КОМПЮТЕР ВОСИТАИ КОРКАРДИ ИТТИЛООТ

Кашфи инқилобии асри XX ихтирои компютер ба ҳисоб меравад. Компютер ҳам барандаи иттилоот ва ҳам воситаи дастрасӣ ба он аст. Компютер метавонад тавассути хатҳои алоқаи телефонӣ, радиоӣ, нурӣ, кайҳонӣ, шабакавӣ ва ғайра бо истифода аз уқёнуси бепоёни иттилоот ба кори дастгоҳи дилхоҳи истеҳсолӣ таъсир расонад.

Компютер таҷҳизотест, ки тавассути иҷрои пайдарпайи дастурҳои барояш фаҳмо ба таври худкор иттилоотро аз як шакл ба шакли дигар табдил медиҳад.

Нақша ва сохти компютер мунтазам такмил ёфта, соҳаҳои татбиқи он васеъ мегардад. Ба ҳисоби миёна қариб ҳар ду сол дар технологияи истеҳсол, сохт ва усулҳои истифодаи компютерҳои фардӣ тағйиротҳое ба вуҷуд меоянд, ки бешубҳа дар бораи пайдошавии насли нави онҳо сухан рондан лозим меояд.

Имрӯз компютер, ки аслан барои ҳалли масъалаҳои ҳисоббарорӣ сохта шудааст, татбиқи худро дар идоракунии равандҳои истеҳсолӣ, ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, нигаҳдорӣ ва коркарди маълумоти оморӣ ва ғайра ёфтааст. Вай ҳамчун манбаи пуриқтидори маълумотдиҳанда дар тарҳрезии равандҳои табиӣ ва рушди минбаъдаи фаъолияти зеҳнии инсон саҳми беназир дорад.

Гуфтан мумкин аст, ки офариниши компютер бо олитарин комёбиҳои инсон, аз қабили кашфи оташ, ихтирои чарх, бунёди механизмҳои буғӣ, азхудкунии қувваи барқ, истифодаи энергияи ҳастаӣ ва ғайра дар як поя қарор гирифтааст. Тамоми ин ихтироот дар рушди истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва болоравии тафаккури инсон нақши бағоят муҳим бозидаанд. Ба туфайли онҳо шароит ва сатҳи зиндагӣ боло рафта, қувваҳои истеҳсолӣ ба куллӣ тағйир ёфтаанд. Агар мошинҳои маъмулӣ имкониятҳои ҷисмонии инсонро васеъ гардонида бошанд, компютер нерӯи зеҳнии онро баланд бардоштааст. Рушди техникаи электронӣ компютерро дар тамоми соҳаҳои фаъолияти зеҳнию ҷисмонии инсон ба ёрдамчии тавоно ва беғараз табдил додааст.

Тарзи кори компютер бо тарзи кори майнаи инсон хеле шабоҳат дорад. Дар ҳар ду маврид ҳам иттилоот аз берун ворид мегардад ва дар ягон қисми муайяни хотира нигоҳ дошта мешавад. Баъди коркарди иттилооти мазкур вай дар шакли иттилооти нав дигарбора ба берун интиқол дода мешавад. Вале ба ғайр аз монандӣ байни майнаи инсон ва компютер тафовут низ вуҷуд дорад.

Майнаи инсон чун узви олии организми зинда дорои хосиятҳои биологие мебошад, ки онҳо хоси мошинҳо нестанд. Муҳимтарин қобилияти майна дар он аст, ки вай метавонад масъалаи гузошташударо бо тарзҳои гуногун ҳал намояд. Компютер бошад, барои иҷрои ҳалли масъала дастуру супоришҳои махсуси пешакӣ тайёркардашударо талаб менамояд. Супориши компютерӣ бояд ҳамаи марҳалаҳои ҳалли масъаларо аниқ ва қатъӣ дар бар гирад. Танҳо ҳангоми иҷрои чунин шарт компютер метавонад ҳалли масъалаи гузошташударо ёфта тавонад.

Супоришҳои компютериро одатан барнома мегӯянд. Барномаи компютерӣ аз маҷмӯи фармонҳо (дастурҳо, амрҳо) иборат аст. Вазифаи компютер аз пай дар пай иҷро намудани ин фармонҳо иборат мебошад.

Маҷмӯи барномаҳои дар компютер истифодашавандаро таъминоти барномавии компютер ё нармафзор меноманд.

Нармафзорҳои муосир миллионҳо барномаҳои гуногунро дар бар мегиранд. Баъзеи ин барномаҳоро барномаҳои системавӣ, қисми дигарашонро барномаҳои татбиқӣ, сеюминашонро забонҳои барномарезӣ ва ҳоказо номгузорӣ кардаанд.

Истифодабарандаи компютер метавонад аз барномаҳои тайёр баҳра бардорад ё худаш чунин барномаҳоро созад. То имрӯз маҷмӯи (бастаи, пакети) калони барномаҳои гуногун рӯи кор омада, дар ҳалли масъалаҳои мухталиф мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Бо ёрии барномаҳо ҳам бозиҳои ҷанги кайҳониро идора кардан ва ҳам масъалаҳои душвортарини математикиро ҳал намудан мумкин аст. Онҳо дар гузаронидани амалиёти бонкӣ, молиявӣ, тайёркунии санадҳо, намоишномаҳо ва ғайра ба таври васеъ истифода мешаванд. Хулоса, ҳоло чунин соҳаеро ном бурдан мушкил аст, ки дар он барномаҳои компютерӣ татбиқ наёфта бошанд.

Вобаста аз вазифаҳои дар назди компютер гузошташуда, фармонҳои барномаҳо метавонанд сода ё мураккаб бошанд. Масалан, барои он ки дар экрани компютер калимаи «Тоҷик» пайдо шавад, кифоя аст, ки ду-се фармон истифода шавад. Вале барои сохтани ягон бозии электронии одӣ истифодаи ҳазорон фармонҳо лозим меояд.

