Мафҳум, мақсад ва вазифаҳои туризм.

Туризм падидаи мураккаби иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва иқтисодии замони муосир маҳсуб ёфта, паҳлуҳои  гуногуни он зери назари  илмҳои гуногун қарор дорад.

Масъалаҳои назария ва амалияи туризм таваҷҷуҳи иқтисодчиён, ҷомеашиносон, тарбиятгарон, равоншиносон, муаррихон, фарҳангшиносон, санъатшиносон ва ҳуқуқшиносонро ба худ ҷалб намудааст ва ҳар кадоме аз мутахассисони зикргардида масоили туризмро мансуб ба соҳаҳои худ медонанд. Ин боиси он мегардад, ки туризм таърифи ягона надошта, доираи баҳси паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро дар бар мегирад.

Дар адабиётҳои илмии муосир мафҳуми туризм бо тарзҳои гуногун маънидод гардидааст. Мафҳуму моҳияти туризм аз ҷониби олимони гуногун ба монанди Кварталнов В.Р., Зорин И.В., Здоров А.В., Чудновский А.Д., Жукова М.А., Кусков А.С., Ҷаладян И.А., Асташкина М.В., Сенин Л.П., Муҳаббатов Х., Диловаров Р., Ёров Ҷ. ва ғайра таҳқиқ гардидааст.

Вожаи туризм (toorizm) аввалин маротиба аз ҷониби муҳаққиқи фаронсавӣ Б. Жекмо дар соли 1830 истифода гардидааст. Ибораи туризм аз калимаи франсавӣ «tour», гирифта шуда, маънояш гардишгарӣ, сайр ё гаштугузор намудан аст. То замонҳои охир мафҳуми «туризм» ва «турист» дар ҳар кишвар ба таври хос баҳо дода мешуд.

Дар кишварҳо туризм ва муассисаҳои осоишию фароғатӣ ба низомҳои гуногун идора мегардид. Мафҳуми турист аз ҷониби ширкаткунандагони саёҳати туристӣ, гардишгарӣ аз мафҳуми «истироҳаткунандагон» дар осоишгоҳҳо, фароғатгоҳҳо ва хонаҳои истироҳатӣ маҳдуд мегардид. Дар дигар кишварҳо бошад, фаъолияти намудҳои гуногуни рекреатсионӣ аксаран бо воқеаҳои гуногун ифода мегардад.

Дар Эъломияи Гаага (Ҳоланд) оид ба туризм (1989) мафҳуми мазкур чунин ифода гардидааст: «Туризм ҳамчун ҷойивазкунии озоди одамон аз ҷои зисти аслӣ дар муддати муайян буда, инчунин соҳаи хизматрасониест, ки барои таъмини қонеъгардонии талаботҳои онҳо равона гардидааст».

Аз нигоҳи илми иқтисодӣ туризм ин низоми васеи иқтисодӣ бо рангорангии робитаҳои байниҳамдигарӣ дар чорчӯбаи хоҷагии халқи кишвари ҷудогона баҳо дода мешавад. Ғайр аз ин туризм таъминкунанда ва пайвандгари иқтисоди миллӣ бо хоҷагии ҷаҳонӣ буда, бо фаъолиятҳои иқтисодии хеш истифода аз захираҳои  туристӣ ва хизматрасонӣ маҳсули худ ва хадамоти ташкилотҳои гуногунро пешниҳод менамояд.

Аслан аз нигоҳи иқтисодӣ туризм дорои 5 хусусияти асосӣ мебошад:

— туризм ҳамчун раванд ва натиҷаи ҳаракати одамон аз рӯи хатсайрҳои гуногуни туристӣ;

— муайянкунандаи ду заминаи асосии туризм: саёҳат ба истироҳат ва натиҷагирӣ дар он ҷо;

— саёҳат ифодагари хуруҷ аз мамлакат (минтақа)-е, ки ҷои зисти муқимӣ  маҳсуб меёбад;

— майлу хоҳиши сафари туристон ба марказҳои гуногуни туристӣ матлабгари вақт аст ва ин муайянкунандаи он аст, ки пас аз муҳлати муайян (рӯзҳо, ҳафта, моҳ) ба диёри аслии хеш баргарданд;

— саёҳат ин шакли фаъолиятест, ки бидуни ҷои истиқомати доимӣ дар марказҳои туристӣ бо мақсадҳои гуногун, табобат, солимгардонии бадан, кӯҳгардӣ, варзиш, дидгоҳи илмӣ, динӣ, фарҳангӣ, симпозиум ва конфронсҳо бе фаъолияти ба даст овардани маблағ роҳандозӣ мегардад.

