Мафҳуми ҷавҳар ва усулҳои асосии фаҳмиши ҷавҳарии ҳастӣ

0
62

Инсон ҳамеша дар бораи масъалаҳои чӣ будани олам, абадӣ ё даргузар будани он, дигаргуншавӣ ё якҳолатии он ва ғ. меандешад. Агар олам дар инкишофёбӣ бошад, пас он оё қонуниятҳои объективии инкишофи худ, маъно ва мақсад дорад? Моҳияти масъалаи муҳими дигар, ки афкори эҷодии инсонро ба худ ҷалб мекард, чунин аст: олам ҳастии қонуниятдори бонизом ва яклухт аст ё вай бенизому бе ягон сохтори ташкилӣ аст? Асоси оламро чӣ ташкил медиҳад: вай ба таври табиӣ пайдо шудааст ё офаридаи илоҳӣ аст? Оё ба ғайр аз олами мо дигар оламҳо бо қонунҳои хоси худ вуҷуд доранд? Оё асоси онтологии озодӣ ва эҷодиёти инсон вуҷуд дорад ё онҳо аз фикри ботили мо аст?
Саволҳои зикрёфта бо ҳамдигар ҳамҳудуд буда, ба масъалаҳои фаҳмиши олам ва ҳастии инсон дахл доранд, яъне мавзӯи таҳлили фалсафӣ мебошанд. Сохторгирии андешаҳои фалсафӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ бо категорияи ҳастӣ оғоз мегардид, дар асоси он ҳамчунин силсилаи категорияҳои дигари онтологӣ (материя, ҳаракат, ташаккулёбӣ, инкишоф, вақт ва фазо, сабаб ва натиҷа, моҳият ва зуҳурот, чиз, унсур ва ғ.) муайян карда мешуд.
Яке аз масъалаҳои марказии онтология ин масъалаи ҷудо кардани мабдаи намудҳои мушаххаси ҳастӣ мебошад, ки дар фалсафа ҳамчун асосмандкунии категорияи «ҷавҳар» қабул шудааст. Масъалаи ҷавҳар он ҳангоме ба миён меояд, ки агар тафаккури инсон дар ин гуногунии чизҳо ва ҳодисоти олам ба пайдо кардани воҳиди дигаргуннашаванда ва устувор, он намуди амиқи ҳастӣ, ки сабаби пайдоиши дигар намудҳои ҳастӣ буда, сабаби мавҷудияташ ғайри худаш чизи дигар нест (худсабаб), кӯшиш намояд. Чуноне зикр шуда буд, масъалаи ҷавҳар дар фалсафаи Арасту мавқеи муҳим дошт. ӯ дар фалсафаи атиқа аввалин шуда, се ҷанбаҳои асосии категорияи ҷавҳарро ҷудо карда буд.
Агар сухан умуман дар бораи тафсири ҷавҳар равад, пас айният додани ҷавҳар ба мабдаъ, ба ибтидои моддӣ, ки дигар чизҳо аз он таркиб ёфтаанд, аз аввалин ғояҳо мебошад. Дар мактаби милетӣ об, ҳаво, оташ аз ҷумлаи чунин ибтидоҳои «табиӣ» ба шумор мерафтанд. Дар анъанаи минбаъдаи фалсафаи юнонӣ ҷавҳари ба сифати идеяҳо қабулшуда ва ҳамчун ибтидои шаклгиранда эътирофшуда бо материяи ғайрисифатӣ алоқаманд карда мешавад. Ин тарзи фаҳмиши ҷавҳар, агарчи бе истифодаи истилоҳ ҳам бошад, ҳанӯз дар таълимотҳои Афлотун (идеяи материя-саробон) ва Арасту (материяи якум) бараъло равшан шудаанд. Баёни ҷавҳар ҳамчун мабдаи моддӣ дар таълимотҳои Демокрит ва Эпикур ба таври муфассалтар оварда шудааст.
