Мафҳум ва сарчашмаҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ

0
28

Ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳамчун соҳаи мустақили ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз маҷмуи меъёрҳои умумӣ ҳатмии давлат иборат мебошад,ки аз ҷониби мақомоти олии қонунгузор қабул карда шуда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба иҷро ва адои ҷазои ҷиноятӣ ба миён омадаро танзим месозад.

Ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бо се мазмун аҳамияти ба худ хос дорад.

Загрузка...
  1. Ҳамчун соҳаи намоёни ҳуқуқ;
  2. Ҳамчун илми ҳуқуқшиноси;
  3. Ҳамчун фанни таълимӣ фаҳмида мешавад

Ҳар сеи ин мафхумҳо аз як решаи ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бошад ҳам, аз руи мазмун, таъинот мақсад ва дигар аломатҳои худ онҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд ва вазифаҳои мустақил доранд.

Ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ соҳаи мустақили ҳуқуқ мебошад.

Сабаби мустақил будани он натанҳо барои он аст, ки дар кодекси алоҳида танзим шудааст, балки он дорои предмет метод низом ва принсипу мавзуи махсуси худро дорад, ки аз дигар соҳаҳои ҳуқуқ куллан фарқ мекунад. Муносибатҳои ҷамъиятие ки ҳамзамон ба иҷро ва адои ҷазоҳои ҷиноятӣ ба вуҷуд меоянд ғайр аз меъёрҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бо ягон меъёрҳои ҳуқуқи дигар танзим карда намешаванд.[1]

Предмети ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ он муносибатҳои ҷамъияте ташкил медиҳад, ки бо баробари ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми суд дар бораи таъин кардани ҷазо оғоз ёфта, то пурра иҷро ва адо шудани он давом мекунад.[2]

Ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар ҷараёни инкишофи худ вобаста ба давраҳои тарақиёти давлат ва вазифаи ин соҳаи ҳуқуқ номи худро чандин маротиба дигар кардааст.

Дар давраи Шуравӣ ин сохаи ҳуқуқро ҳуқуқи ислохӣ – меҳнати меномиданд, зеро мақсади он тавассути кор ислоҳ ва аз нав тарбия намудани маҳкумон буд.

Аз соли 1990 инҷониб ҳуқуқи иҷрои ҷиноятӣ ном дорад. Қатъи назар аз доштани номҳои гуногун мавзӯи ин соҳа маҷмӯи масъалаҳои иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодию ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва тарбиявиро фаро мегирад, ки дар ҷараёни иҷро ва адои ҳамаи ҷазоҳои ҷиноятӣ ба миён меоянд.

Мақсади омӯзиши илми ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ масъалаҳои номбар шуда ва муайян намудани қонуниятҳои фаъолиятӣ мақомоти давлатӣ вобаста ба ҷори намудани меъёрҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, самарноки воситаҳои таъсири ислоҳ ва усулҳои тарбияи маҳкумон; қонуниятҳои таини сиёсати давлат дар соҳаи ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва омодаву қабули қонуниятҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, таъсис ва инкишофи муассисаҳои ислоҳи ва ғайра мебошад.

Муҳимтарин мавзуъи илми ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, он аст, ки дар асоси дарки қонуниятҳои мушаххас пешниҳоду тавсияҳо оид ба инкишофи меъёрҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ фаолияти муассисаҳои ислоҳи ва мақомоти алоҳидаи давлати иҷро кунандаи ин ё он намуди ҷазоҳои ҷиноятиро омода ва манзур кардан аст.

Мавзӯи илми ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аз инҳо иборат аст.

  • Таҳияи сиёсати давлат дар соҳаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва доктринаи он;
  • Ҷараёни таъсири ислоҳи ба маҳбусон, яъне ҷараёни ҷори намудани воситаҳои таъсир ба маҳбусон ва самараи он.
  • Фаъолияти маъмурияти муассисаҳои ислоҳи ва дигар мақомоти давлати оид ба иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
  • Ҷараёни ҷазои ҷиноятӣ ва шахсияти маҳкумон;
  • Самараи ширкати аҳли ҷамъият дар ҷараёни ислоҳ ва тарбияи маҳкумон.