Туризм шакли фаъолиятест, ки рушди он аз дороии молиявӣ ва захираҳои муваққатии истемолкунандагони хадамоти туристӣ вобаста аст. Зикр кардан ҷоиз аст, ки сабаби асосии сайри одамон ин фориғ будан аз фаъолияти корӣ, мушкилот ва проблемаи рӯзмарраи ҳаёт мебошад.

Яке аз омилҳои муҳимтарин дар иқтисоди туризм ин далелест, ки як қисми даромад аз туристон дар марказҳои туристӣ сарф гардида, қисми дигар ҳангоми сайр намудан туристон харҷ мегардад ва шароитҳои мусоидро ҷиҳати тақсимоти даромад миёни кишварҳою минтақаҳо ба амал меорад.

Бо равнақи туризм дар ҷаҳони муосир, бахусус дар сатҳи байналмилалӣ ва бо ташаккулёбии ташкилотҳои байналмилалии туристӣ зарурияти ягонагии ифодаи қабулгардидаи мафҳуми туризм ба миён омадааст.

Аз аввалин шахсиятҳое, ки ба мафҳуми туризм маънии амиқ ва ягона додаанд, олимони Донишгоҳи Берн, профессорон Хунзикер В. ва Крапф К. мебошанд. Баъдан ифодаи истилоҳи туризм аз ҷониби олимони дар боло зикргардида баён шуда, аз ҷониби Асотсиатсияи байналмилалӣ, коршиносони илмӣ оид ба туризм қабул гардид. Ин олимони муайян намуданд, ки туризм ҳамчун падидаи мутақобила дар натиҷаи сайри одамон ба вуҷуд омадааст ва давраи то ба шаҳрвандӣ қабул гардиданро дар бар мегирад. Моҳияти туризм дар он аст, ки сайри туристӣ ба хотири ба даст овардани даромад нест.

Мувофиқи ифодаи расмие, ки аз ҷониби СММ соли 1954 қабул гардидааст «Туризм – ин истироҳати фаъол, барқароркунии саломатӣ, ташаккули ҷисмонии инсон, вобаста ба хориҷ будан аз макони аслии хеш аст».

Тавсифи нисбатан васеъро нисбати мафҳуми туризм Академияи туризми Монте-Карло чунин овардааст: «Туризм»- ин сафари мувақатии одамон аз ҷои зисти аслӣ бо мақсади беҳдошти солимгардонӣ, қонеъгардонии ҳадафҳои ҷаҳонбинӣ ҳангоми фориғ будан аз кор ё бо мақсади шуғли касбӣ бидуни ба даст овардани даромад дар ҷои будубоши муваққатӣ мебошад.

Дар конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба туризм (Мадрид соли 1981) туризм ҳамчун намуди истироҳати фаъол маънидод гардида, саёҳат бо мақсади шиносоӣ бо ин ё он минтақа, кишварҳои нав бо тобиши унсурҳои варзишӣ таҷассум ёфтааст.

Қайд кардан зарур аст, ки сафарҳои туристӣ бо риояи хусусиятҳои муваққатӣ (беш аз як шабонарӯз) ва фазоӣ (иваз намудани макони зист) амалӣ мегардад.

