ЛАМАИЗМ

Дар асрҳои XI-XII  Туббат бо маъбадҳои буддоӣ саросар фаро гирифта шуд. Дар он маъбадҳо роҳибони зиёде-ба забони туббатӣ«лам»-ҳо зиндагӣ мекарданд. Аз ин ҷо мафҳуми ламаизм пайдо шуд, ки он барои ифодаи мазҳаби буддоияи туббатиҳою муғулҳо истифода мегардад. Дар ин давра аз санскрит ба забони туббатӣ китобҳои дини буддоия тарҷума карда мешаванд.

          Дар натиҷаи инкишофи буддоия дар асрҳои минбаъда оқибат дар Туббат ду гурӯҳи рӯҳонии ламҳо дар сари қудрат қарор гирифтанд, яке бо сардории панчен-лама ва дигарӣ бо сардории далай-лама. Дараҷаи рӯҳонияти панчен-лама нисбат ба дараҷаи далай-лама баланд буд, зеро панчен-лама аз насли  азнавтавлидшудаи Буддо-Амитаба, аммо далай-лама аз насли азнавтавлидшудаи бодисатва ба ҳисоб мерафтанд. Ҳамин тавр, панчен-лама падари рӯҳонии далай-лама шуморида мешуд. Аммо қудрати дунявӣ дар дасти далай-лама қарор дошт. Аз ҳамин сабаб ҳам ӯ дар ҷаҳони буддоия нисбат ба панчен-лама маъруфтар буд ва таъсири бештаре дошт. Қароргоҳи далай-лама дар қаср-маъбади Потала дар шаҳри муқаддаси Лҳаса дар Туббат воқеъ буд. Қароргоҳи панчен-лама дар маъбади Дашихлумбо дар наздикии шаҳри Шигатсе ҷой дошт. Аз соли 1952 Туббат ба ҳайъати Хитой дохил аст. Далай-лама дар моҳи марти соли 1958 баъди шӯриши бемуваффақона ба хориҷа гурехт.

          Туббат ба яке аз марказҳои паҳншавии минбаъдаи буддоия ба кишварҳои ҳамсоя табдил ёфта буд. Ба Муғулистон буддоия ҳанӯз дар замони ҳукмронии Хубилай роҳ ёфта буд. Баъд таъсири он суст гардид. Аммо аз охирҳои асри XVI сар карда ашрофони муғул ламҳоро аз Туббат даъват карда оварда, маъбадҳо месохтанд ва буддоияро ҷорӣ менамуданд. Буддоиҳои муғул кӯшиш карданд то одамони азнавтавлидшудаи муқаддаси худро, ки онҳоро хубилган ё геген (муқаддас) меномиданд, дошта бошанд. Дар асри XVII хубилганҳои маъбади Ургин машҳур буданд. Хутухт (богдо-геген-волии бузург)-и маъбади Ургин азнавтавлидшудаи олими буддоӣ Даранатӣ ба ҳисоб мерафт. Шахсияти муқаддас будани ӯро дар ҳамаи кишварҳои буддоии қисми шимол эътироф менамуданд. Ӯ аз рӯи мартабаи рӯҳонӣ пас аз панчен-лама ва лалай-дама дар ҷои сеюм қарор дошт. Дар соли 1911 пас аз инқилоб дар Хитой хутухтаи маъбади  Ургин дар Муғулистон ба сари қудрат омад. Дар соли 1924 дар натиҷаи инқилоби халқӣ богдо-геген аз сари қудрат дур карда шуда, Муғулистон Ҷумҳурии халқӣ эълон шуд. То солҳои 1980 дар Муғулистон 1 дацан  (маъбад) вуҷуд дошт.

          Дар асри XVIII буддоия дар шакли ламаия дар байни бурятҳо паҳн гардид. Миқдори дацанҳо (маъбадҳо) дар асри XIX дар Бурятия ба 34-адад расид. Буддоияи ламаия дар асри XVIII дар Тува низ паҳн гардид. Дар ибтидои асри ХХ дар Тува 20 маъбад ва зиёда аз 3-ҳазор лам мавҷуд буд. Бо вуҷуди он ламаия натавонист эътиқодоти шаманиро аз шуури мардуми Тува пурра дур намояд.

