Мафҳум ва намудҳои шартнома

Шартнома гуфта созиши ду ё якчанд шахсро меноманад, ки ба­рои ба вуҷуд овардан, тағйир додан ё қатъи ҳуқуқ ва ӯҳдадории гражданӣ равона карда шудааст. Шаҳрвандон ва шахси ҳуқуқӣ дар бастани шартнома мустақил мебошанд. Маҷбур кар­дан ба бастани шартнома, ба истиснои ҳолатҳое, ки вазифаи бастани шартнома дар Кодекси граданӣ, қонун ё ӯҳpдадории ихтиёран қабулгардида пешбинӣ шудааст, иҷозат дода намешавад. Тарафҳо метавонанд тибқи тартиби пешбининамуда ё пеш­бининанамудаи қонун ё дигар санади ҳуқуқӣ шартнома банданд. Тарафҳо метавонанд шартномае банданд, ки он ҷузъҳои шартномаҳои мухталифи пешбиникардаи қонун ё дигар санади ҳуқуқӣ (шартномаи омехта)-ро дар бар гирифта бошад. Агар аз созиш­номаи тарафҳо ё моҳияти шартномаи омехта тартиби дигаре барнаояд, дар муноси­бати тарафҳо оид ба шартно­маи омехта, дар қисматҳои дахлдор қоидаҳои шартномае, ки ҷузъҳои он дар шартномаи омехта мавҷуд аст, татбиқ мегарданд. Шартҳои шарт­нома, ба истиснои ҳолатҳое, ки мазмуни шарти дахлдор дар қонун ё дигар санади ҳуқуқӣ зикр шудааст, бо салоҳдиди тарафҳо муайян карда мешавад. Дар ҳолатҳое, ки шарти шартнома мутобиқи меъёр истифода мешавад, зеро дар созишномаи байни тарафҳо тар­тиби дигаре пешбинӣ нашудааст (меъёри диспозитивӣ), тарафҳо ме­таво­нанд бо созишномаи худ истифодаи онро бекор кунанд ё шар­теро ба миён гузоранд, ки аз шарти пешбинигардида фарқ дошта бошад. ҳангоми мавҷуд набудани чунин со­зишнома шартҳои шарт­нома тибқи меъёри диспозитивӣ муайян карда мешаванд. Агар шарти шартнома аз ҷониби тарафҳо ё меъёри диспозитивӣ муайян нашуда бо­шад, шартҳои дахлдор бо анъанаҳои аҳдҳои корӣ, ки нис­бати тарафҳо татбиқ мегар­дад, муайян карда мешаванд.

Шартнома аз лаҳзаи баста шуданаш эътибор пайдо мекунад ва барои тарафҳо ҳатмӣ мегардад. Тарафҳо ҳақ доранд муайян кунанд, ки шарти шартномаи бастаи онҳо ба муносибатҳои то бастани шарт­нома бамиёномада низ татбиқ мегардад. Қонун ё шартнома муайян карда метавонанд, ки хотимаи мӯҳлати амали шартнома боиси қатъи ӯҳдадории тарафҳо оид ба шартнома мегардад. Шартномае, ки дар он чунин шарт гузошта нашудааст то лaҳзаи иҷрои ӯҳдадориро ба охир расондани тарафҳо му­айян карда шудааст, боэътибор эътироф карда мешавад. Қатъи мӯҳлати амали шарт­нома тарафҳоро аз масъ­улияти риоя накардани он озод намекунад.

