Маҳаяна

Аасосгузори маҳаяна Нагарҷун (асри I) аз оилаи браҳманҳои ҷануби Ҳиндустон баромада буд. Таълимоти маҳаянӣ ба браҳмания баъзе гузаштҳо кардааст. Асоси ин таълимот чунин аст: тибқи таълимоти буддоӣ ҳар як шахс метавонад бо кӯшишҳои пайгиронаи худ ба нирвана расад, вале  тай кардани ин роҳ барои одамони одӣ бисёр душвор аст. Барои оммаи мардум бошад, роҳи осон, роҳи васеъ (маҳаяна) лозим аст. Дини бехудо барои оммаи  мардум дастнорасу нофаҳмо аст. Барои мардум худо ё худоҳо зарур мебошанд. Тибқи ин таълимот акнун Гаутама Буддо барои маҳаяниҳо аз муаллим ба худо табдил ёфт ва парастиши Буддо оғоз гардид. Ақидае пайдо шуд, ки Буддо ин яке аз буддоҳост. Аз ин рӯ ба ҳайъати буддоҳо худоҳои браҳманиро, дар кишварҳои дигар бошад, худоҳои маҳаллиро дохил намуданд. Шумораи худоҳо аз ҳисоби арҳатҳо низ зиёд гардид. Миқдори буддоҳо акнун ба 995-1000 нафар  мерасид. Дар байни онҳо якчанд Буддо мавриди эҳтироми махсус қарор доштанд: Будда Шакямунӣ (асосгузори буддоия), Будда Майтрея-Буддои оянда, ки ҳамчун ҳукмрони олам Буддоро иваз хоҳад кард; Будда-Очирвани-Буддои 1000-ум; Будда-Манзушири (доно); Адибудда-Холиқи олам; Будда-Амитаба-соҳиби биҳишт.

          Ба ғайр аз буддоҳо маҳаяниҳо бодисатваҳоро низ мепарастиданд. Бодисатваҳо-махлуқоте буданд, ки бо роҳи худтакмилдиҳӣ ва нест кардани хоҳиши мавҷудияти худ ба нирвана расидаанд. Вале онҳо муваққатан дар дунё ба хотири ёрӣ расонидан ба махлуқоти дигар боқӣ мондаанд. Яке аз бодистваҳои машҳур Авалокитешвар буд.

          Навигарии дигаре, ки Нагарҷун ба маҳаяна дохил кард, бисёр муҳим буд. Мутобиқи он акнун нафақат роҳбарони буддоӣ, балки мардумони одӣ низ метавонистанд ба нирвана бирасанд.  Азбаски фақат ба як ваъда, ки буддоӣ ба нирвана мерасад ва маънои ин мафҳум барои омма он қадар ҳам маълум набуд, барои ҷалб кардани омма ба ин мазҳаб мафҳуми ҷаннат ба он дохил карда мешавад, ки он дар буддоияи аввал аслан вуҷуд надошт. Акнун буддоиҳои ботақво баъди марг бо кишвари Сукҳавати (замини бахт) меафтоданд, ки дар он боғҳои мӯъҷизаосо ҷой дошта, шахсони порсо дар он биҳишт ҷой мегирифтанд. Дар биҳишт Будда-Амитаба ҳукмронӣ мекард. Тибқи мазҳаби маҳаяна буддоии порсо ба биҳишти Сукҳавата рафта, баъд фақат як бори дигар зинда мешуду сипас ба нирвана ноил мегардид. Дар радифи биҳишт дар таълимоти Маҳаяна дӯзах низ пайдо гардид, ки дар он гунаҳкоронро анвои азоб интизор буд. Бо ҳамин дар Маҳаяна аз таълимоти фалсафӣ-ахлоқии буддоияи аввал чизи каме боқӣ монда буд.

Шарҳ баста аст.