Каҷхати тақозо ва омилҳои муайянкунандаи он

Дар адабиёти кунунии иқтисодӣ тақозо на дар шакли хаёлию назариявӣ, балки бо воситаи ҷадвал ё худ нақшаву каҷхата (графика)-ҳо тасвир карда мешавад. Графика нишон медиҳад, ки чӣ қадар истеъмолкунанда тайёр аст мувофиқи нархҳои таъиншуда, дар як вақти муайян миқдори зарурии неъматҳоро харида гирад. Вобастагии миқдории молу маҳсулоти пешниҳодшаванда ва нарху имконияти харида гирифтани онҳо бо воситаи ҷад-валҳо тасвир карда мешаванд. Масалан, талаботи шахсҳои алоҳидаро ба ҷуворимакка чунин  нишон додан мумкин аст (ниг. ҷадвали 2).

                                                              Ҷадвали 2

          Алоқамандии тақозо ва нарх

Нархи ҷуворимакка,

1кг (доллар)

Андозаи тақозо

дар давоми ҳафта,

5 10
4 20
3 35
2 55
1 80

Аз таҳлили ҷадвал алоқамандии бевоситаи нарх ва меъёри тақозо баръало айён мегардад. Чӣ қадаре нархи ҷуворимакка баланд бошад, ҳамон қадар андозаи тақозо камтар ва бо мурури паст шудани нарх тамоюли баландшавии тақозо бештар ҳис карда мешавад.

Бояд дар назар дошт, ки вожаҳои «харидан», «харида тавонистан», «хоҳиши харидан доштан», «имкони харидан доштан» ва ғайра аз ҳамдигар фарқ доранд. Мазмуни ин мафҳумҳо бештар бо фаҳмиши қобилияти харидорӣ доштан мусоидат мекунад. Яъне ҳар як харидор дар шакли нақд чӣ қадар пул дорад ва бо он чӣ қадар молу маҳсулот харида метавонад? Аз мисоли дар ҷадвал овардашуда дидан мумкин аст, ки дар ҳолати 1 доллар будани як килограмми ҷуворимакка 80 кас метавонанд талаби худро ба он қонеъ гардонанд. Дар ҳолати 5 доллар будани он танҳо 10 нафар имконияти қонеъ гардондани талаботи худро доранду халос.

Эҳтимолияти қонеъ гардондани талабот ҳоло маънои онро надорад, ки дар асл Х-нафар ба миқдори У-мол талаби худро қонеъ гардонда бошад. Ин ифодаи абстрактӣ мебошад. Ва агар мо бигӯем, ки фалон миқдори одамон тибқи фалон нарх фалон миқдор ҷуворимаккаро харида гирифтанд, дар он сурат он тақозо — тақозои воқеан қонеъ гардида ба ҳисоб меравад.

Ва агар бигӯем, ки одамон тибқи нархҳои мавҷуда эҳтиёҷи худро қонеъ хоҳанд кард, ё худ қудрат ва қобилияти қонеъ гардондан доранд, он ҳанӯз маънои дар асл талаботро қонеъ гардонданро надорад. Чунки эҳтимолияти қонеъ гардондани талабот ҳоло номаълум мебошад. Он эҳтимол дорад, аз рӯи пайдо шудани имконият дар оянда қонеъ гардонда шавад.

Мавҷуд будани панҷ хел нарх ва ҳаҷми тақозо (тибқи ҷадвал) аз он дарак намедиҳад, ки дар бозор кадоме аз онҳо афзалият доранд. Ин фақат таҳти таъсири тақозою арза ташкил ёфта метавонад. Нарх ва ташаккули ҳаҷми истеъмоли ҷуворимакка ҳар соату ҳар рӯз, ҳафтаю моҳ, фаслу сол тағйир ёфта меистад.

Новобаста ба хусусиятҳои ташкил дар ҳар як бозор мавҷуд будани чунин шароитҳо: баланду пастшавии нархҳо, каму зиёд шудани молу хизматҳо, қонеъ гардондан ё нагардондани талабот, зиёду кам ворид шудани чизҳо, ба ҳам вохӯрдани субъ-ектҳои иқтисодӣ (фурӯшандагону харидорон, истеҳсолкунан-дагону истеъмолкунандагон, тоҷирону соҳибкорон) ва ғайра ҳис карда мешавад, ки онҳо унсур ва омилҳои муайянкунандаи бозор ва ҳам тақозою арза мебошанд.

