Ҳуқуқи андози ҶТ дар низоми ҳуқуқи ҶТ ба сифати соҳаи мустақили ҳуқуқ баромад намуда муносибатҳои ҷамъиятиро ҳангоми муқаррар намудан, ҷамъ овардан, тағйир додан ва ё бекор кардани андозҳо ба танзим медарорад.

Муносибатҳои ҷамъиятие, ки мавриди танзими ҳуқуқи андоз қарор мегиранд, соҳиби як қатор хусусиятҳоянд:

1) Онҳо хусусияти омирона (императивӣ) дошта танҳо бо хоҳиши давлат ба вуҷуд меоянд;

2) Онҳо дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ ба миён меоянд;

3) Дар сурати вайрон намудани қонунгузории андоз, нисбати шахс чораҳои маҷбуркунии давлатӣ татбиқ мегардад.

Дар муносибатҳои ҳуқуқии марбут ба андозбандӣ муайян намудани ифодаҳое мисли андозсупоранда, объекти андозбандӣ, соҳибкори инфиродӣ ва ғ. зарур аст. Шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ, ки ба зиммаашон мутобиқи Кодекси андози ҶТ ӯҳдадории пардохти андоз гузошта шудааст, ҳамчун андозсупоранда эътироф мешаванд. Азбаски ҳамаи мо имконияти андозсупоранда шуданро дорем, бояд ҳуқуқ ва ӯҳдадории худро ҳангоми ба ин сифат баромад намуданамон дошта бошем. Мувофиқи моддаи 37 Кодекси андози ҶТ андозсупоранда ҳуқуқ дорад:

1) аз мақомоти андоз доир ба ҳамаи масъалаҳои оид ба андозбандӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет вобастабуда, аз ҷумла оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки масъалаҳои андозбандиро танзим менамоянд, оид ба санҷиши дарпешистодаи фаъолияти худ (ба истиснои санҷишҳои амалиётӣ) маълумот талаб намояд ва вобаста ба масъалаҳои татбиқи қонунгузориҳои андоз шарҳи хаттӣ гирад.

2) манфиатҳои худро оид ба масъалаҳои муносибатҳои андоз шахсан ё тавассути намояндаи худ муҳофизат намояд;

3) ҳангоми гузаронидани назорати андоз иштирок намуда, нусхаи ҳуҷҷатҳоро оид ба натиҷаҳои назорати андоз талаб намояд ва гирад;

4) ба мақомоти андоз, дар рафти гузаронидани назорати андоз ва аз рӯи натиҷаҳои он, оид ба ҳисобкунӣ ва пардохти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет тавзеҳот пешниҳод намояд;

5) доир ба ҳолати ҳисоббаробаркунӣ бо буҷет оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои андозӣ аз варақаҳои ҳисобномаҳои шахсиаш нусха гирад;

6) мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати санадҳои санҷиши андоз ва огоҳномаҳо оид ба санадҳои санҷиши андоз ва амали (беамалии) шахсони мансабдори мақомоти андоз шикоят намояд;

7) пинҳон доштани сирри андозро талаб кунад;

8) маълумотнома ва ҳуҷҷатҳои ба андозбандӣ вобаста набударо надиҳад;

9) имтиёзҳои андозро тибқи тартиб ва асосҳои мавҷуда мутобиқи қонунгузории андоз истифода барад;

Дар баробари ин андозсупорандагон дорои ӯҳдадориҳо низ мебошанд. Тибқи моддаи 38 Кодекси андози ҶТ андозсупоранда ӯҳдадор аст:

1) сари вақт дар баҳисобгирии бақайдгирӣ ба сифати андозсупоранда ва қайди супорандаи андоз аз арзиши иловашуда истад;

2) ҳамаи ӯҳдадориҳои андозро мутобиқи ҳамин Кодекс дар ҳаҷми пурра иҷро намояд;

3) талаботи қонунии мақомоти андозро дар хусуси бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоршудаи қонунгузории андоз иҷро намуда, инчунин ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба фаъолияти қонунии онҳо монеъ нашавад;

4) дар асоси амрнома шахсони мансабдори мақомоти андозро барои азназаргузаронии амволе, ки объекти андозбандӣ ва (ё) объекти бо андозбандӣ алоқаманд мебошанд, иҷозат диҳад;

5) ба мақомоти дахлдори андоз эъломияҳои андоз, дигар ҳисоботи андоз ва ҳуҷҷатҳоро тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс пешниҳод намояд;

6) ҳисоббаробаркунии пулиро мутобиқи ҳамин Кодекс бо истеъмолкунандагон, ки ҳангоми иҷрои амалиёти тиҷоратӣ ё хизматрасонӣ тавассути пули нақд, кортҳои пардохтии бонкӣ, чекҳо бо татбиқи ҳатмии мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ ва додани чеки назоратӣ ба дасти истеъмолкунанда сурат мегирад, амалӣ намояд;

7) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории андоз баҳисобгирии даромадҳои (хароҷотҳои) худ, объекти андозбандӣ ва (ё) объектҳои бо андозбандӣ алоқамандро пеш барад;

8) дар муддати на камтар аз 3 соли баъди ба охир расидани соли тақвимӣ маълумоти баҳисобгирии муҳосиботӣ, дигар баҳисобгириро ва ҳуҷҷатҳои барои ҳисоб ва пардохти андозҳои барои ҳамин соли тақвимӣ зарурӣ, инчунин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи даромадҳои гирифташуда, хароҷот ва андозҳои пардохтшударо (нигоҳдошташударо) нигоҳ дорад ва ғ.

