Мафҳум ва вазифаҳои андоз

0
28

Андоз аз ҷумлаи чунин падидаҳои иҷтимоие ба ҳисоб меравад, ки пайдоишаш ба замони бавуҷудоии нахустин давлатҳо мувофиқ аст. Яке аз маъруфтарин мутахассисони соҳаи таърихи низоми андозбандӣ – Чарлз Адамс зимни фаъолияти тадқиқотии худ оид ба омӯзиши андозҳо дар тамаддунҳои гугогун, ба хулосае омадааст, ки самти инкишофи ин ва ё он тамаддунро маҳз андозҳо муайян менамудаанд. Аз нигоҳи вай таърихи тамаддун – ин таърихи андозбандӣ аст.[1]

То кунун яке аз нишонаҳои давлатро маҳз андоз ва ғункунии он ташкил менамояд. Таъиноти андоз аз ибтидо дар нигоҳ доштани қудрати сиёсӣ, бо роҳи таъмини артиш ва дигар унсурҳои дастгоҳи давлат, ифода меёфт. Бо ин мақсад ҳокимон андозҳои зиёдеро ба сари авом бор менамуданд. Дар яке аз бозёфтҳои таърихии Шумери қадим омадааст, ки: «Шумо Худо дошта метавонед, шоҳ дошта метавонед, вале танҳо аз ҷамъоварандаи андоз ҳаросидан зарур аст.»[2]

Загрузка...

Моҳияти андоз ҳанӯз аз замони пайдоишаш дар ҳимояи қудрати сиёсӣ ифода меёфт. Бо мурури инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ таъйиноти иҷтимоии андоз низ васеъ гашт. Масалан, имрӯзҳо нисф зиёди қисми даромади буҷети давлатиро андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба монанди боҷҳо ва хироҷҳо ташкил менамоянд. Буҷети давлатӣ бошад, барои ҳифзи иқтидори мудофиавии давлат, ҳифзи сиҳатии омма, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, мукаммал гардонидани низоми маориф ва ғ. нигаронида шудааст. Аз ин бар меояд, ки дар шароити давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ моҳияти иҷтимоии андозҳо танҳо дар ҳимояи қудрати сиёсии мавҷуда ифода нагашта масъалаҳои дигари иҷтимоиро низ фаро мегирад. Ин хислат ба давлатҳои дигари муосир низ, новобаста аз низоми сиёсии интихобнамудаашон хос мебошад.

Зарурати мавҷудияти андозҳо дар ҶТ ба инобат гирифта шуда, пардохти он барои ҳар як шаҳрванди ҶТ ҳамчун ӯҳдадорӣ дар моддаи 45 Конститутсия (Сарқонун)-и ҶТ муқаррар гардид. Дар ин модда аз ҷумла омадааст, ки «додани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян кардааст, вазифаи ҳар кас мебошад. Қонунҳое, ки андози навро муқаррар мекунанд ва ё шароити андозсупорандагонро вазнин менамоянд, қувваи бозгашт надоранд.»

Дар ҳақтқат накши андозҳои дар таъмини субот ва низоми ҷомеа хеле калон аст. Фарз кардем, ки пардохти андозҳо муваққатан боз дошта шуданд. Дар ин маврид пардохти маоши моҳҳона кормандони давлатӣ, стипендияи донишҷӯён ва аз ҳама муҳимаш таъминоти нафақа, нигоҳубини одамони маҷрӯҳ ва бепарсатор хеле мушкил мегардад. Аз ин бар меояд, ки яке аз нишонаҳои давлат эътироф гардидани ғункунии андозҳо чандон беҳуда набудааст.

Таърифи расмии мафҳуми андоз, дар моддаи 5 Кодекси андози ҶТ пешбинӣ гардидааст, ки мувофиқи он «Андоз пардохти муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ба буҷети давлатӣ ба ҳисоб рафта, дорои хусусияти ҳатмӣ ва инфиродии ғайриэквивалентӣ мебошад.» Аз тарифи пешкашгардида чунин бар меояд, ки нишонаҳои асосии андоз ҳатмӣ ва ғайриэквивалентӣ будани он аст.

Дар хусуси ҳатмӣ будани пардохти андозҳо моддаи дахлдори Сарқонуни кишварро пешниҳод намудем. Яъне ҳамаи шаҳрвандони ҶТ вазифадоранд, ки ба фоидаи давлат андозҳоро пардохт намоянд. Чунин ба назар мерасад, ки гӯё агар шахс ба фаъолияти соҳибкорӣ ва ё дигар шакли фаъолият машғул нашавад, аз пардохти андозҳо озод аст. Вале ҳолати воқеӣ чунин нест. Зеро пардохти андоз дар сурати машғул нашуданамон ба ягон фаъолияти махсус низ аз зиммаи мо соқит нест. Масалан, андоз аз хонаи истиқоматии худ (амволи ғайриманқул), андоз аз замини наздиҳавлигӣ ва ғ., бидуни баинобатгирии шакли фаъолияти мо ситонида хоҳанд шуд.

Ғайриэквивалентӣ будани андозҳо бошад, беподош ва ё бемузд будани ин падидаро ифода менамояд. Яъне шаҳрванди ҶТ ҳангоми пардохти маблағҳои муайяни пулӣ (андозҳо) бо умеди баргардонидани маблағаш нашуда аз баҳри он ба фоидаи давлат гузариш мекунад. Ва ё, агар ба таври дигар гӯём андозсупоранда баъди пардохти андоз ягон фоидаи расмӣ намегирад. Фарқияти андоз аз боҷи давлатӣ маҳз дар ҳамин ифода меёбад. Яъне ба «боҷи давлатӣ» то ба андозае хосияти эквивалентӣ мутаалиқ аст. Чунки боҷсупоранда бар ивази маблағи супоридааш як дараҷа ҷуброн мешавад, яъне мақомоти пардохтқабулкунанда ба вай ё иҷозатнома медиҳад ва ё ҳуҷҷати дахлдори дигареро тартиб медиҳанд. Масалан, нотариати давлатӣ ҳангоми қабули боҷи давлатӣ барои хариду фурӯши манзили истиқоматӣ, шартномаи хариду фурӯш тартиб медиҳад, ки ин амалро ҳамчун содиршавии амали мутақобила ба фоидаи боҷпардохткунанда ҳисобидан мумкин аст.

Азбаски ин гуна фоидаи расмӣ нисбат ба маблағи пардохтнамуда камтар аст, дар Кодекси андози ҶТ боҷҳои давлатӣ низ чун як намуди андоз номбар гардидаанд.[3]

Андоз иҷроиши вазифаҳои гуногунро ба зимма гирифтааст, ки атрофи баъзеи онҳо дар боло сухан гуфтем. Вале дар баробари ин андозҳо инчунин вазифаҳои фискалӣ (яъне ҷамъоварии андозҳо ба буҷетҳои сатҳи гуногун), иқтисодӣ (баланд бардоштани сатҳи иқтисодии давлат), иҷтимоӣ (таъмини шароити арзандаи зиндагонии аҳолии давлат) ва ғайраро иҷро менамояд.


[1] Добро и зло налогов. Мақола дар сомонаи – http://liberty-belarus.info/content

[2]Добро и зло налогов. Мақола дар сомонаи – http://liberty-belarus.info/content

[3] Оиди ин масъала муфассал ниг.: Султанов Б.С. Комментарий к Налоговому кодексу РТ. Д., 2001., С.32