Фалсафаи тоҷик дар асрҳои миёна. Мӯътазила

Мӯътазила вожаи арабӣ ва маънояш дуршуда ё ҷудошуда мебошад.  Он яке аз аввалин ҷараёнҳои бонуфузи калом аст, ки муассисонаш Абӯҳузайфаи Восил ибни Ато (699 – 748) ва Амр ибни Убайд (ваф.744) мебошанд. Онҳо нахустин илоҳиётшиносони исломанд, ки ба таълимоти динӣ тамоюлоти хирадгароёна ворид сохта, усули умдаи динию фалсафиро ба вуҷуд овардаанд. Баъзе муҳаққиқони асрҳои миёна, аз ҷумла Навбахтӣ таълимоти мӯътазиларо равияи бар зидди хилофати уммавиён равонашуда меҳисобанд, зеро мӯътазилиён баробари эътироф намудани халифаҳои рошидӣ халифати Алиро низ мепазируфтанд. Навбахтӣ афродеро, ки аз Алӣ ҷудо шуда ба муқобили ӯ наҷангидаанд, бунёдгузорони маънавии мӯътазила медонад.

Шиблии Нӯъмонӣ дар хусуси воридшавии баҳси адл дар ҷомеаи исломӣ мегӯяд: «Дар замони Ҳишом бини Абдулмалик, ки дастур дод Fелони Димишқиро куштанд, Ҷаҳм бини Сафвон қиём намуд ва ӯро ба ҷурми амр ба маъруф ба қатл расонанд, лекин ин хун ба ҳадар нарафт. Масъалаи адл ва амр ба маъруф маҳкам реша давонд ва он ба қадре қувват гирифт, ки ҷамъияти анбӯҳе, ки билохира бо лақаби мӯътазила хонда шудаанд онро дохил дар усули аввалияи ислом карданд. Бояд донист, ки дар миёни усули панҷгона фирқаи мӯътазила, ду асл, ки иборат бошад аз адл ва амр ба маъруф, оғозаш аз ҳамин ҷост» (Шиблии Нӯъмонӣ. Таърихи илми калом, тарҷимаи Саид Муҳаммадтақии Фахри Доъӣ, саҳифаи 15).

Дар аҳди уммавиён, ки аҳли хориҷшудагон, мураҷҷаҳиён ва қадариён зуҳур карданд ва дар охирҳои ҳамин аём, Восил бини Ато (ваф.131 ҳ.) мазҳаби мӯътазиларо таъсис дод. Мӯътазила дар давраи хулафои бани Аббос, аз замони Маъмун то замони Мутаваккил ҳимоят мешуданд ва дар ҳамон замон аҳли ҳадис мухолифати худро бо мӯътазила шурӯъ карданд. Ҳорис бини Асади Муҳосабӣ (ваф. 243 ҳ.) ва Абдулло бини Саид бини Кӯлоб аз пешқадамони мухолифат бо мӯътазила буданд.

Мӯътазила нахуст дар Шому Ироқ ва Мадина тавассути шахсоне, ки зоҳиран аз афкори юнонию масеҳӣ ва зардуштӣ огоҳ буданд, зуҳур кард ва минбаъд дар гӯшаю канори сарзаминҳои арабу Аҷам паҳн шуд. Мӯътазилиён баҳсҳои асосии байни фирқаву ҷараёнҳои диниро роҷеъ ба қазову қадар, озодии ирода ҳал карданӣ шуда, аҳкоми асосии диниро ташаккул доданд, вале минбаъд зимни инкишофи таълимоти мӯътазила байни пайравони он роҷеъ ба як силсила масъалаҳои назарӣ ихтилоф ба вуҷуд омад ва боиси ба шохаҳои гуногун ҷудо шудани он гардид. Адади чунин шохаҳоро Абдулқодири Бағдодӣ аз 22 фирқа, Алӣ Абӯмуҳаммади Фахрӣ аз 18 фирқа ва Муҳаммади Шаҳристонӣ аз 12 фирқа иборат донистаанд.