Тарзи дуюми тафсир кардани категорияи ҷавҳар бо фаҳмиши нахустасоси маънавии фаъол будани он алоқаманд аст. Чунин ҷавҳар на объекти ғайрифаъоли таъсирбинанда ва на мабдаъ аст, ки аз он ҷисмҳо таркиб ёфтаанд, балки ибтидои бошуур ва боирода, субъекти амал, сабаби ҳастӣ мебошад. Чунин фаҳмишро дар маънидод шудани рӯҳ дар таълимоти Афлотун ва Арасту пайдо кардан мумкин аст, ҳарчанд, ки байни ин файласуфон доир ба ин масъала ихтилофи назар низ ҷой дорад.
Тарзи сеюми фаҳмиши категорияи ҷавҳар маънои ҷамъбастии онро баён мекунад. Чавҳар – ин асоси тағйирнопазиру тавлидгари кулли ҳолатҳои мушаххаси худ ва шарти ҳамтаъсирии ин ҳолатҳояш мебошад. Дар ин мазмун ҷавҳарро ҳам мабдаъ ва ҳам фаъол фаҳмидан мумкин аст; ҷавҳар ҳам объектӣ-таъсирбинанда, ҳам субъектӣ-таъсирбахшанда аст. Ҷавҳар сабаби оми чизҳо ва дар як вақт сабаби худ мебошад. Чунин тарзи фаҳмиши категорияи «ҷавҳар» асосан дастоварди низомҳои пантеистии нававрупоӣ мебошад, ҳарчанд ки сарчашмаи он аз таълимотҳои Анаксимандр ва равоқиён оғоз мегардад. Он дар фалсафаи Б.Спиноза муфассалтар баён карда шудааст. «Ҷавҳар гуфта, – менависад ӯ, – ман он чизро мефаҳмам, ки худ дар худ вуҷуд дорад ва худашро аз худаш муаррифӣ менамояд, яъне чизест, ки тасаввур шуданаш ба тасаввури чизи дигар, ки вай аз он бояд ташкил меёфта бошад, ниёз надорад».[4]
Муқобил гузоштани рӯҳ ва материя ҳамчун ҷавҳарҳои гуногун мутаносибан таълимотҳои идеалистӣ ва материалистиро ба миён овард.
Таълимотҳои материалистӣ намудҳои гуногун дошта, сабабаш гуногуниҳои оламро бо материя вобаста донистан мебошад, ки дар навбати худ бо тарзҳои зерин ифода карда мешавад:
а) ҳамчун чизи мушаххаси ҳисшаванда (материализми марҳилаи аввали мактаби милетӣ);
б) ҳамчун чизи таркибдиҳанда, ки ба таҷрибаи ҳиссии инсон бевосита дода нашудааст ва якҷинса, номуттасил, ботинан тақсимнопазир аст (атомизми атиқа ва атомизми Замони Нав, назарияи заррачаҳои элементарӣ, кваркҳо ва ғ.);
в) ҳамчун ибтидои беохир тақсимшаванда, муттасил дар намуди ё фаҳмиши афлотунии материя-саробон, ки моҳиятан бо «фазои Кайҳон» ҳаммазмун аст, ё фазои механикии Декарт, ё фазои каҷшавандаи назарияи умумии нисбияти А.Эйнштейн, ё дигар назарияҳои бунёдии физикӣ;
г) ҳамчун тафсири махсуси материя, ки дар фалсафаи марксистӣ баён карда шудааст. Дар фалсафаи марксистӣ материя на танҳо ҷавҳар, инчунин «категорияи фалсафиест барои ифодаи воқеияти объективӣ, ки инсон тавассути эҳсосоташ онро дарк мекунад, новобаста аз эҳсосоти мо вуҷуд дошта, нақши он, сурати он, акси он дар эҳсосҳоямон гирифта мешавад».[5] Чунин воқеияти объективӣ кулли зуҳуроту равандҳои микроолам, макроолам ва мегаоламро дар худ фаро мегирад. Дар асоси чунин тафсири универсалистии материя таълимоти амиқи фалсафӣ рӯи кор омад, ки ба маънидодкунии ҳамаҷонибаи олам даъво дошт.
