Мафҳум ва сарчашмаҳои ҳуқуқи молиявӣ

0
59

Дар низоми ҳуқуқии ҶТ яке аз соҳаҳои асосии ҳуқуқ – ҳуқуқи молиявӣ ба шумор меравад. Азбаски он дорои мавзӯъ ва усули мустақили омӯзиш аст, атрофи мустақилияти он ягон шубҳае мавҷуд нест. Яъне баъзе соҳаҳое ҷой доранд, ки онҳоро бинобар надоштани мавзӯъ ва усули мустақили омӯзиш, ё ҳамчун соҳаи комплексӣ (масалан ҳуқуқи кишоварзӣ) ва ё танҳо як институти ҳуқуқӣ эътироф менамоянд. Вале ҳуқуқи моливӣ дар низоми соҳаҳои ҳуқуқи ҶТ яке аз соҳаҳои фундаменталӣ маҳсуб мегардад.
Ҳамин тавр, ҳуқуқи молиявии ҶТ ҳамчун соҳаи мустақили ҳуқуқ аз маҷмуи меъёрҳои ҳуқуқие иборат мебошад, ки муносибатҳои ҷамъиятии ҳангоми ҷамъ, тақсим ва истифодабарии бунёдҳои пулии мутамарказ ва ғайримутамараз бамиёноянда, тағйирёбанда ва қатъшавандаро ба танзим медарорад.
Шакли зоҳирии ифодаёбии меъёрҳои ҳуқуқ таърифи анъанавии сарчашмаҳои ҳуқуқ эътироф шудааст. Бинобарин зери мафҳуми сарчашмаҳои ҳуқуқи молиявии ҶТ шакли зоҳирии ифодаёбии меъёрҳои ҳуқуқи молиявиро номидан дуруст аст. Таърифи нисбатан дигари сарчашмаҳои ҳуқуқи молиявӣ низ ҷой дорад, ки мутобиқи он сарчашмаҳои ҳуқуқи молиявӣ гуфта санадҳои ҳуқуқиеро меноманд, ки дар онҳо меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ мавҷуданд.
Ҳамин тавр ба сифати сарчашмаҳои асосии ҳуқуқи молиявӣ санадҳои зерини ҳуқуқӣ баромад менамоянд:
1) Конститутсия (Сарқонуни)-и ҶТ. Меъёрҳои алоҳидаи Сарқонуни мамлакат бавосита ба масъалаи фаъолияти молиявии давлат бахшида шудаанд. Маслан, яке аз усулҳои асосии ҷамъ намудани ва таъсиси бунёдҳои пули давлатӣ андозбандӣ маҳсуб мегардад. Дар моддаи 45 Сарқонун ӯҳдададории шаҳрвандони ҶТ оид ба пардохти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ муқаррар гардидааст. Яъне бо ин тарз қонуни асосии давлат ба фаъолияти молиявии давлат мусоидат намудааст.
2) Қонунҳои конститутсионӣ. Ба ҷумлаи қонунҳои конститутсионӣ қонунҳое дохил мешаванд, ки қабул шудани онҳоро худи Конститутсия пешбинӣ менамояд. Инчунин онҳо ба таври махсус аз ҷониби мақомоти қонунгузор ва ё аз ҷониби халқ тавассути райъпурсии умумихалқӣ қабул карда мешаванд. Дар соҳаи ҳуқуқи молиявӣ ҳамчун қоида қонунҳои конститутсионие номбар мегарданд, ки салоҳияти мақомоти баамалбарорандаи фаъолияти молиявии давлатро муқаррар менамоянд. Аз ҷумла қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи Ҳукумати ҶТ», қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи Маҷлиси Олӣ» ва ғ.
3) Қонунҳои ҷорӣ. Қонунҳои ҷорӣ бо баробари ба вуҷуд омадани зарурият ба танзими муносибатҳои дахлдори ҷамъиятӣ қабул мегарданд. Қонунҳои ҷорие, ки сарчашмаи бевоситаи ҳуқуқи молиявӣ ҳастанд, қонуни ҶТ «Дар бораи молияи давлатӣ» аз 2.12.2002, «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ» аз 2.12.2002 ва ғ. мебошанд.
4) Санадҳои зериқонунӣ. Санадҳои зериқонунӣ гуфта сандҳои ҳуқуқиеро меноманд, ки дар асоси қонунҳо қабул гардида муносибатҳои дахлдори ҷамъиятиро ба низом медароранд. Ба ҷумлаи санадҳои зериқонунӣ ҳамчун қоида Қарорҳои Ҳукумати ҶТ, фармонҳои Президенти ҶТ ва ғ.-ро дохил менамоянд. Дар соҳаи фаъолияти молиявии давлат як қатор санадҳои зериқонуниро ба шакли мисоли даққиқ пешниҳод намудан мумкин аст. Масалан, Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи баъзе чораҳои такмил додани фаъолияти суғуртавӣ дар ҶТ» аз 31.12.1998, Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани музди меҳнати ҳадди ақал, маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия» аз 4.11.2004 ва ғ.

Загрузка...