Мафҳум ва моҳияти ҷавобгарии экологӣ

Ҷавобгарии экологӣ дар натиҷаи вайронкунии экологӣ бавуҷуд меояд. Вайронкунии экологӣ гуфта он вайронкуниеро мефаҳманд, ки бо содиршавии он дар доираи муқарраршудаи ҳуқуқ табиат зарар мебинад. Вайронкориҳои экологӣ он зиддияти объективие мебошанд, ки дар сохти экологии ҷамъияту табиат вуҷуд дорад.

Моҳияти ҷавобгарии экологӣ дар функсияҳои он зоҳир мегардад. Фуксияҳои ҷавобгарии экологӣ инҳоянд: ҳавасмандкунӣ, барқароркунӣ ва превентӣ[1]. Функсияи ҳавасмандкунӣ бо фишангҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ амали гардида, мафиатҳои экологӣ ба воситаи онҳо ҳифз карда мешаванд. Функсияи барқарорсозӣ бо тариқи хароҷотҳои моддӣ ва ё маблағҳои пулӣ зарари расонидашудаи объектҳои табииро мепӯшонад. Функсияи превентӣ таъсири худро бо огоҳкунӣ, додани чораҳои ҷазодиҳӣ ва рӯёнидани зарари расонидашуда мегузаронад.

Ҷавобгарии экологӣ вобаста ба хусусияти муносибатҳои экологӣ ва тарзи банизомдарории онҳо дар ду шакл ифода меёбад: шакли иқтисодӣ ва шакли ҳуқуқӣ[2].

Таснифи ҳуқуқвайронкуниҳои экологӣ аз рӯи нишонаҳои он гузаронида мешавад. Ҳуқуқвайронкуниҳои экологиро вобаста ба предмети ҳуқуқвайронкунӣ, объект, ҷазо, тарзи расонидани зарар, дараҷаи хатарнокӣ тасниф менамоянд [3].

Сабабҳои содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳои экологӣ дар номукаммалии қонунгузории экологӣ, вуҷуд надоштани асосҳои иқтисодии иҷрошавии меъёрҳои ҳуқуқи экологӣ, норасоии фаъолияти ташкилӣ-иҷроиявӣ ва ҳукумронии психологияи тамаъгорӣ дида мешавад[4].

Аз ҷониби Ҷабборов Р.Ҷ.[5] ҷиноятҳои экологӣ, ҷавобгарии маъмурӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳои экологӣ, шаклҳои ҳуқуқии рӯёнидани зарари муҳити табии атроф, даъвои негаторӣ ҳамчун воситаи бартараф намудани зарари муҳити табии атроф, баргардонидани зиёни саломатии инсон бо сабаби носолимии муҳити табии атроф ва функсияҳои экологии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди омӯзишу тадқиқ қарор гирифтаанд, ки қобили қабуланд.

Ҳамин тариқ, ҷавобгарии экологӣ гуфта таҳти маҷбурияти давлатӣ иҷро намудани ҷазои ҷиноятӣ, маъмурӣ, моддӣ ва ғайраро меноманд, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ ва суд амали карда мешавад.


[1] Ниг.: Ҷабборов Р.Ҷ. Китоби дарсии зикршуда. – С. 136-138.

[2] Ниг.: Ҳамон ҷо. – С. 136-140.

[3] Ниг.: Ҷабборов Р.Ҷ. Китоби дарсии зикршуда. – С. 146-148.

[4] Ниг.: Ҳамон ҷо. – С. 150-153.

[5] Ниг.: Ҳамон ҷо. – С. 154-198.

Шарҳ баста аст.