Мафҳум ва моҳияти элитаи сиёсӣ

Асосгузорони элитологияи сиёсӣ мутафаккирони итолиёвӣ М.Гоэтано, В.Парето ва Р.Михелс мебошанд. Дар таълимоти онҳо масъалаи элитаи сиёсӣ объекти марказии таҳқиқот ба шумор рафта, маҳз ба шарофати онҳо масъалаи мазкур дар илмҳои сиёсӣ мавқеи махсусро ишғол намудааст. Бояд гуфт, ки консепсияҳои илмии мутафаккирони мазкур дар асрҳои XIX ва XX то андозае дар муқобили консепсияҳои истиқлолияти халқӣ ва демократияи парлумонӣ қарор гирифтаанд.

Аввалин нафаре, ки ба таҳқиқи ақаллияти сиёсии ҳукмрон машғул гардидааст, Моска Гоэтано (1858-1941) мебошад. Ӯ барои ифодаи ақаллияти ҳукмрон ибораҳои «синфи ҳукмрон» ва «синфи сиёсӣ»-ро истифода намудааст. М.Гоэтано дар асари худ «Асосҳои илми сиёсӣ» қайд менамояд, ки дар ҳар як ҷомеа ду синфи одамон: синфи идоракунанда ва синфи идорашаванда мавҷуд мебошанд. Ба ақидаи ӯ, «синфи идоракунанда ҳама вақт нисбат ба синфи идорашаванда чандин маротиба камтар аст ва дар ҷомеа ҳокимиятро дар монополияи худ қарор дода, вазифаҳои сиёсиро иҷро менамояд ва аз неъматҳое, ки ба воситаи ҳокимият ба даст овардааст, ҳаловат мебарад»[1]. М.Гоэтано таъкид менамояд, ки чи дар шароити аристократӣ ва чи дар шароити демократӣ ҳокимият доимо дар дасти ақаллият нигоҳ дошта мешавад. Гузашта аз ин, ҳокимият доимо аз дасти ақаллият ба дасти ақаллият мегузарад. Фарқият танҳо дар он аст, ки синфи идоракунандаи аристократӣ аз доираи маҳдуди иҷтимоӣ ташаккул меёбад ва синфи идоракунандаи демократӣ бошад, аз ҳисоби табақаҳои мухталифи ҷамъиятӣ.

М.Гоэтано дар атрофи сохтор ва таркиби синфи сиёсӣ мулоҳизаронӣ намуда, иброз медорад, ки қишри болоӣ ва шумораи ками синфи сиёсиро «роҳбарияти олӣ» ташкил медиҳад ва шумораи бештари онҳо мансабдорони дараҷаи миёна мебошанд. Ба ақидаи Моска, синфи сиёсӣ бояд доимо таҷдид гардад. Ӯ се усули таҷдиди синфи сиёсиро аз ҳам фарқ намудааст: ба мерос гузоштан, интихоб намудан ва бе интихобот таъйин гардидан.

Дар шароити аввал синфи сиёсӣ ба воситаи анъанаҳои авлодию меросӣ таҷдид мегардад ва ташаккули синфи идоракунанда дар доираи ашрофзодагон сурат мегирад, ки дар натиҷаи чунин амал оқибат ҷомеа рӯ ба таназзул мениҳад (элитаи пӯшида ва дастнорас).

Дар шароити демократӣ бошад, синфи сиёсӣ ба воситаи баргузор намудани интихобот ташаккул дода мешавад. Аммо дар чунин шароит низ дар ҷомеа ноустувории сиёсию иҷтимоӣ ва буҳронҳои мухталиф ба вуҷуд меоянд. Интихоботи демократӣ, ба андешаи Моска, на ҳамчун воситаи иштироки шаҳрвандон дар сиёсат, балки воситаи ташаккул ва таҷдиди синфи сиёсӣ мебошад (элитаи кушода ва дастрас).

Дар шароити сеюм бошад, синфи сиёсӣ на характери меросӣ ва на характери интихобӣ дорад, балки он ба воситаи таъйини шахсони арзанда ва қобилиятнок ташаккул дода мешавад (элитаи кушода ва дастнорас).