Объекти андозбандӣ ва (ё) объекте, ки бо андозбандӣ алоқаманд аст, объекте мебошад, ки дорои тавсифи арзишӣ, миқдорӣ ё физикӣ буда, ҳангоми мавҷудияти он (объект) қонунгузории андоз нисбати андозсупоранда (субъект) ӯҳдадориҳоро доир ба пардохти андоз муайян менамояд.

Объекти андозбандӣ ва (ё) объекте, ки бо андозбандӣ алоқаманд аст, метавонад аз амвол, даромад, фоида, амалиёт доир ба таҳвили мол (кор, хизматрасонӣ), арзиши молҳои таҳвилшуда (иҷрои корҳо, хизматрасониҳо), воридоти (содироти) мол ба (аз) қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дигар объекте, ки Кодекси андози ҶТ муқаррар намудааст, иборат бошад. Ҳар кадом андоз объекти мустақили ба худ хос дорад.

Соҳибкори инфиродӣ — Шахси воқеӣ, резидент (шахсе, ки зиёда аз 182 рӯз дар ҶТ истиқомат мекунад) ё ғайрирезидент (шахсе, ки камтар аз 182 рӯз дар ҶТ истиқомат мекунад), соҳибкори инфиродӣ ҳисобида мешавад, агар он бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, аз номи худ, таҳти таваккал (риск) ва масъулияти амволии худ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад. Бар хилофи тартиби муқаррарнамудаи бақайдгирӣ ва гирифтани иҷозатнома ё дигар ҳуҷҷат ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудани шахси воқеӣ боиси ҳамчун соҳибкори инфиродӣ эътироф накардани чунин шахси воқеӣ бо мақсади андозбандӣ асос шуда наметавонад.

Сарчашмаҳои ҳуқуқи андоз бошанд, санадҳои ҳуқуқиеанд, ки дар онҳо меъёрҳои ҳуқуқии муқарраркунанда, тағйирдиҳанда ва ё бекоркунандаи андозҳо мавҷуд буда, муносибатҳои вобаста ба андозбандиро мавриди танзим қарор медиҳанд.

Баъди Конститутсияи ҶТ яке аз сарчашмаҳои асосии ҳуқуқи андози ҶТ Кодекси андози ҶТ ба ҳисоб меравад. Кодекси андози ҶТ 3 декабри соли 2004 қаьул гардида аз 1-уми январи соли 2005 мавриди амал қарор гирифтааст ва аз 18фасл 53 боб ва 371 модда иборат мебошад. Он муносибатҳои ҳуқуқиеро, ки принсипҳои ташкил намудан ва фаъолияти системаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби муқаррар намудан, тағйир додан, бекор кардан ва ҷамъ овардани андозҳоро муқаррар месозанд, танзим мекунад; вазъи ҳуқуқии мақомоти андоз, андозсупорандагон, агентҳои андоз ва дигар иштирокчиёни муносибатҳои бо қонунгузории андоз танзимшаванда ва муқарраротро оид ба муайян намудани манбаъҳои андозбандӣ, иҷрои ӯҳдадориҳои андоз ва андешидани тадбирҳои таъминкунандаи иҷрои ин ӯҳдадориҳо, пешбурди баҳисобгирии бақайдгирии андозсупорандагон, объектҳои андозбандӣ ва баҳисобгирии андоз, кашидан ба ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳои андозӣ ва шикоят кардан аз амали (беамалии) мақоми андоз ва шахсони мансабдори он муайян мекунад.

Дар низоми сарчашмаҳои ҳуқуқи андози ҶТ санадҳои зериқонунӣ низ ҷои намоёнро ишғол менамоянд. Махсусан қарорҳои Ҳукумати ҶТ ва фармонҳои Президенти ҶТ, ки ба соҳаи андозбандӣ дахл доранд, қайд намудан қобили қабул аст. Масалан Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи аз андози арзиши иловашуда (ААИ) озод намудани таҳвили пахтаи коркарднашуда» аз 20.09.2002 ва ё Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи тасдиқи Дастурамал оиди андоз аз истифодабарандагони роҳҳои афтомобилгард» аз 30.04.1999.

Шарҳ баста аст.