Мафҳум ва намудҳои вақти кор ва истироҳат

1. Мафҳум ва намудҳои вақти кор. Давомнокии вақти муътадилии кор.

Тибқи моддаи 60 КМ ҶТ вақти кор вақте ба ҳисоб меравад, ки дар давоми он корманд тибқи тартибот ё нақшаи кор ё шартҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бояд вазифаҳои меҳнатии худро иҷро намояд. Ба таври дигар вақти кор вақте ба ҳисоб меравад, ки дар давоми он корманд тибқи тар­тибот ё нақшаи кор ё шартҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бояд вазифаҳои меҳнатии худро иҷро намояд. Дар асоси Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд намудҳои вақти корӣ муайян шудааст:

— вақти кории мӯътадил;

— вақти кории нопурра;

— вақти кории кӯтоҳ.

Давомнокии мӯътадили вақти кор дар ташкилотҳо дар як ҳафта набояд аз 40 соат зиёд бошад.

Вақти кории кӯтоҳ.

Дар зери мафҳуми вақти кории кӯтоҳ вақти корие фаҳмида мешавад, ки нисбати кормандони ноболиғ, кормандони маъюб, кормандони дар шароити вазнини меҳнатӣ фаъолияткунанда муайян карда шудааст. Барои гурӯҳи алоҳидаи кормандон бо назардошти синну сол, вазъи саломатӣ, шароити меҳнат, хусусияти вазифаи меҳнатии онҳо ва дигар ҳолатҳо санади қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҳуқуқии оид ба меҳнат, инчунин шартҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ давомнокии кӯтоҳи вақти кор бидуни кам кардани музди меҳнат муқаррар карда мешавад.

Тибқи моддаи 61 КМ ҶТ давомнокии кӯтоҳи вақти кор ба инҳо муқаррар карда мешавад:

— ба кормандоне, ки ба синни ҳаждаҳ нарасидаанд (м.17 КМ ҶТ);

— ба кормандони маъюб ( м.152 КМ ҶТ);

— ба кормандоне, ки бо корҳои шароити меҳнаташ номусоид (м.62 КМ ҶТ) машғуланд;

— ба кормандоне, ки корашон дорои хусусияти хос мебошад (м. 63 КМ ҶТ);

Давомнокии кӯтоҳи вақти кор на зиёда аз 35 соат дар як ҳафта барои кормандоне муқаррар карда мешавад, ки дар ҷараёни меҳнат ба таъсири барои саломатӣ зарарноки омилҳои физикӣ, химиявӣ, биологӣ ва дигар омилҳои истеҳсолӣ дучор мешаванд. Рӯйихати истеҳсолот, сехҳо ва вазифаҳоеро, ки кор дар онҳо барои давомнокии кӯтоҳи вақти кор ҳуқуқ медиҳад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. Барои гурӯҳи алоҳидаи кормандон (духтурон, педагогҳо ва дигарон), ки кори онҳо бо шиддати баланди эҳсосотӣ, зеҳнӣ, асабӣ алоқаманд аст (хусусияти хос дорад), давомнокии вақти кор дар як ҳафта на бештар аз 35 соат муқаррар карда мешавад. Ба таври мушаххас вақти кории кӯтоҳ нисбати категорияи алоҳидаи кормандон ба таври зерин муқаррар карда мешавад:

— нисбати кормандони ноболиғи аз чордаҳ то понздаҳ сола 24 соат дар як ҳафта;

— нисбати кормандони ноболиғи аз понздаҳ то ҳаждаҳ сола 35 соат дар як ҳафта;

— нисбати кормандони дар шароити вазнини корӣ ва дар шароити шиддатноки рӯҳӣ коркунанда 35 соат дар як ҳафта.

Барои кормандони маъюби гурӯҳи 1 ва 2 рӯзи кори шашсоата муқаррар шудааст.

Вақти нопурраи кор. Вақти нопурраи корӣ вақти кориеро меноманд, ки бо розигии тарафайн ҳангоми ба кор қабул намудани корманд муқаррар карда мешавад. Мувофиқи моддаи 64 КМ ҶТ корфармо вазифадор аст дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси меҳнат ва санади дигари меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат вақти нопурраи корро муқаррар намояд. Ин ҳолат одатан ҳангоми дар ду ва зиёда ҷои кор кардан ба чашм мерасад. Бо созишномаи байни тарафҳо (корманд ва корфармо) чӣ ҳангоми қабул кардан ба кор ва чӣ ҳангоми минбаъдаи рӯзи кори нопурра ва ё ҳафтаи нопурраи кор бо пардохти музди меҳнат вобаста ба ҳаҷми истеҳсол ва ё мутаносибан ба вақти кор муқаррар карда мешавад.