Хулоса, дар таълимотҳои материалистӣ фаҳмиши мабдавӣ-ҷавҳарӣ ва атрибутивии материя мақоми хосса доранд. Камбудии умумии таълимотҳои материалистӣ, ки ба пурра бартараф карданаш материалистон ноил нашудаанд, ин – мушкилоти шарҳ додани пайдоиши ҳаёт ва шуур аз материяи ғайризиндаю бешуур мебошад. Албатта, омӯзиши нуқтасанҷонаи асосҳои материализми диалектикӣ далолат мекунад, ки дар он ибтидои дуюми ҳастӣ – идеалиёт – дар аксар вақт эътироф карда мешуд. Чуноне, В.И.Ленин менависад, дар бунёди материя хосияти инъикоскунии ба эҳсосот шабоҳатдошта вуҷуд дорад.[6]
Дар байни назариётҳои идеалистӣ тафсири объективӣ-идеалистии нахустасосҳои оламро ҷудо кардан мумкин аст. Дар он ба сифати ҷавҳари фаъолу эҷодкори олам идеяи мутлақ (Гегел), ақли ҷаҳонӣ (Анаксагор, равоқиён), рӯҳи ҷаҳонӣ (онтологияи гностикӣ), иродаи ҷаҳонӣ (Шопенгауэр), бешуурона (Э.Гартман) ва ғ. баромад мекунанд. Дар тафсири илоҳиётии идеализми объективӣ худо ибтидою интиҳои олам эътироф мегардад.
Ба ҷонибдорони таълимоти объективӣ-идеалистӣ то андозае муяссар мегардад, ки моделҳои метафизикии оламро офарида тавонанд. Дар ин моделҳо кулли мавҷудот аз ибтидои ягона ё низоми ибтидоҳо бароварда мешавад. Мисоли равшани ин – густаришёбии идеяи мутлақ, ки дар зуҳуроти мушаххас татбиқ шудани онро Гегел тафсир кардааст. Одатан дар ин низомҳои фалсафӣ ҳамаи чизҳои андешавии аз ақли инсон сарчашма гирифтаро фаро гирифта мешавад. Хусусияти хоси ин назари фалсафӣ маҳз дар ҳамин буда, имкон медиҳад, ки воқеият ҳамчун ҷузъи низоми аз моҳияти хирад биноёфта баррасӣ карда шавад.
Дар идеализми субъективӣ мафҳуми ҷавҳар ҳамчун ибтидои фаъоли ҳастӣ аз мавқеи фардиятгароӣ тафсир мегардад ва шакли солипсизмро мегирад (солипсизм; аз лот., solus — ягона + ipse — худам; танҳо «ман»-и худро воқеӣ донистан ва ҳамзамон инкор кардани мавҷудияти олами беруна). Мазмуни мухтасари ғояҳои идеализми субъективиро, ки Ҷ.Беркли дар асарҳояш ошкоро ҳимоя кардааст, пешниҳод мекунем.
Азбаски дар ин олам мо танҳо дар бораи чизҳои бо ҳиссиёт ва шуур даркшаванда гуфта метавонем ва ҳамчунин кафолате нест, ки берун аз шуур ягон чиз мавҷуд бошад, аз ин лиҳоз «будан» маънои «даркшаванда будан»-ро дорад. То он даме, ки мо предметро дарк мекунем, вай вуҷуд дорад. Ба таври эътимоднок танҳо ғояҳои гуногуни олами ботинии мо вуҷуд доранд. Аз ин рӯ, сохтор додани низомҳои мураккаби фалсафӣ бо истифодаи мафҳумҳои рӯҳ ва материя бемаънӣ аст, чунки мо онҳоро бевосита дарк карда наметавонем. Дар ин маврид фардияти «ман»-и инсонӣ воқеан ба ҷавҳари ягонаи тавлидсозандаи олам табдил дода мешавад.

Загрузка...