Қонуни инкори инкор

Пайдоиш ва устуворшавии нав ҳамеша бо инкор шудани кӯҳна алоқаманд аст. Дар раванди инкишоф зоҳир шудани ин қонуниятро Гегел «қонуни инкор» номида буд. Инҷо диалектикаи амиқ зоҳир мегардад: пойдоршавӣ тавассути инкор амалӣ мегардад (масалан: тухмӣ – майса – хӯша). Нав зоҳиран ба кӯҳна шабоҳат дорад, вале аз он фарқи ҷиддӣ хоҳад дошт.
Дар афкори фалсафӣ инкор гуногун шарҳ дода шудаанд. Чунончӣ, дар марҳилаи муайяни инкишофи ҷамъияти атиқӣ гумон мерафт, ки кулли нав харобиовару бадтар аз кӯҳна аст, ҷамъият беш аз беш завол меёбад, ахлоқ ва забон хароб мегардад. Дар чунин шароит инкор ҳамчун зарурати бозгашт ба гузашта (ба «гузаштаи тиллоӣ») тафсир мегардад. Типи дигари инкорро ҷонибдорони нигилизм (аз лот., nihil – ҳеҷ чиз; инкори пурраи ақидаҳои мақбули умум) пешниҳод кардаанд, ки пурра нобуд сохтан ва барҳам додани зуҳуроти кӯҳнаро тақозо менамояд. Чунин фаҳмиши инкор ҳамчун нобудшавӣ дар фалсафаи метафизикӣ афзалият дорад. Ғайр аз ин, инкорро ҳамчун гузариш ба муқобили худ, ки алҳол робита бо гузаштаро гум намекунад, фаҳмидан мумкин аст: ҳамаи чизҳои беҳтарин ва мусбӣ, ки хоси кӯҳна буд, дар нав нигоҳдошту ҳифз карда мешаванд. Ин инкори диалектикӣ аст. Дар инкори диалектикӣ заминаи инкишофи оянда нобуд карда намешавад. Ҳамин тавр, қайд бояд кард, ки ба инкор се лаҳза хос аст: 1) ягон хосияти кӯҳна нест мешавад; 2) ягон хосияти нав пайдо мешавад; 3) ягон хосият аз кӯҳна ба нав интиқол меёбад ва нигоҳ дошта мешавад.
Инкишофи воқеии низом тавассути якчанд инкорҳои пайдарпай сурат мегирад. Дар раванди инкишоф натиҷаи инкор, дар навбати худ, худаш низ инкор шуданаш мумкин аст. Дар ин ҳолат доир ба инкори инкор гуфтан ҷоиз аст. Қонуни инкори инкор тасдиқ менамояд, ки дар раванди инкишоф ҳар кадом зинаи баъдӣ, аз як тараф, натиҷаи инкор шудани зинаи пештара мебошад, аз тарафи дигар, инкори худи ҳамин инкор аст, чунки дар предмети тағйирпазируфта дар зинаю сифати нав баъзе хосияту сифатҳои зинаи инкоршударо такрор мекунад. Дар ҳар кадом инкишофи пешрафтӣ ё таназзулии зинаҳои ҳастӣ ҳамеша лаҳзаҳои нобудшавии низоми кӯҳна ва лаҳзаи давомат (нигоҳдошти баъзе хосияти низоми кӯҳна дар доираи низоми нав) вобастагии диалектикӣ доранд.
Дар қонуни инкори инкор ҷиҳатҳои муҳими инкишоф, аз ҷумла ҳатмӣ будани унсурҳои пайдарпаӣ ва инчунин даврӣ, баргардандагӣ ва барнагардандагӣ ба қайд гирифта мешавад. Ҳар як низом ҳатто дар авҷи рушдаш дар худ нишонаҳои пешинаи худро дорад. Онҳо дар доираи томияти нав шаклан тағйир меёбанд, вале дар чунин шароит мустақилияти муайяни худро дар намуди хосият, ҷузъҳо ва унсурҳои муносиби низоми нав нигоҳ дошта метавонанд. Масалан, дар организми инсон ҳам пайвастагиҳои ғайриорганикӣ, ҳам ҳуҷайраҳои набототӣ ва ҳайвонотӣ вуҷуд доранд. Дар фарҳанги муосир арзишу ақоиди аз гузаштаи қадим меросмонда ҷой доранд. Ҳеҷ як томияти нав бе нигоҳдошту такрори марҳила ва аломатҳои таърихи худ наметавонад амали босамар дошта бошад.
Аз назари методологӣ, дар қонуни инкори инкор принсипи диалектикии ягонагии мантиқӣ ва таърихӣтатбиқ мегардад. Мувофиқи нишондоди ин принсип, низом дар ҳолати нашъунамо дар худ аломату нишонаҳои таърихии хешро дорад ва аз ин рӯ, онро бо сарфи назар кардани ин таърих мураттабу том омӯхтан ғайри имкон аст. Аз ҷониби дигар, маҳз дар камоли нашъунамои предмет, дар мантиқи амалу мавҷудияти он бояд калид ба навсохтордиҳии оқилонаи таърихи он, ба таърихи маърифати онро ҷуст. Амалӣ намудани ин талабот махсусан дар он вақт заруртар мегардад, ки агар низомҳои мураккабсохти инкишофёбандаи табиати зинда, ҷамъият, соҳаи рӯҳ чун предмети тадқиқот мавриди таҳқиқ қарор дода шаванд.
Дар асоси гуфтаҳои боло месазад, ки қонуни инкори инкор ҳамчун қонуни синтези диалектикӣ баррасӣ карда шавад. Зеро он, аз як тараф, дигаргун намудани низомҳо, пайдоиши предмету зуҳуроти сифатан навро таъмин мегардонад, аз тарафи дигар, робитаи генетикӣ бо предмету зуҳуроти қаблиро нигоҳдошт менамояд.
Инкишофи низом на «бо хатти рост», балки «спиралӣ» сурат мегирад: низом зинаи гузаштаро гӯё такрор мекунад, вале ин такроршавӣ дар сатҳи баландтар аст. Натиҷаи инкори инкор «гардиши спирал»-ро хотима бахшида, ҳамзамон заминаи инкишофи оянда, сабаби «гардиши нави спирал» мегардад. Образи спирал самти раванди инкишофро ба таври хеле нисбӣ ифода мекунад. Албатта, раванди воқеӣ дар олам мураккабтар аст.

Шарҳ баста аст.