Мафҳумҳои асосӣ ва назари методологӣ. Сотсиум. Дараҷаҳои гуногуни умумикунонӣ дар фаҳмиши мафҳуми ҷамъият

0
15

Дар оғози баҳс оид ба ҷамъият бояд пеш аз ҳама ба баррасии истилоҳи «ҷомеа» ва баёни махсуси ин истилоҳ таваҷҷӯҳ намуд, зеро истилоҳи ҷомеа дар адабиёти иҷтимоии замони муосир ба сурати густурда ва аксар маврид дар маъноҳои гуногун ба кор гирифта шудааст. Ба таҳлили маънои вожаи «ҷомеа» рӯ оварда мо бо он бармехӯрем, ки он на як, балки маънии зиёдеро дорост. Ба ибораи дигар на як маънои устувори истилоҳи ҷомеа, балки шарҳҳои мухталифе аз он мавҷуданд, ки ин таҳлили онро каме мураккабтар мегардонад. Агар сари истифодаи маъниҳои муқарарию рӯзмарраи ин калима таваққуф кунем пас мебинем, ки онро ҳам барои тасвири мӯҳити шахс (касе мегӯянд ба мӯҳити ҷомеаи бадахлоқ афтодааст; мӯҳити ҷомеаи ашрофон) ва ҳам барои ифодаи умумиятҳои гуногун ба мисли «Ҷамъияти пайванд», «Ҷамъияти ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ», ҷамъиятҳои дӯстдорони ҳайвонот, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, ҷамъиятҳои фарҳангии хурдақавмҳо ва ғайра истифода бурдаанд. Аз назари этимологӣ калимаи «ҷомеа» дар аввал дар заминаи китобҳои динӣ ва илмӣ корбурди васеъ надоштааст ва он ба доираи истифодаи илмӣ тадриҷан ворид шудааст. Аввалан ин сарчашмаҳо мафҳуми ҷомеаро бо вожаҳои дигаре бозгӯи кардаанд, ки онҳо аз рӯи маънои куллияшон камтар бо мӯҳтавои мафҳуми ҷомеа наздикӣ доранд. Баъзе аз калимаҳои барои ифодаи воқеияти бо ин мафҳум ифодашаванда дар осори илмии гузаштагони мо инҳоянд –ҷамъ, қавм, қабила, уммат ва ғайра. Аз ин миён калимаҳои «ҷамъ» ва «уммат» аз ҷиҳати маънои луғавӣ аз ҳар калимаи дигар бо мӯҳтавои мафҳуми «ҷомеа» наздиктаранд ва мутафаккирон онҳоро дар мақоми баёни ҷамоат ва ҷомеа дар бисёр маврид истифода бурдаанд. Аз ҳама бештар бозгукунандаи  маънои калимаи ҷамъият дар маънои имрӯзаи сиёсию иҷтимоияш калимаи «уммат» аст. Он дар бештари маврид ба ҳамин маънои ҷамоат, яъне маҷмуе аз мардум, ки робитаю муносиботи махсуси иҷтимоӣ онҳоро бо якдигар пайванд медиҳад, омадааст. Ин ҷо танҳо ба равобити устувори рӯи аломатҳои табиӣ чун хун, таърих, забон ишора намешавад ва он бештар ҷанбаи иродавӣ, ақидатӣ ва ҳамзистӣ дорад.

Бо назардошти баёни фавқуззикр маълум мешавад, ки дар адабиёти ҷомеашиносӣ, фалсафӣ ва таърихӣ истилоҳи «ҷомеа» дар маъноҳои мухталиф мавриди истифода қарор мегирад ва ҳарчанд онҳо бо ҳамдигар нисбатан алоқаманданд, вале ин иртибот дар сатҳҳои гуногун сурат мегирад. Маънои бунёдӣ ва биноан хеле муҳими истилоҳи ҷомеа ин воҳиди мустақили таърихии дар ҳоли рушду такомул будани он аст, ки дорои сарҳадот, аҳолӣ ва ҳокимияти мушаххаси идоракунӣ мебошад. Дар ин маънояш ҷомеаро ба унвони давлатҳои имрӯзаи дар асосҳои миллӣ бунёдшуда мешиносанд- ҷомеаи амрикоӣ, ҷомеаи фаронсавӣ, ҷомеа тоҷик ва ғайра. Ин маънои истилоҳи ҷомеаро аслан аз маънои дигари он, ки таҷассуми ифодаи кулли умумиятҳои башарӣ новобаста аз хусусиятҳои мансубияти ҳудудию қавмӣ ва замонияшон мебошад, одатан фарқ намекунанд. Барои тавассути маънои ахирӣ ифода кардани ҷомеа аслан истилоҳҳои «ҷомеаи башарӣ», «ҷомеаи ҷаҳонӣ», «ҷомеаи исломӣ» ва ғайраро истифода мебаранд. Аммо барои ҳар як ҷомеашинос фарқ карда тавонистани ин ду маънои куллии истилоҳи «ҷомеа» хеле зарур аст.