Ҳангоми ҷорӣ намудани низоми вақти нопурраи кор давомнокии вақти корӣ наметавонад аз нисфи меъёри моҳонаи вақти кор камтар ва музди меҳнат аз андозаи ҳадди ақали муқаррарнамудаи қонун камтар бошад. Кор дар шароити вақти нопурраи кор барои корманд боиси ягон маҳдудияти давомнокии рухсатии ҳарсола, ҳисоби собиқаи корӣ ва дигар ҳуқуқҳои меҳнатӣ намегардад (КМ ҶТ моддаи 64).

2. Мафҳум ва намудҳои вақти истироҳат. Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Кодекси меҳнатӣ дар баробари вақти корӣ вақти истироҳатро низ муқаррар кардааст, ки дар зери мафҳуми вақти истироҳат давомияти вақтеро мефаҳманд, ки дар давоми он корманд аз иҷрои функсияҳои меҳнатии худ озод буда онро ба манфиати худ истифода мебарад.

Ба таври дигар вақти истироҳат вақте мебошад, ки корманд дар давоми он тибқи Қонун аз иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ озод буда, онро мувофиқи хоҳишаш барои қонеъ намудани манфиатҳои худ ва барқарор сохтани қобилияти меҳнатиаш истифода мебарад. Ҳуқуқ ба истироҳат дар Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (м.37), Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (м.24), Кодекси меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз м. 75 то 83 ) оварда шудаанд ва ин боз як бори дигар тасдиқи ҳокимият аз они халқро таъкид мекунад.

Тибқи моддаи 75 Кодекси меҳнат вақти истироҳатро ба намудҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст:

— танаффус дар вақти кор;

— танаффус дар байни басти кор;

— рӯзҳои истироҳат;

— рӯзҳои ид;

— рухсатиҳои ҳарсолаи меҳнатӣ,

— рухсатиҳои иҷтимоӣ.

Рӯзҳои идро ба ду намуди асосӣ ҷудо кардан мумкин аст:

1. Рӯзҳои ид бо рӯзи истироҳат чунин идҳоеро меноманд, ки ҳангоми фарорасии онҳо корманд истироҳат мекунад. Ба сифати рӯзҳои ид бо рӯзи истироҳат инҳо баромад мекунанд: 1 январ — рӯзи соли нав, 8 март — рӯзи байналхалқии занон, 21 — 24 март — иди Наврӯз, 1 май — Рӯзи якдилии байналхалқии меҳнаткашон, 9 май — рӯзи ғалаба дар ҶБВ, 27 июн — Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 9 сентябр — Рӯзи истиқлолияти давлатӣ, 6 ноябр — рӯзи Конститутсия (Сарқонуни) ҶТ, иди қурбон ва иди рамазон дар рӯзи мувофиқ омада. Мувофиқи Кодекси меҳнатӣ агар рӯзи ид ба рӯзи истироҳат (якшанбе) рост ояд, рӯзи аввали корӣ баъди ид рӯзи истироҳат ҳисобонида мешавад.

2. Рӯзҳои ид бе рӯзи истироҳат идҳои касбиро меноманд, ки он рӯзро рӯзи истироҳат эълон карда намешавад. Ба монанди 23 феврал — рӯзи артиш, 6 феврал — рӯзи милитсияи тоҷик, 15 май — рӯзи оила, 1 июн – рӯзи кӯдакон, 22 июл — иди забони тоҷикӣ, иди Меҳргон, иди Сада ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябр рӯзи парчами миллӣ дониста шудааст. Ба ҳамаи кормандон рӯзҳои истироҳат (истироҳати бефосилаи ҳарҳафтаина) дода мешавад. Дар ҳафтаи панҷрӯзаи кор ба кормандон дар ҳафта ду рӯзи истироҳат ва дар ҳафтаи шашрӯзаи корӣ — як рӯз истироҳат дода мешавад. Рӯзи истироҳати дуюм, дар ҳафтаи панҷрӯзаи корӣ, тибқи ҷадвали кори ташкилот муқаррар карда мешавад. Ҳар ду рӯзи истироҳат, чун қоида паи ҳам дода мешавад. Дар рӯзҳои истироҳат кор кардан манъ аст. Рузӣ истироҳати умумӣ – якшанбе мебошад.