Мафҳумҳои асосии зербунёдии туризм инҳо ба шумор мераванд:

  1. A) турист— субъекти туризм, инсонест, ки бобати қонеъгардонии талаботҳои рекреатсионии хеш вобаста ба интихоби макони истироҳат ва шакли фаъолияте, ки ӯ дар он амалӣ мегардонад, талош менамояд.;
  2. B) бизнеси туристӣ— ин шакли фаъолияти соҳибкорӣ оид ба маҳсулот ва хадамот дар бозори туристӣ бо мақсади ба даст овардани даромад мебошад;
  3. C) соҳаи меҳмондорӣ— туризмро ҳамчун омили иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва оинӣ (менталитетӣ) баҳо медиҳад. Ғайр аз ин ба ташкили ҷойҳои нави корӣ ва даромаднокии буҷаи маҳаллӣ сабаб мешавад.
  4. D) Соҳаи маъмурӣ ва идораи (менеҷмент)-и туризм— туризм ҳамчун омили рушд ва баландравии сатҳи иқтисодӣ бидуни ҳолатҳои номатлуб ҳамчун хисороти мустақим ва ғайримустақим мебошад.

Аз нигоҳи иҷтимоӣ-фарҳангӣ туризм фаъолияти хоси байнишахсӣ ба шумор рафта, дар шароити ҷаҳонишавии ҳаёти ҷомеа муносибатҳои миллатҳоро муътадил мегардонад. Ин раванд дар робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ иҷтимоӣ ва фарҳангӣ яке аз омилҳои муҳими муайянкунандаи сатҳу сифати ҳаёт ба шумор меравад.

Ҳамчун шакли фаъолияти фароғатӣ туризм таъминкунандаи ниёзҳои маънавӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ, этнографӣ ва ғ. маҳсуб меёбад. Соли 1993 комиссияи омории СММ таърифи ТУТСММ (Ташкилоти умумиҷаҳонии туризми созмони миллали муттаҳид)-ро оид ба туризм тавсия намудааст. Мувофиқи он «Туризм» ин шакли фаъолияти ашхосест, ки дар муҳити муайяни географӣ  сайр намуда, дар давраҳои муайяни начандон тӯлонӣ (на зиёда аз як сол) бо мақсади иҷрои талаботҳои гуногун сафар менамоянд.

Туризм ҳамчун соҳаи иқтисоди миллӣ буда, таҷассумгари шаклҳои гуногуни фароғатӣ ва фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангии одамон ба шумор меравад, ки барои таъминоти талаботи ба вуҷуд омадаи истеъмолкунандагон маҳсулоти туристӣ ва хадамоти онро пешниҳод менамояд.

Мақсади асосии туризм ин беҳбудӣ бахшидан ба саломатии ҷисмонию рӯҳии одамон буда, вазифаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангию иртиботиро иҷро менамояд. Туризм ҳамчун ҷузъи фаъолияти иқтисоди-хориҷӣ буда, амалиёти содиротию воридотиро бо назардошти хадамот иҷро намуда, хусусияти содироти «ноайён»-ро доро мебошад.

Александров Ю.А. мафҳумҳои ифодагардидаи туризмро ба ду гурӯҳ ҷудо менамояд:

  • Тахассуси маҳдуди соҳавиест, ки барои ҳалли масъалаҳои хусусӣ ва дар доираи танзими ҳуқуқӣ, баҳисобгирии оморӣ, сиёсати иҷтимоӣ ва ғайра равона гардидааст.
  • Туризм маҷмӯи муносибатҳо ва падидаҳоест, ки дар натиҷаи ҷойивазкунии одамон аз ҷои аслии хеш бо сабабҳои қонеъгардонии ниёзҳои фарҳангӣ, солимгардонӣ, дилхушию фароғатӣ ба амал меояд. Ин ниёзҳо бидуни фаъолияти меҳнатии музднок қонеъ гардонида мешавад.

Дар раванди рушди туризм таълимоти гуногуни ин мафҳум новобаста ба чунин талаботҳо ба вуҷуд омадааст.

Тағйири макони зист. Дар ҳолати мазкур сухан оид ба сайр меравад, ки хориҷ аз муҳити муқаррарӣ сурат мегирад, аммо ашхосе, ки ҳамарӯза миёни маҳалли зист ба ҷои кор ё таҳсил сафар мекунанд, турист ҳисоб намеёбанд, зеро ин сайрҳо хориҷ аз муҳити зист анҷом намегиранд.

