокимият баромад намояд. Забони ҳокимият хусусиятҳои ба худ хосеро доро мебошад ва он ба урфу одатҳо, анъанаҳо ва образҳо такя намуда, аз иродаи сарвар ва аз қобилияти суханварии ӯ вобаста мегардад. Мазмуни матнҳои дар муҳр ҷойгиршуда ва ё забони лавҳаҳои бюрократӣ (навиштаҷоте, ки дар даромадгоҳи утоқи кории мансабдор овезон карда шудааст) дар роҳравҳои ҳокимият ба иҷозатномаҳои сиёсӣ хеле монанд аст. Сиёсати забонӣ ва забони сиёсат, махсусан дар раванди баргузории маъракаҳои интихоботӣ нақши хеле муҳим мебозанд.

Ҳамчунин, иқтидори иқтисодӣ, ҳарбӣ ва фарҳангии мамлакат, ҳудуди кишвар, тартибот ва устуворӣ, ягонагии ҷомеа, сарватҳои табиӣ, шумораи аҳолӣ ва сатҳу сифати он (маданият, маълумот, малакаҳои меҳнатӣ ва монанди инҳо) низ манбаъҳои муҳимми ҳокимият ба шумор мераванд. Ғайр аз ин, ҳокимият барои ҳалли як қатор масъалаҳои худ ба анъанаҳо, идеология, эътиқод, боварҳои мардум, афкори ҷамъиятӣ ва иштироки сиёсӣ такя менамояд. Дар баробари ин, дониш, касбият, тарғиботу ташвиқот, васоити ахбори омма ва монанди инҳо манбаъҳои муҳимми ҳокимият ба шумор мераванд.

Одатан, субъекти ҳокимият ҳангоми амалӣ намудани мақсадҳои худ ва ҳалли як қатор проблемаҳои ҷамъиятӣ аз маҷмӯи манбаъҳо истифода менамояд. Аммо дар амал татбиқ намудани манбаъҳои алоҳида аз шароитҳои мушаххас вобаста буда, самаранокии онҳо низ ҳудудҳои муайянеро дар бар мегиранд. Ҳамчунин, барои истифодаи манбаи мушаххас интихоби объект пеш меояд ва барои таъсиррасонӣ ба объекти мушаххас бошад, интихоби манбаъ зарур мебошад. Масалан, барои истифодаи «боваркунонӣ» ҷавонон ҳамчун объект интихоб мегарданд. Мухолифин аз ҳама бештар ба норозиён ва даъвогарон такя менамоянд. Аммо дар шароити ҷангӣ ва инқилобӣ аз ҳама бештар маҷбурнамоӣ истифода бурда мешавад. Ба ғайр аз ин, маҷбурнамоӣ дар мамлакатҳое, ки анъанаҳои демократиашон заифанд, падидаи маъмулӣ буда, дар ҷомеа паҳн гардидааст. Дар ҷомеаҳое, ки озодии шахс кафолат дода мешавад, истифодаи манбаъҳои моддӣ ва маблағ афзалияти бештар дорад.

Бояд гуфт, ки дар амал татбиқ намудани ин ва ё он манбаи ҳокимият сарҳади худро бояд дошта бошад. Агар истифодаи ин ва ё он манбаъ сарҳади худро убур намояд, самаранокии он паст мегардад. Масалан, таъқибҳои мусаллаҳона хеле хатарнок буда, самараи хуб ҳам намедиҳанд ва дар ниҳояти кор истифодаи воситаҳои ҳарбӣ боиси аз байн рафтани тартиботи мавҷуда мегардад. Бинобар ин, нигоҳ доштани тартибот, ташаккули дараҷаи баланди маданият, таъмини некуаҳволии мардум, қонунӣ будани рафтор асоси ҳокимият бояд ба шумор раванд.


[1] Основы политической науки. Учебное пособие. Часть 1. – Минск, 1993. – С.110.

[2] Политология: учебник / коллектив авторов: Под ред. В.И.Буренко. 2-е изд. – М.: КНОРУС, 2013. – С.85-86.


Калидвожаҳо: реферат бо забони точики, реферати точики, кори курси, маводхои омузишии точики, сомонаи донишчу тч, донишҷӯ тҷ, donishju tj, сайтхои точики, сайти омузиши, сомонаи омузиши, хокимият, хокимияти сиёси, ҳокимияти сиёсӣ, сиёсатшиносӣ, сиёсатшиноси, манбахои хокимият, манбаъхои хокимият

Шарҳ баста аст.