СИСТЕМАИ АМАЛИЁТИИ LINUX

0
163

Linux – СА озодасоси кушода ва чандистифодабарандаи КФ буда, бо системаи шабакавии графикӣ-равзанавии X_Window_System муҷаҳҳаз аст. СА Linux дорои гунаҳои (дистрибутивҳои) хеле зиёд – Debian, RedHat, SuSE, Mandrake, Knoppix, ALT Linux, ASPLinux ва ғайра буда, дар IBM PC ва компютерҳои шабакавӣ ҳамчун системаи амалиётии асосӣ шинохта шудааст.

  СА Linux бо стандарти системаҳои кушода ва протоколҳои шабакаи Интернет кор карда метавонад ва бо системаҳои амалиётии Unix, MS DOS ва MS Windows ҳамҷоя мебошад. Ҳамаи қисматҳои системаро (аз ҷумла, матни рамзҳояшро) дар асоси иҷозатнома (литсензия) озодона нусхабардорӣ, паҳн ва дар миқдори дилхоҳи компютерҳо гузоштан мумкин аст. Маҳз барои ҳамин ин СА-ро системаи озодасос мегӯянд.

Загрузка...

Linux (Линукс) дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта аз тарафи донишҷӯи донишгоҳи Хелсинки (Финляндия) Линус Торвалд сохта шудааст. Системаи амалиётии Linux ҳамчун гунаи СА Unix барои КФ эҷод шудааст. Unix солҳои дароз аст, ки дар мэйнфрейму миникомпютерҳо ва истгоҳҳои (стансияҳои) корӣ ба сифати СА-и асосӣ хизмат мерасонад. Linux аз Unix суръат ва самаранокиро ба мерос гирифта, қариб ҳамаи вазифаҳои СА DOS ва Windows-ро иҷро карда метавонад. Ҳангоми кор бо муш ҳар се тугмаи он истифода мешаванд. Тугмаи мобайнии мушро барои гузоштани қисмҳои матн истифода бурдан мумкин аст.

Аз нуқтаи назари иқтисодӣ Linux боз як бартарии дигари ҷиддӣ дорад. Вай системаи амалиётии ройгон (бепул) аст. Тибқи иҷозатномаи умумии (генералии) шакли кушода – GNU, Linux дар доираи бунёди (фонди) нармафзори озодасос (Free Software Foundation) паҳн карда мешавад. Онро ҳар як хоҳишманд дастрас карда метавонад.

Аз Unix ба Linux боз ду хусусияти шоёни дигар – чандкорбарӣ ва чандмасъалаӣ гузаштааст. Чандмасъалаӣ маънои дар як вақт иҷро намудани якчанд масъаларо дошта, чандкорбарӣ маънои дар система якбора якчанд истифодабаранда кор карда тавонистанро дорад.

Арзиши дигари Linux аз он иборат аст, ки онро якҷоя бо Windows дар як компютер гузоштан мумкин аст. Linux метавонад комютери дилхоҳро ба истгоҳи корӣ табдил диҳад. Дар ҳоли ҳозир Linux-ро ҳамчун СА дар соҳаҳои тиҷорат, маориф ва барномасозии фардӣ истифода мебаранд. Вай дар ташкил намудани шабакаҳои иттиҳодиявӣ (корпоративӣ), марказҳои Интернет ва Web-серверҳо системаи амалиётии ивазнашаванда аст.

Linux метавонад аз якчанд намудҳои интерфейси графикӣ – KDE
(K Desktop Environment), GNOME (GNU Network Model Environment) ва ғайра истифода барад. Дар ҳар яке аз ин қабатҳои барномавӣ истифодабаранда имконият дорад, ки якбора бо якчанд мизи корӣ сару кор дошта бошад. Ин бартариро дар дигар СА вохӯрдан ғайри имкон аст.

Хусусиятҳои СА Linux. Вақте сухан дар бораи Linux чун система меравад, доимо ягонагию ҳамбастагии ядро, қабати амалиётӣ, сохтори парвандаӣ ва утилитҳои он дар назар дошта шудааст.

