Мафҳум ва низоми мақомотҳои давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақомоти ҳокимияти давлати-ин шаҳрванд ё ин ки коллективи шаҳрвандон мебошанд, ки мувофиқи қонунгузори интихоб ё таъин шудаанд. Онҳо салоҳияти идорақуни, ваколати муайян ва воситаҳои молию пули дар доираи вазифаҳои муқарраршудаи давлатдори доранд. Сифатҳое ки ба мақомотҳои давлати хосанд инҳо мебошанд:

1 Ҳамаи мақомотҳои давлати дар асоси тартиботи қонунгузори ташкил мешаванд, ки салоҳияти онҳоро муайян месозад.

2 Мақомоти давлати-қисми мустақили дастгоҳи давлати буда, амали махсус дар низоми мақомотҳо доранд.

3 Мақомотҳои давлати ниҳоят бо яқдигар зич ҳамкори доранд. Онҳо организми ягонаи иҷтимоии давлатро ташкил намуда, барои таъминсозии амали пурраи ҷамъият, ҳимояи ҳуқуқҳои қонуни ва манфиатҳои шахсият, амнияти бехатарии беруни ва ягонагии давлат вазифадор мебошанд.[1]

Системаи мазкур ягона буда, бо ягонагии функсия ва вазифаҳои он муайян карда мешавад. Фаъолияти ҳамаи мақомотҳои давлати барои мақсади умумии асоси-таъмин намудани некуаҳволи ва рушти давлат равона шудааст. Ягонагии низом боз дар он ифода меёбад, ки ҳамаи мақомотҳои давлати, ки онҳоро таъсис мекунанд, алоҳида не, балки дар якҷояги ва ҳамкори амал мекунад. Аз ҳама сифати муҳими мақомотҳои давлати сифати ошкоро ва қонуни будани мақомоти давлати мебошад. Ошкоро будани ҳокимияти давлати – ин эълони ҳуқуқии дуруст будани ташаккул, таъсис ва фаъолияти он мебошад. Чун қоида легализатсияи мақомотҳои давлати дар Сарқонун ва қонунҳои давлат амали мегардад.[2]

Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби таъсис ва фаъолияти чунин мақомотҳои давлатиро, монанди: Маҷлиси Оли, Президент, Ҳукумат, Суд, Прокуратура ва ғайра муайян мекунад.

Ғайр аз ин, ҳамаи мақомотҳои давлати дар асоси қонунҳо амал мекунад. Аҳдҳое, ки аз тарафи мақомотҳои болои қабул карда мешаванд барои мақомотҳои поёнии ҳатми мебошад (агар ба конститутсия мухолиф набошад). Яъне байни мақомотҳои давлати алоқаи зичи ташкили қонуни вуҷуд дорад. Бояд қайд намуд, ки системаи мақомотҳои ин ё он давлат дар сатҳи якхел намеистад, балки бо давлат дар якҷояги рушд меёбад.

Амалии гардонидани принсипи конститутсионии тақсимоти ҳокимият дар давлат вуҷуд доштани мақомотҳои қонунгузор, иҷроия ва судиро, ки дар яқҷояги сутуни дастгоҳи давлатиро дар ин ё он давлат ташкил мекунад, тақозо дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, монанди дигар давлатҳо фаъолияти худро ба воситаи мақомотҳои давлати амали мегардонад.Ҳолати конститутсиони-ҳуқуқии онҳо бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсиони, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумат ва дигар меъёрҳои ҳуқуқи муайян карда мешавад.

Мақомоти ҳокимияти давлати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ду роҳ ташкил мешаванд: ба воситаи интихобот ва таъиншави. Лекин таъин ба мансабҳои боло дар мақомоти иҷроия ва суди низ аз тарафи мақомотҳои интихобгардида амали мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи мустақим фақат як палатаи Маҷлиси Оли –Маҷлиси намояндагон ва Сарвари давлат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда мешаванд. Хусусан, онҳо иродаи олии ҳокимият ташкилкунандаи халқро ифода мекунанд.

Ҳокимияти давлатиро дар Тоҷикистон:Маҷлиси Оли, Президент, Ҳукумат ва судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардонад.Оиди ин дар Конститутсия як қатор меъёрҳо муқарар шудааст.Махсусан дар моддаи 6-и Сарқонун оварда шудааст, ҳуқуқи аз номи ҳалқ баромад карданро фақат Президент ва палатаҳои Маҷлиси Оли доранд.Дар моддаи 84-и Конститутсия қайд шудааст, ки ҳокимияти суди мустақил буда, аз тарафи судяҳо аз номи давлат амали қарда мешавад. Дар баробари ин дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боби 9-уми он ба прокуратура бахшида шудааст.

Дар яқҷояги мақомотҳои давлати низоми мақомотҳои ҳокимияти давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил меқунанд.Ҷои махсусро дар системаи мақомотҳои ҳокимияти давлати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарвари давлат (моддаи 64-уми Сарқонуни ҶТ)ишғол мекунад.

Мақомоти қонунгузор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз парлумон иборат мебошад. Ин мақомоти доимоамлкунандаи ҳокимияти давлати мебошад. Онҳо бевосита аз тарафи ҳалқ интихоб гардида дар назди интихобкунандагони худ ҳисобот медиҳанд, яъне масъул мебошанд. Ваколати асосии парлумон ин қабули меъёрҳо, қонунҳо, аҳдҳо ва фармонҳо мебошад. Дар қарорҳои онҳо иродаи халқи Тоҷикистон таҷассум меёбад ва бинобар ин характери барои ҳама ҳатми дорад. Қарорҳои мақомоти қонунгузор барои ҳама ҳатми буда, аз тарафи ҳамаи дигар мақомотҳои ҳокимияти давлати ва мақомотҳои ҳоқимияти худидоракунии маҳалли бояд иҷро карда шавад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимият ҳукумат, вазоратҳо, кумитаҳо ва дигар мақомотҳои ҳокимияти иҷроияро дар бар мегирад. Онҳо низоми ягонаи мақомоти иҷроияи ҳокимиятро, ки онро ҳукумат роҳбари мекунад ташкил мекунад. Мақомоти ҳокимияти суди чи тавре, ки дар боло қайд карда шуд: Суди конститутсионӣ, Суди Оли, Суди Олии иқтисоди ва судҳои зинаи поёни мебошад. Мақомоти ҳокимияти суди вазифадоранд, ки адолати судиро ба воситаи қонунгузории конститутсиони, шаҳрванди, маъмури ва ҷинояти барраси намоянд.Дар яқҷояги онҳо системаи судии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил мекунанд. Ҳамаи судҳо мустақил буда, фақат ба конститутсия ва қонунҳо итоат мекунанд.[3]


[1] Ниг:Хропанюк В.Н Теория государства иправа.М2004.саҳ139.

[2] Ниг:Чиркин В.Е Современное государство.М2001.саҳ119.

[3] Ниг:Моддаи 2 Қонуни конститутсиони «Дар бораи Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Шарҳ баста аст.