          Барои ҳамаи ин кишварҳои шимолӣ Туббат маркази буддоия ба ҳисоб меравад. Пойтахти он шаҳри Лҳаса муқаддас буда мардуми бисёр ба он ҷо ба зиёрат мераванд. Аксари мардуми ин шаҳр роҳибон мебошанд. Забони туббатӣ муқаддас ба ҳисоб рафта, адабиёти зиёди буддоӣ бо ин забон мавҷуд аст; аз он ҷумла Ганҷур дар 108 ҷилд ва шарҳи он- Данҷур дар 225 ҷилд. Дар Муғулистон роҳибон аввал забони туббатиро омӯхта, баъд бо он забон ба омӯзиши таълимоти буддоия машғул мегарданд. Дар ҳар маъбад ҳар рӯз хурал (ибодат) баргузор мешавад. Дар рӯзҳои муайян идҳои бодабдаба гузаронида мешаванд. Иди асосӣ «цам» ном дорад, ҳангоми гузаронидани ин ҷашн мардум либосҳои даҳшатнок пӯшида рақс мекунанд ва гӯё бо ин  деву ҷинҳоро метарсонанд. Парастиши ҳаррӯзаи ламаияҳо аз такрори ибораи зерин иборат аст: «Ом мани падме хум!» (аё эй дурдонаи болои нилуфар). Ин ибора дар варақу сангҳо қад-қади роҳҳо навишта мешавад. Варақҳои навиштаҷот доштаро ламаистҳо ба осиёбҳои дастӣ, бодӣ, обӣ андохта майда мекунанд ва ҳар даврзании санги осиё такрори бисёркаратаи он дуо ба ҳисоб меравад. Роҳибон дар кишварҳои буддоӣ хеле зиёданд. Ҳар оила кӯшиш мекунад, ки ақаллан як писари худро дар маъбад роҳиб созад. Дар Туббат аз чор як ҳиссаи мардони кишварро ламҳо ташкил медиҳанд. Як қисми онҳо дар маъбадҳо зиндагӣ мекунанд. Роҳибон ба ғайр аз роҳибӣ боз  касбу кори гуногун низ доранд: яке-духтур, дигарӣ мусиқачӣ, саввумӣ-муаллим ва ғайра. Дар маъбадҳо ҳайкалу суратҳо ва то 1000 ҳайкали Буддо мавҷуд аст.

          Дар Бирма, Камбоҷа ва Таиланд буддоияи ҳинаянӣ дини давлатӣ аст. Дар Таиланд шоҳ ҳамзамон раиси буддоия низ ба ҳисоб меравад. Ҳамаи мардон дар маъбад курси махсуси шогирдиро адо мекунанд. Барои ин кормандони  давлатӣ рухсатии 4-моҳаи пулакӣ мегиранд. Мактабҳо дар кишвар ба дасти рӯҳониёни буддоӣ қарор доранд. Дар Камбоҷа низ ҳар мард бояд муддате дар маъбад шогирд бошад. Дар Бирма буддоия дини аксарият мебошад, вале дар кишвар динҳои дигар низ вуҷуд доранд. Дар Шри Ланка сингалҳо, ки аксарияти сокинони кишварро ташкил медиҳанд-буддоӣ, аммо-тамилҳо-дини ҳиндуия доранд.

          Дар Япония буддизм бо синтоизм чунон бо ҳамдигар печидаанд, ки дар баъзе ҳолатҳо муайян намудани элементҳои аслии ин ё он равия душвор аст ва маълум нест, ки он равия буддоӣ аст ё синтоӣ. Аз давраи асримиёнагӣ чанд равия дар дини мардуми японӣ боқӣ мондааст-«нитирен» ва «Сока-саккай», ки аъзоёни он ба ҳаёти сиёсии кишвар фаъолона дахолат меварзанд. Яке аз он ҷараёнҳои асримиёнагӣ «дзен» мебошад. Таълимоти он-фурӯравӣ дар худ ва дарёфти ҳақиқат бидуни истифодаи ақл диққати аҳли зиёи Япония ва Аврупову  Амрикоро ба худ ҷалб намудааст.

          Дар анҷумани буддоиҳо, ки дар шаҳри Коломбо (Цейлон) дар соли 1950 шуда гузашт, «Иттиҳоди бародаронаи умумиҷаҳонии буддоиҳо» ва Кумитаи иҷроияи он марказаш дар Рангун (Бирма) ва баъдтар дар Бангкок (Таиланд) созмон дода шуданд. Кумита дар сиёсати умумиҷаҳонӣ фаъолона иштирок меварзад.

          Ступа-аз забони санскритӣ-қулла, қӯрғонҳои болои қабрҳо дар Ҳинди қадим. Тибқи ривоятҳо, баъди сӯзонидани ҷасади Буддо хокистараш ба 8-қисми баробар ҷудо карда шуда, ҳар кадоми он дар сохтмонҳои алоҳида, ки ступа ном доштанд, гузошта шуданд. Баъдтар дар ступаҳои маъбадҳо реликвияҳои буддоӣ, тилло, нуқра ва ғайраро ҳамчун дар хазина мегузоштанд.

          Дини буддоия дар таърихи маданияти инсонӣ мақоми хосса дорад. Нақши мусбии ин дин дар он зоҳир мегардад, ки инсони дар ранҷу машаққат қарордоштаро тасалло медиҳад. Аз тарафи дигар, омӯзиши китобҳо ва аҳкоми ин дин ба зиёд шудани саводнокӣ ва баланд шудани сатҳи маърифату донишҳои хонандагон оварда мерасонад. Вале, аз ҷониби дигар, таълимоти буддоия дар хусуси пеша кардани сабру таҳаммул дар қиболи мушкилиҳои зиндагӣ ва муқобилият накардан ба зулму бадӣ мардумро аз муборизаи фаъол барои расидан ба ҳаёти беҳтар дур мегардонид.

Шарҳ баста аст.