Ба кор ҷалб намудани кормандон бо мувофиқаи мақомоти дахлдори намояндагии кормандон (ташкилот, муассиса, корхона) дар рӯзҳои истироҳат ҳолатҳои истисноии зайл иҷозат дода мешавад:

— барои пешгирӣ ва рафъи офатҳои табиӣ, садамаҳои истеҳсолот ё фавран бартараф намудани оқибатҳои онҳо;

— барои пешгирии ҳодисаҳои фоҷиавӣ, ҳалокат ва нобудшавии амвол;

— барои иҷрои корҳои таъхирнопазири қаблан пешбинигардида, ки аз таъҷилан иҷро намудани онҳо умуман кори мӯътадили минбаъдаи ташкилот ва ё бахшҳои алоҳидаи он вобаста мебошад;

— дар дигар ҳолатҳое, ки қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ пешбинӣ намудаанд.

Дар рӯзҳои истироҳат ба кор ҷалб намудани кормандон бо амри хаттии корфармо бо риояи маҳдудиятҳои муайяннамудаи моддаҳои 152, 162 (ба корҳои шабона, изофакориҳо ва ба кори рӯзҳои истироҳату ид ҷалб кардан, ба сафари хизматӣ фиристодани занони ҳомила ва заноне, ки тифли то сесола доранд, иҷозат дода намешавад. Занони фарзандонашон аз се то чордаҳсола (фарзандони маъюбашон то шонздаҳсола) — ро танҳо бо ризоияти худашон ба изофакориҳо ҷалб кардан ё ба сафари хизматӣ фиристодан мумкин аст (моддаи 181 КМ ҶТ).

3. Мафҳум ва намудҳои рухсатиҳо. Дар байни вақти солонаи корӣ рухсатии ҳарсолаи меҳнатиро ба таври алоҳида қайд кардан мумкин аст, зеро он фосилаи нисбатан дарозмуддати вақти истироҳат мебошад.

Рухсатии меҳнатӣ гуфта, он муддати вақти нисба­тан тӯлониеро меноманд, ки дар давоми он корманд тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бо шарти нигоҳдошташавии ҷойи кору мансаб аз иҷрои вазифаҳои меҳнатӣ озод буда, аз он баҳри фароғат ва барқарор наму­дани қобилияти меҳнатӣ, ҳамчунин қонеъ гардонидани дигар ниёзмандиҳо ис­тифода менамояд.

Кори пештара гуфта, кори иҷрошудае фаҳмида мешавад, ки то давраи рухсатӣ бо ҳамин корфармо, аз рӯи ҳамон ихтисос, вазифа, касб ва дар ҳамон ҷойи корӣ иҷро шудааст.

Ба кор­мандон намудҳои зерини рухсатиҳо дода мешаванд:

— рухсатиҳои меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда:

— рухсатии асосии ҳарсолаи камтарин;

— рухсатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда;

— рухсатии иловагии ҳарсола;

— рухсатиҳои иҷтимоӣ:

— рухсатии давраи ҳомиладорӣ ва таваллуд;

— рухсатӣ барои нигоҳубини тифл;

— рухсатии таълимӣ;

— рухсатии эҷодӣ;

— рухсатиҳои бемузди меҳнат.

Мувофиқи қ. 2 моддаи 75 КМ ҶТ кормандон ба рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда ва рухсатиҳои иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд.

Иваз кардани рухсатӣ ба ҷуброни пулӣ мумкин нест, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки корманди аз кор озодшуда рухсатиашро истифода набурда бошад. Кормандон ҳуқуқ доранд новобаста аз корфармоён ва намуди шартномаи меҳнатии бо онҳо басташуда, рухсатии асосии ҳарсолаашонро на камтар аз 24 рӯзи тақвимӣ истифода баранд. Рӯзҳои иди ғайрикорӣ ( моддаи 83 КМ ҶТ), давраи корношоямии муваққатӣ, инчунин рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд ба рухсатии асосии ҳарсола дохил намегарданд. Рухсатии ҳарсолаи меҳнатӣ ба рухсатиҳои асосӣ ва иловагӣ ҷудо мешаванд.

