мард бояд чи гуна бошад

Қоидаҳое, ки риоя накарданашон барои мардҳо айб аст

Қоидаҳои умумие ҳастанд, ки онро ҳама бояд риоя кунад, аммо боз қоидаҳое ҳастанд, ки риоя нагаштани онҳо барои мардҳо айб аст.  Имрӯз чандтои онро ёдрас мешавем:


Бе даъват ва бе огоҳӣ ба меҳмонӣ наравед;


Ҳар касе, ки набошед, вақти ба куҷое ворид шудан аввалтар аз ҳама шумо салому алайк кунед;


Ба сӯйи зан аввалин шуда даст дароз накунед, вале агар ӯ даст дароз мекунад, салом кунед;


Агар шумо касеро ба тарабхона даъват кардед, бояд пули хӯрокро шумо диҳед. Агар бо маслиҳати дуҷониба меравед, пулро тақсим кунед;


Чатрро ягон вақт кушода хушк намекунанд, онро фақат баста хушк мекунанд ва дар ҷойи махсус нигоҳ медоранд;


Сумкаатонро сари зону ва ё дар болои мизи хӯрокхӯрӣ нагузоред. Агар калон аст, дар замин монед. Баъзан пешхизмат барои сумкаи миёнаҳаҷми шумо курсии иловагӣ меорад;


Маводи атториро ба он дараҷае истифода набаред, ки нафаси дигарон бигирад;


Агар шумо бо касе роҳ мераведу ӯ бо шиносаш салом кард, шумо ҳам ҳатман салом диҳед;


Борхалтаҳои селофаниро фақат баъди берун шудан аз мағоза гирифтан мумкин аст. Дар дигар вақт молу ашёи худро дар онҳо гирифта гаштан, айб аст;


Сумкаи занро бардошта гаштани мард нодуруст аст, ҳарчанд, ки вақтхои охир ин ҳолат зиёд ба мушоҳида мерасад. Палтои занро то либосовезак бурдан мумкин аст, на дуртар аз он!;


Халат ва пижама фақат барои он аст, ки шумо саҳар аз ҷойхобатон то ҷойи дасту рӯ шӯйӣ раведу шом аз онҷо то ҷойхобатон;


Вақте ки хонаи кӯдаконатон ҷудо аст, шумо вақти ба он ворид шудан, тақ-тақ кунед ва баъд бо иҷозат дароед. Онҳо низ ба хонаи шумо ҳамин гуна ворид хоҳанд шуд;


Зан дар баъзе холатҳо ҳангоми ба хона ворид шудан, метавонад, ки шляпа ва дастпӯшашро накашад;


Шумораи умумии ороишот бо иловаи тугмаҳои ороишӣ ва заргарӣ мутобиқ ба протоколи байналмиллали бояд на бештар аз 13 бошад. Ангуштарро аз болои дастпуш намегузоранд, дастмонаро аз рӯйи дастпӯш гузоштан мумкин аст. Брилиантро қаблан дар шабнишиниҳо фақат бонувони оиладор доштанд, вале ҳоло онро дар кори ҳарруза ҳам мегардонанд; (донистани ин банд барои мардҳо аз манфиат холи нест!!!)


Мардҳо ба лифт аввалтар бояд бишинанд, аммо вақти фаромадан бояд ҳамон нафаре аввалтар аз ҳама фарояд, ки ба дари лифт наздиктар аст


Ҷойи аз ҳама хуб барои занҳо ҳангоми шиштан дар мошин курсии пушти ронанда аст.  Кушодани дари зан ҳангоми шиштан ба мошин ва фаромадан, кори қобили дастгирӣ аст;


Агар гуноҳе кардеду як бор бахшиш пурсидед, шарт нест боз дубораву себора он ҳолатаро ба ёд оварда, боз узрхоҳӣ кунед;


Дар мавриди парҳезу рӯзадориатон дар тамоми идораву ошхонаву корхона дод заданатон кори хеле баде аст. Агар чизе хурдед, ҳатман ба ошпаз ё соҳибхона изҳори миннатдорӣ кунед. Вобаста ба машрубот – шарт нест, ки дар мавриди нанушидан ва ё зиёд нушиданатон баланд гап занеду ба ҳама фаҳмонед;


Мавзӯҳое ҳастанд, ки дар нишастҳо дар мавриди он суҳбат кардан даркор нест: мавзӯе, ки намедонед, сиёсати калон, мавзӯи сиҳатии худатон, пулҳои худатону каси дигаре ва мисли инҳо. Метавонед ба ҳамсуҳбатонатон гӯед, ки дар кадом мавзӯъ шумо намехостед суҳбат кунед. Ин комилан чизи муқаррарӣ аст;


Сири худро вобаста ба нақшаҳоятон, дороӣ, ибодаткуниатон, доруҳое, ки истеъмол мекунед, дӯстдоштаҳо, туҳфаҳо ва мисли инҳоро беҳтараш пинҳон нигоҳ доред;


Бо ҳар касе, ки аз 12 сола боло аст, ҳатман Шумо гуфта муроҷиат кунед. Касе шояд худаш мехоҳад ва иҷозат медиҳад, ки ӯро ТУ гӯед, аммо шумо беҳтараш бо эҳтиром ба ӯ муроҷиат кунед; Ҳатто ба ронандаву посбони кохонаатон низ.

Амалҳое, ки марди муосир бояд анҷом дода тавонад… Инҷо хонед >>


Subhonjalilov.wordpress.com


Барои зиёд намудани чунин маводҳо сомонаи моро дар саҳифаҳои иҷтимоӣ тақсим (поделиться) намоед >>

Шарҳ баста аст.