Бастани шартнома ва мазмуни он. Агар байни тарафҳо, мутобиқи шакли дар ҳолатҳои муайяни зарурӣ аз рӯи ҳама шартҳои асосии шартнома созиш ба даст омада бошад, шартнома басташуда дониста мешавад. Шартҳои оид ба мавзӯи шартнома, шартҳое, ки дар қонун ё дигар санади ҳуқуқӣ барои шартномаи шакли мазкур муҳим ва зарурӣ номбар шудаанд, инчунин ҳамаи он шартҳое, ки дар алоқамандӣ ба онҳо тибқи аризаи яке аз тарафҳо бояд созиш ба даст ояд, шартҳои асосӣ ба ҳисоб мера­ванд. Шартнома бо фиристодани оферта (пешниҳод барои бастани шартнома) аз ҷониби як тараф ва аксепти он (қабули пешниҳод) аз ҷониби тарафи дигар баста меша­вад. Шартнома аз лаҳзаи аз ҷониби шахси фиристодаи оферта ги­рифтани ак­септи он баста шуда ба ҳисоб меравад. Агар барои бас­тани шартнома тибқи қонун, ин­чунин додани молу мулк зарур бо­шад, шартнома аз лаҳзаи додани молу мулки дах­лдор баста шуда ба ҳисоб меравад. Шартномае, ки бояд ба қайди давлатӣ гирифта ша­вад, аз лаҳзаи ба қайд гирифта шуданаш баста шуда ба ҳисоб меравад ба шарте ки қонун тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад. Дар маҷмӯъ бастани шартнома ду зи­наро дар бар мегирад: оферта ва ак­септ

Агар дар шартнома маҳалли имзои шартнома муайян нагар­дида бошад, шарт­нома дар маҳалли зисти шаҳрванд ё маҳалли буду боши шахси ҳуқуқӣ, ки оферта фи­ристодааст, баста шуда эътироф мегардад.

Дар асоси таҳлилҳои боло шартҳои шартномаро вобаста ба аҳамияти юридикиа­шон ба гурӯҳҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст: а) шартҳои муҳим — шартҳое,ки барои бастани шартнома розигии тарафҳо нисбати ин шартҳо зарур ва кифоя мебошад. Ма­салан, нарх; б) шартҳои муқаррарӣ; в) шартҳои иловагӣ — шартҳое, ки сабаби тағйир додан ва ё илова кардани шартҳои муқаррарӣ мегарданд. Ма­салан, бурда расонидан ба хона.

Мазмуни шартномаро бошад шартҳое ташкил медиҳанд, ки ҳангоми бастани шартнома тарафҳо ихтиёран бо розигиашон муайян кардаанд. ҳамчунин мазмуни шартномаро ҳуқуқу ӯҳдадориҳои тарафҳо низ ташкил дода метавонанд. Мазмуни шартномаҳоеро, ки дар асоси фармоишоти давлат баста мешаванд, бояд ба ин фармои­шот мутобиқат намоянд.

Шакли шартнома. Шартномаро дар ҳама гуна шакле, ки барои анҷом додани аҳд пешбинӣ шудааст, бастан мумкин аст, ба шарте ки қонун барои шартномаи шакли зикршуда шакли муайян муқаррар накарда бошад. Агар тарафҳо шакли муайяни бас­тани шартномаро маслиҳат карда бошанд, ҳарчанд тибқи қонун барои чунин навъи шартнома ин шакл номатлуб бошад ҳам, баъди дар шакли муайян пешниҳод карда шуданаш баста шуда ба ҳисоб меравад. Шартнома дар шакли хаттӣ бо роҳи тартиб до­дани як санади имзокардаи тарафҳо, инчунин бо роҳи мубодилаи аснод аз тариқи почта, теле­граф, телетайп, телефон, алоқаи электронӣ ё дигар навъи алоқае, ки имко­нияти аз ҷониби тарафи шартнома фиристода шуданашро мӯътамад тасдиқ мена­мояд, баста шуданаш мумкин аст.

Ҳамин тавр, шартнома метавонад дар ду шакл баста шавад: дар шакли даҳонӣ ва дар шакли хаттӣ.

