Маълумоти умумӣ дар бораи вазни арӯз

0
50

Чунон ки аз маълумоти қабл огоҳ шудед, асарҳои назмӣ бо ду вазн иншо шуданд. Вазни ҳиҷо ва вазни арӯз. Вазни ҳиҷо асосан ба назми халқӣ хос аст. Дар баробари ин назми ҳазорсолаи адабиёти тоҷику форс ва назм ҳам бо вазни арӯз эҷод шудаанд.

Хусусиятҳои назму наср ва радифу қофия

Арӯз вожаи арабӣ буда, маънои арз кардан, баён намуданро дорад. Вале имрӯз ҳамчун истилоҳи адабиётшиносӣ маҳсуб меёбад ва дувум ченак ё мизони шеър ба шумор меравад. Вазни арӯз аз адабиёти араб дар асрҳои IX-X ба адабиёти мо ворид гардидааст.

Загрузка...

То имрӯз рушду камол ёфта, хусусиятҳо, қонунҳои он аз тарафи арӯзиёни форс-тоҷик: Ахфаши Балхӣ, Юсуфи Арӯзӣ, Баҳромӣ, Бузургмеҳри Коинӣ, Шамс Қайси Розӣ, Рашиди Ватвот, Насриддини Тусӣ, Ваҳиди Табрезӣ, Парвиз Нотили Хонларӣ, Баҳром Сирус ва дигарон кашф ва равшан гардидаанд. Мувофиқи андешаи муҳаққиқони дар боло ёдшуда, шеъри форсӣ-тоҷикӣ дар 14 баҳр суруда шудааст. Баҳрҳо ба ду қисм тақсим гардидаанд. Баҳрҳо солим ва фаръӣ ном доранд.

Баҳрҳои солим: Ҳазаҷ, Рамал, Раҷаа, Мутақориб ва Мутадорик ба шумор мераванд. Ба гурӯҳи баҳрҳои фаръӣ: Қариб, Музореъ, Ҷадид, Хафиф, Муҷтасс, Сареъ, Мунсареҳ, Мушокил ва Муктазаб буда, ҷамъ 14 баҳри арӯзи тоҷикиро ташкил медиҳанд.

Арӯзи тоҷикӣ махсусиятҳои ба худ хос дорад ва аз руи он вазни шеър равшан мегардад. Барои дарёфти вазни шеър нахуст бояд ҳиҷоҳои калимоти ҳар як мисраю байтро шумурд. Бояд миқдори ҳиҷоҳои ҳар мисраъ ба ҳам баробар бошанд.

Бояд хотиррасон кард, ки дар шеър ҳар як сатр ё хатро мисраъ гуянд. Агар ду мисраъ омада бошад, онро байт хонанд. Масалан, рубоии устод Рӯдакиро гирем:

Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ.

Бар куру кар ар нуқта нагирӣ, мардӣ.

Мардӣ набувад фитодаро пой задан,

Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.

Рубоӣ аз чор мисраъ ё ду байт иборат аст. Ва ҳар як мисраъ дорои 12 ҳиҷост. Чунон ки дар боло дидем, мисраъ аз 12 садонок таркиб ёфтааст, ки ин баробарии мизони шеърро муайян намудааст. Агар чунин тартиб, яъне дар вазни ҳиҷо асосӣ бошад, дар вазни арӯз илова бар ин баъзе имтиёзоти дигареро низ метавон дид.

Ҳиҷо мувофиқи имлои забони тоҷикӣ ба дарозу кутоҳ ва кушодаю пушида қисмат мешаванд, ки ҷамъулҷамъ дар муқаррар намудани мизони арӯзи тоҷикӣ мақоми ҳалқунанда доранд.

Ҳиҷоҳои дароз бо садонокҳои о, е, ӣ, ӯ ва ё бо ҳамроҳшавии ҳамсадоҳо ба вуҷуд меоянд. Ҳиҷоҳои кутоҳ бошанд ба воситаи садонокҳои а, и, ӯ ва ю сохта мешавад. Масалан:

Та-во-но бу-вад, ҳар-кӣ до-но бу-вад,

Ба-до-ниш ди-ли пир бар-но бу-вад.

Ҳамин тавр, дар ин байт дар мисраи аввал 4 ҳиҷои кутоҳ ва 6 ҳиҷои дароз ва дар мисраи дуюм 4 ҳиҷои кутоҳ ва 6 ҳиҷои дароз омадааст.

Ғайр аз ин ҳиҷоҳо ба ҳиҷоҳои баста ва кушода қисмат мешаванд. Дар ҳиҷое, ки аз ду тарафи садонок ҳамсадо ё аз тарафи охири садонок ҳамсадо омада бошад, ҳиҷои баста ва агар пас аз ҳамсадо садоноке ояд, ҳиҷои кушода аст.

Бӯ-и ҷӯ-и Му-ли-ён о-яд ҳа-ме,

Ё-ди ё-ри меҳ-ру-бон о-яд ҳа-ме.