Соҳибназарони дини асрҳои миёна мӯътазиларо бо номи асҳоби адл ва тавҳид низ ёд кардаанд ва сабаби мӯътазила унвон гирифтани ин ҷараёни диниву фалсафиро чунин тавзеҳ додаанд: Восил ибни Ато, ки дар Мадина зода шудааст, барои таҳсили илм ба Басра омада, ба маҳфили Ҳасани Басрӣ роҳ меёбад. Дар яке аз баҳсҳои маҳфил роҷеъ ба масъалаи ҷазои шахсе, ки гуноҳи кабира кардааст, бо устодаш ихтилоф варзида, бо шеваи эътироз аз маҳфил ҷудо шуд ва ба гӯшае омада, бо онҳое, ки дар наздаш ҳозир шуда ва   андешаҳои худро хилофи ақидаҳои Ҳасани Басрӣ буданд, баён намуд. Бинобар ин, пайравони Восил ибни Аторо (699–748) ҷудошудагон (аҳли эътизол ё худ мӯътазила) меномидагӣ шуданд.

Усули панҷгонаи мӯътазила аз тавҳид, адл ваъду ваъид манзалати байни манзалатайн ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар иборат буданд. Назариётчии мӯътазила Ибни Баён дар «Интисор» ном асараш нигоштааст, ки иддаи афрод бо мо роҷеъ ба адли илоҳӣ ҳамраъянд, вале назари мушоббеҳро пазируфтаанд, дар тавҳид бо мо ҳамақидаанд, аммо қазоро қоиланд ва ҳамвора азалияти сифоти илоҳиро қабул доранд. Чунин афрод аз аҳли эътизол нестанд. Танҳо онҳо пайрави мо мебошанд, ки ҳар панҷ рукни асосии мӯътазиларо мӯътақид бошанд.

Масъалаи тавҳид ё худ воҳидияти Худо яке аз масъалаҳои марказии таълимоти мӯътазиларо ташкил медиҳнд. Аҳли суннат ва ҷамоат Худоро ягона дониста, сифатҳои ӯро низ қадиму азалӣ медонад. Ба ақидаи мӯътазила бошад, танҳо зоти илоҳӣ азалӣ мебошад. Афроде, ки илоҳиро азалӣ шуморида, қадимию азалии зот ва қадимию азалии сифатро низ мӯътақид ҳастанд, ба дугонагии Худо оварда мерасонад. Аз ин рӯ, мӯътазилиён таъкид мекарданд, ки Худо зотан якест ва қисматнопазир асту сифати азалӣ надорад, яъне ӯ ҳаким аст, ба зоти хеш қодир аст ва ба қудрате, ки айни зоти ӯст, на ба илму қудрате, ки қадиму азалӣ бошад. Дигар сифати илоҳӣ фурӯи ҳамин сифоти зоти ӯянд. Аз ҳамин нуқтаи назар, мӯътазила назарияи мушоббеҳи диниро рад карда, Худоро аз тамоми хислатҳои ҷисмонии инсон хориҷ месозад. Чунин муносибати мӯътазилиён барои гурез аз тамоми таълимоти таслис (Худо падар, Худо писар ва Рӯҳулқудс)-и масеҳият аст, ки он моҳиятан ширки илоҳиро ифода мекунад.

