Мафҳум ва моҳияти идеология

0
114

Мафҳуми «идеология» тахминан дусад сол пеш пайдо шуда буд. Дар илм бори аввал мафҳуми мазкур аз ҷониби файласуфи франсавӣ Дестюд де Траси мавриди истифода қарор гирифтааст. Ӯ мафҳуми мазкурро соли 1796 дар ҳисоботи худ, ки «Лоиҳаи идеология» номгузорӣ шуда буд, истифода бурдааст. Баъдан ӯ дар китоби сеҷилдаи худ «Унсурҳои идеология» (1801-1815) масъалаи мазкурро ба таври васеъ баррасӣ намудааст. Де Траси дар назди худ мақсад гузошта буд, ки илмеро дар бораи идея ба вуҷуд оварда, сарчашмаи маърифат ва иштибоҳҳои ҳаёти инсониро равшан намояд. Ба ақидаи ӯ, илм дар бораи идея бояд дар қатори физиология ва фалсафаи ахлоқ муҳимтарин ҷузъи илмҳои инсонӣ тасаввур карда шавад.

К. Маркс ва Ф. Энгелс мафҳуми идеологияро барои ифодаи «шуури бардурӯғ» истифода намудаанд. Асосгузорони марксизм қайд намудаанд, ки идеология инъикоси бардурӯғи ҳастӣ ва хаёлҳои хоми синфӣ мебошад. Инчунин, онҳо дар доираи таҳлилҳои сиёсию иҷтимоии худ идеологияро аз нуқтаи назари манфиатҳои синфӣ баррасӣ намуда, яке аз унсурҳои надстройка мешумориданд ва мавҷудияти онро аз базиси иқтисодӣ ва системаи муносибатҳои синфӣ вобаста медонистанд. Ба ақидаи онҳо, синфи ҳукмрон ба воситаи иедология ҳукмронии худро ба роҳ монда, ҷомеаро бо низоми идеяҳои муайян алоқаманд мегардонад. Ҳамин тариқ, Маркс ва Энгелс таълимоти худро идеология намешумориданд.

Загрузка...

Аммо В.И.Ленин муносибати худро бо марксизм тағйир дода, онро идеологияи пролетариат меномид. Инчунин, Ленин марксизмро идеологияи илмӣ меномид. Дар баробари ин миёни илмҳои иҷтимоӣ, марксизм ва идеологияи пролетариат нишонаҳои баробарӣ низ гузошта шуд. Чунин шарҳу баёни марксизм онро ба догматизатсия бурда расонид.

Аммо идеология «шуури бардурӯғ» ва «чашмбандӣ»-и табақаҳои иҷтимоӣ набуда, балки дар он донишҳои бунёдӣ дар бораи ҷомеа, ки ифодакунандаи манфиатҳои иҷтимоӣ мебошанд, дида мешавад. Ҷомеаҳои замони муосир ба табақаҳои гуногун ва гурӯҳҳои мухталиф ҷудо гардида, манзараи хеле мураккабро пеши назар меоварад. Дар чунин шароит, одамон ба табақаҳои иҷтимоии гуногун ҷудо гардида, ҳамзамон манфиатҳои дараҷаҳои гуногунро соҳиб мегарданд ва аз ин рӯ, барои онҳо нисбат ба ҳаёт, арзишҳо, идеалҳои иҷтимоӣ ва роҳҳои расидан ба ин ҳадафҳо тасаввуроти нав лозим меояд.

Ҷомеашиноси немис К.Маннгейм дар асари худ «Идеология ва утопия» моҳияти идеологияро ҳамчун воситаи бонизоми тафаккури иҷтимоию гурӯҳие нишон медиҳад, ки дар он консепсияҳои мухталифи муҳити атроф ташаккул меёбад. Аз ин рӯ, идеология вазъиятҳои муҳимми ҷамъиятиро дар бар гирифта, дар ҳаёти воқеӣ таҷассум меёбад ва ба таври бошуурона интихоб карда мешавад. Дар раванди коркарди қарор ва дар амал татбиқ гардидани он, ҳамзамон идеалҳои иҷтимоӣ ҳамчун стратегияи ҳадафноки ин ва ё он табақаи иҷтимоӣ низ ташаккул меёбанд.

Идеология низоми идеяҳои муҳимми иҷтимоӣ ва ба таври назариявӣ ташаккулёфтае мебошад, ки дар он манфиатҳои табақаи муайяни ҷомеа таҷассум меёбанд ва барои мустаҳкам намудан ва ё тағйир додани муносибатҳои ҷамъиятӣ хизмат менамоянд. Инчунин, идеология воситаи бонизоми муттаҳидкунандаи тафаккури гурӯҳҳои иҷтимоӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки идеология на танҳо донишҳои назариявие мебошад, ки аз ҷониби табақаҳои иҷтимоӣ барои дарки ҳастӣ ва рушду инкишофи худ истифода мегардад, балки низоми арзишҳоест, ки самти амалҳои иҷтимоиро муайян месозад. Чунин арзишҳо одамонро ба самти муайян сафарбар намуда, фаъолнокии ҷамъиятии онҳоро муайян намуда, роҳбарӣ менамоянд.

