Мактаб — макони илму маърифат (иншои озод)

Чашмаи саршори илм аз остони мактаб аст,

Мурғи масти орзу аз ошёни мактаб аст.

Ақлу дониш, илму ирфон, дафтару меҳри китоб,

Баҳри мо хидматрасон аз ганҷи кони мактаб аст.

Мактаб бузургдаргоҳест, ки баробари дар остонааш қадам гузоштан хурдон бузург, бузургон барнодил ва бехирадон соҳибхирад мегарданд. Мактаб макони илму маърифат, фархангу адаб ва донишу хирад аст. Нест касе, ки аз ин даргоҳи муқаддас сабақ нагирифта бошад. Нест бузургдиле, ки сабақи устоде надида, ба ҷое расида бошад. Ҳанӯз аз замонҳои пеш низ дар ҳолати вуҷуд надоштани мактабҳо, мадрасаҳо вуҷуд доштанд, ки аксарияти намояндагони адабиёти классики тоҷик дар онҳо сабақ омӯхтаанд.

Модоме, ки мактабу Мадраса дар канор тифлону бузургонро илму адаб ва маърифату ҳунар меомӯхтаанд, пас зиндагиву умри волои инсоният ба мактабу маориф вобастагии зиёд дорад. Ба ифодаи шоир:

Пояи давлат набошад бе маориф устувор,

Давлати поянда хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр.

Маҳз дар мактаб маърифат пойдор, илму адаб устувор ва тавассути заҳмати устодони накӯкор шогирдон баркамолу соҳибистеъдод мегарданд. Мактаб аст, ки соҳаҳои дигари ҳаёт пойдоранд. Мактаб аст, ки инсонҳо бофазл ба воя мерасанд, мактаб аст, ки фархангу илму адаб, то андозае дар дилҳо ҷосту мардум маърифатдӯст. Омӯзгоронанд, ки дар ҳамаи мактабҳои миёнаву олӣ ва боғчаю муассисаҳои таълимӣ илм омӯхта ҳамаро ба некию накукорӣ ва фархангдӯстӣ даъват мекунанд.

Бе ҷон ҷасадро қадре набошад,

Ҷисм аст мактаб, ҷон аст мактаб.

Оре, мактаб маъҳази пайдоиши илму маърифат аст. Ҳама дастпарварони мактабанд, ки замоне чун тифлакони аз ақлу хирад дур дар остонаш қадам гузошта, аз он бузург гардндаанд. Бе гузашт аз ин даргоҳи муқаддас касе наметавонад илм омӯхт.

Гар набинад мактабу устоду таълиму адаб,

Кас чу ҳайвон мешавад гарчӣ бувад соҳибнасаб.


Калидвожаҳо: иншои озод дар мавзуи мактаб, мактаб ва маориф.

Шарҳ баста аст.