Категорияҳои сиёсатшиносӣ

Категорияҳои сиёсатшиносӣ дорои хусусиятҳои махсус буда, алоқаҳои мавҷудаи воқеияти сиёсиро инъикос менамоянд. Дар сиёсатшиносӣ мавзӯъҳои «сиёсат» ва «ҳокимияти сиёсӣ» категорияҳои марказӣ маҳсуб меёбанд. Категорияҳои боқимондаи илми мазкур алоқаҳои мавҷуда ва муносибатҳоеро, ки ба ҳокимияти сиёсӣ ва падидаи сиёсат тааллуқ доранд, муайян менамоянд. Ба ин гурӯҳ чунин категорияҳоро дохил кардан мумкин аст: системаи сиёсӣ, режими сиёсӣ, субъектҳои сиёсат, раванди сиёсӣ, муносибатҳои сиёсӣ, ҳақиқати сиёсӣ, демократия, давлат, ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, элитаи сиёсӣ, сарвари сиёсӣ, идеологияи сиёсӣ, шуури сиёсӣ, маданияти сиёсӣ, истиқлолияти сиёсӣ, оппозитсияи сиёсӣ ва ғ.

Ғайр аз ин, сиёсатшиносӣ дар баробари предмети таҳқиқот ва дастгоҳи категориявии худ, инчунин аз категорияҳои дигар илмҳо низ истифода мекунад. Чунончи, форматсияи ҷамъиятию иқтисодӣ, марҳилаи таърихӣ, базис, надстройка, қувваҳои истеҳсолкунанда, муносибатҳои истеҳсолӣ, қонун, озодӣ, меъёрҳои ҳуқуқӣ, инқилоби иҷтимоӣ, шахсият, ҷомеа, мақому манзалат, афкори ҷамъиятӣ, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, синфҳо, манфиатҳои иҷтимоӣ, манфиатҳои миллӣ ва ғ. Чунин истилоҳҳои умумисотсиологӣ дар илми сиёсатшиносӣ танҳо дар алоқамандии сиёсат ва ҳокимият истифода бурда мешаванд.

Шарҳ баста аст.