Мафҳум ва сарчашмаҳои ҳуқуқи инсон

Мафҳум ва сарчашмаҳои ҳуқуқи инсон дар натиҷаи омӯзишу таҳлил ва хулосабарориҳо нисбати тадқиқотҳои илмӣ[1] ва санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон[2] оварда шудааст.

  1. Мафҳуми ҳуқуқи инсон. Мафҳуми ҳуқуқи инсон ва асосҳои илмии пайдоиши он. Гуго Гротсий ҳуқуқи инсонро чунин таъриф медиҳад: «Ҳуқуқи инсон сифати ахлоқии инсон аст, ки аз рӯи адл ба ӯ имкониятҳо меофарад». Ҳуқуқи инсон ба инсон аз лаҳзаи тавлид мансуб аст. Олими олмонӣ Хёфе мафҳуми ҳуқуқи инсонро чунин медиҳад: «Ҳуқуқи инсон – ин муносибатҳои байни ҳамдигари одамон ва давлат аст». Олими рус профессор Рудинский таърифи ҳуқуқи инсонро чунин пешниҳод кардааст: «Ҳуқуқи инсон – ин муҳимтарин сифатҳои шахсият аст, ки барои инкишофи озодии вай ҳамчун инсон шароит муҳайё мекунад». Ба ақидаи Лейст ҳуқуқи инсон – ин имкониятҳои кафолатдодашудаи давлат аст. Академик Нерсесиянц дар зери мафҳуми ҳуқуқи инсон қобилияти ҳуқуқдорӣ ва амалкунии субъектони ҳуқуқро мефаҳмад.

Дар баробари ин дар илми ҳуқуқи инсон таърифҳои дигари ҳуқуқи инсон дода шудаанд, ки ҳуқуқи инсонро ҳамчун маҷмӯи меъёрҳо доир ба имконияти рафтор ва озодии шахсон баҳо медиҳад. Ин маҷмӯи меъёрҳои аз ҷониби давлат ва ташкилотҳои байналхалқӣ кафолатдодашуда мебошад.

Аз мафҳумҳои додашудаи ҳуқуқи инсон чунин мафҳуми ҳуқуқи инсон бавуҷуд меояд: «Ҳуқуқи инсон ин низоми меъёрҳои миллӣ ва байналмиллалист, ки дар онҳо унсурҳои муҳими мавҷудияти инсон муайян шудааст, мебошад». Дар баробари ин маҷмӯи ин унсурҳои ба шахс имкон медиҳанд, ки ҳамчун инсон зиндагӣ ва фаъолият намояд.

Аломатҳои (нишонаҳои) ҳуқуқи инсон инҳоянд: ҳуқуқи инсон махсусияти табииро дорад ва бо лаҳзаи тавлиди кудак пайдо мешавад; ҳуқуқи инсон дар муносибатҳои байни шахс ва давлат пайдо мешавад; ҳуқуқи инсон дар меъёрҳои миллӣ ва байналхалқӣ мустаҳкам карда шудаанд; механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон ба механизми дохилидавлатӣ (миллӣ) ва байналхалқӣ-ҳуқуқӣ ҷудо мешавад; ҳуқуқи инсон аз инсон ҷудонашаванда аст, махсусияти универсалиро дорад; ҳуқуқи инсон ҳамчун унсури мавҷудияти инсон аст ва бе он инсон вуҷудориаш мушкил аст.

Мазмуни ҳуқуқи инсон. Ба сифати мазмуни ҳуқуқи инсон маҷмӯи ҳуқуқҳо, озодиҳо ва ӯҳдадориҳои инсон ва шаҳрванд дохил мешаванд, ки таввасути онҳо ҳуқуқи инсон ҳамчун низоми ягона шинохта мешавад.

Ҳуқуқи инсон аз меъёрҳои моддӣ ва меъёрҳои мурофиавӣ иборат аст. Меъёрҳои моддӣ ба инсон имкони истифода намудан аз ҳуқуқҳои мушаххаси худро медиҳад. Ба монанди, ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқи иштирок намудан дар интихобот, ҳуқуқи истироҳат, озодии сухан ва ғ. Меъёрҳои мурофиавӣ ба инсон имконияти татбиқкунии ҳуқуқҳои инсон дар зинаҳои гуногуни мақомоти давлатӣ таъмин менамоянд.

Ҳуқуқ дар тафоввут аз озодӣ махсусияти меъёриро дорад, аммо озодии инсон аз меъёрҳои ҳуқуқ низ берун шуда метавонад.

Асосҳои маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон. Маҳдудкунии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҳолатҳои зарурӣ тибқи қонун мумкин аст. Аломатҳои маҳдудкунии ҳуқуқи инсон инҳоянд: шароитҳои номусоид; ҳаракат ё рафторҳои зараррасонанда; маҳдуд кардани озодӣ; бо мақсади ҳимояи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти давлатӣ ва ғ.

Маҳдудкуниҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо дар асоси қонунгузории дохилидавлатӣ ва асноди байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи инсон оварда мумкин аст. Берун аз қонунгузории дохилидавлатӣ ва асноди байналхалқӣ ҳеҷ кас наметавонад ба чунин амал даст занад.

Мувофиқи талаботи байналхалқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон маҳдудкунии ҳуқуқу озодиҳои инсон бояд ба талаботҳои зерин ҷавобгӯ бошад:

  • Маҳдудкунӣ бояд дар қонун пешбини шуда бошад, яъне ҳама гунна маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон бояд дар доираи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бошад;
  • Маҳдудкунӣ бояд мақсади ҳуқуқӣ дошта бошад, яъне маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти констутутсионӣ ва тамомияти арзии давлат раво дониста мешавад;
  • Маҳдудкунӣ бояд ба талаботи ҷомеаи демократӣ ҷавобгӯ бошад.

