Мафҳум ва моҳияти сарварии сиёсӣ

Сарварии сиёсӣ дар низоми муносибатҳои сиёсӣ мавқеи марказиро ишғол менамояд. Зеро сарварони сиёсӣ дар ҷомеа нисбат ба субъектҳои дигари сиёсат таъсири бештар доранд. Бояд гуфт, ки бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ фаъолнокии сиёсии одамон якранг буда наметавонад. Ин аст, ки М.Вебер ҳанӯз дар замони худ «сиёсатмадорони тасодуфӣ, муваққатӣ ва касбӣ»-ро аз ҳам ҷудо намуда буд. Ба андешаи ӯ, сиёсатмадорони тасодуфӣ аъзоёни қатории ҷомеа мебошанд, ки онҳо танҳо дар давраи баргузории маъракаҳои интихоботӣ фаъолнокӣ нишон медиҳанду бас. Гурӯҳи дигари одамон аъзои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва сиёсӣ буда, ба ин васила дар ҳаёти сиёсӣ ширкат варзида, то андозае ба раванди қабули қарорҳои сиёсӣ таъсиррасонӣ менамоянд. Ин гурӯҳи одамон сиёсатмадорони муваққатӣ номида шудаанд. Масалан, вакилони парлумон, функсионерҳои ҳизбӣ, фаъолони ҳаракатҳои сиёсӣ ва монанди инҳо дар ҷомеа таъсири доимӣ надошта, танҳо дар шароити мушаххас нақши онҳо намоён мешавад. Аммо сиёсатмадорони касбӣ нафароне мебошанд, ки барои сиёсат офарида шудаанд. Сарварони сиёсӣ намунаи беҳтарини сиёсатмадорони касбӣ мебошанд.

Сарварӣ сирф падидаи сиёсӣ мебошад. Дар зери ин мафҳум механизми мураккаби муносибатҳои мутақобилаи сарвар ва пайравони ӯ инъикос меёбад. Сарварӣ қобилияти таъсиррасоние мебошад, ки дар натиҷаи пешбурди ин навъи фаъолият рафтори дигарон бо майлу хоҳиши сарвар тағйир дода мешавад ва онҳо ба самти муайян сафарбар мегарданд. Сарварӣ мавқеи иҷтимоию сиёсие мебошад, ки он бо қабули қарорҳои сиёсӣ алоқамандии зич дорад.


Калидвожаҳо: Мафхум ва мохияти сарварии сиёси, мафхуми сарвари сиёси.

Шарҳ баста аст.