Маълумоти умумӣ дар бораи маҷоз, ташбеҳ ва тавсиф

0
66

Барои он, ки асари бадеиро аниқтар дарк кунед, аз нозукиҳои он огоҳ бошед, бояд моҳияти санъатҳои маҷоз, ташбеҳ ва тавсифро донед, аз худ намоед.

Загрузка...

 Маҷоз чист?

Равшан аст, ки аксарияти калимаю ибораҳо ба ғайри маънои аслӣ боз маънои маҷозӣ низ доранд. Яъне духура ҳастанд. Аз ин хотир дар грамматикаи забони тоҷикӣ онҳоро ба ду қисм маънои маҷозӣ ва аслӣ тақсим кардаанд. Аммо дар адабиётшщюсӣ бошад, маънои маҷозиро санъати маҷоз мегуянд.

Ба ҳамин тариқ, калимаю ибораҳое, ки бидуни маънои аслӣ дар асари бадеӣ истифода шудаанд, санъати маҷоз ном доранд. Санъати маҷоз дар афсона, ҳикоя, латифа, достон, чистон ва махсусан зарбулмасалу мақол истифода бурда мешаванд. Чунончи:

  1. Бародари азиз, аз худ наравед.
  2. Офтобро бо доман пуши да намешавад.
  3. Вазнин шавед.

 Дар ҷумлаи аввал ибораи «аз худ наравед» ба маънои ҳавобаландӣ, мағрурӣ, худписандӣ омадааст, дар ҷумлаи дуюм «Офтоб» маънои ҳақиқат, аниқ адолат ва воқеиятро дорад. Яъне, адолат бояд дастболо шавад. Дар ҷумлаи сеюм калимаи «вазнин» ба маънои маҷозӣ омада, аз худ наравед, худписанд, мағрур нашаведро ифода мекунад.


Ташбеҳ чист?

Ташбеҳ маънои чизеро ба чизе, якеро ба дигаре монанд карданро дорад. Масалан, Гуландом мисли дугонааш Садбарг аълохон аст. Дар ин ҷумла Гуландом аз руи донишаш ба Садбарг монанд карда шудааст.

Ташбеҳ унсурҳои ба худ хос дорад: ташбеҳшаванда, ташбеҳкунанда, олот ё воситаи ташбеҳ. Дар ҷумлаи боло Гуландом ташбеҳшаванда, Садбарг ташбеҳкунанда ва мисли, монанди воситаҳои ташбеҳ мебошанд. Ташбеҳ намудҳои гуногун дорад. Маъмултаринаш ташбеҳи равшан, пушида мебошад. Ташбеҳе, ки дар боло оварда шудааст, ташбеҳи равшан буда, ба воситаи олотҳои ташбеҳ (мисли, монанди) ба вуҷуд омадааст.

Дар адабиёти бадеӣ, ташбеҳ барои возеҳу равшан ва нишонрас баромадани фикр, барҷастагии образ ва бадеиёти асар хизмат мекунад. Нависанда ҳатто ба як калима ё ибора метавонад, маъниҳои олиро ифода намояд. Масалан, дар афсонаи «Эраҷи тилисмшикан» гуянда аз санъати ташбеҳ  бисёр ба маврид истифода бурда, Эраҷро ба Офтоб ва дигар рафиқонашро ба ситораҳо монанд кардааст: «Эраҷ, гуё Офтоб ва бачагони дигар ситораҳои дурахшон буданд, ки гирди ӯро печонида гирифта буданд». Устод Рӯдакӣ дар шеъри машҳури худ «Буи қуӣ Мулиён» амири Бухороро ба сарв ва худи Бухороро ба бустон ташбеҳ намудааст, ки бисёр ин тасвир зебою дилкаш баромадааст:

Мир сарв асту Бухоро бустон,

Сарв суи бустон ояд ҳаме.


Тавсиф чист?

Тавсиф маънои васф кардан, ситоиш намудани касеро, чизеро дорад. Ва яке аз санъатҳои маъмултарини адабиёти бадеист. Адибон ва ровиён барои пурҷозиба, дилкашу рангин баромадани ҳодисаю воқеаҳо, сифату хусусияти предмет, ё шахсҳои алоҳида, яъне персонажҳои асарро қатор номбар мекунанд. Масалан, гули сурхи хушбуи зебо ба ман ҳадя карданд. Дар ин ҷумла, сифатҳои гул сурҳ хушбуӣ ва зебо ба тафсил оварда шудаанд, ки дар забон онҳоро муайянкунанда мегуянд. Дар асари бадеӣ бошад, чунин таркибҳоро тавсиф мегуянд.

«Маликзодаеро шунидам, ки кутоҳ буду ҳақир ва дигар бародаронаш баланду хубруй». Дар ин ҷумла Саъдӣ сифати бародаронро додааст. Яъне маликзода кутоҳу бечора, вале бародаронаш баланд ва хубруӣ буданд. Илова бар ин, дар ин ҷумла низ, санъати тазод омадааст. Хусусияти ин санъат он аст, ки ду чиз (сифат, хислат), ду шахе муқобили ҳам гузошта мешавад. Ё ҳодисаю воқеаҳои зидди якдигар низ тазод шуда метавонанд. Дар ҷумлаи боло сифатҳои маликзода (кутоҳу ҳақир) ба бародаронаш (баланду хубруй) муқобил гузошта шудаанд. Аз ин хотир Саъдӣ дар ин ҷумла аз санъатҳои тавсиф ва тазод, ки бештар дар якҷоягӣ меоянд, ба маврид истифода бурдааст. Як мисоли дигар аз Саъдӣ: “Дуруғи маслиҳатомез, беҳ  аз рости фитнаангез”. Дар ин ҷумла ҳам тавсиф ва ҳам тазод бо ҳам омехта шуда, идеяи адибро нурборон кардаанд. Аввалан росту дуруғ муқобил, зидди ҳам омада, сониян сифату дуруғи маслиҳатомез ва рости фитнаангез бамаврид истифода шуда, андешаи Саъдиро возеҳ нишон додаанд.


Маълумоти умуми дар бораи мачоз, ташбех ва тавсиф, Мачоз чист? Ташбех чист? Маҷоз дар адабиёти тоҷик, истифодаи мачоз дар ашъори шоирон, истифодаи ташбех ва тавсиф.