Ташрифот ба ҷои дигар. Шарти асосӣ он аст, ки макони ташрифотӣ ба ҷои зисти доимӣ табдил нагардад. Ғайр аз ин, он ба фаъолияти меҳнатии музднок вобаста набошад. Масалан шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади ба даст овардани маблағ берун аз ҳудуди кишвар сафар менамоянд, турист шумурда намешаванд. Ҳамзамон нафароне, ки  бо мақсади касбомӯзӣ ва ё таҳсил тағйири макони зист менамоянд, барои иштирок дар конфронсҳо, симпозиумҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ ширкат меварзад, турист ҳисобида мешавад.

Ин ба он вобаста аст, ки рафтори ашхосе, ки ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд аз рафтори турист фарқ менамоянд. Ин заруратро ҳамчун таснифоти шуғли туризм номидан мумкин нест.

                Яке аз шартҳои дигари туризм дар он аст, ки муҳлати ташрифот дар як макон 12 моҳ паиҳам ва беш аз онро ташкил надиҳад. Ашхосе, ки зиёда аз 12 моҳ дар дигар макон боқӣ мемонад, аз нуқтаи назари туризм муҳоҷир сокини доимӣ маҳсуб ёфта, турист шумурда намешавад.

Пардохти музд аз сарчашмаҳои макони ташриф. Моҳияти ин талабот дар он аст, ки фаъолияти сайркунанда аз сарчашмаҳои маҳалли ташрифӣ ба сифати музд пардохт нагардад. Дар акси ҳол он ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ шинохта мешавад. Ин талабот на танҳо ба туризми байналмилалӣ, инчунин ба туризми дохилӣ низ тааллуқ дорад. Ин се талаботи дар боло зикргардида заминаҳои ифодакунандаи туризм ба шумор меравад. Инчунин категорияҳои махсусе вуҷуд доранд, ки гарчанде фаъолияти музднок надошта бошанд ҳам, вале бо мақсади туризм сафар нанамудаанд. Ба ин гурӯҳ гурезаҳо, кӯчманчиён, маҳбусон ва мусофирони транзитӣ дохил мешаванд.    Аксари коршиносони ватанӣ ва махсусан хориҷӣ туризмро аз назари системавӣ таҳлил менамоянд.

Аз рӯи ақидаи олими Швесарӣ  К.Каспар ба асоси системаи туризм ду  субсистема шомил аст: субъекти туризм (турист ҳамчун истеъмолкунандаи хадамоти туристӣ) ва объекти туризм, ки аз 3 унсур иборат аст, яъне минтақаи туристӣ, муассисаҳои туристӣ ва ташкилоти туристӣ.

Дар баробари таҳлили мафҳуми «туризм» консепсияи (назарияи) Н.Лейпер (профессори донишгоҳи Мейсени Окленд)-ро метавон баён намуд. Мувофиқи ин консепсия туризм аз чунин унсурҳои асосӣ иборат аст: унсури географӣ, худи туристон ва индустрияи туризм.

Бархе аз коршиносони иқтисодчӣ бар он ақидаанд, ки ҷавҳари тавлидкунандаи туризм иқтидори иқтисодӣ ба ҳисоб меравад, лекин зикр кардан ҷоиз аст, ки туризм аксаран дар ҷое инкишоф меёбад, ки ин ҳудудҳо марказҳои саноатии инкишофёфта ва ё аз нигоҳи иқтисодӣ рушднамуда нестанд. Танҳо унсурҳои географӣ боиси ташкил ва рушди инфрасохтори туризм мегардад. Чунончӣ, соҳили баҳрҳо, ҳудуди биёбонҳо, минтақаҳои баландкӯҳ, мавҷи баҳрҳо, пиряхҳои материкию кӯҳӣ, назди шаршараҳо, ёдгориҳои табиию таърихӣ ва ғайра муҳитҳоеанд, ки он ҷо истеҳсолоти неъматҳои моддӣ ғайриимкон    аст ва маҳз ҳастии унсурҳои номбурдаи географӣ заминагузори рушди туризм гардида, иқтисоди минтақа ё  кишварро ривоҷ медиҳад.

