географияи тоҷикистон, географияи точикистон, реферат, кори курси

Комплекси минтақавию истеҳсолии Тоҷикистони Ҷанубӣ (КМИТҶ)

Комплекси минтақавӣ-истеҳсолӣ гуфта, маҷмӯи корхонаҳои бо ҳам зич алоқамандеро меноманд, ки дар асоси истеҳсол ва коркарди манбаи бойи ашёи хом (металл, сӯзишворӣ, барқ, маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, захираҳои ҷангал ва ғайра) ташкил меёбанд.

Қисми зиёди ҳудуди ҷумҳурӣ (ғайр аз ноҳияҳои иқтисодии Суғд ва Бадахшон) ба Комплекси минтақавию истеҳсолии Тоҷикистони Ҷанубӣ (КМИТҶ) мансуб аст. Дар Комплекси ҳудудию истеҳсолии Тоҷикистони Ҷанубӣ аксари корхонаҳо ба якдигар алоқаманд мебошанд, бинобар ин ҳосилнокии меҳнат меафзояд. Комплекси мазкур нуқтаи асосии хоҷагии халқи тамоми ҷумҳурӣ мебошад.

Комплекси минтақавию истеҳсолии Тоҷикистони Ҷанубӣ дар қисми ҷануби ғарбии Тоҷикистон ҷойгир буда, ноҳияҳои иқтисодии Ҳисор, Рашт, Вахш ва Кӯлобро дарбар мегирад. Масоҳаташ 53,2 ҳаз. км2 (зиёда 37 фоизи масоҳати ҷумҳурӣ) буда, дар он зиёда аз 60 фоизи аҳолии Тоҷикистон зиндагӣ мекунад. Ба ташаккули комплекс мавҷудияти захираҳои зиёди гидроэнергетикӣ, ашёи хом, қувваи корӣ, замини ҳосилхез ва шароити иқлим мусоидат кардааст. Аз ҳудуди комплекс қариб нисфи дарёҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ мегузаранд. Иқтидори гидроэнергетики дарёҳои калон ва миёнаи КМИТҶ дар ҷумҳурӣ 65,4% ва дар Осиёи Марказӣ 35%-ро ташкил медиҳад. Фақат дарёҳои Вахш ва Панҷ метавонанд, дар як соат 144 млрд. кВт қувваи барқ истеҳсол кунанд. Азхудкунии захираҳои гидроэнергетикии комплекс хусусияти муштарак дорад. Дар баробари истеҳсоли қувваи барқ масъалаи корам кардани заминҳои нав низ ҳал шуда истодааст. Обанбори Норак имкон дод, ки даҳҳо ҳазор гектар замини водии Ёвону Обикиик ва Данғара обёрӣ карда шаванд. Дар солҳои наздик НБО-и Роғун ба истифода дода хоҳад шуд. Ҳоло дар дарёи Вахш ғайр аз НБО-ҳои Норак ва Бойғозӣ, инчунин НБО-ҳои Сарбанд, Марказӣ, Сангтӯда-1 ва Шаршара низ кор мекунанд. Дар солҳои наздик НБО-и Сангтӯда-2 ва Шӯроб низ ба кор медароянд.

Истеъмолкунандагони асосии қувваи барқ дар комплекси мазкур Заводи алюминии тоҷик ва Заводи электрокимиёвии Ёвон мебошанд.

Дар ҳудуди комплекс зиёда аз 100 кони сарватҳои зеризаминӣ ёфт шудаанд (нефт, газ, ангишт, волфрам, шпати саҳроӣ, намаки ош, оби минералӣ ва ғайра). Аз ҷиҳати захираи намак, стронсий ва ашёи хоми карбонатӣ барои саноати кимиё комплекс на фақат дар ҷумҳурӣ, балки дар Осиёи Марказӣ низ мавқеи хосро ишғол мекунад.

Дар ин комплекс ба вуҷуд омадани марказҳои нави саноатӣ сабаби тез афзудани аҳолии шаҳр гардид. Вазни қиёсии аҳолии шаҳр дар соли 2008 аз 31,5 %  ба 35,3 %  (2008) расид. Аҳолии комплекс дар оянда низ хеле зиёд хоҳад шуд. Бо мақсади оқилона истифода бурдани қувваи корӣ ва ба кор таъмин кардани аҳолии қобили меҳнат зарур аст, ки соҳаҳои хурду миёнаи саноат натанҳо дар шаҳрҳои бузург, балки дар шаҳрҳои хурду миёна низ инкишоф дода шаванд.