Мисраи нахусти устод Рӯдакӣ нуҳ ҳиҷои кушода ва ду ҳиҷои баста дорад. Дар мисраи дувум чор ҳиҷои баста (ёд, меҳ яд, бон) омадааст. Як мисоли дигар аз устод Турсунзода:

Дӯс-ти-ро ҷӯс-ту-ҷӯ до-рем мо,

Аз а-мо-нӣ гуф-ту-гӯ до-рем мо.

Чунон, ки шумурдед, мисраи аввал ду ҳиҷои баста ва мисраи дувум шаш ҳиҷои кушода дорад. Аз ҳамин нигоҳ байти устод Айнӣ:

Биёед, эй рафиқон дарс хонем,

Ба бекориву нодонӣ намонем. -ро хонда ҳифз намоед ва миқдори ҳиҷоҳои кушода ва бастаи онро муайян кунед.

Ҳангоми хондани шеър ё сурудани он ҳис мекунед, ки шеър ба пораҳо тақсим мешавад. Яъне ровӣ ё мутриб ҳангоми иҷрои амал дар нойҳои махсус андак таваққуф мекунад. Ҳамин қисматҳои ист рукн (рукни шеър) ном доранд. Яъне қисматҳои тараннумии шеърро дар арӯз рукн гуянд. Инчунин, ба рукнҳо тақсим кардани шеърро тақтеъ мегуянд. Рукну тақтеъ дар шеър, яъне вазни арӯзро ба вуҷуд меоварад. Ба хотири дуруст дарк намудани ин масъала аз Низомии Ганҷавӣ як байт меорем:

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,

Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

Дар арӯз ҳиҷоҳои кутоҳ бо аломати панҷи римӣ (V), дароз бо тире (-) ва якуним ҳиҷоӣ бо аломати v — (дар охири мисраъ v ~) ишорат карда мешавад.

Байти боло ба 6 рукн тақтеъ шудааст ва ин тақтеъю рукнҳо мизони вазни арӯзро муайян намудаанд. Арӯзи Аҷам дар асоси 6 рукн сохта мешавад. Баҳрҳои солим: Ҳазаҷ, Рамал, Раҷаз, Мутақориб ва мутадорик рукнҳои хоси хешро доранд.

  1. Ҳазаҷ = ма-фо-й-лун ;

v — — —

  1. Рамал = фо-и-ло-тун;

— v — —

  1. Раҷаз = мус-таф-и-лун;

— — v —

  1. Мутақориб = фа-ӯ-лун;

v — —

  1. Мутадорик = фо-и-лун.

— v —

Барои намуна байти Низомӣ, ки дар боло оварда шуд, мисол шуда метавонад.

Байт аз 6 рукн иборат аст, ё тақтеъ шудааст. Рукни он мафоилун буда, шаш маротиба такрор гардидааст. Мафоилун бошад, рукни баҳри Ҳазаҷ аст. Ҳамин тавр, байти боло дар баҳри Ҳаҷази мусаддаси маҳзур иншо гардидааст.

Шоистаи гуфтан аст, ки меъёри вазни ҳиҷо ва арӯзро асосан ҳиҷо ё баробарии ҳиҷоҳои байт муқаррар менамояд. Вале гоҳ гоҳ дар вазни арӯз ин меъёр риоя намешавад.

Дар забони тоҷикӣ калима ё ҳиҷоҳое ҳастанд, ки кашида мешаванд ва аз як ҳиҷо зиёданд.

Масалан, калимаҳои даст, дошт, раст, рӯз, куш ва амсоли ин кашида мешаванд. Онҳоро дар илми арӯз якуним ҳиҷо мегуянд ва бо аломати махсус, яъне агар дар мобайни мисраъ омада бошад, бо аломати: -v  ва агар дар охири мисраъ биёяд бо аломати: мад ~ ишорат мешавад. Ҳамин тавр, ҳиҷоҳои ор, зор, бор, ёр, об ва амсоли инҳо низ дар вазни арӯз якуним ҳиҷогиро ташкил медиҳанд.

Масалан, дар байти устод Турсунзода:

Одамон аз дӯста ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Калимаҳои бахт ва сахт дар вазни арӯз якунимҳиҷогиро ташкил додаанд, ки дар охир бо аломати мад ишорат мешаванд. Ин байт аз достони “Ҷони ширин” гирифта шудааст ва ин достон дар баҳри рамали мусаддаси мақсур (ё маҳзуф) (- v- -| — v — -| — v ~ 🙂 эҷод гардидааст.


Маълумоти умуми дар бораи вазни аруз, аруз чист?, вазни шеър дар адабиёт, вазни аруз дар адабиёти точик, вазни шеър чист? Рукн чист?, бахрхои точики, бахрхои адабиёт, баҳрҳои тоҷикӣ дар адабиёт, дар шеър? бахрхои солим.