Ҳуқуқи ҷиноятӣ ҳамчун соҳаи мустақили ҶТ аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки муносибатҳои ҷамъиятии вобаста ба ҷиноят будани кирдор, сазовори ҷазо будани кирдор, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарии ҷиноятӣ, инчунин ҳолатҳои дигари ба кирдори ҷиноӣ алоқаманд ва намудҳои алоҳидаи ҷиноят бавуҷудояндаро ба танзим медарорад.

Вазифаҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ аз вазифаҳои кодекси ҷиноятӣ, ки он сарчашмаи муҳимтарини ҳуқуқи ҷиноятӣ баромад мекунад, бармеоянд. Мувофиқи моддаи 2 КҶ ҶТ вазифаҳои кодекси ҷиноятӣ аз ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амнияти ҷамъиятӣ ва саломатии аҳолӣ, муҳити зист, тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ, моликият, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҷовузи ҷиноятӣ, таъмини сулҳ ва амнияти башарият, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи риояи Конститутсия ва қонунҳои ҷумхурӣ, инчунин пешгирии ҷиноятхо иборат аст.

Дар маҷмӯъ се вазифаи асосии ҳуқуқи ҷиноятӣ қайд мегардад, ки аз ҳифзи ҳуқуқӣ, тарбиявӣ ва огоҳсозии ҳуқуқӣ иборат мебошанд. Вазифаи ҳифзи ҳуқуқӣ бо назардошти воқеияти имрӯза, талаботи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд ифода ёфтааст, ки чунинад: 1) ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; 2) амнияти ҷамъиятӣ; 3) саломатии аҳолӣ; 4) муҳити зист; 5) тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ; 6) моликият; 7) сохти конститутсионӣ ва амнияти ҷумҳурии Тоҷикистон; 8) сулҳ ва амнияти башарият.

Вазифаи тарбиявии ҳуқуқи ҷиноятӣ бо хусусиятҳои меъёрҳое, ки ҷиноятҳои алоҳидаро муқаррар мекунанд, дар шакли худдорӣ аз ҷиноят амалӣ мешаванд. Меъёрҳои КҶ, ки таҳдиди татбиқи ҷазоро менамоянд, барои тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи риояи Конститутсия ва қонунҳо мусоидат менамоянд.

Пешгирии ҷиноят — вазифаи дигари КҶ мебошад, ки аз ду вазифаи аввала бармеояд. КҶ пешгирии умумӣ ва махсусро ба ӯҳда дорад. Пешгирии умумии ҷиноят нисбати ҳамаи аъзоёни ҷамъият равона шудааст, ки дар содир накардани ҷиноят аз ҷониби шаҳрвандон ифода мегардад. Пешгирии махсус бевосита ба маҳкумшудагон равона шуда, моҳияти он аз содир накардани ҷиноятҳои нав аз ҷониби онҳо иборат мебошад. Чунин пешгирӣ бо роҳи татбиқи чораҳои ҷазои ҷиноятӣ, чораҳои маҷбуркунии хусусияти тиббӣ ва тарбиявӣ дошта ба даст оварда мешавад.

Қонуни ҷиноятӣ ба принсипҳои қонуният, баробарӣ дар назди қонун, ногузир будани ҷавобгарӣ, ҷавобгарии фардӣ, гунаҳгорӣ, адолат, инсондӯстӣ ва демократизм асос меёбад.

Принсипҳои мазкур аз меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, муқаррароти ҳуқуқи фитрӣ ва арзишҳои умумибашарӣ, талаботи Конститутсияи ҶТ бармеоянд. Вазифаҳое, ки дар назди қонуни ҷиноятӣ истодаанд, дар асоси принсипҳои номбаршуда амалӣ мегарданд, яъне он ғояҳои аввалиндараҷае, ки дар асоси онҳо татбиқи қонуни ҷиноятӣ бояд сурат гирад.

Принсипи қонуният маънои онро дорад, ки ҷиноят будани кирдор, сазовори ҷазо ва оқибатҳои дигари ҳуқуқии ҷиноӣ будани онро танҳо кодекси ҷиноятӣ муайян менамояд. Инчунин, ин приинсип маънои дорад, ҳеҷ кас дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад ва ба ҷазои ҷиноятӣ кашида намешавад ба ҷуз бо ҳукми суд ва дар асоси қонун.

Принсипи баробарӣ дар назди қонун бошад, маънои онро дорад, ки ашхосе, ки ҷиноят содир намудаанд, қатъи назар аз ҷинс, нажод, миллат, шаҳрвандӣ, забон, муносибат ба дин, ақидаҳои сиёсӣ, таҳсил, вазъи иҷтимоӣ, хизматӣ ва амволӣ, мансубият ба ҳизбҳои сиёсӣ иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, маҳалли истиқоматашон ва дигар ҳолатҳо дар назди қонун баробаранд ва бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.

Аз рӯи принсипи ногузирии ҷавобшарии ҷиноятӣ бошад, ҳар шахсе, ки ҷиноят содир намудааст, бояд таҳти ҷазо қарор гирад ё нисбати ӯ чораҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноии дар кодекси ҷиноятӣ пешбинишуда татбиқ гардад.

Мувофиқи Принсипи ҷавобгарии фардӣ ва гунаҳкорӣ ҳеҷ кас таҳти ҷавобгарии ҷиноятӣ қарор гирифта наметавонад ба ҷуз аз кирдори (ҳаракат ё беҳаракатӣ) шахсии худ.

Шахс танҳо барои он кирдори барои ҷамъият хавфнок ва оқибати хавфнокии ҷамъиятии ба вуқӯъ пайвастани он, ки гуноҳи ӯ нисбати он муайян шудааст, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.

Мувофиқи принсипи адолат ҷазо ва чораҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноӣ, ки нисбати шахси ҷиноят содирнамуда татбиқ мешавад, бояд одилона бошад, яъне ба хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷиноят, ҳолатҳои содир намудани он ва шахсияти гунаҳгор мувофиқ бошанд.

Аз рӯи талаботи принсипи инсондӯстӣ ба шахси ҷиноят содирнамуда бояд ҷазое таъин гардад ё чунин чораи дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноӣ раво дида шавад, ки барои ислоҳи ӯ ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои нав зарур ва кофӣ бошад.

Ҷазо ё чораҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноӣ, ки нисбати шахси ҷиноят содирнамуда истифода мешавад, мақсади озори ҷисмонӣ, таҳқири шаъну эътибори инсонро надорад.


Калидвожаҳо: хукуки чинояти, ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҷиноят, ҷинояткорӣ дар тоҷикистон, чинояткори, хукуки чинояти дар точикистон, хукук, ҳуқуқ, donishju tj, донишчу тч, студент тч, донишҷӯ тҷ, реферат, донишҷӯ, кори курси, кори курсӣ, реферати точики, реферат бо забони точики, реферат бо забони тоҷикӣ, сайти омузиши, сомонаи омузишӣ, сайти точики, сайтхои точики, сайти тоҷикӣ, чазо, ҷазои гуноҳ, чазои гунох

Шарҳ баста аст.