                Масалан Непал аз ҳисоби туризми кӯҳнавардӣ, Ливия, Алҷазоир, Мароко, Тунис, Миср, Яман аз ҳисоби туризми сафарӣ (туризми биёбонгардӣ) ва соҳилӣ (пляж) ҳамасола садҳо миллион доллари америкоӣ даромад мегиранд. Маҳз ҳастии иқлими тропикии гарму намнок боиси пайдоиши маҷмааҳои гуногуни туристӣ монанди Шарм-ал-шайх, Хургада (Миср), Гоа (Ҳиндустон), Пхукет (Тайланд), гардида, сабаби ба вуҷудоии ҳазорҳо ҷойҳои корӣ, шаҳру шаҳракҳо, нуқтаҳои тиҷоратӣ, меҳмонхонаҳо, кемпингҳо, тарабхонаҳо, комплексҳои дилхушию фароғатӣ мебошад.

         Д е с т и н а т с и я и  т у р и с т ӣ — маҷмӯи муайяни хизматрасонии пешниҳодшавандаест, ки ба талаботҳои турист ҷавобгӯ буда, талаботи арзаи онҳо, яъне пешниҳоди ҳамлу нақл, ҷои хоб, ғизо, фароғат ва ғайраро, ки мақсади асосии турист ба шумор меравад, қонеъ мегардонад.

                Вобаста ба ин дестинатсия бояд дорои интихоби хизматрасониҳои зерин: ҷойҳои тамошобоб ва системаи иттилоотӣ бошад.

                Дестинатсия метавонад аввалия ва дуюмдараҷа бошад. Дестинатсияи аввалия аз рӯи ҷаззобияти худ муштариёнро ба худ ҷалб намуда, мақсади асосӣ ин қонеъгардонии манфиатҳои туристон дар муҳлати тӯлонӣ мебошад. (масалан беш аз як ҳафта).

                Дестинатсияи дуюмдараҷа (таваққуф дар роҳ) маҳаллеро дар бар мегирад, ки дар ҳудуди миёни дестинатсияи аввалия зарурати таваққуф ба амал меояд. Вазифаи асосии дестинатсияи дуюмдараҷа қонеъ гардонидани хоҳиши туристон дар муддати як ё ду рӯз мебошад.

Аксари коршиносони соҳаи туризм барои муайян намудан,  туризмро ба чунин шаклҳо ҷудо  намудаанд (ниг. Расми 3 Шаклҳои туризм):

                   — турист нафарест, ки барои қонеънамоии талаботҳои табиии худ сайр менамояд ва хоҳишу талаботи физиологии худро то ба дараҷае таъмин ва муайян менамояд:

                   — бизнеси туристӣ ин шакли фаъолиятест, дар маҳалҳои фаъолияти туристӣ мардуми маҳаллӣ, бо мақсади ба даст овардани даромад аз истеҳсолу фурӯши маҳсулот ва хадамоти туристӣ амал менамоянд.

                   — талаботи туристонро қонеъ мегардонад.

                   — туризм ҳамчун соҳаи фаъолияти хусусияти мусбӣ дошта он барои паст намудани шиддати бекорӣ дар маҳалҳо мусоидат намуда, боиси пайдоиши ҷойҳои нави корӣ ва сабаби афзуншавии даромаднокии минтақа мегардад. Боиси тазаккур аст, ки он метавонад ба сатҳи муҳити зист таъсири манфӣ расонад.

Масалан: бунёд намудани бӯстонсароҳо ва тарабхонаю фароғатгоҳҳо дар канори рудхонаҳо ва кӯлҳоё обанборҳое, ки обашонро дар поёноб ба сифати оби ошомидании нуқтаҳои аҳолинишин истифода мешавад, сабаби ифлосшавии экосистема ва боиси паҳншавии бемориҳои сироятӣ мегардад.

                   — туризм ҳамчун омили рушди иитисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, ҳамзамон метавонад бидуни ҳисобгирӣ, эҳтимолияти оқибатҳои манфиро ба амал орад (хисороти мустақиму ғайримустақим).

