Маҳфуми ҳуқуқи маъмурӣ

0
30

Ҳуқуқи маъмурӣ соҳаи алоҳидаи низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил намуда, гурӯҳи махсуси муносибатҳои ҷамъиятиро танзим месозад. Доираи муносибатҳои ҷамъиятие, ки ҳуқуқи маъмурӣ танзим мекунад гуногунранг буда онҳо дар соҳаи идоракунии давлатӣ, ташкил ва фаъолияти низоми ҳокимияти иҷроия, фаъолияти дохилиташкилии мақомоти қонунгузор, суд ва прокуратура, фаъолияти сохтори иҷроиявии мақомоти худидораи шаҳраку деҳа ба вуҷуд меоянд, тағйир меёбанд ва қатъ мегарданд. Ин гуна муносибаҳои хислатан гуногунранг предмети ҳуқуқи маъмуриро ташкил медиҳанд. Муносибатҳои ҷамъиятие, ки мавриди танзими ҳуқуқи маъмурӣ қарор доранд, бевосита ба фаъолияти идоракунандагии давлат ва амалисозии ҳокимияти иҷроия алоқаманд мебошанд ва аз ин рӯ дар бисёри адабиётҳои ҳуқуқи онҳоро муносибатҳои идоракунӣ низ меноманд.[1] Аз рӯи хусусияти ҳайати иштирокчиён, ҳуқуқи маъмурӣ муносибатҳои идоракунии зеринро танзим менамояд:

1) Муносибати байни субъектони ҳокимияти иҷроия ва шахсони воқеӣ (шаҳрвандони ҶТ, шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрвандӣ).

Загрузка...

2) Муносибати байни субъектони ҳокимияти иҷроия ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ.

3) Муносибати байни субъектони ҳокимияти иҷроия ва иттиҳодия, корхона ва муассисаҳои хоҷагӣ ва иҷтимоӣ — мадании ғайридавлатӣ.

4) Муносибати байни субъектони ҳокимияти иҷроия ва мақомоти иҷроияи низоми худидораи маҳаллӣ.

5) Муносибати байни субъектони ҳокимияти иҷроия ва иттиҳодия, корхона ва муассисаҳои давлатие, ки дар тобеияти ташкилии онҳо мебошанд.

6) Муносибати байни субъектони ҳокимияти иҷроия ва иттиҳодия, корхона ва муассисаҳои давлатии дар тобеияти ташкилии онҳо набуда (масалан, аз рӯи масоили назорати молиявӣ, назорати маъмурӣ ва ғ).

Муносибатҳои дар боло зикргардидаи ҷамъиятӣ муносибатҳои идоракунии давлатӣ мебошанд. Аз ин рӯ дар дилхоҳ намуди муносибатҳои идоракуние, ки предмети ҳуқуқи маъмуриро ташкил медиҳанд ҳатман ҳамчун субъект мақомоти ҳокимияти иҷроия иштирок мекунад.

Ҳуқуқи маъмурӣ ҳамчун дигар соҳаҳои ҳуқуқ усулҳои танзимсозии худро дорад. Усулҳои ҳуқуқи маъмурӣ дар хислати амрдиҳӣ, яктарафа изҳори ирода ва баробарҳуқуқ набудани иштирокчиёни муносибатҳои идоракунӣ ифода меёбанд. Усулҳои ҳуқуқи маъмурӣ ба усулҳои eҳдадорсозӣ, манъсозӣ ва иҷозатдиҳӣ тақсим мешаванд. Низоми ҳуқуқи маъмурӣ аз ду қисм: қисми умуми ва қисми махсус иборат аст.

Ҳуқуқи маъмурӣ ҳамчун соҳаи ҳуқуқ субъектҳои ба худ хос дорад. Субъектони ҳуқуқи маъмурӣ ба ду гурӯҳ ҷудо мешавад:

  • Шахсони воқеӣ — шаҳрвандони ҶТ, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ.
  • Шахсони ҳуқуқӣ- мақомотҳои ҳокимияти иҷроия ва мақомотҳои тобеи онҳо, корхона, ташкилот ва муассисаҳои давлатӣ, мақомотҳои худидораи маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, ташкилоту муассисаҳои хусусӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ.

Меъёрҳои ҳуқуқи маъмурӣ. Меъёрҳои ҳуқуқи маъмурӣ гуфта қоидаҳое, ки аз тарафи давлат муқарар шуда ба мақсади танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ равона гардидаанд ва дар ҳолати иҷро нашудан ба воситаи маҷбурсозии давлати таъмин мешаванд. Меъёрҳои ҳуқуқи маъмурӣ моҳияти мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатиро дар иҷроиши Конститутсия (Сарқонун) ва қонунҳо ифода мекунанд.

Меъёрҳои маъмури ҳуқуқ дорои хусусиятҳои зерин мебошанд.

  • Дар фарқият аз меъёрҳои дигар соҳаҳои ҳуқуқ, меъёрҳои ҳуқуқи маъмурӣ воситаи ҳимояи махсуси ҳуқуқи худро аз иҷро накардан ва бевосита иҷро накардани талаботи онҳо доро мебошанд.
  • Меъёрҳои маъмурӣ ҳуқуқи дар бисёр ҳолатҳо муносибатҳои ҷаъиятиеро низ танзим мекунанд, ки предмети танзими дигар соҳаҳои ҳуқук мебошад (мисол, ҳуқуқи молиявӣ, ҳукуқи андоз ва ғайра).
  • Хусусиятҳои асосии меъёрҳои маъмурӣ ҳуқуқи аз он иборат аст, ки онҳо бевосита аз ҷониби субъектони ҳокимияти иҷроия дар ҷараёни идоракунии давлатӣ муқаррар карда мешаванд. (санадҳои меъёрии ҳукумат).

