географияи тоҷикистон, географияи точикистон, реферат, кори курси

Корхонаҳо зинаи ибтидоӣ ва асосии хоҷагии халқ мебошанд. Одатан, корхонаҳои истеҳсолӣ ба се шакли моликият тааллуқ доранд: ҷамъиятӣ ва саҳҳомию шахсӣ. Ба корхонаҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳои саноатӣ, нақлиётӣ ва ғайра дохил мешаванд. Корхонаҳои саҳҳомию шахсӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои саноатӣ, маишӣ ва ғайраро дар бар мегирад.

Маҷмӯи корхонаҳои зикршуда системаи ягонаи истеҳсолиро ташкил медиҳанд ва дар асоси низомномаҳои махсус кор мекунанд. Ҳар як корхонаи истеҳсолӣ мустақил бошад, ҳам мақсади онҳо ягона аст: мувофиқи нақша истеҳсол кардани миқдори муайяни маҳсулоти хушсифат, рушди ҷанбаҳои технологӣ ва афзоиши баланди маҳсулнокии меҳнат паст кардани арзиши аслӣ ва ғайра.

Дар шароити худтаъминкунӣ ва худмабалғгузорӣ ҳар як корхона фаъолияти истеҳсолии худро мустақилона ба план гирифта, аз рӯи он истеҳсоли маҳсулот, миқдор ва намуди он, масъалаҳои барқарор намудани алоқаи бевосита бо ташкилотҳои ашёи хомдиҳанда, истеъмолкунанда, такмилдиҳии таҷҳизот ва ғайраро муайян менамояд. Вобаста ба ҷанбаҳои хоси ташкили истеҳсолот намуди корхонаҳо гуногун машавад: хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативӣ, завод, фабрика, комбинат, иттиҳодия, ферма, стансияи электрикӣ ва ғайра.

Қатъи назар аз фарқияти ташкили истеҳсолот симои ҳозираи корхонаҳо ва тараққиёти минбаъдаи онҳо ба ҳалли масъалаҳои зерин вобаста мебошад: а) ҷорӣ намудани техникаи нав, таъмин кардани дараҷаи баланди ташкили истеҳсолот ва маданияти он; б) торафт баланд бардоштани савияи маданӣ-техникии коргарон; в) бо ҳам пайвастани илм бо истеҳсолот, мустаҳкам намудани алоқаи корхонаҳо бо муассисаҳои илмӣ. Дар ҷараёни инкишофи истеҳсолот ба назар доштан ва амалӣ гардонидани ин масъалаҳо гарави васеъ намудани иқтидори истеҳсолӣ, сарфакорона истифода бурдани ашёи хом, сӯзишворӣ ва энергия, такмил додани ташкили истеҳсолот, беҳтар намудани сифати маҳсулот, баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат ва тарбияи коркунони баландихтисос мебошад.

Корхонаҳо аз ҷиҳати андоза ва тарзи коркарди ашёи хом аз якдигар фарқ мекунанд. Одатан, дар корхонаҳои калон дараҷаи консентратсияи истеҳсолот баланд мебошад. Консентратсия гуфта, дар як корхонаи калон муттаҳид шудани истеҳсолотро меноманд. Афзалияти консентратсияи истеҳсолот хеле калон аст. Вай омили муҳими баландшавии маҳсулнокии меҳнат ва арзоншавии нархи аслии маҳсулот мебошад. Ин аз ҳисоби сарфакорона истифода бурдани ашёи хом, энергия, сӯзишворӣ, таҷҳизот, қувваи корӣ, ҷорӣ намудани технологияи босамар ба даст оварда мешавад. Маҳз аз ҳамин сабаб дар асоси истифода бурдани ашёи хоми маҳаллӣ комбинатҳои калони шоҳибофии Хӯҷанд, матоъҳои пахтагини Душанбе, консервабарории Конибодом, Исфара, қолинбарории Қайроққум ва ғайра сохта шуданд. Ин корхонаҳо иқтидори истеҳсолии калон дошта, бо миқдори зиёд маҳсулоти якхела истеҳсол менамоянд. Чунин шакли истеҳсоли маҳсулоти якхеларо махсусгардонӣ меноманд.

Махсусгардонӣ дар корхонаҳо се хел мешавад: предметӣ (шайъӣ), қисмӣ, пайдарҳамӣ (технологӣ), муштараконӣ. Корхонаҳои махсусгардида, тавассути ҳамкорӣ ва мадади якдигар маҳсулот тайёр мекунанд. Ин гуна робитаи истеҳсолии байни корхонаҳоро дар истеҳсоли маҳсулоти тайёр кооператсия меноманд. Мисол, фабрикаи ресмонресии Конибодом ба комбинати қолинбофии Қайроқум ресмон медиҳад. Комбинати шоҳибофии Хӯҷанд ба даҳҳо корхонаҳои хориҷӣ маҳсулоти нимтайёр медиҳад. Ҳамин тавр, шаклҳои ҷамъиятии ташкили истеҳсолот (консентратсия, кооператсия, махсусгардонӣ) узван бо якдигар алоқаманд буда, мунтазам инкишоф додани онҳо дар оқилона ҷойгиршавии корхонаҳои саноатӣ ва умуман саноат аҳамияти куллӣ дорад. Бояд хотирнишон намуд, ки ҳар як корхона вобаста ба талаботи хоҷагии халқ ва тиҷорат аз намудҳои гуногуни ашёи хом маҳсулотҳои ҳархела истеҳсол менамоянд, ки он бо мақсадҳои гуногун истифода бурда мешаванд. Аз ин рӯ, сарфи назар аз мавқеи ҷойгиршавӣ, корхонаҳо вобаста ба истифодаи ашёи хом, ҷараёни истеҳсолот, навъи маҳсулот ба он ё ин соҳаи саноат дохил мешаванд. Чунончи корхонаҳои консервабарорӣ ба саноати консерв, истеҳсоли нефт, газ, ангишт ба саноати сӯзишворӣ ва ғайра.

Шарҳ баста аст.