Эй бухоро, шод бошу дер зӣ!

0
9

Чунин овардаанд, ки Наср бинни Аҳмад … зимистон дар пойтахт — Бухоро мақом мегирифт ва тобистон ба Самарқанд мерафт ё ба шаҳре аз шаҳрҳои Хуросон. Инак, як сол навбати шаҳри Ҳарӣ буд. Ҳаво хуш буд ва боди сард ва меваҳо бисёр ва буиданиҳо фаровон ва лашкар аз баҳору тобистон истифодаи тамом ёфтанд…

Меҳргон — тирамоҳ даромад, вале дер кашид ва сармо қувват накард ва ангур бағоят ширин расид ва ҳар яке аз дигаре латифтар ва лазизтар.

Загрузка...

Чун Наср бинни Ахмад Меҳргон ва меваҳои онро дид, азимаш хуш омад. Наргис расидан гирифт, аз кишмиш ганҷинаҳо пур карданд… Амир дар роҳ бо лашкар ба ду деҳае даромад, ки ӯро Ғypa ва Дарвоза мегуфтанд. Ҳар яке чун Биҳишти аъло ва ҳар яке боғ ва бустони хурраме дошт. Зимистон дар он ҷо монданд. Чун баҳор даромад, аспонро ба Бодгис фиристоданд, лашкаргоҳро ба Молин, ба миёни ду ҷӯ бурданд. Чун тобистон даромад, меваҳо пухтанд. Амир Наср гуфт:

-«Тобистон куҷо меравем, аз ин хуштар мақомгоҳе нест, Меҳргон меравем». Ва чун Меҳргон даромад, гуфт: «Меҳргони Ҳариро бихурем ва биравем» ва ҳамчунин фасле ба фасле меандохт, то чаҳор сол бо ҳамин аҳвол гузашт. Аз ин ҳол ҳама малул шуданд ва орзуи хонумон мекарданд. Подшоҳро диданд, ки дар сари ӯ ҳавасу ишқи Ҳарӣ бисёр аст ва дар аснои сухан Ҳариро ба Биҳишт монанд мекард ва ҳатто аз он ҳам бештар медонист. Баъд донистанд, ки амир нияти ин тобистон ҳам дар он ҷо мондан дорад. Пас, сардорони лашкар ва бузургони давлат ба назди устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ рафтанд. Аз надимони подшоҳ хеҷ кас монанди ӯ мақбултар набуд.

Гуфтанд: «Санъате бикунӣ, ки подшоҳ аз ин хок ҳаракат кунад, зеро дилҳои мо орзуи фарзандон ҳаме барад ва ҷони мо аз иштиёқи Бухоро ҳаме барояд».

Рӯдакӣ қабул кард. Ӯ миҷози амирро мешинохт, рӯй ба назм овард ва қасидае бигуфт. Ба вақте ки амир хӯроки пагоҳӣ мехӯрд, ба наздаш даромад ва ба ҷои худ бинишаст ва чун мутрибон ҳозир буданд, чанг бигирифт ва дар пардаи «Ушшоқ» ин қасидаро оғоз кард:

Бӯйи ҷӯйи Мулиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.

Реги Омуву дурушти роҳи ӯ,

Зери поям парниён ояд ҳаме.

Оби Ҷайҳун аз нишоти рӯйи дӯст,

Хинги моро то миён ояд ҳаме.

Ай Бухоро, шод бошу дер зӣ,

Мир зӣ ту шодмон ояд ҳаме.

Мир моҳ асту Бухоро осмон,

Моҳ сӯйи осмон ояд ҳаме.

Мир сарв асту Бухоро бӯстон,

Сарв сӯйи бустон ояд ҳаме.

Чун Рӯдакӣ бад-ин байт расид, амир чунон андӯҳгин гашт, ки аз тахт фуруд омад ва бе муза пой дар рикоб оварду рӯй ба Бухоро ниҳод.

Аз «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ.


Эй бухоро, шод бошу дер зи!,  Буйи чуйи Мулиён ояд хаме, шеъри устод Рудаки.