                   Гузашта аз ин, фаъолияти туристӣ шакли фаъолиятест, ки натиҷаи муносибатҳои тарафайни туристон монанди муассисаҳои туристӣ, бахши меҳмондорӣ, маъмурият дар низоми ҷалби сармоядорӣ, ҷойгиркунонӣ ва хизматрасонии мизоҷонро ифода менамояд. Дар ин маврид туризм ҳамчун маҷмӯи таркибот: маҳсулотҳо, хадамот, объектҳои намоишӣ ва воҳидҳои истеҳсолие, ки ба истеъмолкунандагони инфиродӣ ё гурӯҳӣ, ба таври мувақатӣ ҷои аслии хешро иваз намудаанд ва ба нуқтаҳои муайяни туристӣ ҳаракат намудаанд, маҳсуб меёбад. (дестинатсия).

                   Бо ин тартиб панҷ нишонаҳои асосии фарқкунандаи туризм аз саёҳат қабул шудааст.

  1. Ҳаракати муваққатӣ, ташрифи дестинатсия ва баргашти ҳатмӣ.
  2. Дестинатсия- маҳалли дигар (кишвар), ки одамон аз маҳалли доимии зисташон ба он сафар мекунанд.
  3. Мақсади туризм бо хусусиятҳои хоси инсондӯстӣ (гуманистӣ) ва самти худ тафовут менамояд. Ҳолатҳое рух медиҳанд, ки бархе аз туристон бо мақсади таблиғи ғаразнок ҳолатҳо ва ё ҳодисаҳои гуногуни моҷароёнаро аксбардорӣ намуда, дар сомонаҳои гуногун (интернет) ҷойгир мекунанд ва ба ин васила обрӯю эътибор ва манзалати кишвари дигарро дар назди аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ коста мегардонанд.

           Муайянкунандаи асосии нишонаҳои туризм, мақсади он мебошад. Дар сабки классикӣ ҳамагӣ шаш мақсади умумие, ки миёни туризм ва саёҳат фарқ мегузорад, эътироф шудааст.

           — солимгардонӣ (барқарор намудани нерӯи рӯҳию ҷисмонии инсон ва табобат);

           — шиносоӣ- маърифатӣ (мукаммалгардонии донишҳо оид ба табиат ва хусусиятҳои он), гузашта ва ояндаи рушди инсоният, таъриху фарҳанги дигар кишварҳо ва мамлакатҳо. Боиси тазаккур аст, ки туризм метавонад ба омехташавии фарҳангҳо таъсир расонида боиси вайроншавии маданияти миллӣ ва пайдоиши мултимаданият гардад;

           — варзишӣ (омодагию иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи касбӣ ва ғайрикасбӣ, ҳамсафар бо варзишгарон, инчунин иштирок ба сифати тамошобин);

           — касбию соҳибкорӣ (сафари тиҷоратӣ, ширкат дар конфронсҳо, конгресҳо, семинарҳо, табодули назар, такмили ихтисос ва ғ.);

           — динӣ (зиёрати русум, омӯзиши таърихию фарҳангӣ оид ба дину оини халқиятҳои мухталиф);

           — аёдатӣ ва лаҳзаҳои хотирмон (аёдати пайвандон, ҷойҳои таърихии сукунатӣ);

           Аз ҷониби мутахассисони ТУТ СММ (Ташкилоти Умумиҷаҳонии Туристии назди Созмони Миллали Муттаҳид)  таснифоти меъёрии мақсадҳои сафар чунин тарҳрезӣ гардидааст:

— фароғат, рекреатсия ва истироҳат;

— мақсадҳои касбӣ ва соҳибкорӣ;

— аёдати пайвандон ва хешу таборон;

— табобатӣ;

— динию русумҳои динӣ;

— дигар мақсадҳо (масалан транзит).                  

  1. Мултимаданият ифодагари омехташавии маданияти халқҳои гуногун дар як минтақа ва пайдоиши маданияти нав мебошад.

Дар ин асно сафарҳо бо мақсади:

 — фароғат, рекреатсия ва истироҳат 50%;

— сафарҳои касбию тиҷорӣ 30%;

— туристоне, ки наздикону пайвандони хешро аёдат менамоянд 10%;

— маросими динӣ, варзишӣ ва дигар намудҳоро 10%-и дигар ташкил медиҳад.


