Мафҳум, предмет ва сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнатӣ

Ҳуқуқи меҳнатӣ яке аз соҳаҳои мустақили ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки муносибатҳои меҳнатии ҷомеаро, ки корманд ба онҳо дар иртибот бо татбиқи қобилияти меҳнатӣ ва корфармо бошад, дар иртибот бо истифода аз қобилияти меҳнатии корманд ба вуҷуд меоянд ба танзим медарорад. Ҳуқуқи меҳнатӣ ба мисли дигар соҳаҳои ҳуқуқ дорои предмети ба худ хос, тарзу усули танзимсозӣ, принсипҳо ва сарчашмаҳо мебошад, ки аҳамияти муҳими назариявӣ ва амалӣ доранд.[1]

Предмети ҳуқуқи меҳнатиро як гурӯҳи муайяни муносибатҳои ҷамъиятӣ ташкил дода инчунин муносибатҳое мансубанд, ки маҳсул ва алоқамандии муносибатҳои меҳнатӣ мебошанд, ва бидуни муносибатҳои меҳнатӣ онҳо ҷой дошта наметавонанд аз ҷумла:

— оид ба ташкил ва идоракунии меҳнат;

— оид бо кор таъминкунӣ;

— оид ба омодасозӣ, бозомодасозии касбӣ ва такомули тахассуси коргарон мустақиман аз ҷониби корфармо;

— оид ба шарикии иҷтимоӣ, баргузорӣ ва пешбурди музокироти коллективӣ, бастани шартномаҳои коллективӣ ва созишномаҳо;

— оид ба иштироки коргарон ва мақомоти намояндагии онҳо дар муқаррар намудани шароитҳои меҳнат ва татбиқи қонунгузории меҳнатӣ;

— оид ба назорати риояи қонунгузории меҳнатӣ ва ҳифзи меҳнат;

— оид ба баррасии баҳсҳои меҳнатӣ ва ғайраҳо.

Муносибатҳои меҳнатӣ гуфта, он муносибатҳоеро меноманд, ки байни корманд ва корфармо асос ёфта мувофиқи он корманд вазифадор аст бо риояи қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ функсияи муайяни меҳнатиро шахсан иҷро намояд, корфармо бошад, вазифадор аст, ки шароитҳои меҳнатӣ дар қонунгузорӣ, шартномаҳои коллективӣ, созишномаҳо ва шартномаи меҳнатии пешбинишударо барои корманд таъмин намояд. Инчунин муносибатҳои меҳнатӣ гуфта он муносибатҳоеро меноманд, ки бо меъёрҳои ҳуқуқи меҳнатӣ танзим мешаванд. Тарзу усули танзимсозии ҳуқуқи меҳнатӣ дар доираи муносибатҳои ҷамъиятӣ роҳ, тарз ва воситаҳои танзими ҳуқуки меҳнатиро мефаҳмонад. Меҳнат ҳамчун воситаи иҷрои ӯҳдадориҳои мутақобил баромад мекунад. Усули ҳуқуқи меҳнатӣ гуфта, маҷмӯи тарзу воситаҳои ҳуқуқиеро меноманд, ки тавассути онҳо танзими муносибатҳои меҳнатӣ сурат мегирад. Дар муносибатҳои ҳуқуқи меҳнатӣ корманд итоатгар, корфармо бошад ваколати амр, фармон доданро дорад.

Сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнатӣ гуфта, он санадҳои ҳуқуқие ба шумор мераванд, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар рафти муносибатҳои меҳнатӣ ба низом медароранд. Базаи асосии сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнатиро Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад, ки пойдевори ҳамаи соҳаҳои ҳуқуқ ба шумор меравад. Ба сифати сарчашмаи асосии дигар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад менамояд, ки асосҳои сиёсати давлатиро дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ муайян намуда, кафолати давлатии ҳуқуқи меҳнатии шаҳрвандонро муқаррар мекунад ва ба таъмини риояи манфиатҳои қонунии кормандон, корфармоён ва давлат равона шудааст. Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 қабул шуда, аз 11 июни соли 1997 ба қувваи қонунӣ даромадааст. Дар баробари Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба монанди қонуни ҶТ «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» аз 1-уми августи соли 2003, «Дар бораи муҳофизати меҳнат» аз 19 майи соли 2009, «Дар бораи шарики иҷтимоӣ ва созишномаю шартномаҳои коллективӣ» аз 28 июли соли 2007 ба сифати сарчашмаи ҳуқуқи меҳнатӣ баромад намуда, муносибатҳои ҷамъиятии ба худ хосро ба танзим медароранд. Инчунин, санадҳои меъёрии зериқонунӣ, ки дар шакли Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумат, фармонҳои вазоратҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ қабул карда мешаванд, сарчашмаи ҳуқуқи меҳнатӣ ба шумор мераванд.


[1] Ф.М. Нодиров,Т.Ш.Шарипов. Асосҳои давлат ва ҳуқуқ. (васоити таълимӣ) Душанбе- 2007.-С.40.


Калидвожаҳо: хукуки мехнати, ҳуқуқи меҳнатӣ, хукук, ҳуқуқ, мехнат, меҳнат, donishju tj, донишчу тч, студент тч, донишҷӯ тҷ, реферат, донишҷӯ, кори курси, кори курсӣ, реферати точики, реферат бо забони точики, реферат бо забони тоҷикӣ

Шарҳ баста аст.