Кӯшишҳои даровардани ислоҳот ба ҳиндуизм

0
61

Ҳиндуизм динест, ки он аз ҷараёну равияҳои зиёди гуногун иборат буд. Ва ин ҳолат вазъи ногувори ҷамъияти ба кастаҳо ҷудошудаи сокинони кишварро ифода мекард. Ҷудоии динӣ, ҷудоии иҷтимоӣ (кастаҳо) ба ҳаёти ҷамъиятии ҳиндуҳо таъсири сахти манфӣ мерасонид ва имкон намедод, ки кишвар дар муқобили хатари аҷнабиён муттаҳид гардад. Ин ҳолатро фаъолони ҳаракати миллӣ баръало ҳис мекарданд ва ҳанӯз дар асрҳои миёна дар зери таъсири дини ислом чанд кӯшиши содагардонӣ ва ба низоми ягона даровардани динҳо ҷой доштанд. Чунончи, дар асри XV нафаре бо номи Кабир ба  муқобили сохти каставӣ, бисёрхудоӣ ва хурофотҳо баромада, мехост ҳиндуҳоро дар атрофи як  дин муттаҳид сохта, бар зидди мусалмонон мубориза барад. Дар натиҷа равияе бо номи Кабир-Пантҳи пайдо шуд, ки он то имрӯз вуҷуд дорад.

   Сикҳҳо Дар охирҳои асри XV  дар натиҷаи мубориза ба муқобили мусулмонон равияи махсусе бо сардории марде бо номи  Нанак пайдо шуд.  Ӯ ҳинду  аз табақаи тоҷирони кшатрий буд ва дар зери таъсири сахти мавъизаҳои Кабир қарор дошт. Муҳимии  таълимоти ӯ дар он аст, ки Нанак мехост ҳам ҳиндуҳо ва ҳам мусулмононро зери байрақи як дин муттаҳид созад. Тарғиботи Нанак дар байни мардум тарафдорони бисёр пайдо кард. Ӯ тавонист мардуми зиёдеро муттаҳид созад. Дар давоми ду аср тарафдорони ӯ аввал бо мусулмонҳо ва баъд бо англисҳо мубориза бурданд. Вале ба ҷои муттаҳид сохтани намояндагони динҳои гуногун сикҳҳо худро бо равияи ҳарбию динии худ маҳдуд сохтанд. Дар асри XVII онҳо давлати пурқуввате созмон дода, дар асри XVIII Панҷобро гирифтанд. Аз рӯи маълумотҳои соли 1970 шумораи сикҳҳо дар Ҳиндустон 10 миллион нафарро ташкил медод. Сикҳҳо бе чуну чаро ба сардорони худ итоат мекунанд. Китоби муқаддаси онҳо «Ади-грантҳ» мебошад. Ҷамъияти онҳо ниҳоят муттаҳид аст. Онҳо аз фоидаи худ барои общинаашон фоизи муайяне ҷудо менамоянд, урфу одатҳои худро риоя мекунанд, либосҳои миллӣ мепӯшанд, мӯи сару риши худро наметарошанд, дастмонаи махсуси оҳанӣ дар банди дастҳои худ меандозанд, ки аз рӯи он сикҳ буданашон маълум мегардад.

Загрузка...

Азбаски динҳою равияҳои ниҳоят зиёди ҳиндуистӣ ва инчунин сохти каставӣ мардуми Ҳиндро аз ҳамдигар ҷудо мекарданд, дар натиҷа мардуми Ҳиндустон наметавонист дар муқобили аҷнабиён муттаҳид гардад, англисҳо ин кишвари паҳноварро ишғол  намуданд. Аз ин рӯ зиёиёни ҳиндуҳо дар асрҳои XVIII-XIX ба ташкил намудани ҳаракати динӣ-ислоҳотӣ пардохтанд. Дар Банғола ба ин ҳаракат олим Чайтаня роҳбарӣ мекард. Ӯ равияи нави вишнуизмро созмон дод, ки дар он на маросимҳои зиёд, балки имону ҳиссиёт чизи асосӣ буданд. Шогирди ӯ Рам Моҳан Рай бошад кӯшиш ба харҷ дод то аз дини бисёрхудоии ҳиндуия дини яккахудоӣ бисозад. Бо ин мақсад ӯ ҳаракате созмон дод бо номи «Браҳма Самаҷ», то ба ин восита зиддиятҳои каставиро ҳеҷ набошад мулоиму суст созад.

Дар нимаи дуюми асри XIX дар шимоли Ҳинд ҳаракати наве бо номи «Ария Самаҷ» пайдо гардид. Тарафдорони ин ҳаракат ба муқобили ислому масеҳият баромада мардумро даъват мекарданд, ки ба дини тозаю содаю қадимаи худ-ведаҳо баргарданд. Ҳозир дар асри XXI ба пешравию инкишофи маданию техникӣ нигоҳ накарда мардуми ҳинду ҳар кадом талаботи динҳои худро риоя карда меоянд, маросимҳои қурбониҳои зиёду дилбазани худро иҷро менамоянд.

Хусусан дини ҳиндуия, ки сохти каставиро дастгирӣ менамояд ба муттаҳидсозии ҷамъияти ҳиндуҳо монеаи асосӣ мебошад. Махсусан аҳволи кастаи поёнӣ-«махавҳо», ки имрӯз шашяки аҳолии Ҳиндустонро ташкил медиҳад, ниҳоят бад аст.  Ҳарчанд расман ҷудо кардани мардум ба кастаҳо дар Ҳиндустон манъ карда шудааст, аммо дини ҳиндуия чунин мешуморад, ки сохти каставиро худи Худо муайян намудааст. То имрӯз браҳман агар ба «махав» даст расонад, дасташ гӯё «ҳаром» мешавад.

Дини ҳиндуия маросимҳои майда-чуйдаи бисёре дорад, ки риояи онҳо вақти зиёдеро талаб менамояд. Иҷрои баъзе аз талаботҳои дини ҳиндуия ба мардуми ҳиндӣ зарари зиёд мерасонад. Масалан талаботи манъи куштани ҳайвоноти даррандаву ҳашароти зарарнок. Тибқи ин талабот ҳинду ҳақ надорад ҳайвоноти дарранда (шеру палангу гург)-ро ва инчунин морҳои зарарноку каждум ва ғайраро бикушад. Дар натиҷа ҳар сол ҳазорон нафар аз ҷониби даррандаҳо ва хазандаҳо кушта мешаванд.

Ҳукумати Ҳиндустон динро дастгирӣ менамояд, вале дар айни замон кӯшиш мекунад, то онро модернизация намояд ва аз ҳар гуна маросиму урфу одатҳои дағалу зарарнок онро озод намояд.

Аз дини ҳиндуия равияи йога ба Америкаву Аврупо (асарҳои Рамачараки) ва кишварҳои дигар гузашта васеъ паҳн шуда истодааст.