Дар КМИТҶ вазни қиёсии саноати сабук (зиёда аз 40 % маҳсулоти умумӣ) ва хӯрокворӣ (22,5 %) калон аст. Дар комплекс хусусан электроэнергетика, металлургияи ранга, мошинсозӣ ва саноати кимиё бештар инкишоф ёфтаанд. Энергетика соҳаи асосии комплекс буда, дар атрофи он дигар соҳаҳои саноат ташаккул меёбанд. Саноати сабук дар оянда ҳам яке аз соҳаҳои тахассусии комплекс хоҳад буд. Дар баробари саноати пахтатозакунӣ соҳаҳои саноати матоъҳои пахтагин низ ривоҷ меёбанд.

Барои инкишофи комплекси кишоварзию саноатӣ дар ҳудуди КМИТҶ ҳама гуна шароит мавҷуд аст. Дар комплекс ҷои асосиро пахтакорӣ ишғол мекунад. Зиёда аз 40 %  киштзорҳоро пахта мекоранд.

Ғайр аз пахтакорӣ дар комплекс соҳаҳои меҳнатталаби истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ, пеш аз ҳама, токдорӣ ва сабзавоткорӣ инкишоф ёфтаанд. Солҳои охир, ситруспарварӣ низ дар авҷ аст. Аз ҷиҳати истеҳсоли лимӯ КМИТҶ, хусусан водии Вахш, дар ИДМ ҷои якумро мегирад. Дар заминҳои лалмӣ токдорӣ ривоҷ ёфтаст. Дар баъзе хоҷагиҳои Фахробод аз як гектар токзори лалмӣ 180-200 сентнер ангур меғундоранд. Меваҷоти дар КМИТҶ истеҳсолшуда имкон медиҳад, ки талаботи аҳолӣ пурра қонеъ карда, қисми маҳсулот ба дигар ҷумҳуриҳо фиристода шавад. Барои бо меваю сабзавот ва зироати полезӣ таъмин кардани шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки киштзори онҳо зиёд ва анбору яхдонҳои нав сохта шаванд.

Баъди пурра аз худ кардани даштҳои Данғараю Бешкент дар назар дошта шудааст, ки дар зиёда аз 100 ҳазор га замини нав хоҷагиҳои пахтакорӣ ташкил карда шаванд. Хоҷагиҳои сабзавоткорӣ ва боғу токдорӣ низ ташкил карда хоҳанд шуд.

Аз соҳаҳои чорводорӣ дар Комплекси минтақавию истеҳсолии Тоҷикистони Ҷанубӣ гӯсфандпарварӣ ва говпарварӣ инкишоф ёфтааст. Хоҷагиҳои комплекс аз ҷиҳати истеҳсоли пӯсти қароқӯлӣ ва пашм дар ҷумҳурӣ ҷои асосиро ишғол мекунанд. Ба инкишофи мурғпарварӣ низ диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Қаламрави Комплекси минтақавию истеҳсолии Тоҷикистони Ҷанубӣ бо нақлиёт нағз таъмин аст. Дарозии роҳи оҳан тақрибан ба 350 км (қариб 70 %-и ҳамаи роҳи ҷумҳурӣ) мерасад. Нақлиёти автомобилӣ низ ривоҷ ёфтааст. Ҳоло зиёда аз 60 %-и роҳҳои автомобилгарди комплекс мумфарш мебошанд. Нақлиёти қубурӣ аз қисмати кони гази Хоҷасартез ба ҷониби шаҳри Кӯлоб ва аз он ҷо ба Қӯрғонтеппа гузаронида мешавад. Барои минбаъд дар тақсимоти географии Осиёи Марказӣ саҳм гирифтани Тоҷикистон тезонидани инкишофи қувваҳои истеҳсолкунандаи Комплекси минтақавию истеҳсолии Тоҷикистони Ҷанубӣ зарур аст.

Шарҳ баста аст.