Моҳияти аслии идеологияи сиёсиро ҳокимияти сиёсӣ ташкил медиҳад. Шарҳу баёни ҳокимияти сиёсӣ, муносибати он бо институтҳои мухталифи сиёсӣ, тасаввурот дар бораи сохтори беҳтарини давлатӣ, роҳу усулҳои дигаргунсозии соҳаи иҷтимоиёт ва монанди инҳо, мазмун ва мундариҷаи идеологияи сиёсиро ташкил медиҳанд. Муносибати давлат бо ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои оммавӣ дар идеологияи сиёсӣ хеле равшан таҷассум гардида, самтҳои асосии соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ ба воситаи он муқаррар карда шуда, меъёрҳои асосии ҳалли масъалаҳои миллӣ низ муайян мегарданд. Гузашта аз ин, идеологияи сиёсӣ идеалҳои ҷамъиятиро ташаккул дода, муҳиммияти онҳоро барои ҷомеа асоснок менамояд.

Идеология дар се дараҷаи асосӣ амалӣ мегардад: назариявию консептуалӣ, барномавию сиёсӣ ва амалӣ. Дар дараҷаи назариявию консептуалӣ паҳлуҳои асосии назарияи сиёсӣ ташаккул ёфта, арзиш ва идеалҳои мушаххас асоснок карда мешаванд. Дар дараҷаи мазкур аҳли зиё ба фаъолият машғул гардида, консепсияҳои мухталифи идеологӣ меофаранд. Дар дараҷаи барномавию сиёсӣ бошад, идеал ва арзишҳои идеологӣ дар таълимоти сиёсӣ, ҳуҷҷатҳои барномавии ҳизб ва арзномаҳои мухталифи неруҳои сиёсӣ мушаххас гардонида мешаванд. Моҳияти идеологияи сиёсӣ тариқи барнома ва арзномаҳои сиёсӣ хеле равшан гардида, ба вазъияти мушаххас равона карда мешавад. Ҳама гуна барнома ва дастурамалҳои сиёсию идеологӣ аз ҷониби ҳизбҳо ва дастгоҳи давлатӣ ба вуҷуд оварда мешаванд. Дар дараҷаи амалӣ идеология ба боварҳои одамон табдил ёфта, ба шаклҳои мухталифи иштироки сиёсӣ ва навъҳои гуногуни рафтори сиёсӣ таъсиргузорӣ менамояд.

Як қатор муҳаққиқон идеологияи сиёсиро на танҳо аз афкори иҷтимоӣ ва назариявӣ вобаста медонанд, балки онро як навъ эътиқод низ муаррифӣ менамоянд. Муаррих ва ҷомеашиноси англис А.Тойнби қайд менамояд, ки либерализм, сотсиализм ва миллатгароӣ ба монанди динҳои ҷаҳонӣ навъи махсуси эътиқод мебошад. Зеро идеология маҷмӯи боварҳое мебошад, ки дар худ қувваи эътиқодро нигоҳ медорад. Ин аст, ки аз меъёрҳои куҳнаи идеологӣ даст кашидан хеле душвор аст.

Идеология дар марҳилаи дигаргуниҳои инқилобӣ нақши барҷаста дорад. Зеро дар ин марҳила ба ҳаракатҳои сиёсии оммавӣ доираи васеи табақаҳои ҷамъиятӣ ҳамроҳ мегарданд. Масалан, инқилоби буржуазии англисҳо (1642-1649) ва франсавиҳо (1789-1794) мавқеи идеологияро боз ҳам боло бардошта, онро ҳамсафари сиёсат гардонидаанд. Гузашта аз ин, таърихи сиёсии замони муосир нишон медиҳад, ки идеология одамонро ба самти муайян сафарбар намуда, фаъолияти онҳоро ҷоннок мегардонад. Маҳз идеология имкон медиҳад, ки табақаҳои иҷтимоӣ ва гурӯҳҳои этникӣ худро субъектҳои мустақили раванди таърих муаррифӣ намоянд. Бинобар ин, ҳар як неруи сиёсӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки консепсияи мушаххаси идеологиеро ба вуҷуд оварад ва ба воситаи он модели махсуси рафтори иҷтимоиро ташаккул диҳад.


Калидвожаҳо: реферат бо забони точики, реферати точики, кори курси, маводхои омузишии точики, сомонаи донишчу тч, донишҷӯ тҷ, donishju tj, сайтхои точики, сайти омузиши, сомонаи омузиши, идеология, идеологияи сиёси, идеологияи сиёсӣ, сиёсатшиносӣ, сиёсатшиноси, мафхум ва мохияти идеология