Мақсад ва вазифаи ҳукуки иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар моддаи сеюми кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ пешбини шудааст ва тибқи ин модда, мақсади асоси ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумхурии Тоҷикистон ислоҳ ва тарбия намудани маҳкумон, пешгирии содир намудани ҷиноятҳои нав, чӣ аз ҷониби маҳкумон ва чӣ аз ҷониби дигар шаҳрвандон, иборат мебошад.[3]

Ислоҳ ва тарбияи маҳкумшудагон чун мақсади қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон аввалин маротиба дар Кодекси ислоҳи меҳнатии ҶТ соли 1970 чунин муқарар шуда буд, ҷазо на фақат барои ҷинояти содиркарда сазо бошад, балки мақсади ҷазо он аст, ки маҳкумонро дар роҳи муносибати софдилона ба меҳнат, эҳтиром нисбати ба қонунҳо ва ҳурмат намудани қоидаҳои зиндагии умумӣ, инчунин ба решакан кардани ҷинояткори мадад расонад. Ҷазо ба мақсади озори ҷисмонӣ додан ё ки қадру қимати одамро паст кардан надорад.

Вазифаҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ хеле бисёр ва мураккаб мебошанд, ки аз инҳо иборатанд:

  1. Пешгирии содиршавии ҷиноят, ки ба ду намуд тақсим мешавад: пешгирии умумӣ ва махсус. Пешгирии умумӣ ба ҳамаи аҳолии ҷомеа дахл дошта, пешгири махсус бошад ба шахси ҷиноят содиркунанда ва адокунандаи ҷазо пешбинӣ шудааст.
  2. Ба танзим дарори ва ҷобаҷо кунии муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки вобаста ба адо ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба миён меоянд.
  3. Муҳофизати ҳуқуқ озодӣ ва манфиатҳои қонунии маҳкумшудагон;
  4. Муайянсозии ислоҳии маҳкумшудагон.[4]

Гарчанде, ки ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ соҳаи мустақили ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ҳам худ ба худ бе алокамандӣ бо дигар илмҳои ҳуқуқи наметавонад инкишоф ёбад.

Ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ пеш аз ҳама ба соҳаҳои ҳамҳудуди худ ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ алоқаманди дорад.

Асоси амал кардани ин соҳаҳои ҳуқуқ ҷойгиршавии ҷиноят мебошад, ки мафҳум ва нишонаҳои он дар меъёрҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ пешбини шудааст, ҳуқуқи ҷиноятӣ намуд ва мӯ

ҳолатҳои ҷазоро барои ҷиноят муқарар мекунад.

Ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ бошад тартиби бурдани кори ҷиноятӣ иштирокчиёни он ҳолати ҳуқуқии онҳо ва дигар масъалаҳоро то баровардани ҳукми айбдори ва ба қуваи қонуни даромадани онро муқарар намуда, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, иҷроиши ҳукми айбдорӣ, шароити иҷро ва адои ҷазои ҷиноятиро ба танзим медарорад. Инчунин ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бо дигар илмҳои ҳуқуқ бо монанди ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи меҳнатӣ, ҳуқуқи оилавӣ ҳуқуқи маъмурӣ ва ғайраҳо алоқаманд аст.


[1] Салимов. Ҳ Ҳуқуқи иҷрои чазои ҷиноятӣ Душанбе 2005 саҳ162

[2] Асосҳои давлат ва ҳуқуқи ҶТ китоби дарси Душанбе Маориф соли 1999 саҳ 264

[3] Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоxикистон Душанбе 2006 с.

[4]А.И. Зубкова Уголовно исполнительное право Россия Москва 2002с.13


Калидвожаҳо: хукуки ичрои чазои чинояти, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ичрои чазои чинояти, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар тоҷикистон, хукук, ҳуқуқ,  donishju tj, донишчу тч, студент тч, донишҷӯ тҷ, реферат, донишҷӯ, кори курси, кори курсӣ, реферати точики, реферат бо забони точики, реферат бо забони тоҷикӣ, сайти омузиши, сомонаи омузишӣ, сайти точики, сайтхои точики, сайти тоҷикӣ