Андозаи тақоза (миқдори ҷуворимаккаи пешниҳодшуда дар як ҳафта)

Нақшаи 18. Андозаи тақозо

Одатан, вобастагиҳои иқтисодӣ дар шакли каҷхатҳо ифода карда мешаванд. Агар нишондодҳои ҷадвали пешинро дар нақшаи зер ва дар он нуқтаҳои мувофиқии тақозоро расман тасвир намоем, онгоҳ каҷхати тақозо чунин сурат мегирад.

Дар графика(нақша)-и мазкур тағйирёбии андозаи тақозо-ро таҳти омили нарх ва миқдор мушоҳида мекунем. Дар хати уфуқӣ (горизонталӣ ё абсисса) — миқдор ва ҳаҷми ҷуворимаккаи пешниҳодшаванда ва дар хати амудӣ (шоқулӣ, вертикалӣ, ордината) — нарх дар бозор тасвир карда шудааст. Аз он ба осонӣ мушоҳида карда метавонем, ки дар ҳолати ба бозор ворид гаштани миқдори камиҷуворимакка (10 кг) талабот бешубҳа зиёд гашта, нархи он то ба 6 доллар боло меравад. Азбаски нарх аз ҳама баландтар аст, инро соҳибони дигар молҳо ба осонӣ дарк намуда, мекӯшанд, то ки ба бозор ҷуворимаккаи мавҷудаи худро зудтар биёранд. Баъди чанд вақт миқдори он аз 10 то 20 кг ва аз он ҳам зиёдтар шудан мегирад. Зиёд шудани миқдор, хоҳ нохоҳ, арзаи ҷуворимаккаро зиёд мегардонад. Зиёд шудани миқдори он мустақиман ба паст шудани нарх оварда мерасонад. Дар графика буриши нуқтаҳои а),  б),  в),  г) ва д) — хати каҷи ДД аз ин ҳолат дарак медиҳад. Каҷхати тақозои ДД аз он гувоҳӣ медиҳад, ки байни нарх ва миқдори чизҳо ҳамеша вобастаги(қонуният)-и муайян вуҷуд дорад. Чӣ қадаре миқдори чизҳо зиёдтар бошанд, мувофиқан нархҳо паст мешаванд ва баръакс. Вале ин ҳолат ба омилҳои зиёде низ  алоқаманд буда, ҷараёни пастшавии он метавонад як зайл бетағйир монад, ё худ дар як сатҳ ҷой гирад. Вай метавонад бо суръати хеле  баланд паст гардад ё худ зуд баланд шавад. Ин ҳолат ба вазъи бозор ва омилҳои муайянкунандаи он вобастагӣ дорад: шумораи фурӯшандагону харидорон, табъ ва лаззати истеъмолии харидорон, парастишу эҳтироф доштан ба чизҳо, ҳаҷми даромади харидорон, сари вақт гирифтани музди кор, шумораи одамони сердаромаду серпул, нафарони камбизоат, бечораву бенаво ва ғайра. Онҳо ба таври ба худ хос ба паст ё ба баланд шудани раванди тақозо таъсир расонда, каҷхати онро ё ба тарафи чап — хати Д2 ё ба тарафи рост хати Д1 мебаранд. Майлони каҷхати тақозо асосан таҳти таъсири арза ва каҷхати он сурат мегирад. Ин равандро чунин тасвир кардан мумкин аст (ниг. нақшаи 19).

Миқдори ҷуворимаккаи пешниҳодгардида, дар як ҳафта

Нақшаи 19. Графики каҷхати тақозо

Маълумот дар бораи «АРЗА» инҷо мутолиа намоед >>АРЗА


Качхати такозо ва омилхои муайянкунандаи он, Андозаи такозо, Графики качхати такозо, омилхои муайянкунандаи качхати такозо

Шарҳ баста аст.