Рушди минбаъдаи консепсияи элитаи сиёсӣ дар таълимоти ҷомеашиноси италиявӣ Вилфредо Парето ба мушоҳида мерасад. В.Парето мафҳуми «элита»-ро дар илмҳои ҷомеашиносӣ мавриди истифода қарор дода, паҳлуҳои мухталифи онро таҳлилу таҳқиқ намудааст. Ба андешаи ӯ, дар ҳар як соҳаи фаъолияти инсонӣ элитаи он мавҷуд аст. Элитаи ҳар як соҳа аз одамоне иборат аст, ки онҳо ба неъматҳои олӣ ва арзишҳои ҷамъиятӣ, аз қабили дониш, бойигарӣ ва ҳокимият дастрасӣ доранд. Ба андешаи В.Парето, мансубияти инсон ба элита аз рӯйи хислатҳои психологии шахс муайян карда мешавад. Зеро на ҳамаи одамоне, ки хислатҳои элитарӣ доранд, барои ҳукмронӣ намудан майлу рағбат нишон медиҳанд. Аммо одамони қобилиятноку дорои хислатҳои элитарие, ки бо сабабҳои мавқеи иҷтимоии худ ба таркиби роҳбарияти сиёсӣ дохил шуда наметавонанд, ба таркиби аксулэлита ворид мегарданд. Ба андешаи В.Парето, барои нигоҳ доштани тавозуни иҷтимоӣ бояд марҳила ба марҳила ба таркиби элитаи ҳукмрон шахсони дорои сифатҳои элитарӣ ворид карда шаванд. Аммо чунин ҳолат дар аксар маврид ба амал намеояд. Зеро элитаи ҳукмрон доимо ба хотири нигоҳ доштани мавҷудияти худ ҳокимиятро ба мерос мегузорад. Дар чунин шароит нишондодҳои сифатии элитаи ҳукмрон паст гардида, иқтидори он нисбат ба иқтидори аксулэлита хеле поён меравад. Вақте ки миқёси чунин раванд васеъ мегардад, аксулэлита бо дастгирии оммаи мардум ва баъзан бе дастгирии онҳо ҳокимиятро ба даст оварда, ҳукмронии худро амалӣ месозад. Аммо элитаи нав низ баъди гузаштани як давраи муайян ба буҳрон гирифтор гардида, он низ ҳокимияти худро дар шакли номбаршуда аз даст медиҳад. В.Парето раванди мазкурро таҳлил намуда, иброз медорад, ки таърихи инсоният таърихи аз як даст ба дасти дигарон гузаштани ҳокимият мебошад.

Яке аз хизматҳои В.Парето дар самти омӯзиши элитаи сиёсӣ аз он иборат мебошад, ки ӯ дар илмҳои сиёсӣ мафҳуми «гардиши элита»-ро мавриди истифода қарор дода, дар заминаи он қонуниятҳои асосии рушду инкишофи элитаро муайян намудааст. Гардиши элита давраи ҳукмронии он мебошад. Ба ибораи дигар, оғози гардиши элита аз лаҳзаи ба даст овардани ҳокимият то лаҳзаи аз даст додани онро фаро мегирад. В.Парето ба элитаи кушода афзалияти бештар медиҳад. Ба андешаи ӯ, чи қадаре ки элита кушода бошад, ҳамон қадар ба таркиби он шахсони нав ворид мегарданд. Чунин раванд боиси баланд гардидани иқтидори элита ба ҳисоб меравад. Аммо замоне ки элита пӯшида аст, он ба як табақаи ҷамъиятӣ табдил меёбад ва қобилиятҳои идоракунии худро аз даст дода, барои нигоҳ доштани ҳокимият доимо аз неруҳои маҷбуркунӣ истифода менамояд.

Рушди минбаъдаи консепсияҳои элитарӣ аз ҷониби Роберт Михелс (1876-1936) ташаккул дода шудааст. Ӯ андешаҳои худро дар асараш «Сотсиологияи ҳизбҳои сиёсӣ дар шароити демократия» баён намудааст. Ӯ ба хулосае меояд, ки ҳатто дар ҷомеаҳои нисбатан демократӣ низ, тамоюлоти рушди элитаҳои гуногунро мушоҳида намудан мумкин аст. Ба андешаи ӯ, дар шароити мавҷудияти оммаи камфаъол роҳбарони аз ҷониби онҳо интихобгардида ҳокимиятро пурра дар дасти худ нигоҳ дошта, аъзоёни қатории ҷомеаро аз раванди қабули қарорҳои сиёсӣ дур менамоянд. Дар ин раванд роҳбарияти ҳизбӣ ба элитаи ҳизбӣ табдил ёфта, барои нигоҳ доштани мавқеи иҷтимоии худ мубориза мебаранд. Чунин раванд на танҳо хосси ҳизбҳои сиёсӣ, балки ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳатто хосси ибодатхонаҳо низ мебошад. Ҳамин тариқ, ба вуҷуд омадани ташкилоти калони сиёсӣ дар ниҳоят боиси ташаккулёбии элита мегардад. Чунин равандро Р.Михелс қонуни оҳанини олигархия номидааст.

