Ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ

0
101

Ташаккул ва таҳаввули таърихии ҷомеаи шаҳрвандӣ. Ҷомеаи шаҳрвандӣ аз навъҳои муҳими ташкили ҳаёти иҷтимоӣ бо ҳуқуқу ӯҳдадориҳои васеи субъектон буда, дар он навъҳои мухталифи моликият ва хоҷагидорӣ озодона дар паҳлӯи ҳам амал менамоянд. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун ҷомеаи озод аз назари шакли моликиятдорӣ, хоҷагидорӣ ва ҳуқукамаликунии субъектон дастоварди замони нав аст. Вай танҳо дар ҳамбастагии устувори қонуни ҳуқуқӣ ва ҳокимияти давлатии дар асоси қонун амалкунанда вуҷуд дошта метавонад.

Загрузка...

Чунин заминаи устувори бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ давлати ҳуқуқӣ ва иҷтимолист. Давлати ҳуқуқӣ хамчун шакли ҳуқуқии ташкили ҳокимияти давлатӣ аз халқ манбаъ гирифта, волоияти қонунро таъмин намуда, ҷавобгарии тарафайни давлат ва шахсро амри зарурӣ шуморида заминаи мусоид барои ташкили ҷомеаи шаҳрвандӣ бунёд менамояд. Давлати иҷтимоӣ, ки вазифаи муқаддаси худ ташкили шароити арзандаи зиндагии шаҳрвандонро маҳсуб донистааст, рукни муҳими рушди ҷомеаи шаҳрвандист. Зеро дар ҷомеаи шаҳрвандӣ, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ барои таъмини шароити арзандаи зиндагии худ рақобат менамояд. Давлат бо гирифтани чунин ӯҳдадорӣ муаззаф мешавад, ки дар кори таъмини зхиндагии беҳтари сокинонаш имкониятҳои баробар барои онҳо муҳаё созад.

Давлати ҳуқуқӣ чунин аломатҳо дорад: Тақсими ҳокимияти давлатӣ ба мақомоти қонунбарор, иҷроия ва судӣ; таъмини волоияти қонун, ҷавобагрии тарафайни давлат ва шахс; қабули қонунҳои ҳуқуқӣ.