Мафҳум ва сарчашмаҳои ҳуқуқи экологӣ

Ҳуқуқи экологӣ соҳаи мустақили ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи экология батанзим медарорад. Истилои экология аз калимаи юнонӣ гирифта шуда, аввалин бор аз ҷониби олими олмонӣ Э. Геккел соли 1866 пешниҳод карда шуд[1]. Экология илмест, ки аз як тараф муносибати дохилии ҳайвоноту набототу микроорганизмҳоро ва аз тарафи дигар, муносибати ҳамаи онҳоро бо муҳити зист таҳлил ва тадқиқ менамояд[2].

Банизомдарории ҳуқуқии муносибатҳои мутақобилаи ҷамъияту табиат чор давраро аз сар гузаронидааст: давраи банизомдарории ҳуқуқи гражданӣ; банизомдарории ҳуқуқи замин; ҳуқуқи замину захираҳои табиӣ; ҳуқуқи экологӣ[3].

Ба ҳайси предмети ҳуқуқи экологӣ он муносибатҳои ҷамъиятии экологие баромад менамоянд, ки дар муносибати байни ҷамъият ва табиат бавуҷуд меоянд. Муносибатҳои мазкур асосан ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: яке муносибатҳои соҳавӣ ва дигаре муносибатҳои комплексӣ[4]. Ба муносибатҳои экологии соҳавӣ муносибатҳои муҳофизаткунии замин, ҷангал, об, маъдан, фазои ҳаво ва олами ҳайвоноти ваҳшӣ дохил мешаванд. Ба муносибатҳои экологии комплексӣ он муносибатҳои ҷамъиятии муҳофизатие дохил мешаванд, ки онҳо оид ба муҳофизати марзҳои табиӣ, комплексу фондҳои табии-мамнуъгоҳӣ, минтақаҳои муҳофизатӣ, санитарӣ-гигиенӣ, табобатӣ-солимгардонӣ ва ғайра пайдо мешаванд.

Сарчашмаҳои ҳуқуқи экологӣ гуфта шакли зоҳирии ифодаёбӣ ва мустаҳкамкунии меъёрҳои ҳуқуқи экологиро меноманд. Сарчашмаҳои ҳуқуқи экологӣ он санадҳои меъёрии ҳуқуқие ҳисоб мешаванд, ки дар онҳо меъёрҳои банизомдарории муносибатҳои экологӣ ифода шудаанд[5].

Сарчашмаҳои ҳуқуқи экологӣ давраҳои асосии инкишофёбии худро дошта[6], дар замони муосир низоми он аз қонунгузории муҳофизати муҳити табии атроф ва қонунгузории захираҳои табиӣ манбаъ гирифтааст[7].

Дар қонунгузории экологӣ намудҳои сарчашмаҳои ҳуқуқи экологӣ гуногун оварда шудаанд[8]. Намудҳои сарчашмаҳои ҳуқуқи экологиро чунин овардан мумкин аст:

  1. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон[9];
  2. Кодексҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муносибатҳои экологиро дар ҷамъият ба танзим медароранд – Кодекси замини ҶТ, Кодекси оби ҶТ, Кодекси ҷангали ҶТ, Кодекси фазои ҳавои ҶТ, Кодекси ҶТ «Дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ», Кодекси граждании ҶТ, Кодекси ҷиноятии ҶТ ва ғ.[10];
  3. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба танзими муносибатҳои экологӣ бахшида шудаанд – Қонуни ҶТ «Дар бораи муҳофизати табиат», Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи тандурустии аҳолӣ», Қонуни ҶТ «Дар бораи истифодабарӣ ва ҳифзи олами ҳайвонот», Қонуни ҶТ «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», Қонуни ҶТ «Дар бораи истифодабарӣ ва муҳофизати маъданҳо», ва ғ.[11];
  4. Шартномаҳои байналхалқӣ-ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро дар соҳаи экология эътироф кардааст[12];
  5. Санадҳои зериқонунии ҶТ, ки муносибатҳои экологиро батанзим медароранд[13].

Ҳамин тариқ, ҳуқуқи экологӣ ҳамчун соҳаи мустақили ҳуқуқ[14] дорои предмет, метод, сарчашмаҳо, принсипҳо, меъёрҳо ва муносибатҳои худ буда[15], манфиати ҷамъиятию давлатиро соҳиб аст.