Ядро – ин дили система аст. Барномаҳои он бевосита барои идоракунии сахтафзори компютер пешбинӣ шудаанд. Қабати амалиётӣ (shell), ки онро қабати графикии барномавӣ низ мегӯянд, интерфейси матнии корбар аст. Вай фармонҳои истифодабарандаро қабул карда, онҳоро барои иҷро ба ядро интиқол медиҳад. Қабати амалиётиро аз рӯи зарурат ба танзим овардан мумкин аст. Дар таркиби қабати амалиётӣ ҳатто забони барномасозии махсус мавҷуд аст, ки онро барои тартиб додани сенарияҳо (скриптҳо) истифода мебаранд. Барномаҳои (дастурҳои) стандартии системаи Linux-ро одатан утилитҳо мегӯянд. Дарозии номи парвандаҳои Linux то 256 аломат шуда метавонад. Чун қоида номи парванда набояд бо нуқта сар шавад ва аломатҳои / * ?-ро дар бар гирад.

Истифодабаранда (корбар) – шахсест, ки бо СА кор мекунад. Барномаҳои татбиқии мавриди истифода қароргирифтаро равандҳо мегӯянд. Барои истифодабарандаи система будан, зарур аст, ки маъмури системавӣ номи дохилшавӣ (login) ва рамзи (password) махфии шуморо ба қайд гирад. Номи дохилшавӣ – барои ба система ворид гаштани истифодабаранда ва рамзи махфӣ – барои ҳифз намудани номи дохилшавӣ аз истифодаи шахсони тасодуфӣ пешбинӣ шудаанд. Ҳангоми дохилкунии рамзи махфӣ вай дар экран инъикос намеёбад. Дарозии рамз бояд аз 6 аломат кам набуда, 4-тои онро ҳатман ҳарфҳо ташкил диҳанд. Рамзи махфӣ бояд тавре интихоб карда шавад, ки бахотиргирии он осон буда, дар таркибаш калимаҳои маъмули англисӣ вонахӯранд.

Барои ҳифзи мутлақи парвандаҳо, пас аз итмоми кор сеанси кориро пӯшидан лозим аст. Барои ин дар лавҳаи KDE-и қабати графикии KDE – пахши тугмаи ё дар KDE2 – пахши тугмаи зарур аст. Ин амалро бо пахши сатри беруншавӣ (Выйти) дар менюи асосии KDE (ё пахши тугмаи дар лавҳаи замимаҳо) низ ба сомон расонидан мумкин аст.

Муҳити графикии KDE. Барномаи қабатии KDE интерфейси пурра ва функсионалии истифодабарандаро муҳайё сохта, ӯро бо равзанаҳо ва меню, ки барои идораи парвандаҳо ва иҷрои барномаҳо заруранд, таъмин менамояд. KDE қабати стандартии дастуриро иваз намекунад, вай танҳо истифодаи Linux-ро осон мегардонад. Дар асл KDE – ин лоиҳаи озод ва аз якдигар новобастаи садҳо лоиҳакашони дунё ба ҳисоб рафта, баҳри эҷоди мизҳои кории муосири танзимшаванда ва устувор, ки асосашонро архитектураи шабакавии компонентӣ ва шаффоф ташкил медиҳад, равона шудааст.

Гунаи KDE 2.1 – муҳити кории пуриқтидори бо Интернет омезишёфтаи Linux мебошад. Дар ин гунаи KDE ду барномаи нав – Konqueror ва KDevelop ҳамроҳ карда шудааст. Барномаи Konqueror – WWW-браузер ва менеҷери парвандаӣ мебошад. Барномаи KDevelop бошад, муҳити барномасозии такмилёфтаи KDE ба ҳисоб меравад. Ин гуна бо 33 забони ҷаҳон тарҷума шуда, зиёда аз 100 дастаи барномаҳои гуногунро дар бар мегирад.

Фармонҳоро одатан бо ёрии меню ё нишонаҳо дохил мекунанд. Агар онҳоро бо ёрии интерфейси сатри амрӣ дохил кардан лозим бошад, он гоҳ аз равзанаи қабати амалиётӣ (shell) истифода мебаранд. Аз равзанаи shell қабати барномавии Midnight Commander-ро низ ба кор даровардан мумкин аст, ки намуди зоҳирӣ ва тарзи кори он ба Norton Commander хеле шабоҳат дорад. На бояд фикр кард, ки кор бо парвандаҳо ва системаи парвандаии Linux танҳо тавассути сатри амрӣ амалӣ гардонида мешавад. Менеҷери парвандаии Konqueror имконият медиҳад, ки аз воситаҳои замонавии кор бо парвандаҳо истифода бурда шаванд. Аммо донистани фармонҳо ба истифодабаранда имкон медиҳад, ки тамоми нозукиҳои СА Linux азхуд карда шавад.