Загрузка...

Ҷудо кардани ҷомеаи мушаххаси  ҷудогона ба гузориши чунин суоле имкон медиҳад, ки оё ҷомеа мавҷудияти мустақилона дорад, ё ки ҳастии он ҳосилаест аз мавҷудияти фардҳои ташкилдиҳандаи он. Дар афкори  фалсафию таърихӣ аз ибтидои ташаккули муносибати назариявӣ ба пажӯҳиши ҷомеа ду посухи асосӣ ба ин суол вуҷуд дошт. Тибқи ҷавоби аввалӣ ҷомеа маҷмӯи оддии фардҳост. Аз  ин рӯ, ягона объектҳои воқеии пажӯҳиши иҷтимоӣ одамон ҳастанд. Ин ақидаро аксаран номинализми иҷтимоӣ (сотсиологӣ)  меноманд. Чунин нуқтаи  назар, возеҳан дар асари муаррих ва  ҷомеашиноси маъруфи рус  Н. И. Кареев (1850- 1931) «Муқаддимаи  омӯзиши иҷтимоъшиносӣ»(1897) ба чашм мехурад. ӯ менависад: «Шахсият ягона мавҷуди воқеиест, ки иҷтимоъшиносӣ бо ӯ сарукор дорад. Халқ ё синфҳои ҷудогона моҳиятан як ё ҳамон халқҳоянд, моҳияти воҳидҳои ҷомеанд, ки аз шахсиятҳои алоҳида иборат мебошанд».

Ҷомеашиноси маъруфи олмонӣ Макс Вебер (1864-1920) низ наздик ба ин андешае дошт, ки нисбатан возеҳ  дар асари «Мафҳумҳои асосии ҷомеашиносӣ» баён шуда аст: «Барои аҳдофи маърифати дигар  (масалан, аҳдофи ҳукуқӣ) ё барои аҳдофи амалӣ баррасӣ кардани ташкилаҳои иҷтимоӣ (давлат, ширкатҳои саҳҳомӣ ассотсиатсияҳо, муассисаҳо») ҳамчун баррасӣ кардани афкори ҷудогона  (масалан, ҳамчун соҳибони ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо ё ҳамчун суъбектҳое, ки дар муносибати ҳуқуқӣ амалиёти релевантӣ содир мекунанд) шояд, бар хилофи ин, мақсаднок ва ҳатто ногузир бошад. Барои касе, ки  иҷтимоишиносиро (тафсири рафтори одамонро) мефаҳмад, ин ташкилаҳо танҳо равандҳо ва робитаҳои рафтори махсуси ашхоси ҷудогона мебошанд, зеро фақат  онҳо соҳибони ба мо фаҳмои амалиёти бошууронаанд».