Барномаҳоро дар барандагони иттилоот як маротиба сабт намуда, якчанд маротиба истифода бурдан мумкин аст.

Идорасозии компютер бо ёрии барнома. Компютер аз қисмҳои ба ҳам алоқаманди техникӣ (сахтафзор, hardware) ва барномавӣ (нармафзор, software) иборат буда, барои иҷрои амалҳои одитарини арифметикӣ, мантиқӣ ва дигар амалҳо пешбинӣ шудааст. Ба ин гуна амалҳо – ҷамъ ё зарб намудани ду адад, муқоиса намудани қимати ду бузургӣ, аз як ҷойи хотираи компютер ба ҷойи дигари он равон кардани иттилоот, воридсозӣ, таҳриркунӣ ва форматбандии матн, кашидан ё ороиш додани расму графикҳо ва умуман коркарди ҳама гуна иттилооте дохил мешаванд, ки инсон онҳоро дар ягон соҳаи фаъолияти худ истифода мебарад. Компютер як амалро иҷро намуда, ба таври худкор ба иҷрои амали дигар шурӯъ менамояд.

  • Пайдарпайии дастурҳои барои компютер фаҳморо барнома мегӯянд.
  • Моҳияти принсипи идоракунии барномавии компютер аз он иборат аст, ки вай бо ёрии барнома кор мекунад.
  • Раванди навиштани барномаҳои компютериро барномасозӣ мегӯянд.

Компютер мувофиқи барномаҳои дар забони мошинӣ навишташуда (рамзҳои дуӣ) кор мекунад. Ин гуна барномаҳо якранг ва дилгиркунандаанд. Бинобар он, барномасозон қариб тамоми барномаҳои худро ҳоло бо ёрии забонҳои алгоритмӣ тартиб медиҳанд. Дар таркиби нармафзори компютер бошад, барнома-тарҷумонҳо ҷой дода шудаанд, ки онҳо ба таври худкор ин гуна барномаҳоро аз забонҳои алгоритмӣ ба забони мошинӣ тарҷума менамоянд. Пас аз иҷрои барнома онҳо матни барномаю натиҷаҳоро аз нав ба забони алгоритмӣ бармегардонанд. Ин гуна барномаҳоро транслятор (translator – тарҷумон) мегӯянд.

Тарзи табдили иттилоот дар компютер. Компютер иттилооти табиатан гуногунро кор карда баромада метавонад. Иттилоот метавонад ададӣ, матнӣ, тасвирӣ, садоӣ ва ғайра бошад. Аз тарафи дигар, компютер танҳо бо рақамҳои дуӣ кор карда метавонад. Пас, компютер чӣ тавр иттилооти гуногунро коркард менамояд? Вай иттилоотро аввал бо ёрии ададҳои дуӣ рамзгузорӣ карда, баъд амалҳои мувофиқро бо он иҷро менамояд.

Якчанд ададҳои аввалаи бутуни мусбати системаи ҳисоби даҳӣ ва мувофиқати онҳоро бо ададҳои системаи ҳисоби дуӣ оварда, тарзи аз як система ба дигар система гузаштанро дар мисоли адади даҳии 13, ки дар системаи ҳисоби дуӣ ҳамчун 1101 тасвир карда мешавад, нишон медиҳем:

Дар нақшаи поёнӣ ададҳои додашуда ба разрядҳо ҷудо карда шудаанд – адади даҳии 13 ду разряд ва адади дуии 1101 – чор разряд дорад.

Протсессори аллакай куҳнашудаи Pentium, ки дар он барои интиқол додани иттилоот 32 сим хизмат мерасонад, якбора метавонад адади дуии 32-разрядаро кор карда барояд. Азбаски протсессори аз он ҳам куҳнатари Intel-80286 дорои 16 сим аст, бинобар он вай нисбат ба Pentium иттилоотро ду маротиба сусттар интиқол медиҳад. Протсессори муосири Intel CORE i7 бошад, барои интиқоли иттилоот аз 64 сим истифода мебарад. Ин маънои онро дорад, ки вай якбора метавонад адади дуии 64-разрядаро кор карда барояд, яъне суръати интиқолдиҳии он нисбат ба протсессори Pentium ду маротиба ва нисбат ба Intel-80286 чор маротиба зиёдтар аст.

Диски 3,5-дюймагӣ 1457664 байт иттилоот ғунҷонида метавонад, ки онро пас аз яклухткунӣ 1,4 Мбайт мегӯянд. Ин миқдор зиёд аст ё кам? Агар ба ҳисоб гирем, ки як аломати матнӣ ба воситаи як байт ифода карда мешавад, он гоҳ гуфта метавонем, ки дар чунин диск тақрибан 1,5 миллион аломат ё тақрибан 100 саҳифа китоб меғунҷад.

Мутаассифона, ин миқдор иттилоот, имрӯз хеле ночиз ҳисобида мешавад. Агар ин ададро ба иттилооти шакли садоӣ табдил диҳем, он гоҳ дар диск ҳамагӣ 17 сония стереоовози сифатнокро ғунҷонидан мумкин асту халос. Расми рангаи формати А4 (варақи чопии андозааш 210х297мм) аз 20 Мбайт зиёдтар ҳаҷмро талаб менамояд. Албатта, дар ин мавридҳо на аз дискҳои ҳаҷман хурд, балки аз дискҳои компактӣ (CD) истифода мебаранд, ки ғунҷоиши онҳо аз 600 Мбайт зиёдтар аст.


Калидвожаҳо:

Компютер чист?

Шарҳ баста аст.