Ҷайнизм (ва буддизм)

Инкишофи ҷараёнҳое, ки дар Ҳинд бо якдигар мубориза мебурданд, ин аз як тараф инъикоси афзуда истодани зиддиятҳо дар дохили синфи ҳукмрон бошад, аз тарафи дигар, баъзеи он ҷараёнҳо дар байни оммаи мардум ҳамовозӣ пайдо карда, эътирози бешууронаи мардумро бар зидди зулми сохти каставӣ инъикос мекарданд.
Аз ҷумлаи чунин ҷараёнҳо ҷайнизм ва буддизмро, ки қариб дар як вақт дар асрҳои VI-V то мелод пайдо шуда буданд, ном бурдан мумкин аст. Ин ду таълимот бо якдигар наздик буда, яке бар дигарӣ таъсир гузоштааст. Ҳардуи ин ҷараёнҳо сохти каставиро қабул надоштанд ва роҳи халосии инсонро аз машаққат ба кӯшишҳои худи фард вобаста медонистанд. Ҳарду ҷараён карма, яъне тақдир ва таносухи рӯҳро маъқул дониста, дар ҷои аввал таълимоти ахлоқиро оид ба гузаронидани ҳаёти тақводоронаю зоҳидона мегузоштанд. Аммо тақдири ин ду ҷараён ҳархела буд.
Ҷайнизм, ки асосгузори он Вардҳамана Маҳавира (599-527) ё ки Ҷинна (аз кшатрийҳо)-буд, чунин таълим медод, ки олами моддӣ чизи бад аст ва инсон бояд ба он бикӯшад, ки аз он раҳоӣ ёбад. Ва талаби зоҳидии қатъӣ, ки мутобиқи он баъзе ҷайниҳо аз пӯшидани либос сарфи назар мекунанд, бояд зан нагиранд, ягон кас-ҳатто ҳашаротро накушанд, аз ҳамин ҷост. Барои ҳамин ҷайниҳо ҳатто обро бояд аз тариқи тӯр бинӯшанд, то ки тасодуфан бо об ягон ҳашаротро фурӯ набаранд. Бо ин мақсад даҳони онҳо бояд бо дока пӯшида шуда бошад, то ягон ҳашаротеро ҳангоми нафаскашӣ ва сухан гуфтан фурӯ набаранд.
Талаби дигари ҷайния ин беозорӣ буд, яъне инсон бояд ба ягон кас ранҷу озор нарасонад. Ин талаби ҷайния гӯё ба муқобили зулми каставӣ нигаронида шуда буд. Зеро, масалан браҳман метавонист махаверо, ки ба ӯ даст расонад, бикушад ё озор диҳад. Ҷайнизм талаботҳои худро тадриҷан сабук кард ва он дар байни тоҷирон ва сокинони шаҳрҳо паҳн гардид. Он то имрӯз дар Ҳинд пайравони худро, ки наздик ба 3-миллионанд дорад, вале он чун буддизм ба хориҷи кишвар паҳн нагардид. Ҷайниҳо аксаран дар штати (вилояти Биҳор зиндагӣ ба сар мебаранд).
Китоби муқаддаси ҷайниҳо «Агамас» ном дошта, таълимоту талаботҳои ин дин дар он гирд оварда шудаанд. Як ҷузъи ин китоб ба зиндагиномаи Маҳавира бахшида шудааст. Ҷайниҳо чунин мешуморанд, ки Маҳавира аз осмон ба назди онҳо фурӯд омадааст. Дар баробари ӯ ҷайниҳо боз ба 24 нафар ба ном тиртҳанкарасҳо (инсонҳои муқаддаси наҷотдиҳандагони инсоният) эътиқод доранд.
Буддизм дар асрҳои наздик ба давраи мелодӣ дар Ҳинд нисбат ба ҷайнизм хеле зиёд паҳн гардид. Сабабаш дар он буд, ки талаботҳои ин дин он қадар душвору қатъӣ набуданд. Буддизм замоне дар давраи ҳукмронии сулолаҳои Мауря ва Кушониҳо (асрҳои III то мелод-то II мелод) дини давлатӣ буд. Ин дин кастаи браҳманҳоро сахт ба ташвиш оварда буд. (Дар бораи буддизм ҳоло чанд дарсе дар пеш дорем).

Шарҳ баста аст.