Нуқтаи назари фавқуззикр алъон низ ҷонибдорони зиёд дорад. Бо овардани танҳо андешаи  Д. Антисери ва Л. Инфантино иктифо мекунем, ки бо он муқадимаи маҷмуи осори иқтисоддони маъруфи австрягӣ – амрикоӣ Ф. А. Фон Хайек(1899-1922) «Маърифат, рақобат ва озодӣ. Баёзи таълифот» оғоз меёбад. Онҳо менависанд: «На синфҳо вуҷуд доранду на ҷомеаҳо, фақат афрод мавҷуданд. Илмҳои иҷтимоӣ  (иҷтимоишиносӣ, иқтисод, таърихнигорӣ, инсоншиносӣ (антропология) ва ғайра.) бо мафҳумҳои дастҷамъие (коллективие), амсоли давлат, миллат, ҳизб  инқилоб, сармоядорӣ, ҷомеа  ва ғайра сарукор доранд. Ду равияи бузурги фикрӣ анъанаи коллективи тафсири чунин мафҳумҳо ва анъанаи инфиродиро инъикос менамоянд. Дастҷамъигароён (коллективистҳо) – Сен-Симон, Конт, Гегел, Марк, марксгароёни нав, сохторгароён (структуралистон) муътақид бар онанд, ки ба мафҳумҳои дастҷамъона (коллективӣ) як навъ воқеияти муайяну аз  одамон мухтор мувофиқ меояд: ҷомеа, ҳизб, синфҳо ба сифати ташкилаҳои воқеӣ афродро месозанд, олим бошад, ӯҳдадор аст қонунҳои рушди ин ҷавҳарҳоро (субстансияҳоро) биҷӯяд ва тасвир намояд. Ҷонибдорони фардгаройии (индивидуализми) методологӣ(А. Смит, Д.Юм,  К. Поппер, Хайек – ба мо наздиктар Р. Будон) тасдиқ  мекунанд, ки ба  мафҳумҳои дастаҷамъӣ ягон воқеияти махсус мувофиқат намекунад. Синфҳо, ҷомеаҳо, аҳзоб, ҳатто нерӯҳои мусаллаҳ вуҷуд надоранд.  Танҳо фардҳо вуҷуд доранд. Фақат афрод андеша мекунанд ва амал менамоянд. Ҳамин аст мағзи фардгаройии методологӣ».

На муаллифони фавқуззикр, на дигар  ҷонибдорони ақидаи боло  онро то ба охир мутассил натавонистанд пайравӣ кунанд. Дар дигар  ҷойи ҳамон асари номбаршуда Н. И Кареев тасдиқ  мекунад: «Ҷомеа маҷмӯи оддии шахсиятҳое нест, ки дар таъсиррасонии  мутақобилан равонию амалӣ қарор доранд, балки низоми томи ин таъсироти байниҳамдигарист, ки дар он охириҳо шаклҳои маълуми  доимӣ, созмонҳои маъруфро ба даст меоранд». Бо ин Н.И.Кареев ба мавқеи дидгоҳи  тамоман дигар мегузарад.

Моҳияти посухи дуюм ба суоли фавқуззикр маҳз ин аст, ки ҷомеа ҳарчанд аз афрод иборат аст, аммо дар ягон ҳолат маҷмӯи оддии аз онҳо таркибёфта нест. Ҷомеа ташкилаи томест дорои ҳаёти худ, ки танҳо ба мавҷудияти ашхоси онро ташкилдиҳанда иртибот надорад; ҷомеа субъекти хосаест, ки бо қонунҳои махсуси худ рушд мекунад. Чунин нуқтаи назарро аксаран реализми (воқеъгароии) иҷтимоишиносӣ меноманд. Ва чунин ақида дар асари файласуфи бузурги Юнони қадим Арасту (384-322 то мелод) «Сиёсат» низ возеҳ ба чашм мерасад. ӯ менависад: «Ин кор, яқин аст, ки давлат  табиатан мавҷуд  аст ва аз ҳар инсоне муқаддам аст; азбаски, инсон дар ҳолати ҷудо қарор дошта,  мавҷуди зотан муҳим намебошад, он гоҳ муносибати ӯ ба давлат чунонест, ки муносибати ҷузъи дилхоҳ ба томи худ аст».

Дар назди пажуҳишгороне, ки ҷомеаро чун томи воҳид  баррасӣ мекунанд (томи воҳиди чун фардҳои онро таркибдиҳанда маънинадошта), ногузир масъала доир ба асоси томияти он  ба миён меояд. Мисоли возеҳи мавқеи ҷонибдори воқеъгаройии иҷтимоиро (реализми сотсиологӣ) дар таълимоти ҷомеашиноси маъруфи фаронсавӣ Э. Дюркгейм (1858-1917) метавон дарёфт.