Хелҳои шартнома. Шартномаҳоро дар маҷмӯъ ба намудҳои зе­рин ҷудо кардан мумкин аст: а) шартномаи асосӣ (шартномаест, ки сабаби бевосита пайдо гардидани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои тарафҳо ме­гардад) ва пешакӣ (шартномае, ки дар асоси он тарафҳо барои бас­тани шартнома дар оянда розигӣ медиҳанд); б) шартномаи ба фои­даи иштирокчиён ва ба фоидаи шахсони сеюм басташуда (аз рӯи оне ки иҷроиши шартномаро кӣ талаб карда метавонад, аз ҳам фарқ мекунад); в) шартномаи якта­рафа ва дутарафа (дар ҳолати дош­тани танҳо ҳуқуқ аз тарафи як кас шартнома якта­рафа эътироф ме­шавад, дар ҳолати мавҷудияти ҳуқуқу ӯҳдаори дутарафа шартнома дутарафа эътироф карда мешавад); г) шартномаи музднок ва бемузд (шартномаи музднок шартномаест, ки мутобиқи он ҳарду тараф аз ҷиҳати моддӣ манфиат меби­над. Маслан, шартномаи хариду фурӯш. Дар ҳолати манфиати моддӣ дидани як тараф шартнома бемузд эътироф мешавад. Масалан, шартномаи тӯҳфа); д) шартномаи озод ва ҳатмӣ (шартномаи озод шартномест, ки бастани он пурра ба их­тиёри тарафҳо гу­зошта шудааст. Масалан, шартномаи хариду фурӯш. Шартномаи ҳатмӣ шартномаест, ки барои бастани он як ё ҳарду тараф вазифадор мебошанд. Масалан, ордери манзил); е) шартномаи бо розигии тарафҳо басташуда ва шартномаҳои ҳамроҳшавӣ (шарт­номаи ҳамроҳшавӣ шартномаест, ки тарафи дигар ҳуқуқи тағйир додани шартҳои онро надорад. Масалан, шартномаи мусофиркашонӣ).

Тағйир додани шартнома. Агар аз қонун, дигар санади ҳуқуқӣ, шартнома ё анъанаҳои аҳдҳои корӣ тартиби дигаре барнаояд, со­зишномаи тағйир додан ё бекор кардани шартнома, ба ҳамон шакле ки шартнома дорад, сурат мегирад. Тараф талаби тағйир додан ё бе­кор кардани шартномаро танҳо баъди гирифтани раддияи тарафи дигар оиди тағйир додан ё бекор кардани шартнома ё дар мӯҳлати дар пешниҳод ё дар қонун ва ё дар шартнома муайяншуда нагириф­тани ҷавоб ва дар сурати набудани он дар муддати сӣ рӯз ба суд арз карда метавонад.

Ҳангоми тағйир додани шартнома ӯҳдадории тарафҳо дар шакли тағйирёфта нигоҳ дошта мешавад. ҳангоми бекор кардани шартнома ӯҳдадории тарафҳо қатъ мегардад.

Агар аз созишнома ё моҳияти тағйир додани шартнома тартиби дигаре барнаояд, дар ҳолати тағйир додан ё бекор кардани шартнома ӯҳдадорӣ аз рӯзи бастани созишномаи тарафҳо дар мавриди тағйир додан ё бекор кардани шартнома, ва ҳангоми тағйир додан ё бекор кардани шартнома тибқи тартиби судӣ бошад, аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд дар бораи тағйир додан ё бекор кардани шартнома тағйирёфта ё бекоркардашуда ба ҳисоб меравад.

Агар дар қонун ё созишномаи тарафҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, тарафҳо ҳақ надоранд баргардонидани чи­зеро, ки онҳо мутобиқи ӯҳдадорӣ то рӯзи тағйир додан ё бекор кар­дани шартнома анҷом додаанд, талаб намоянд.

Агар аз ҷониби яке аз тарафҳо ба таври назаррас вайрон кар­дани шартнома барои тағйир додан ё бекор кардани шартнома асос шуда бошад, тарафи дигар ҳақ дорад то­вони зиёни аз тағйир додан ё бекор кардани шартнома расидаро талаб намояд.

Ҳамин тавр, дар ҳолате, ки имконияти тағйир додан ва ё бекор намудани шарт­нома дар қонун ё шартнома пешбинома дар қонун ё шартнома пешбии нашуда бо­шаду тарафҳо дар хусус ба розигӣ омада натавонанд, ашртнома танҳо бо талаби яке аз тарафҳо бо роҳи судӣ ва дар ҳолатҳои зерин тағйир ё бекор карда мешавад: а) агар та­рафи ҷавобгар ба таври куллӣ шартномаро вайро кунад; б) агар асосҳое, ки барои бас­тани шартнома сабаб шуда буданд, ба таври куллӣ тағйир ёфта бошанд ва дар дигар мавридҳою сабабҳои объективӣ, ки агар шартнома бекор ва ё тағйир дода нашавад, иҷрояш барои тарафҳо ё яке аз тарафҳо зараровар мегардад.

Шарҳ баста аст.