Рухсатии иловагии ҳарсола ва рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароитҳои зарарноку вазнини меҳнат ба ҳар як шаҳрванд мувофиқи қонунгузории пешбинишуда дода мешавад. Давомнокии рухсати меҳнатӣ барои кормандони ташкилотҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ фаъолиятдошта аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои кормандони ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар шартномаи (созишномаи) коллективӣ, ва дар сурати мавҷуд набудани он тибқи созиши тарафҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ муқаррар карда мешавад. Давомнокии рухсатиҳо бо рӯзҳои тақвимӣ, сарфи назар аз низом ва ҷадвали корӣ, ба ҳисоб гирифта мешаванд. Ба кормандон дар соли аввали корӣ ҳангоми гузаштани ёздаҳ моҳи бефосилаи корӣ рухса­тии меҳнатӣ дода меша­вад. Дар солҳои минбаъда бошад дар асоси график, мутобиқи тартиботи муқарраргардида рухсатии меҳнатӣ дода мешавад.

Мутобиқи қонунгузории меҳнатӣ нис­бати ноболиғон бошад рухсатии меҳнатӣ дар ҳаҷми як моҳи тақвимӣ дар фасли тобистон ва ё фасли барояшон мувофиқ пешниҳод карда мешавад. Дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ» аз 8 декабри соли 2003 ба донишҷӯёне, ки дар курсҳои 1 ва 2 таҳсил мекунанд баробар ба сӣ рӯзи тақвимӣ рухсатии меҳнатӣ дода мешавад. Дар курсҳои минбаъда бошад баро­бар ба чил рӯзи тақвимӣ рухсатии меҳнатӣ дода мешавад. Соли корие, ки барои он рухсатии меҳнатӣ дода мешавад, фосилаи вақтест, ки баробар бо давомнокии соли тақвимӣ буда, барои ҳар як корманди алоҳида аз рӯзи қабул ба кор ҳисоб карда мешавад ( моддаи 90 КМ ҶТ). Бо мувофиқаи корманд ва корфармо рухсатиро ба қисмҳо ҷудо кардан мумкин аст. Зимнан яке аз он қисмҳо бояд аз 14 рӯзи тақвимӣ камтар набошад. Аз рухсатӣ бозхондан кормандро танҳо бо розигии ӯ мумкин аст. Ба ин иртибот қисми истифоданашудаи рухсатӣ бояд ба корманд дар давоми ҳамон соли корӣ дар вақти барояш мусоид дода шавад ва ё ба рухсатии соли кории ояндааш илова гардад агар ҳолатҳои дигар дар шартномаи коллективӣ пешбинӣ нашуда бошанд. Аз рухсатӣ бозхондани кормандони ноболиғ (аз ҳаждаҳсола хурд) ва кормандоне, ки дар шароити барои саломатиашон зараровар, хавфнок ва ё вазнини меҳнат кор мекунанд ё корашон характери махсус дорад, ҳачунин дигар ашхос дар ҳолатҳои дар қонунгузорӣ пешбинишуда мумкин нест.

Изофакорӣ. Изофакорӣ коре мебошад, ки корманд бо амри корфармо зиёда аз давоми вақти кории ҳаррӯзаи барои корманд муқаррар гардида ва ё зиёда аз миқдори муқаррарии соатҳои кории давраи баҳисобгирӣ иҷро мекунад. Ба таври дигар изофакорӣ коре мебошад, ки бо амри корфармо иҷро карда шуда, берун аз доираи вақти кори мӯътадил мебарояд. Изофакорӣ дар ҳолатҳои истисноӣ, ки моддаи 73 Кодекси мазкур муқаррар кардааст, бо розигии корманд дар асос ва ба тартибе, ки корфармо бо мувофиқаи мақомоти дахлдори намояндагии кормандон муқаррар намудааст, истифода бурда мешавад. Корфармо вазифадор аст ҳангоми изофакорӣ — бехатарии меҳнат, шароити мӯътадили истеҳсолӣ ва иҷтимоию маиширо таъмин намояд. Бо нишондоди қонунгузорӣ дар сурати корҳое, ки шароиташон махсусан вазнин ва зарарнок мебошад, изофакорӣ манъ аст. Изофакорӣ набояд дар давоми ду рӯз, пай дар пай аз ду соат дар корҳое, ки шароити меҳнат зараровар ва ё вазнин мебошад ва ё чор соат дар дигар корҳо зиёда бошад. Барои ҳар корманд изофакорӣ дар як сол набояд аз 120 соат зиёд бошад. Ба изофакорӣ ҷалби кормандони то 18 сола, занони ҳомила ва кӯдаки то 3 сола дошта (маъюбон) манъ аст. Занони тифли то 14 сола (фарзанди маслуқи то 16 сола) доштаро бо ризоияташон ба изофакорӣ ҷалб менамоянд. Мувофиқи моддаи 74 КМ ҶТ корфамо вазифадор аст вақти кореро, ки ҳар корманд иҷро намудааст, аз ҷумла соатҳои изофакориро сари вақт аниқ ҳисоб карда бо корманд ҳисобӣ кунад. Мувофиқи аҳд бо корфармо ба корманде, ки зиёда аз вақти муқаррарӣ кор кардааст, рӯзи дигари истироҳат додан мумкин аст.