ӯ боисрор таъкид менамуд, ки ҷомеа воқеияти берунифардиву фавқутфардиест мустақил  аз афрод. Он воқеияти навъи хосест, ки ба  намудҳои дигари он алоқаманд набуда, шомили тартиботи фарогири (унверсалии) табиист. Воқеияти иҷтимоӣ мисоли дигар намудҳои  воқеият  устувору пойдор аст ва ба монанди онҳо аз руйи қонунҳои муайяни ба иродаи афроди алоҳида вобаста набуда рушд мекунад.

Ба масъалаи пайдошавии табиати воқеъияти иҷтимоӣ  Э.Дюркгейм ҷавоби ошкоро надода  буд. Аммо барои он ки ӯ аз оғози фаъолияти илмиаш ба характери рӯҳонии ҳамаи падидаҳои иҷтимоӣ (ва ҳам иқтисодӣ) исрор мекард, чунин падидор мешуд, ки ин воқеият моҳиятан рӯҳонист. Аммо Э. Дюркгейм шарҳ дода натавонист, ки чи тавр воқеияти  рӯҳонӣ аз одамон мустақил буда метавонад ва охируламр, аз танқиди сахти равонгароӣ (психологизм), аз таъкиди сиришти берунию маҷбуркунии далоили иҷтимоӣ оғоз карда, баъдан дар сатҳи бештару бештар  ба ташреҳи равонии онҳо гаравидан гирифт.

Дигар мутафаккирон  низ сарчашмаҳои томияти иҷтимоиро дар соҳаи маънавӣ меҷустанд. Ба ин даст зада, онҳо надида наметавонистанд, ки  агар ба ҳаёти маънавии (рӯҳонии) ҷомеа чун ҳаёти рӯҳонию равонии одамони онро созмондиҳанда назар андозем, ин ногузир ба мавқеи номинализми иҷтимоӣ мебарад. Кӯшишҳои бартарафкунии зеҳнигаройӣ (субективизм) дар фаҳмиши ҳаёти ботинӣ ҳамчун асоси ҷомеа бархе аз онҳоро ба ғоягаройии  (идеализми) объективӣ ва ҳатто метафизика бурда расонид.

Барои олимони ба мушаххасоти ҳаёти ҷомеа таваҷҷӯҳдошта ин қобили қабул набуд. Кӯшиши дарёфти асоси мавҷудияти объективии ҷомеа аз қадимулайём  мутафакирони пайрави воқеъгаройии (реализми) иҷтимоиро ба ҷустуҷӯи шабоҳатҳо байни ҷомеа ва сазовораҳои (организми) зинда, баъзан ба кӯшиши монанд кардани ҷомеа ба сазовораи биологӣ раҳнамун месохт. Чунин кӯшишҳо ҳанӯз  дар давраи антиқа оғоз шуда , то замонҳои баъдӣ  идома ёфтанд.

Аммо истилоҳи «созвора» (организм) дар  нисбати ҷомеа ба таври устувортар танҳо аз солҳои 40 – уми қарни XIX мавриди истифода қарор гирифт. Нахустин касе, ки ба ин даст зад, асосгузори  фалсафаи мусбатгаройӣ, позитивизм Огюст Конт (1798-1857) буд, ки бо вуҷуди истифода бурдани ин истилоҳ дар нисбати ҷомеа, аммо ҳаргиз ҷомеаро бо созвораи биологӣ айният намедод. Барои ӯ он чиро  таъкид кардан муҳимтар буд, ки ҷомеа ташкилаи том, субекти хоссаи таҳаввулот (эволютсия) мебошад ва барои ишора кардани тафовути ҷомеа аз дигар созвораҳои зинда ӯ ҷомеаро танҳо созвора не, балки созвораи иҷтимоӣ номгузорӣ кард. Истилоҳи «созвораи иҷтимоӣ» ба дигар файласуфи позитивист ва ҷомеашинос Герберт Спенсер (1820-1903) низ мақбул афтод. Барои Г. Спенсер чизи асосӣ шабоҳат додани ҷомеа ба ҷисми зинда  буд – бо мақсади асоснок кардани  он андеша, ки ҷомеа танҳо маҷмӯи оддии  одамон нест, балки  як навъ томест, ки танҳо аз ҷамъи афроди таркибдиҳандааш иборат нест. «Дар созвораи иҷтимоӣ – менависад ӯ  — ҳаммонанд дар  созвораи фардӣ ҳаёт том аст, ки тамоман аз ҳаётҳои воҳидҳои ҷудогона мутафовит аст, ҳарчанд  ки ин ҳаёт аз охирҳо идома меёбад» .

