ЭЛИТАИ СИЁСӢ ВА САРВАРИИ СИЁСӢ

Омӯзиши ҳамаҷонибаи элитаи сиёсӣ дар охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ ба амал меояд. Дар ин давра таҷрибаи ҷомеаҳои демократии Ғарб нишон додаанд, ки ташаккулёбии ҳуқуқи интихоботӣ ва меъёрҳои гуногуни демократӣ ҳеҷ гоҳ ҳокимияти халқро ба вуҷуд оварда наметавонанд. Идоракунии бевоситаи корҳои давлатию ҷамъиятӣ дар ҳама гуна шароит дар дасти ақаллияти ҳукмрон нигоҳ дошта мешавад. Ҳанӯз аз давраҳои қадим дар ҳар як ҷомеа зарурати мавҷудияти ақаллияти ҳукмрон ва аксарияти вобаста нишон дода шудааст ва чунин ҳолат баҳри таъмини рушди муназзами ҷомеа ногузир дониста мешавад. Айни замон низ дар шароити ҷомеаҳои гуногун мавҷудияти идоракунандагон ва идорашавандагон далели раднопазир мебошад. Чи дар шароити демократӣ ва чи дар шароити ғайридемократӣ идоракунии ҷомеа дар дасти ақаллияти муташаккил қарор дорад. Ин гурӯҳи одамон, ки шумораашон нисбатан камтар аст, элитаи сиёсӣ номида мешавад.


Калидвожаҳо: ЭЛИТАИ СИЁСИ ВА САРВАРИИ СИЁСИ.

Шарҳ баста аст.