[1] Ниг.: Протасов В.Ф. Экология, здоровье и охрана окружающей среды в России: Учебное и справочное пособие. – М.: «Финансы и статистика», 2000. – С. 29.

[2] Ниг.: Русско-таджикский словарь: свыше 72000 слов. Арзумов С.Д., Ахрори Х.А., Бегбуди М. и др./ Под ред. М.С. Асимова. – М.: «Рус. яз.», 1985. – С. 1228.

[3] Ниг.: Ҷабборов Р.Ҷ. Ҳуқуқи экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Китоби дарсӣ. – Душанбе, «Диловар-ДДМТ», 2004. – С. 52-54.

[4] Ниг.: Ҳамон ҷо.

[5] Ниг.: Ҷабборов Р.Ҷ. Китоби дарсии зикршуда. – С. 74-75.

[6] Ниг.: Ҳамон ҷо. – С. 75-77.

[7] Ниг.: Ҳамон ҷо. – С. 77.

[8] Ниг.: Асосҳои давлат ва ҳуқуқ: Васоити ҳуқуқӣ. / Шонасурдинов Н., Нодиров Ф.М., Шарипов Т.Ш. – Душанбе, «Сино», 1997. – С. 68-69; Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Китоби дарсӣ. / Дар зери таҳрири узви вобастаи АУ ҶТ д.и.ҳ., проф. Усмонов О.У. – Душанбе: «Маориф», 1999. – С. 119-121; Асосҳои давлат ва ҳуқуқ (васоити таълимӣ). / Нодиров Ф.М., Шарипов Т.Ш., Қодиров Ҷ.Ш. – Душанбе, 2007с. – С. 86; Асосҳои давлат ва ҳуқуқ (васоити санҷишӣ-тестӣ). / Нодиров Ф.М., Қодиров Ҷ.Ш. – Душанбе: «Бахт-LTD», 2009. – С. 264; Ҷабборов Р.Ҷ. Китоби дарсии зикршуда. – С. 77-83.

[9] Ниг.: Моддаи 13 Конститусияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2003. – С. 10; Ҷабборов Р.Б. Китоби дарсии зикршуда. – С. 77-78.

[10] Ниг.: Информационно-правовая система «Энциклопедия таджикского права – АДЛИЯ» – Проект Коммерческого Законодательства в Таджикистане USAID/ ARD/CHECCHI. – CD-ROM; Ҷабборов Р.Ҷ. Китоби дарсии зикршуда. – С. 82.

[11] Ниг.: Информационно-правовая система «Энциклопедия таджикского права – АДЛИЯ» – Проект Коммерческого Законодательства в Таджикистане USAID/ ARD/CHECCHI. – CD-ROM; Ҷабборов Р.Ҷ. Китоби дарсии зикршуда. – С. 78-82.

[12] Ниг.: Информационно-правовая система «Энциклопедия таджикского права – АДЛИЯ» – Проект Коммерческого Законодательства в Таджикистане USAID/ ARD/CHECCHI. – CD-ROM; Шоев Фирӯз. Таассурот аз таҷрибаи истеҳсолӣ (сарчашмаҳои ҳуқуқи байналхалқии экологӣ). // Ҳуқуқшинос, № 12. аз моҳи сентябри соли 2000. – С. 3.

[13] Ниг.: Информационно-правовая система «Энциклопедия таджикского права – АДЛИЯ» – Проект Коммерческого Законодательства в Таджикистане USAID/ ARD/CHECCHI. – CD-ROM.

[14] Ниг.: Основы государства и права: Учебное пособие для поступающих в вузы. / Под ред. акад. О.Е. Кутафина. – М.: «Юристъ», 1999. – С. 355-359; Правоведение: Учебник. / Под общ. ред. Г.В. Мальцева. – М.: «РАГС», 2003. – С.422-429; Ҷабборов Р.Ҷ. Китоби дарсии зикршуда. – С. 54-57.

[15] Ниг.: Боголюбов С.А. Экологическое право. Учебник для вузов. – М.: «Норма-Инфра», 1999. – С. 3-90; Бринчук М.М. Экологическое право (право окружающей среды): Учебник для высших учебных заведений. – М.: «Юристъ», 1999. – С. 62-130; Марченко М.Н., ДерябинаЕ.М. Правоведение: Учебник. – М.: «Проспект», 2004. – С. 320-324; Ҷабборов Р.Ҷ. Китоби дарсии зикршуда. – С. 54-95.

Шарҳ баста аст.