ҶАРРОҲИ 7 — СОЛА ҲАМАРО ДАР ҲАЙРАТ ГУЗОШТ

0
56

Бовар намекунед, агар гӯем, ки Акрит Пран Ясвал дар 7 — солагӣ бидуни маълумоти тиббӣ амали ҷарроҳӣ гузаронд ва ду ангушти пас аз сӯхтор ба ҳам часпидаи рафиқашро ҷудо кард.

Загрузка...

Табиби хурдакак фурсатро ғанимат дониста, ангуштони ба ҳам часпидаро бурид, поккорӣ ва доруву дармон кард, ки аз мушкилтарин бахшҳои ҷарроҳии муосир ба шумор меравад.

Акрит баъди чунин қаҳрамонӣ якбора машҳур шуд  ва дар 12 — солагӣ донишҷӯи донишгоҳи тиббӣ гардид.  Баъди панҷ сол дараҷаи магистриро дар ин соҳа ба даст овард. Номбурда ихтисоси химиятерапияро интихоб карда, мехоҳад ба ҳазорон касони аз саратон ранҷдида ёрӣ расонад ва давои онро ёбад.


Манбаъ: jumhuriyat.tj (Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР)


Факту далелҳои аҷоибро дар ин бахш хонед >>АҶИБ

Мехоҳед дар зиндагӣ муваффақ бошед? Роҳҳои муваффақият дар зиндагиро инҷо мутолиа намоед >> МУВАФФАҚИЯТ