Барои дар рӯзҳои ид ва дар рӯзҳои истироҳат (моддаи 81 ва 83 Кодекси меҳнатӣ) кор кардан, музди меҳнат мувофиқи қоидаҳои пешбинамудаи қонун на камтар аз андозаи дукарата пардохта мешавад. Ба кормандоне, ки дар доираи меъёри якмоҳаи вақти корӣ кор карда, моҳона мегиранд, музди меҳнат илова ба моҳона на камтар аз андозаи яккаратаи ставкаи соатбайъ ё рӯзбайъ ва агар кор зиёда аз меъёри якмоҳа иҷро шуда бошад, музди меҳнат ба андозаи на камтар аз ставкаи дукаратаи соатбайъ ё рӯзбайъ илова ба моҳона пардохт карда мешавад.

4. Музди меҳнат. Музди меҳнати кормандон вобаста аз миқдор ва сифати меҳнати сарфшуда муқаррар карда мешавад. Андозаи музди меҳнат бо мувофиқаи байни корманд ва корфармо муқаррар карда мешавад. Низоми пардохти музди меҳнат, андозаи ставкаҳои тарифӣ, маошҳо ва дигар намуди музддиҳиро муайян мекунанд. Музди меҳнат яке аз категорияҳои ҳуқуқ буда, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои конкретии иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқи меҳнатиро доир ба пардохтани арзиши меҳнат возеҳ мегардонад.

Музди меҳнат — маҷмӯи подошҳои бо воҳиди пулӣ ё дар шакли аслӣ ҳисобкардашудае мебошад, ки корфармо бояд онҳоро ба корманди кироя барои корҳои амалан иҷрошуда, ҳамчунин барои он муддате, ки ба вақти корӣ дохил мешавад, пардохт намояд. Музди меҳнат аз ҳиссаҳои доимӣ ва тағйирёбанда иборат мебошанд. Ҳиссаи доимии музд аз ҳиссаи соатбайъ ва ё моҳонаи меъёрҳои тарифӣ (маош) иборат аст. Ҳиссаи тағйирёбандаи музд ба натиҷаҳои кор вобастагии зич дошта, иловапулиҳои гуногун, мукофотпулиҳо, ҷубронпулиҳо (барои дараҷаи тахассус, собиқаи корӣ, аз рӯи натиҷаҳои кори солона, унвони илмӣ ва ғайра) ва мукофотпулиро (барои сифати баланди кор, барои аз миқдор зиёд баровардани маҳсулот) дар бар мегирад. Бо мувофиқаи қонунгузории меҳнати ҷумҳурӣ пардохти музди меҳнат кафолатҳои худро дорад, Корфармо вазифадор аст ба корманд барои иҷрои кори баробарарзиш як хел маош диҳад. Ба зарари корманд тағйир додани шарту шароити пардохти музди меҳнат ё поймолкунии ҳуқуқи пардохти музди меҳнат манъ аст.

Андозаи музди меҳнат, ки тарафҳо бо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ муайян кардаанд, аз андозаи муқаррарнамудаи шартномаҳо камтар буда наметавонад.