Туризм чунин вазифаҳои гуногунро иҷро менамояд;

— барқарорнамоӣ ё тамрин- озод намудани инсон аз ҳолати эҳсоси хастагӣ бо роҳи иваз намудани ҳолат ва шакли фаъолият (фориғ будан аз муҳити ҳамарӯзаи корӣ);

— рушддиҳанда- фароҳамоварии имконот ҷиҳати рушди шахсият (васеъшавии ҷаҳонбинӣ, мукаммалгардии фаъолияти эҷодӣ ва ташкилотчигӣ);

— ҷаззобият ва ҷолибият- пешниҳоди имконият ба истироҳаткунандагон ҷиҳати шиносоӣ бо маҳал ва сокинони он, ташкили консертҳо, чорабиниҳои варзишӣ ва дигарҳо, истироҳати фаъол;

— иқтисодӣ- тавассути арзаю тақозои туристӣ муайян мегардад ва талаботи туристон ба асосӣ, махсус ва иловагӣ; ин вазифа қобилияти корӣ, шуғли аҳолӣ ва даромадро таъмин менамояд;

— иҷтимоӣ-баландшавии сатҳи ҳаёти  иҷтимоии аҳолӣ, тақсимоти буҷаи оилавӣ ва истифодаи оқилонаи вақти холигӣ ё фориғ аз кори доимӣ.

                Бархе аз мутахассисон дигар шакли вазифаҳои туризмро пешниҳод менамоянд, лекин моҳияти аслӣ боқӣ мемонад. Чунончӣ олими рус Запесотский А.С. қайд менамояд, ки вазифаҳои аосии туризм-табобат, рушддиҳанда, мақоми иҷтимоӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва ҳамгироӣ, маҳсуб меёбад.

                Табобатӣ. Гуногунрангии таассурот ва қонеияти талаботҳои рекреатсионии одамон ба ҳолати ҷисмонию рӯҳӣ, қобилияти корӣ ва фаъолияти иҷтимоии онҳо, таъсири мусбӣ мерасонад.

Рушддиҳанда. Ҷалби туристон ба барномаҳои фарҳангию маърифатӣ, шароитҳоро ҷиҳати баландбардории тафаккур ва васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ба вуҷуд меорад;

Мақоми иҷтимоӣ. Туризм ба баландравии нишондиҳандаи асосии мақоми инсон дар ҷомеъа боис гашта, муайянкунандаи сифати ҳаёт мебошад;

Иҷтимоӣ-иқтисодӣ.  Дар таркиби хоҷагии халқи ҷаҳонӣ туризм аз рӯи даромаднокӣ баъд аз истихроҷу коркарди нефт мақоми дуюмро ишғол менамояд. Ин соҳа 6 %-и шуғли кориро дар ҷаҳон ташкил медиҳад. Вазифаи мазкур дар он зоҳир мегардад, ки дар баробари истироҳат, одамон қобилияти меҳнатии хешро барқарор менамоянд ва ин на фақат аҳамияти иҷтимоӣ, инчунин самараи мустақими иқтисодиро ба бор меорад.

Ҳамгироӣ (интегратсионӣ).  Туризм ба рушди муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ мусоидат намуда, боиси ташаккули як қатор созмонҳо ва иттиҳодияҳои байналмилалӣ, байниҳукуматӣ ва ғайридавлатӣ мегардад[1]. Зикр кардан ҷоиз аст, ки барои мушаххас намудани моҳияти туризм кифоя аст, то  ки фаъолияти туристиро ба 3 самт ҷудо намоем.

-аввалан, туризмро ҳамчун шакли фаъолияти фароғатии истироҳон фаҳмидан мумкин аст;

— дуввумин шакли махсуси тиҷорат: ба монанди маҷмӯи соҳаҳое, ки ба хизматрасонии туристон махсус гардонида шудааст, мебошад;

— туризм бахши фаъолияти муассисаҳо ва соҳаҳои хизматрасонию истеҳсоли моддиест, ки ба бозори туристӣ хизмат мерасонад;

— туризм бахши фаъолияти муассисаҳо ва соҳаҳои  хизматрасонию истеҳсолоти моддиест, ки ба бозори туристӣ хизмат мерасонад.


[1] Запесотский А.С. Маркетинги стратегї дар туризм: назария ва амалия. Санкт –Петербург-2003. (бо забони русї).

Шарҳ баста аст.