Дар гузориши масъалаи адли илоҳӣ бошад, мӯътазилиён тамоюлоти хирадгаронаро пеша кардаанд, ки адл ба ҳасби интиқоли ақл ва риояи далели мантиқӣ сурат мепазиранд. Масалан, онҳо мегуфтанд, ки ба холиқи одилу оқил нисбат додани аъмоли шарру беадолатӣ аз рӯи мантиқ нест, зеро ҳусну қубҳ сифати ақлист ва Худо наметавонад, ки бандагонашро ба гуноҳ водор созад ва ба итоати худ маҷбур намояд, чунки чунин аъмол аз ҷониби ӯ зулм аст. Аз ин таълимоти мӯътазила масъалаи озодии ирода сар мезанад, ки мувофиқи он мардум дар кору аъмоли худ озоданд, рафтори баду некашон на ба Худо, балки ба худашон вобастааст. Худо дар одамон он қадар озодию ихтиёр иноят кардааст, ки ҳаққу ботил, савобу иқоб будани амреро фарқ кунанд. Инкори ихтиёрро мӯътазилиён комилан раво намедонанд. Бинобар ин, мӯътазиларо баъзан фирқаи ҳуррия (озод) низ меноманд. Онҳо дар бораи маънои адл мегуфтанд, ки Худованд одил аст ва модоме ки инсонро мутакаллиф месозад, адолати ӯ иқтизо мекунад, ки инсон дорои қудрат ва ирода бошад, то масъули афъоли худ ба шумор ояд. Ин ақида зидди ақоиди ҷабария буд, ки Худовандро холиқ ва фоили ҳама чиз ҳатто афъоли инсонӣ медонистанд ва бинобар ин, инсонро маҷбур ва беихтиёр мешумурданд. Мӯътазила вуҷуди шурурро низ аз файзи ҳикмати илоҳӣ медонистанд. Баъзе аз намояндагони мӯътазила, монанди Абӯҳузайли Аълоф мегуфтанд, ки Худованд қодир бар зулм ва ҷавр аст, аммо онро анҷом намедиҳад; чун ӯ ҳакиму раҳим аст ва чун чунин афъоле, қабеҳ аст. Вале касоне баъд аз ӯ ба миён омаданд, монанди Иброҳими Наззом мункири қудрати Худо баршурур шуданд, зеро шурурро муқтазии нуқс ва муноқизи камоли зоти илоҳӣ медонистанд. Иддае, ки бо ин раъй мухолиф буданд ва мегуфтанд қудрат ва иродаи мутлақи Худованд бар ҳамаи афъол ва ҳаводис иҳота дорад, аз мӯътазила рӯйгардон шуданд ва онҳоро маҷус хонданд. Сабаби ин ном он буд ки мӯътазила иродаи инсонро дар афъолаш мустаъқил аз иродаи Худованд медонистанд ва ин лозими эътиқод ба ду фоил буд: яке фоили хайр, ки Худованд боша два дуюмӣ фоили шарр, ки инсон бошад. Дар ҳадисҳо низ омада буд, ки қадария (қоил ба қудрати инсон дар афъолу хулқи онҳо) маҷусанд (Дайбур. Таърихи фалсафа дар ислом, саҳ. 50-54).

Дигар масъалае, ки мавриди таваҷҷӯҳи таълимоти мӯътазила будааст, масъалаи ваъду ваъид мебошад, ки сирф ҷанбаи ахлоқӣ дорад. Дар масъалаи ваъду ваъид доир ба сазову ҷазо ба аъмоли неку зишт сухан меравад. Мувофиқи ақидаи мӯътазила, асос ва сарчашмаи таълимоти ахлоқӣ Қуръони карим аст, вале дурустии рафтори инсон бояд ба мизони мантиқ санҷида шавад. Агар рафтори инсон оқилона набошад, он бақо надорад. Худо муртакиби (он, ки аз вай коре сар задаст) гуноҳи кабираро бетавба авф намекунад ва ӯ пайваста дар ваъду ваъиди худ содиқу собит аст. Аммо аҳли мӯътазилиён мегӯянд: «Ваъидҳо қатъан анҷом хоҳанд шуд. Гунаҳкор муҷозот хоҳад шуд. Ҳеҷ кас муъоф нахоҳад буд, ин амре аст, ки бо ахбор расида аз Худованд мутобиқат дорад. Зеро вақте маншаи ахбор Худованд аст ва бавижа ин ахбор умумият доранд, монанд «ва ҳамонро бадкорон ва гунаҳпешагон дар дӯзаханд» (сураи мубораки Инфитор, ояи 14) « Пас ҳар ки ҳамзаррае некӣ кунад, онро бубинад ва ҳар ки заррае бадӣ кунад, онро бубинад (Сураи мубораки Зилзол \Оёти 7 ва 8), муҳол аст ин гуна ахборро бар касоне, ки масодиқи онҳо ҳастанд, қобили аъмол надонем (Ашъарӣ, Ҳамон саҳ. 279).

Таълимоти мӯътазила дар масъалаи манзал байнал манзалатайн ба ошкор сохтани кирдори бади инсон равона шудааст. Мувофиқи ақидаи онҳо, мусулмони фосиқ ё худ шахсе, ки гуноҳ содир кардааст, на мӯъмину на кофир, балки дар миёни ин ду роҳгум мебошад.

Таълимоти мӯътазила амри маъруф ва найҳи мункарро ба ҳар як мӯъмин воҷиб медонад. Агар Худованд ба кори одамон амр накарда бошад ва аз онҳо найҳ нанамуда бошад, пас ӯ инро нахостаст. Вале чун Худо вайҳе, ки ба анбиё мефиристад, он ваҳй аз нури файзи илоҳист. Аз ин рӯ, бандагон бояд мутобиқи фикру ақидаи хеш рафтор кунанд ва агар коре ба ҷамъият дахл дошта бошад, онро бояд имом ё зимомдори давр анҷом диҳад.