Меъёрҳои ҳуқуқи маъмурӣ вобаста ба як қатор хусусиятҳояшон тасниф мешаванд:

  • вобаста ба хислати ҳуқуқи ба ду гурӯҳ меъёрҳои моддӣ ва мурофиавӣ;
  • вобаста ба мазмун ҳуқуқии меъёр ба ӯҳдадоркунанда, маънкунанда ваколатдоркунанда, ҳавасмандкунанда ва тавсиякунанда;

3) вобаста ба самти фаъолияташон:

    а) меъёрҳое, ки ба вазъи маъмурӣ ҳуқуқии шаҳрвандон равона шудаанд.

    б) меъёрҳое, ки самтҳои алоҳида фаъолияти сохторҳои тиҷоратиро танзим менамояд.

   в) меъёрҳое, ки ба вазъи маъмури ҳуқуки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ равона шудаанд.

    г) меъёрҳое, ки масъалаҳои ташкил ва фаъолияти корхонаҳо ва муассисҳои давлатиро муайян менамоянд.

    д) меъёрҳое, ки ба вазъи маъмури ҳуқуқи хизматчиёни давлатӣ равона шудаанд.

   е) меъёрҳое, ки ба ташкил ва фаъолияти дастгоҳи идоракунии давлатӣ ва ҳокимияти иҷроия равона шудаанд.

    4) вобаста ба дараҷаи ба танзимандозии муносибатҳо меъёрҳои маъмурӣ ба меъёрҳои умумӣ; байнисоҳавӣ ва соҳавӣ тақсим мешаванд.

Муносибатҳои маъмурию ҳуқуқӣ. Муносибатҳои маъмури ҳуқуқӣ қисми таркибии танзими маъмурии муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи ҳокимияти иҷроия ташкил мекунанд. Барои муносибатҳои маъмурӣ ҳуқуқи характери якуминдараҷагии меъёри маъмурӣ хос мебошад, зеро маҳз асоси танзими муносибатҳои маъмурию ҳуқуқиро меъёрҳои маъмурӣ ташкил мекунанд, ва маҳз ин меъёрҳо бо тарзҳои муайян фаъолияти иштирокчиёни ин муносибатҳоро ба танзим меандозанд. Муносибатҳои маъмурию ҳуқуқӣ як қатор хусусиятҳое доранд, ки барои фарқ кардани онҳо аз дигар муносибатҳо асос мешаванд. Пеш аз ҳама ин фарқият дар он зоҳир мегардад, ки ин муносибатҳо дар кадом соҳа ба вуҷуд меоянд тағийр меёбанд ва ё қатъ мегарданд. Қайд намудан лозим аст, ки ин муносибатҳо пеш аз ҳама муносибатҳои идоракунӣ мебошанд. Муносибатҳои маъмурӣ ҳуқуқӣ чунин хсусиятҳо доранд:

1) Муносибатҳои маъмурию ҳуқуқӣ аз дигар муносибатҳо ба он фарқ мекунанд, ки ин муносибатҳо, муносибатҳои ҳокимиятианд.

2) Иштирокчиёни муносибатҳои маъмурӣ ҳуқуқи баробарҳуқуқ нестанд, ва муносибатҳо новобаста аз иродаи тарафи дигар ба вуҷуд меоянд.

3) Табиати фаъолияти идоракунии давлати, ки дар ҷараёни он ҳокимияти иҷроия амали мешавад, тақозо мекунад ки субъекти махсусе бошад, ки фаъолияти ҳокимиятиро амали намояд, ва муносибатҳои маъмурӣ ҳуқуқи, дорои чунин субъект мебошанд. Ба сифати чунин субъект мақомотҳои ҳокимияти иҷроия (шахсони мансабдор) баромад мекунанд, ки фаъолияти ҳокимияти барои амали кардани мақсаду вазифаҳои ҳокимияти иҷроия ба онҳо дода шудааст.

4) Хусусияти дигари муносибатҳои маъмурию ҳуқуқӣ дар он аст, ки онҳо байни шаҳрвандон, байни шаҳрвандону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба вуҷуд намеоянд.

5) Муносибатҳои маъмурию ҳуқуқӣ чун дигар муносибатҳо дорои объекти худ мебошанд. Объекти муносибатҳои маъмурию ҳуқуқиро ирода ва ифодаи иродаи идорашаванда дар амалишавии ҳокимияти иҷроия ташкил медиҳад.

6) Байни иштирокчиёни муносибатҳои маъмурӣ баҳсҳо ба вуҷуд меоянд ва ин баҳсҳо бо тартиби маъмурӣ ҳал карда мешаванд.

Барои ба вуҷуд омадан, тағийр ё қатъ гардидани муносибатҳои маъмурию ҳуқуқӣ факти юридикӣ асоси шуда метавонад, ки он ба ҳаракат ва ҳодиса тақсим мешавад.

Ҳаракат ин натиҷаи ифодаи иродаи субъект мебошад. Ҳаракат бояд қонуни ва дар асоси меъёрҳои ҳуқуқӣ бошад. Ҳаракати ғайриқонунӣ ба талаботи меъёрҳои маъмурӣ мувофиқ набуда онҳоро вайрон мекунад, ва оқибатҳои юрисдиксионии маъмуриро ба миён меорад.

Ҳодиса — ин ҳолати аз иродаи одамон вобаста набуда мебошад (мисол вафот, офати табии ва ғайра).


[1] Административное право: Учебник /Под ред. проф Ю. М. Козлова. – М.: Юрист, 1999.- 728с.