Дар солҳои 70- уми саддаи XIX дар ҷомеашиносӣ  мактаби хосае арзи ҳастӣ кард, ки мекӯшид на танҳо ҷомеаро ба созвораи биологӣ  шабоҳат диҳад. Ин мактаб «мактаби  органикӣ» ё  «мактаби самти органикӣ» ном гирифт. Истилоҳи охирӣ аксаран  барои ифодаи кулли равияе истифода мегардад, ки пайравонаш ҷомеаро чун ташкилаи ягонаи том баррасӣ мекунанд. Ва агар «мактаби органикӣ» ба зудӣ маъруфиятро аз даст  дод,  азбаски рӯшан гашт, ки равобити ҷамъиятӣ аз робитаҳои биологӣ сифатан мутафовитанд, он гоҳ дар илми ҷомеъашиносӣ равияи органикӣ  ба маънои пурраи вожа охиран ғолиб омад. Имрӯз низ бештари ҷомеашиносон  ба ҷомеа чун  ба томи вожаи органикие назар доранд, ки аз ҷамъи афроди онро таркибдиҳанда иборат нест.

Ҳамин тавр дар мавриди таҳлили мундариҷаи мафҳуми «ҷамъият» ва шаклҳои истифода аз он мо метавонем дарки онро дар таълимотҳои фалсафию ҷомеашиносӣ таҳти маъноҳои зерин пайдо кунем:

— таҳти мафҳуми ҷамъият аслан субъектҳои мушаххаси равандҳои таърихиро дар назар доранд. Ин субъектҳо дар шакли созвораҳои худкифояи иҷтимоӣ зоҳир мешаванд ва онҳоро вобаста ба этноними қавму миллатҳои алоҳида ном мебаранд. Масалан, ҷомеаи тоҷикон, ҷомеаи чиноиҳо, ҷомеаи олмониҳо ва ғайра.

— таҳти мафҳуми ҷамъият навъи муайяни таърихан ташаккулёфтаи ҳаёти иҷтимоии одамонро дар назар доранд ва онро аслан ҳамчун «ҷомеаи феодалӣ», «ҷомеаи сармоядорӣ», «ҷомеаи пасосаноатӣ» в.ғ. ном мебаранд.

— дар шакли умимияткунонии васеътар ҷомеаро ҳамчун умумияти  идеалие дар назар доранд, ки он дарбаргирандаи аломату хусусиятҳои ҳама гуна коллективҳои иҷтимоӣ новобаста аз ҷанбаҳои инкишофу мансубияти минтақавию ҷуғрофиявияшон мебошад.

— таҳти мафҳуми ҷамъият маҷмӯи таърихан ташаккулёфтаи шакли фаъолияти якҷоя, дастҷамъонаи моддию истеҳсолии одамонро меноманд, ки дар заминаи он шаклҳои муайяни муносибатҳои ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама муносибатҳои истеҳсолӣ, пайдо мешаванд. Дар ин ҷо меҳнатро омили асосии пайдошавии ҷамъият меҳисобанд ва ин таъриф аз назари аксари муҳаққиқон барои донистани моҳияти ҷомеа дар маънои васеъаш мувофиқтар ҳисобида мешавад..

Чуноне ки аз таҳлили шаклҳои пешниҳодшудаи дарки мафҳуми ҷамъият дида мешавад дар ҳамаи ин ҳолатҳо ягон умумияти воқеӣ ё типикунонидашудаи иҷтимоии одамонеро мадди назар доранд, ки онҳо дар ҷараёни истеҳсолот ба муносибатҳои муайяни байниҳамдигарӣ дохил мешаванд. Дар баробари ин навъи дигари дарки ҷамъият мавҷуд аст, ки он ҷомеаро дар шакли маҷмӯи хусусиятҳои системавие, ки хоси падидаҳои ҳаёти дастҷамъонаю фароуттабиии одамон буда, тавассути он инсон вориди олами аз табиат чудошуда мегардад, маънидод мекунад.


Мафхумхои асоси ва назари методологи. Сотсиум. Дарачахои гуногуни умумикунони дар фахмиши мафхуми чамъият