Нуқтаи дигари таълимоти мӯътазила, ки ба афкори мавҷудаи динӣ мухолиф буд, махлуқ будани Қуръон аст. Фирқаҳои суннӣ даъво доштанд, ки чун каломи Аллоҳ аз нури илоҳӣ бархурдор аст, азалӣ дониста мешавад. Мӯътазилиён абадияту азалияти Қуръонро иштибоҳи маҳз шуморида, фақат Худоро қадиму абадию азалӣ мепиндоштанд ва ваҳйро чун паёми Аллоҳ ва Қуръонро чун натиҷаи он ҳодисаҳо меҳисобиданд. Ибни Ато «каломи Аллоҳро ҳодис ва махлуқ» гуфта буд. Аз ин муносибати мӯътазилиён пай бурдан душвор нест, ки онҳо дар садади оштӣ додани ақлу дин ва ба илоҳиёти исломӣ пӯшонидани пироҳани фалсафӣ будааст. Бамиёноии мӯътазила як падидаи сирф динӣ набуда, он инъикоси ихтилофҳои аҳкомпарастона ва хирадгароёнаи исломи ибтидоӣ буд, ки зимни ҳалли бисёр мушкилоти баҳсталаб ба далелу бурҳонҳои мантиқӣ муроҷиат менамуд.

Таълимоти мӯътазила дар асрҳои миёна боз ҳам густариш ёфт. Дар Бағдоду Басра ду мактаби калони мӯътазила таъсис ёфт. Дар Басра Восил ибни Ато, Амр ибни Убайд, Иброҳими Наззом, Ҷоҳиз ва дар Бағдод Башир ибни Мӯътамар, Абӯмусои Мурдор, Самома ибни Ашрас, Аҳмад ибни Абудовуд ба ҷои фикру ақидаҳои гуногуну номураттаби   фикрию ҷараёнҳои динӣ низоми ягонаи аҳкоми динию фалсафиро ба вуҷуд овардаанд. Баъдҳо нуктаҳои гуногуни таълимоти онҳоро Искофӣ, Ҷуббоӣ, Ибод ибни Сулаймон, Абдулқосим Аҳмади Балхӣ, Аҳмади Ҳамадонии Астарободӣ, Абӯмуҳаммад Аббоси Ромҳурмузӣ, Муҳаммади Нишопурӣ, Маҳмуд ибни Умари Хоразмӣ ва дигарон дар гӯшаю канори мамолики Араб ва Хуросону Мовароуннаҳр ривоҷ додаанд. Бинобар ин, дар адабиёти динию фалсафӣ мӯътазилиёнро аввалин мантиқиёни исломӣ ё мутакаллимон меномиданд. Онҳо дар саросари кишварҳои исломӣ мактабҳои худро бунёд намуданд ва дар замони хилофати ал-Маъун мӯътазила дини расмии давлатӣ эълон карда шуд.

Ба мақсади зуд роиҷ гардидани мӯътазила халифа-ал-Маъмун «Мадина» ном созмонеро таъсис намуд, ки ҳамрадиф бо девони муқаддасоти ақоид буд ва тавассути он касоне, ки аз он таълимот саркашӣ мекарданд, таъқиб мешуданд. Тақрибан дар ҳамин давра, фирқаҳои гуногуни мӯътазила-восилия, ҳузайлия, наззомия, муаммария, искофия, ҷаъфария, баширия, мурдория, ҳошимия, ҷоҳизия, хобития, ҳимория, ҳайётия, шаҳомия, каъбия, ҷуббория ва ғайра ба вуҷуд омадаанд. Дар ин мавзӯи баҳс алаккай аз доираи сифати Худо берун баромада, масоили фалсафию ҷаҳоншиносӣ мавриди тадқиқу таҳқиқи мӯътазилиён қарор гирифта буд. Бо вуҷуди ин, аҳли эътизол дар тамоми хилофат пирӯз шуда натавонист ва дар аҳди халифа ал-Мутаваккил он боз ҷараёни илҳодомез эълон карда шуд. Дар замони истилои муғул бошад, мӯътазилия рӯ ба завол овард. Новобаста ба ҳамаи ин, мӯътазила ҳамчун таълимоти динию фалсафӣ барои инкишофи минбаъдаи афкори фалсафӣ ва озодандешӣ нақши босазо гузошт.

Шарҳ баста аст.