Каме дертар як қатор назарияҳои сиёсие пайдо мегарданд, ки онҳо мазмуну мундариҷаи элитаи сиёсиро каме васеътар шарҳ додаанд. Назарияҳои мазкурро ба таври зерин маънидод намудан мумкин аст:

1.Назарияи технократии элита (Ҷ.Бернхайм, Ҷ.Гилбрайт, Д.Бен). Мувофиқи назарияи мазкур, дар миёнаҳои асри ХХ дар ҳамаи давлатҳои тараққикардаи олам ҳокимият аз дасти соҳибмулкон ба дасти «технократҳо» – ташкилкунандагони истеҳсолот ва менеҷерҳо мегузарад, яъне дар давлатҳои мазкур ҳокимият дар дасти нафароне қарор мегирад, ки онҳо бевосита раванди истеҳсолот ва соҳаи истеҳсолотро зери назорати худ қарор додаанд. Дар чунин шароит ҳуқуқи пешбурди идоракунӣ на аз рӯйи моликият, балки аз рӯйи дониш (махсусан донишҳои техникию технологӣ) ва маълумотнокӣ муайян карда мешавад.

2.Назарияи арзишҳо (Хосе Ортег-и-Гассет, В.Ропке ва диг.). Мувофиқи назарияи мазкур мансубияти шахс ба элита аз рӯйи дастовардҳои шахсӣ ва қобилиятҳои фавқулодаи инсон муайян карда мешавад. Ташаккулёбии элита натиҷаи муборизаҳои сиёсӣ набуда, баръакс натиҷаи интихоби табиии намояндагони арзишманду барҷастаи ҷомеа мебошад. Мавҷудияти элита шарту шароити устуворӣ ва самаранокии ҳар як ҷомеа муаррифӣ гардида, бо меъёрҳои ҷомеаи демократӣ мувофиқ дониста мешавад.

3.Назарияи институтсионалии элита (Ч.Р.Миллс, Р.Ж.Шварсенберг ва диг.). Мувофиқи назарияи мазкур, қобилиятҳои зеҳнӣ ва дониш меъёрҳои асосии элита ба шумор нарафта, баръакс ишғол намудани мансабҳои роҳбарикунанда нишонаҳои муҳимтарини элита дониста мешаванд. Дар чунин шароит элита аз чунин шахсон иборат аст: роҳбарони муассисаҳо, сиёсатмадорон, мансабдорони баландпояи давлатӣ, ки онҳо дорои мавқеъҳои якхелаи иҷтимоӣ, манфиатҳои бо ҳам монанд, арзишҳои маънавии якранг ва алоқаҳои шахсию касбӣ мебошанд. Ҳамаи онҳо дар якҷоягӣ як гурӯҳи ҳаммаслаконе мебошанд, ки барои ҳифзи мавқеъҳои иҷтимоию сиёсии худ мубориза мебаранд. Ташаккулёбии элитаи мазкур дар муҳити хеле маҳдуд амалӣ карда мешавад. Чунин навъи элита ба воситаи сарват, дониш ва усулҳои гуногуни манипулятивӣ оммаи мардумро идора намуда, манфиатҳои гурӯҳии худро амалӣ месозанд.

4.Назарияи плюралистии элита (Р.Дал, Р.Арон ва диг.). Ба андешаи ташаккулдиҳандагони назарияи мазкур, дар ҷомеаи демократӣ на як элита, балки элитаҳои гуногун мавҷуд мебошанд, ки дар байни онҳо рақобати хеле фаъол сурат мегирад. Ҳар як гурӯҳи иҷтимоӣ элитаи шахсии худро ташаккул медиҳад ва ба воситаи он арзишҳо ва манфиатҳои гурӯҳии хешро ҳимоя менамояд. Дар чунин шароит тақсим намудани ҷомеа ба элита ва омма нисбӣ мебошад. Элитаҳои мавҷуда кушода мебошанд: шаҳрвандони фаъол ва масъулиятнок бе ягон монеа ба таркиби элитаҳои мавҷуда ворид гардида, дар раванди қабули қарорҳо ширкат меварзанд. Гузашта аз ин, ҳокимияти давлатӣ дар монополияи як элита қарор надошта, баръакс дар миёни элитаҳои гуногун тақсим мешавад ва дар навбати худ, элитаҳои мазкур барои васеъ намудани имкониятҳои худ дар байни ҳамдигар мубориза мебаранд. Консепсияи мазкур барои асоснок намудани ҷомеаҳои муосири демократии ғарбӣ истифода бурда мешавад.

Дар ҳар яке аз ин назарияҳо формулаи «элита ­– омма» принсипи асосии методологӣ ба шумор рафта, дар самти таҳлили сохтори иҷтимоии ҷомеа истифода бурда шудааст. Ҳамин тариқ, таҳлили консепсия ва назарияҳои мухталиф нишон медиҳанд, ки элита аз доираи маҳдуди одамон иборат буда, он бо алоқаҳои мустаҳками дохилӣ ва мавқеи баланди иҷтимоӣ аз атрофиёни худ фарқ карда меистанд.


Калидвожаҳо: Мафхум ва мохияти элитаи сиёси, мафхуми элитаи сиёси. Маънои элитаи сиёси.


[1] Моска Г. Правящий класс // Социс. – 1994. – №10. – С.187.

Шарҳ баста аст.