Ҳадди ақали музди меҳнат — миқдори давлатии ҳатмии ҳадди ақали пардохти пуле мебошад, ки корфармо онро дар давоми як моҳ барои кор дар шароити мӯътадил, бо риояи давомнокии вақти корие, ки Кодекси меҳнат муайян намудааст ва барои иҷрои вазифаҳои муайян ба корманд пардохт менамояд. Андозаи ҳадди ақали музди меҳнатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Ҳадди ақали музди меҳнат барои муқаррар намудани сатҳи тарафҳои давлатии музди меҳнат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мекунад. Ба андозаи ҳадди ақали музди меҳнат пардохтҳои иловагӣ, изофапулӣ, пардохти ҳавасмандсозӣ, инчунин пардохти барзиёдатӣ, ки барои аз давомнокии муқаррарии вақти кор зиёдтар кор кардан дода мешаванд, дохил намегарданд. Дар ноҳияҳо ва маҳалҳое, ки ба музди меҳнат коэффитсиентҳои ноҳиявӣ, коэффитсиент барои кор дар биёбон, маҳалҳои беоб ва баландкӯҳ муқаррар гардидаанд, андозаи ҳадди ақали музди меҳнат бо истифодаи ин коэффитсиентҳо ва изофапулиҳо муайян карда мешавад. Дар шартномаҳои (созишномаҳои) коллективӣ (ғайри онҳое, ки як тарафашон ташкилоте мебошад, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешавад ва дотатсияи давлатиро истифода мебарад) метавонад миқдори баландтари ҳадди ақали музди меҳнат пешбинӣ карда шавад. Музди меҳнати кормандон вобаста аз миқдор ва сифати меҳнати сарфшуда муқаррар карда мешавад. Ченаки сарфи меҳнат меъёрҳои меҳнатие, ки (меъёри коркард, меъёри вақт, меъёри хизматрасонӣ) мебошад, ки онҳоро корфармо дар мувофиқа бо мақомоти намояндагии кормандон дар асоси ҳадди ақали музди меҳнат, меъёрҳои таърифӣ ва коэффисентҳои байнидараҷавӣ, мувофиқи комёбии сатҳи техникӣ, технологӣ ва ташкили истеҳсолот, дар ҳолати барои кормандон муҳайё намудани шароити мӯътадили кор муқаррар мекунад. Музди меҳнат камтар аз андозаи ҳадди ақали муқаррарнамудаи давлат буда наметавонад ва бо ягон ҳадди аксар маҳдуд карда намешавад. Музди кори кормандони аз ҳаждаҳсола хурде, ки муддати кори ҳаррӯзаашон кӯтоҳ аст, ба андозаи музди меҳнати кормандони категорияҳои дахлдори муддати кори ҳаррӯзаашон пурра дода мешавад. Музди меҳнати талабагоне, ки дар вақти фориғ аз таҳсил дар ташкилотҳо кор мекунанд, аз ҳисоби муддати кор ё вобаста ба маҳсули меҳнат дода мешавад.

Музди меҳнат ба ду намуди асосӣ ҷудо мешавад: вақтбайъ ва корбайъ. Ҳангоми иҷрои корҳои дараҷаҳои тахассуси гуногун музди меҳнати кормандони вақтбайъ, ҳамчунин хизматчиён аз рӯи кори дараҷаи баландтари тахассусӣ дода мешавад. Ба кормандони корбайъ бошад аз рӯи нархномаи корҳои иҷрошуда музд дода мешавад. Ҳар соати кории зиёда аз вақти муқаррарӣ ба кормандони музди меҳнаташон корбайъ – на камтар аз нархномаи дукаратаи корбайъ; ба кормандони музди меҳнаташон вақтбайъ , инчунин ба онҳое, ки маоши вазифавӣ мегиранд – на камтар аз меъёри (маоши) дукаратаи соатбайъ дода мешавад.

Дар ҷойҳое, ки аз рӯи хусусияти истеҳсолот ба кормандони корбайъ иҷрои корҳои тарифашон аз дараҷаҳои ба онҳо додашуда пасттарбуда супорида мешавад, таносуби байнидараҷавӣ пардохта мешавад.

Шахсони масъуле, ки сари вақт барои напардохтани музди меҳнат айбдоранд, мувофиқи қонунгузории ҶТ ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ, моддӣ ва ҷиноятӣ кашида мешаванд агар ин бо гуноҳи корфармо сурат гирад барои ҳар рӯзи таъхир маблағи иловагӣ бояд пардозад.


Калидвожаҳо: хукуки мехнати, ҳуқуқи меҳнатӣ, хукук, ҳуқуқ, мехнат, меҳнат, donishju tj, донишчу тч, студент тч, донишҷӯ тҷ, реферат, донишҷӯ, кори курси, кори курсӣ, реферати точики, реферат бо забони точики, реферат бо забони тоҷикӣ, музди мехнат, маош, маош дар точикистон, вакти кори, музди меҳнат, вақти корӣ

Шарҳ баста аст.