Ба сифати санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар асоси онҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳдуд карда мешаванд, инҳоянд: моддаи 29-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, моддаи 19-и Паймони байналхалқӣ «Оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ», моддаи 14-и Конститутсияи ҶТ.

  1. Сарчашмаҳои ҳуқуқи инсон. Мафҳуми сарчашмаҳои ҳуқуқи инсон. Сарчашмаҳои ҳуқуқи инсон гуфта шакли зоҳирии ифодаёбӣ ва мустаҳкамкунии меъёрҳои ҳуқуқи инсонро меноманд. Сарчашмаҳои ҳуқуқи инсон гуфта он санадҳои меъёрии ҳуқуқиро меноманд, ки дар онҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон эътироф, танзим ва ҳифз карда шудаанд. Сарчашмаҳои ҳуқуқи инсон ба худ хусусиятҳои хосро дорад. Хусусиятҳои хоси он дар он зоҳир мегардад, ки меъёрҳои ҳуқуқи инсон дар шартномаҳои мазмуни меъёрӣ доштае, ки аз ҷониби ташкилотҳои байналхақӣ дар арсаи байналхалқӣ қабул мешаванд ва санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки дар қонунгузории дохилидавлатии давлатҳои алоҳида оварда шудаанд, ифода меёбад.

Таснифоти сарчашмаҳои ҳуқуқи инсон ба намудҳо. Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии миллӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон. Сарчашмаҳои ҳуқуқи инсон дар ҶТ инҳоянд: Конститутсияи ҶТ; Қонунҳои конститутсионӣ – «Дар бораи шаҳрвандии ҶТ», «Дар бораи райъпурсӣ» ва ғ.; Қонунҳои ҶТ – «Дар бораи шаҳрвандони хориҷӣ», «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон», «Дар бораи таъминоти иҷтимоии аҳолӣ», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» ва ғ.; Санадҳои зериқонунӣ – қарорҳои Маҷлиси олӣ оид ба тавсиб расонидани шартномаҳои байналхалқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон; амру фармонҳои Президенти ҶТ оид ба соҳаи ҳуқуқи инсон, ба монанди Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа»; қарорҳои Ҳукумати ҶТ вобаста ба соҳаи ҳуқуқи инсон ва дигар санадҳои зериқонунӣ.

Шартномаҳои байналхалқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон. Санадҳои байналхалқие, ки ҶТ онҳоро ба тавсиб расонидааст қисми таркибии низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамоянд. Сарчашмаҳои зерини ҳуқуқи байналхалқӣ ҳамчун сарчашмаҳои ҳуқуқи инсон шинохта мешаванд: шартномаҳои баналхалқӣ; одатҳои ҳуқуқӣ; принсипҳои ҳуқуқ.

Шартномаи байналхалқӣ гуфта чунин созишномаеро меноманд, ки дар як ё якчанд ҳуҷҷат байни давлатҳо ва дигар иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқи байналхалқӣ дар шакли хаттӣ баста мешаванд.

Шартномаҳои байналхалқӣ вобаста ба асосҳои гуногун тасниф карда мешаванд. Аз рӯи доираи амалашон шартномаҳои байналхалқӣ ҷудо мешаванд ба универсалӣ ва минтақавӣ. Аз рӯи мазмунашон шартномаҳои байналхалқӣ ҷудо мешаванд ба умумӣ ва махсус.

Шартномаҳои асосии байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи инсон инҳо ба шумор мераванд: Санадҳои ҳуқуқии СММ дар соҳаи ҳуқуқи инсон – Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (аз 10.12.1948с.); Паймони байналхалқӣ «Дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ» (аз 27.12.1966с.); Паймони байналхалқӣ «Дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ» (аз 27.12.1966с.); Конвенсияҳо дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, занҳо, муҳоҷирони иҷборӣ, гурезаҳо, мубориза барзиди ҳама гуна табъиз ва ғ.; Санадҳои ҳуқуқии САҲА дар соҳаи ҳуқуқи инсон – Санади хотимавии Хелсинкӣ «Дар бораи ҳамкориҳои байни давлатҳо» (аз 1975с.), Санади ҷамъбастии Вена «Дар бораи ҳамкориҳо байни давлатҳо» (аз 1986с.), Конвенсия «Дар бораи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд», дигар шартномаҳои байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи инсон, санадҳои ҳуқуқии Суди байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи инсон; Санадҳои ҳуқуқии ИДМ дар соҳаи ҳуқуқи инсон – Созишнома «Дар бораи ташкиёбии ИДМ» (аз 23.01.1991 с.); Конвенсия «Дар бораи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд», Конвенсия «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноӣ» ва ғ.


[1] Ниг.: Права человека: учебник. / А.Н. Головистикова, Л.Ю. Грудцына. – М.: Эксмо, 2006. – С. 53-56; Холиков А.Г., Диноршоев А.М. Права человека: Учебник для вузов. / Под ред. д.ю.н., проф. Холикова А.Г. – Душанбе, 2009. – С. 32-104 ва ғ.

[2] Ниг.: Адлия (централизованный банк правовой информации РТ). – Версия 6,0.; Маҷмӯи ҳуҷҷатҳои байналмиллалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқҳои инсон (барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ). – Душанбе: Мастер-Принт, 2006. – 484с. ва ғ.

Шарҳ баста аст.